Дар санаи 21-уми марти соли 1947 қарори Шӯрои Вазирони ИҶШС таҳти № 643 оид ба таъсис додани Университети давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС И.Сталин ва Раиси умури идораи он П. Чадаев ба имзо расида, соли 1948 он ба фаъолият сар кард. Сароғоз УДТ аз се факултет: факултети хокшиносию геологӣ, таъриху филология ва биология иборат буд, яъне гуфтанист, ки факултети таърих аз аввалин факултетҳое мебошад, ки бо таъсиси УДТ бунёд ёфта, яке аз аввалин устодоне, ки ба донишгоҳ даъват шуданд, муаррих ва этнгорафи машҳур, узви вобастаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ М. С. Андреев (1873-1948) ва муаррихи беназир, академик А. А. Семёнов (1873-1958) ба шумор мерафтанд, ки ба омӯзиши фанни «Асосҳои археология» аҳаммияти хосса медоданд.
Таърихи таъсиси кафедра: Моҳи августи соли 1967 дар заминаи кафедраи таърихи умумӣ ду кафедра: таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёна ва кафедраи наву навини кишварҳои хориҷӣ таъсис ёфт. Раванди рушди илми таърих ва ҷиҳати пешрафти факултет воридшавии фанҳои нави таълимӣ зарурати таъсиси кафедраи навро ба миён гузошт. Дар ибтидои фаъолияти кафедра се нафар устод: Абдуҳамид Ҷалилов мудири кафедра, Шарифҷон Ҷалилов муаллими калон, Ҳаким Ойматов ассистент ва як корманди техникӣ Хахлова Элеонора Алексеевна лаборанти кафедра, ки баъдан ба сифати ассистент дарс гуфтанд, машғули кор буданд. Профессор Абдуҳамид Ҷалилов аввалин мудири кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёна таъин шуда, аз соли 1967 то соли 2004 адои вазифа намуданд. Устодон дар кафедраи мазкур аз фанҳои таърихи ҷамъияти ибтидоӣ, таърихи дунёи қадим, таърихи асрҳои миёнаи кишварҳои Шарқу Ғарб, география таърихӣ, этнография, археологияро барои донишҷӯёни факултет дарс мегуфтанд.
Таълими фанҳои кафедра то соли 1991, яъне даврони соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон дар асоси барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии фанҳои таърихи ҷамъияти ибтидоӣ, таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёна, ки аз ҷониби устодони Донишгоҳи давлатии Москва таҳия шуда, Вазорати маорифи СССР онҳоро тасдиқ карда буд, ба роҳ монда мешуд. Дар кафедра як нафар профессор Абдуҳамид Ҷалилов 5 нафар дотсентон: Асадуллоев Қурбон, Раҳимов Мамаднаим, Ойматов Ҳаким, Муҳиддинов Хуршед, Бобоев Қурбон, муаллими калон Дзивидшвили Вера Захаровна ва Абдувалӣ Қушматов фаъолият доштанд. Дар пайи ин устодон ва кормандони дигаре, ки дар кафедра кор карданд, Семеренская Жана Дмитровна, Каримова Санавбар, лаборанти кафедра, Егорова Галина, Исломов Юсуф Ахмедович, Валиев Абдусалом, Эшонқулов Усмон ва Ҳусейнзода Ситора Шариповна буданд. Устодон рисолаҳои илмии хешро аз рӯи мавзӯҳои таърихи ватанӣ ва умумӣ дар донишгоҳҳои шаҳрҳои Москва, Ленинград, Тошкент ва Душанбе дифоъ намуданд.

Таҷрибаомӯзии сайёҳии донишҷӯёне, ки аз рӯи ихтисос дар назди кафедра буданд, аз дидани шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Москва, Ленинград, ҷумҳуриҳои Латвия, Литва, Эстония ва Афғонистону Эрон сурат мегирифт. Таҷрибаомӯзии бостоншиносӣ ва этнографии донишҷӯёни курси якумро бошад дотсентони ботаҷрибаи кафедра Х. Муҳиддинов ва М. Раҳимов роҳбарӣ мекарданд. Донишҷӯён дар ноҳияҳои Ҳисору Фархор бо гузаронидани асосҳои ҳафриёти археологӣ ва ҷамъоварии маводи этнографӣ машғул буданд. Бозёфтҳои археологии дар ҷараёни ковиш ба даст омада, маводи этнографии ҷамъоваришуда дар осорхонаи факултет то имрӯз ҳифз мегардад. Шумораи зиёди донишҷӯёни ба таърихи аттиқа, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ рағбат дошта, зери роҳбарии устодони унводор аз оғози соли таҳсили курси сеюм тахассуси таърихи умумиро интихоб намуда, рисолаҳои дипломиро аз рӯи мавзӯҳои масоили мубрами таърих ва фарҳанги асримиёнагии кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон ҳимоя мекарданд.
Бо истиқлолият ба даст овардани кишвар дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фазои илмиву фарҳангии он таҳавуллоти ҷиддӣ рӯи кор омад. Мисли дар соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон табдили ном кард ва мақоми худмухторро соҳиб гардид. Дар низоми таълими донишгоҳӣ низ тағйиротҳои куллӣ ба миён омад. Дар маҷмуъ дар заминаи худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ, меҳандӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба анъана ва расму русуми миллӣ, тарбияи ҷавонон ба роҳ монда шуд. Ҳамзамон дар бахши таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотии кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёна марҳалаи нав оғоз гардид. Таҳияи нави стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ оид ба ихтисосҳои таъриху кишваршиносӣ, таъриху бостоншиносӣ мутобиқгардонӣ ба низоми нави таълимӣ аз қабили: мутахассис, бакалавр, магиструтара, нашри барнома, дастур ва китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣ-тоҷикӣ, таъсис додани ихтисосҳои нав мутобиқ ба талаботи замон, таҳияи барномаҳои корӣ- силлабусҳо, омода кардани саволномаҳои тестӣ, истифодаи тахтаи электронӣ, бо сурату нақша ва филмҳои кутоҳ гузаронидани дарсҳо, сабти ҷараёни азхудкунии донишҷӯён дар дафтари электронӣ аз тақозои замон бармеояд. Ин роҳҳоест, ки Донишгоҳ тибқи талаботи барномаҳои фазои таълимии байналмиллалӣ фаъолият дорад. Дар ин замина тайёр кардани мутахассисини сатҳи ҷаҳонӣ пеш меояд,ки донистани забонҳои хориҷӣ аз ҷумла англисӣ ва русиро тақозо дорад. Вазорати маориф ва илми ҶТ ба ҷуз тайёр кардани кадрҳои соҳаи фанни таърих, дар назди кафедра тайёр кардани мутахассисини бахши таърих-кишваршинос, таърих-археологро барои ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ намуд. Биноан соли 2004-ум дар назди кафедра ихтисоси таъриху кишваршинос кушода шуд ва то соли 2015 донишҷӯён аз рӯи ин таҳсил карда, соҳиби дипломи ихтисоси таърих-кишваршинос шуданд. Дар давоми фаъолияти ихтисоси мазкур аз соли 2004 то 2015 беш аз 200 нафар донишҷӯ соҳиби тахассуси таърих-кишваршинос шуданд. Бо таъсис ёфтани факултети муносибатҳои байналхалқӣ дар заминаи ихтисоси таърих-кишваршинос ихтисоси минтақашиносӣ таъсис ёфт, ки айни ҳол донишҷӯён таҳсил доранд.

Ҳамзамон соли 2011 дар назди кафедра бо дастури Ҳукумат ва Вазорати маориф ва илми ҶТ бо мақсади тайёр кардани мутахасисон- бостоншиносон (археолог) дар назди кафедра бо ҳамин унвон ихтисос кушода шуд. Соли 2015 11 нафар донишҷӯ ихтисосро хатм намуда, тавассути роҳхати Вазорати маориф ва илми ҶТ ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуданд. 2 нафар хатмкардаи ихтисоси таърих-бостоншинос ба Институти таърих, археология ва этнографияи АУ ҶТ роҳхат гирифта, таҷрибаи худро бо ширкат дар экспедитсияҳои ковишҳои бостоншиносӣ такмил медиҳанд.
Мақсади тағйирот дар кафедра: Таъсис додани ихтисоси таъриху археология, такмили барномаҳои корӣ, гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои археологӣ дар соҳаҳои бостонии кишвар, билхусус таваҷҷӯҳи мутахассисини хориҷӣ ба ҳафриёти бостоншиносӣ ва тайёр кардани мутахасисон-археологҳо зарурияти иваз кардани номи кафедра пеш омад. Дар асоси пешниҳоди ҷаласаи кафедра, қарори Шӯрои олимони факултети таърих аз санаи 26.02.2013 таҳти № 06 ва қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз санаи 7 майи соли 2013 таҳти №11 оид ба ворид намудани тағйирот ба сохтори Донишгоҳ «Дар хусуси ворид намудани тағйирот ба номи кафедра» минбаъд кафедра «Таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ» ном гирифт.
Устодони кафедра то даврони истиқлолият аз фанҳои таърихи ҷамъияти ибтидоӣ, таърихи дунёи қадим, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, таърихи асрҳои миёна, ҷуғрофияи таърихии асримиёнагии кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, антропология, таърихи асримиёнагии кишварҳои Осиё ва Африқо, сиккашиносӣ, таърихи дин, таърихи Эрон, таърихи мамолики Араб, таърихи Ҳиндустон, таърихи Афғонистон, этнология ва дар замони истиқлолият фанҳои нави таълимӣ мисли ҷуғрофияи таърихии Осиёи Марказӣ, кишваршиносӣ, ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихӣ, генеология, топонимика, таърихи маданият ва санъат, кишваршиносӣ, кишваршиносии таърихӣ, бостоншиносии антиқӣ, бостоншиносии асри биринҷ, бостоншиносии асримиёнагӣ, этноархеология, бостоншиносии саҳроӣ, фан ва ҳунарҳои сафолгарӣ, бостоншиносии асри санг, таърихи андешаҳои археологӣ, кашфиёти археологии ҷаҳон, фанҳои тахассусӣ барои ихтисоси бостоншиносӣ, курсҳои махсус дар ихтисосҳои мухталиф дарсҳои лексионӣ ва машғулиятҳои амалӣ мегузаранд. Устодони кафедра барои донишҷӯёни ихтисосҳои таърих, таъриху архив, таъриху бостоншиносӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, ихтисосҳои бахши ҳуқуқ, шарқшиносӣ, фалсафа, журналистика, молия ва қарз ва иқтисод дарс мегӯянд.
Тибқи нақшаи таълимӣ гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо бо талаботи такмили фазои раванди таълимӣ муҳиму зарурӣ дониста мешавад. Дар факултети таърих масъули гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ устодони кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ аст. Қаблан устодони кафедра дар тӯли фаъолияти худ, донишҷӯёнро ба шаҳрҳои собиқ Итиҳоди Шӯравӣ: Хева, Хоразм, Самарқанду Бухоро ва марказҳои асосии ёдгориҳои бостоншиносии Тоҷикистон, аз ҷумла Панҷакент, Фархор, Душанбе, Ҳисор, Ғончӣ, Хуҷанд ва … сафарбар карданд. Дар натиҷа, даҳҳо бозёфтҳои нодири таърихӣ ба даст омада, онҳо дар осорхонаҳои ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва донишгоҳӣ гузошта шуданд.
Бо мақсади пайваста дар ковишҳои археологӣ ширкат доштани донишҷӯён бо пешниҳоди мудири кафедра соли 2014 Маркази таълимӣ-истеҳсолии бостоншиносии «Шаҳртеппа» таъсис дода шуд. Марказ дар ноҳияи бостонии Фархор таъсис дода шуда, донишҷӯён ҳар сол дар анҷоми соли таҳсил таҷрибаомӯзиҳои археологиро зери роҳбарии профессорон Шарифов Р.Я. Ю.Яқубшоҳ, Р. Маҳмадшоев, муаллими калон Азизов М, ассистент Шоинбеков Ф. Асоев С. ва Мирзоалиев И. мегузаронанд. Барои дар назди мавзеи бостонӣ таъсис додани бошишгоҳи истиқоматӣ тибқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» моддаи 11-Кодекси замини ҶТ бо қарори Ҳукумати иҷроияи ноҳияи Фархор аз таърихи 21.04.2013 таҳти № 412, Кумитаи идораи замини ноҳия аз санаи 22.04.2015, №386 дар назди «Шаҳртеппа»-и деҳоти Ватан аз тарҳи №205 майдони умумиаш 0,20 гектар замин ҷудо карда шуд. Умед аст, ки бо дастгирии раёсати Донишгоҳ, Марказ рушду нумуъ ёфта, кашфиётҳои навро аз таърихи кӯҳани диёрамон пайдо хоҳем кард. Ҳамзамон устодони кафедра таҷрибаомӯзиҳои педагогии донишҷӯёни факултетро роҳбарӣ карда, бо муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва омӯзишгоҳҳи педагогӣ робитаҳои наздики корӣ доранд.

МУДИРОНИ КАФЕДРА: Солҳои 1967-2003 дар вазифаи мудири кафедра доктори илмҳои таърих, профессор Абдулҳамид Ҷаллилов фаъолият дошт. Аз 1-уми апрели соли 2003 то 30 апрели соли 2009 дар вазифаи мудири кафедра Муллоҷонов Сайфулло Кучакович фаъолият намуд. Соли 2009 дар асоси интихобот ишғол ба вазифаи мудири кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ гузашта, то соли 2015 дотсент Шарифов Раҳмоналӣ Ятимович иҷро намуд. Солҳои 2016 – 2018 н.и.т., дотсент Наҷотова Нигина Баротовна вазифаи мудири кафедраро иҷро намуд. Аз моҳи августи соли 2018 то соли 2022 вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои таърих Хоҷаев Меҳровар Пардалиевич, аз соли 2022 то соли 2024 вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои таърих Асоев Сабзаалӣ Убайдович ба ӯҳда дошта, аз соли 2024 то имрӯз дар фазифаи мудири кафедра номзади илмҳои таърих, дотсент Шоинбеков Фируз Нағзибекович фаъолият дорад.
ҲАЙАТИ КАДРИИ КАФЕДРА
Айни ҳол зарфияти илмии кафедра мувофиқи матлаб аст. Як нафар академики Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю. Яқубов, 2 нафар докторони илм: Р.Я.Шарифов ва С. Муллоҷонов, 5 номзади илмҳои таърих: М.П.Хоҷаев, Н.Наҷотова. С.Асоев, Муродов Н., Шоинбеков Ф. 2 нафар муаллими калон: И.Мирзоалиев ва Ш.Абдулҳаев ба фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд. Ҳамчунин магистрон Довудова Ш., Мавлудаи М., Амиршоев А, С. Маҳмадамин ба пажӯҳиш дар зери устодони кафедра оғоз намуданд.
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ КАФЕДРА:
Аз рӯзҳои нахустини ташкил шудани кафедра дар назди он маҳфили илмии донишҷӯён амал мекард, ки дар он донишҷӯён аз рӯи фанҳо ва мавзӯҳои махсуси кафедра, зери роҳбарии устодон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карда, малакаву таҷрибаи корҳои пажӯҳиширо андӯхта, маҳз дар чунин ҷараён баҳсҳои илмӣ қобилияти баъзе ҷавонон зоҳир гардида, дар оянда барои пешрафти корҳои илмӣ омода мегарданд. Имрӯз ҳам дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён «Каёниён», «Гунди Шопур» аз рӯи нақшаи корӣ фаъолият мекунад. Айни ҳол маҳфили донишҷӯён зери роҳбарии устоди кафедра Абдулҳаев Ш. фаъолият дорад.

Мавзӯи илмии кафедра дар панҷсола бо унвони «Масъалаи назариявӣ ва амалии таърихи аҳди қадим ва асрҳои миёнаи Осиёи Марказӣ» номгузорӣ шуда, устодон рӯи масъалаҳои зерин: «Инъикоси таърихи аҳди қадим ва асрҳои миёнаи халқи тоҷик дар асарҳои академик Н.Н. Неъматов», «Инъикоси масъалаҳои таърихи Шарқ ва Ғарби Қадим»; «Археологияи асримиёнагии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли ёдгориҳои Фархор)»; «Инъикоси авзои иҷтимоии Хуросону Мовароуннаҳр дар асрҳои ХIII –ХIV»; «Омӯзиши таърихи шаҳри Карон.»; «Асосҳои методологияи гуманистии таърих»; «Нақши нухбагони тоҷик дар сохтори идории давлатҳои Осиёи Марказӣ (асрҳои ХI-ХV)”, “Ёдгориҳои санъати меъморӣ дар асрҳои миёна (IX-XV) (дар мисоли минтақаи Кӯлоб)”, “Заминаҳои пайдоиши омӯзиши ёдгориҳо дар Тоҷикистон (охири асри ХХ- ибтидои асри ХХI)”, “Инъикоси масъалаи омӯзиши этнографияи тоҷикон (солҳои 1991-2022)”, “Омӯзиши археологии қалъаҳои Вахон”, “Инъикоси масоили ташаккул, рушд ва таназзули ҳаёти сиёсию иҷтимоии аҳди бостонии ниёгони тоҷикон дар осори муҳаққиқони тоҷик” таҳқиқот мебаранд.
Кафедра дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ низ саҳми бориз дорад. Новобаста аз мушкилоти мавзӯҳои илмии таърихи аҳди анттиқа ва асримиёнагӣ нигоҳ накарда, соли 2011 устоди кафедра Наҷотова Н. ва то соли 2015, 5 нафар унвонҷуёни хориҷӣ рисолаҳои номзадии худро дифоъ карданд. Дар соли 2016 дотсенти кафедра Муллоҷонов С. рисолаи докторӣ, унвонҷӯй Асоев С. рисолаи нимзадӣ ва соли 2017 аспиранти кафедра Хоҷаев М.П. рисолаи номзадӣ, соли 2022-юм унвонҷӯй Муродов Н. ва дар соли 2023 Шоинбеков Ф. рисолаҳои номзадии хешро ҳимоя намуданд.

ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ ДАР КАФЕДРА:
Дар тӯли фаъолияти илмӣ аъзоёни кафедра даҳҳо китоб ва садҳо мақолаҳои арзишманди илмӣ таълиф кардаанд, ки дар ҷарёни хондани дарсҳо, таълифи монография, китобҳои дарсӣ, навиштани маърӯза ва рисолаҳои илмӣ истифода гардиданд. Муҳаққиқон дар ҷараёни таҳқиқи мавзуъ аз сарчашмаҳои камтадқиқу ноомӯхташуда, тавассути қиёси осори фундаменталӣ натиҷагирӣ карданд.
Раванди таълиф ва иншои асарҳо дар замони истиқлолияти давлатӣ афзуда, дар ин росто устодони кафедра заҳамоти зиёд кашиданд. Асарҳои устодон Р.Я. Шарифов «Ҳабибия» (Душанбе, 2011), «Таърихи Осиё ва Африқо» (Душанбе.,2012), Таърихи ҷамъияти ибтидоӣ» бо ҳаммуаллифӣ (Душанбе.,2013),«Ризошоҳ аз Алаштар то Алашт». Китоби аввал. Баргардонӣ аз хатти форсӣ ба кириллӣ ва пешгуфтор. Аз таваллуд то табаддулот». (Дар ҳаммуаллифӣ) (Душанбе, 2013), «Саволномаи тестӣ аз таърих барои дохилшавандагон” (ҳаммуаллифӣ- Душанбе, 2013), «Низомномаи ҷалилияи маорифи Афғонистон» (Душанбе, 2015), “Таърихи асрҳои миёна” Барои хонандагони синфи 6. Дар ҳаммуаллифӣ, (Душанбе, 2015), “Археология” (Душанбе, 2016), А. Қушматов «Вақф» (Душанбе, 1991) «Деҳқонони тоҷик дар охири асри XІX ибтидои асри ХХ» (Душанбе, 1997), «Таърихи дунёи қадим» (Душанбе, 2013), «Нигоҳе ба таърихи ташаккули давлати феодалии тоҷикон-Сомониён» (Душанбе, 2015), дотсент Ғ.Ғоибов «Таърихи Хатлон: дирӯз ва имрӯз» (Душанбе, 2006), «Таърихи динҳо» (Душанбе, 2010), «Панҷшер – сарзамини мардхез». (Кобул, 2011) (бо забони дарӣ), «Таърихи Ҳисори шодмон, Чағониён ва Душанбе» (Душанбе, 2015), Зиёзода Т.Н. “Таърихи умумӣ”. Синфи 7. (Душанбе, 2015), ;Азизов М. «Аз таърих ва мероси Ҳисори бостон» (Душанбе, 2015), Азизов. М. Д., Асрориён Ҷ. «Тахти сангин. (Душанбе, 2013), Муллоҷонов С.К. “Таърихи «Масъудӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ” (Муруре перомуни сохтори идориву русумоти дарбори Ғазнавиён). (Душанбе, 2013), “Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асоси гузориши ҷаҳонгардон” (Дар ҳаммуаллифӣ), (Машҳад, Эрон, 2015), Наҷотова Н. «Газнавидо – сельджукидские отношения в первой половине ХI в.» (Душанбе, 2014), Азизов М., Асоев С., Шоинбеков Ф., Раҷабов Т. “Луғатнома” (Барои ихтисоси таърих ва бостоншиносӣ) (Душанбе, 2015), Асоев С. “Кишваршиносӣ” (Дар ҳаммуалифӣ) (Душанбе, 2010), “Тахористон”. (Душанбе, 2012), “Ҳамсози истиқлол” (Душанбе, 2012), Яқубов Ю., Иброҳимзода З.С. “Тахти сангин маркази динии Ориён Виҷ”, (Душанбе, 2023.), Шарифов Р.Я. Неъмонов Б. “Тоҷикон оинаи таърихи миллат” (Душанбе, 2023) таълиф намудаанд. Устодони кафера А.Ҷалилов, Қ. Бобоев, Муллоҷонов С. дар нигоштани асарҳои дастаҷамъии «Таърихи халқи тоҷик» (Душанбе 1978-1989, 2011) ширкат доштанд.
Фаъолияти устодони кафедра дар давраи ба истиқлолият расидани ҷумҳурӣ то имрӯз густарда гардида, дар назди кафедра вазифаҳои нав гузошта шуд. Аз ҷумла тайёр кардани кадрҳои шоиста ва арзандаи бахши таърих, археология ва этнография, таҳияи барнома, дастур ва китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣ-тоҷикӣ .

КОНФЕРЕНСИЯҲО, СЕМИНАРҲО ВА МИЗҲОИ МУДАВВАР
Бо дастгирии раёсати Донишгоҳ роҳбарияти кафедра бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани раванди таълим ва тарбияи мутахасисони соҳаи илми таърих бо муассисаҳои илмӣ ва пажӯҳишгоҳҳои дохиливу хориҷӣ робитаи наздик дорад. Масалан ширкати се нафар устодони кафедра профессор Яқубшоҳ Ю., Маҳмадшоев Р. ва Шарифов Р. солҳои 2012-2015 ба ҳайси мушовир-бостоншинос дар Пружаи байналмилалии ҳафриёти бостоншиносии Мис Айнаки Ҷумҳурии исломии Афғонистон низ гувоҳи ин аст. Маҳз дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон устодони кафедра: А. Қушматов соли 1998, Р. Маҳмадшоев соли 2011, дар соли 2016-ум С.Муллоҷонов, соли 2018-ум бошад Шарифов Р. рисолаҳои доктории худро дар Шӯрои дифои диссертатсионии Институти шарқшиносии РАН шаҳри Москва бомуваффаққият дифоъ намуда, сазовори дараҷаи доктори илми таърих гардиданд.
Устодони кафедра пайваста дар амалӣ намудани амру дастурҳои Ҳукумати ҶТ, аз ҷумла ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, гузаронидани ҷашну маросимҳои миллӣ, бузургдошти шахсони шоистаи кишвар, ки дар рушду нумуи таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ саҳми бориз доранд, ҳисса мегузорад. Аз ҷумла бо ташаббуси кафедра соли 2003 конфронси байнал-халқии илмӣ-назариявии «Истаравшан дар гузаргоҳи таърих», «Мақоми Хатлон дар таъриху тамаддуни тоҷикон» (с.2005.), «Медиевистика ва баъзе масъалаҳои таърихи умумӣ» (с.2006), «Хатлон дар масири таърих» (с.2014), “Нақши Ҳисор дар тамаддуни Шарқ” (с.2015),”Таҳқиқотҳои нав оид ба таърихи аҳди аттиқа ва асримиёнагии кишварҳои Шарқ”(с.2016) ва бахшида ба мавзӯҳои мубрами таърих, археология ва этнография, силсила семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва мизи мудаварро доир намудааст. Устодони кафедра Яқубов Ю., Шарифов Р., Зиёзода Т., Қушматов А., Муллоҷонов С., Асоев С., Наҷотова Н., Хоҷаев М. Дар чандин кофронсу нишастҳои сатҳи баланд аз ҷумла конференсияи байналмиллалии илмӣ-амалии «Ҷуғрофияи таърихӣ ва фарҳанги Шоҳнома» бо мавзӯйи: «Пешдодиён ва Каёниён дар ҷуғрофияи Шоҳноман» дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш (11.10.2022. ш. Душанбе), “Илми тоҷик ва рушди он дар даврони истиқлолияти давлатӣ” (14.04.2022, ш. Душанбе), “Тахти Сангин-мероси таърихии халқи тоҷик (28.01.2022, Душанбе), «Нақши китоби Точикон»-и Б. Ғафуров дар худшиносии миллӣ» (13.10. 2022.), “Ҳамкориҳои ҶТ бо ҶИЭ” (бахшида ба 30-солагии барқароршавии ҳамкориҳои дипломатӣ миёни ду кишвар) (18.10.2022), “Форуми дуюми байналмилалии таърихӣ дар мавзӯи “Муколама ва таъсири мутақобилаи фарҳангҳо дар фазои пасошӯравӣ». (10-16.10. 2022, Санк-Петербург) иштирок ва суханронӣ кардаанд.

Шумораи зиёди донишҷӯёни ба таърихи аттиқа, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ рағбат дошта, зери роҳбарии устодони унводор аз оғози соли таҳсили курси сеюм тахассуси таърихи умумиро интихоб намуда, рисолаҳои дипломиро дар мавзӯҳои масъалаҳои мубрами таърих ва фарҳанги асримиёнагии кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон ҳимоя мекунанд.
Устодони кафедра, аз ҷумла академик Ю.Ёқубшоҳ, профессорон Р.Шарифов, С.Муллоҷонов, дотсент С.Асоев, н.и.т., Н. Муродов, Ф.Шоинбеков, м\к И. Мирзоалиев, Ш. Абдулҳаев дар ин ихтисос аз фанҳои асосҳои бостоншиносӣ, бостоншиносии антиқӣ, бостоншиносии асри биринҷ, бостоншиносии асримиёнагӣ, этноархеология, бостоншиносии саҳроӣ, фан ва ҳунарҳои сафолгарӣ, бостоншиносии асри санг, таърихи археологияи Тоҷикистон, кашфиёти археологии ҷаҳон, фанҳои тахассусӣ барои ихтисоси бостоншиносӣ, курсҳои махсус дар ихтисосҳои мухталиф дарсҳои лексионӣ ва машғулиятҳои амалӣ мегузаранд. Устодони мазкур донандагони хуби забони давлатӣ, форсӣ ва русӣ буда, чанд нафар вобаста ба ихтисоси худ сарчашмаҳои хаттии форсӣ-арабӣ бо хубӣ истифода мебаранд. Докторанти кафедра Хоҷаев М. бошад донандаи забони русӣ, англисӣ ва фаронсавӣ буда, чанд соле дар кафедра фаъолият дошта, дар гурӯҳҳои русию англисӣ дарс медиҳад.
Устодони донишҷӯёни ихтисоси таъриху бостоншиносӣ дар чандин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла соли 2015 дар арафаи омодагӣ ба таҷлили 3000 солагии Ҳисори Шодмон ба сифати макони таърихӣ дар қалъаи Ҳисор, дар арафаи ҷашни 5500-солагии Саразм, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил карда шуд, дар мавзеи Саразми ноҳияи Панҷакент, дар ҳафриёти археологӣ фаъолона иштирок карда, ашёҳои ба даст омадаи донишҷӯёни ихтисоси таъриху бостоншиносии факултети таърих дар осорхонаҳо гузошта шуда, мақолаҳои устодони кафедра чоп шуд. Яъне, устодон ва донишҷӯёни мо саҳми хешро дар бозкушоии таърихи куҳани диёр гузоштанд.
Аллакай хатмкунандагони ихтисоси таъриху бостоншиносии факултети таърихи ДМТ дар Вазорати фарҳанг ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, дар шуъбаҳои осорхонаҳои шаҳру навоҳии кишвар пурсамар фаъолият доранд.





Кормандони кафедра

ШОИНБЕКОВ ФИРУЗ НАҒЗИБЕКОВИЧ, ДОТСЕНТ, МУДИРИ КАФЕДРАИ ТАЪРИХИ ДУНЁИ ҚАДИМ, АСРҲОИ МИЁНА ВА АРХЕОЛОГИЯ(таваллуд 16.07.1985, деҳаи Тусиёни н. Роштқалъа) н.и.т., муаррих, археолог, дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ. Хатмкардаи мактаби миёнаи №14 ба номи Қ. Бунёдова (2002) ва факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев (2007). Асситенти кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев (2007-10) ва аз октябри соли 2012 то соли 2020, ассистенти аз соли 2021 муаллими калони кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ. Самти асосии таҳқиқоташ: омӯзиши археологии минтақаҳои ВМКБ дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХI. Соли 2023 рисолаи номзадии хешро ҳимоя намуд.
Ос.: Таърихи омӯзиши қалъаи Ямчун ва масъалаи ҳифзи он // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба «20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ» ва «Соли ҷавонон». –Д., 2017; Натиҷаи корҳои саҳроии ёдгории асримиёнагии Шаҳртеппа // Нури Маърифат. –Д., 2016; Омӯзиши археологии Помири Ғарбӣ // Мероси ниёгон № 16. –Д., 2016; Асрори Шаҳртеппа // Мероси ниёгон. № 16. –Д., 2016. Шоинбеков, Ф. Аз таърихи омӯзиши ёдгориҳои археологии Помир [Матн] / Ф. Шоинбеков // Паёми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ. – 2015. – №5 (66). – С.253-255. Шоинбеков, Ф. Саҳми профессор А.Ҷ.Бобоев дар омӯзиши ёдгориҳои археологии Помири Ғарбӣ [Матн] / Ф. Шоинбеков // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – 2019. – №6. – С.46-50. Шоинбеков, Ф. А.Н.Бернштам нахусткашшофи ёдгориҳои археологии Помир [Матн] / Ф. Шоинбеков // Гузоришҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. – 2020. – №4 (012). – С.78-81. Якубов, Ю., Шоинбеков, Ф. Цитадель Ямчун (о работах Ишкашимского археологического отряда в 2016 г.) [Текст] / Ю. Якубов, Ф. Шоинбеков // Доклады Национальной академии наук Таджикистана. – 2021. – №1 (013). – С.43-50. Шоинбеков, Ф. Омӯзиши археологии Помири Ғарбӣ то соли 1917 [Матн] / Ф. Шоинбеков // Мероси ниёгон. – 2014. – №16 (1). – С.105-110. Шоинбеков, Ф. Саҳми В.А.Ранов дар омӯзиши ёдгориҳои модди асри санги Помири Шарқӣ [Матн] / Ф. Шоинбеков // Маводи конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами манбаъшиносии муосир». – 2016. – С.156-159. Шоинбеков, Ф. Таърихи омӯзиши қалъаи Ямчун ва масъалаи ҳифзи он [Матн] / Ф. Шоинбеков // Мероси ниёгон. – 2017. – №1 (19). – С.17-21. Шоинбеков, Ф. Қалъаи Ямчун ва Қаҳқаҳа макони тамошои сайёҳон [Матн] / Ф. Шоинбеков // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии «Мавқеъ ва нақши ёдгориҳои таърихӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ». – 2018. – С.143-148. «Давлати Каёниён» асари бунёдии академик Юсуфшоҳ Яқубов. Прблемы археологии и истории Таджикистана. Душанбе. 2017. С.48-53. Шоинбеков, Ф. Петроглифҳои Помир ва масъалаи ҳифзу нигоҳдошти онҳо [Матн] / Ф. Шоинбеков // Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмиллалӣ бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 22-солагии Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Ҷаҳонишавӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо дар замони муосир» (17-18 майи соли 2019). – 2019. – С.229-231. Шоинбеков, Ф. Истеҳсоли маъдан дар замони Сомониён (дар мисоли конҳои нуқраи Помир) [Матн] / Ф. Шоинбеков // Маводи конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи Суннатҳои Сомониён ва таъсиргузории он дар фарҳангу тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик. – 2020. – С.176-180. Шоинбеков, Ф. Инъикоси сарзамини тоҷикони Бадахшон дар осори сайёҳи аврупоӣ Марко Поло: «Китоб дар бораи гуногунии олам» [Матн] / М. Хоҷаев, Ф. Шоинбеков // Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ. – 2020. – №4. – С.173-182. Якубов, Ю. Шоинбеков, Ф.Н. Хоҷаев, М.П. Астрологическая комната в городище Карона (ГБАО) (Красный зал) [Текст] / Ю. Якубов, Ф. Шоинбеков, М. Ходжаев // SCIENTIFIC COLLECTION «INTERCONF». – 2021. – №40 (40). – С. 454-467. Шоинбеков Ф. Н. Гӯронидани асп дар урфияти сакоиҳои Помир. //Ҷойгоҳи Сосониён дар таърих ва тамаддуни умумиҷаҳонӣ (Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҷойгоҳи Сосониён дар таърих ва тамаддуни умумиҷаҳонӣ» ). Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ. 26.04. 2024.–С. 155-157. Якубов Ю., Шоинбеков Ф. Отчёт Дарвазского отряда в Кароне в 2020 г. // АРТ, №44.-С. 287-300. Якубов Ю., Шоинбеков Ф. Отчёт Дарвазского отряда в Кароне в 2021 г. // АРТ, №45.-С. 220-234. Шоинбеков Ф.Н. Иншооти мудофиавии Карон (натиҷаи ҷустуҷӯи бостоншиносӣ дар Карон дар соли 2023). //Илм аз дидгоҳи олимони ҷавон. (Маводи конференсияи илмӣ-амалии олимони ҷавон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ»)-Душанбе: 2024. – С. 200-203.

МУРОДОВ НАЗРИМАТ САФАРОВИЧ- ДОТСЕНТИ КАФЕДРА, ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ (тав. 24.11.1989, н. Муъминобод Ҷумҳурии Тоҷикистон). н.и.т., муаррих, дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ (2023). Хатмкардаи факултети таърихи ДМТ (2013), муовини декан оид ба таълим (2014-2023), унвонҷӯи кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ (2014-2018), ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ, аз соли 2023 декани факултеитаърих. Муаллифи зиёда аз 30 мақолаи илмӣ мебошад.
Ос.: Зарурияти омӯзиши таърихи аҳди бостонии халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ”. Паёми ДМТ. №4., “Инъикоси вижагиҳои низоми дар осори муҳаққиқони тоҷик”. Паёми ДМТ. №5., “Масоили таҳққиқи давлатдории Элом дар осори муҳаққиқони тоҷик. Паёми ДМТ. №6., “Инъикоси хусусиятҳои ҳаркати маздакия дар осори муаррихони асримиёнагии тоҷик”. Паёми ДМТ. №7. ва ғ.

ЯЪҚУБОВ ЮСУФШОҲ, АКАДЕМИКИ АМИТ (таваллуд 16.11.1937, деҳаи Равнови ноҳияи Дарвоз) муаррих, бостоншинос, д.и. таърих (1988), узви вобастаи АИ ҶТ (1991), узви ҷамъияти бостоншиносони Россия (1996), узви вобастаи Ин-ти бостоншиносии Олмон (1998) ва Ходими хизмат-нишондодаи илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999). Академики АИ ҶТ. Хатмкардаи УДТ (ҳоло ДМТ; 1960). Лаборанти калон (1960–62), аспирант (1963–1966), ходими илмӣ (1966–70), ходими калони илмӣ (1970–1986), ходими пешбари илмӣ (1986–1989), мудири Шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ (1989–2011).Сарходими илмии Ин-ти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон(аз соли 2011), ҳамзамон сардори экспедитсияи муштараки Тоҷику Олмон дар конҳои қадими миси Зарафшон (1997–1999), роҳбари гуруҳи бостоншиносони тоҷик дар Миси Айнаки Афғонистон (2012–13) ва профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ (аз 2015). Дар мавзӯи «Паргар дар асрҳои VII-VIII мелодӣ» рисолаи номзадӣ (1970) ва дар мавзӯи «Деҳаҳои ибтидои асрҳои V-VIII мелодӣ дар Куҳистони Суғд ва масъалаи ташаккули феодализм дар Осиёи Миёна” рисолаи докторӣ (1988) дифоъ кардааст. Муаллифи беш аз 300 асари илмӣ–мақола, рисола, монография оид ба таърихи қадим, асрҳои миёна, бостоншиносии Тоҷикистону Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон ва ғ.. Дар ковишҳои бостоншиносии ёдгориҳои Аҷинатеппа, Ҳулбук, гуристонҳои асри биринҷи Фархор, Золи зар, Вахш, Моғиён ва Шаҳристон, Уротеппа, Симғори Хуҷанд, Ашт ва ғ. ширкат карда, дар ин миён 120 ёдгории кашфкардааш ёдгориҳои Гардани Ҳисор, Кум (дар Айнӣ), Ҳисорак (дар Масчо), маъбади оташи Наврузшо (дар Панҷакент), шаҳраки Дарбанд (дар Нуробод), Чоргул, гуристони сакоиҳо дар Лахш (асрҳои IV-III п. м. ва V –VI м.), гуристони Ғелот (дар Восеъ), шаҳри таърихии Карон (дар Дарвоз) ва ғ. нодир мебошанд. Баъзе бобҳои ҷ. 2 «Таърихи халқи тоҷик» ба қалами ӯ мансуб мебошад. Муҳаррири масъул ва муаллифи зиёда аз 100 мақолаи Энсиклопедияи Кӯлоб (2006). Дар нашрияҳои Эрон, Аврупо, Америка оид ба Авесто, зардуштия, адёни бостонии мардуми эронинажод мақолаҳо нашр кардааст. Ба медали «ЮНЕСКО» ва ифтихорномаҳо сарфароз шудааст.
Ос.: Паргар в VII-VIII вв.н.э.Д., 1979; Раннесредневековые сельские поселения горного Согда. Душанбе, 1988; Тоҷикон. Душанбе, 1992, 1995; Религия древнего Согда. Душанбе, 1996; Тоҷикон. Душанбе, 1999; Гоҳномаи авестоӣ. Душанбе, 2003; Маниши миллӣ. Душанбе, 2004; Хулбук–столица Хатлона. Душанбе, 2006 (ҳаммуаллиф); История Куляба с древнейших времен до наших. Душанбе, 2006 (ҳаммуаллиф); Давлати Каёниён. Душанбе, 2012.

ШАРИФОВ РАҲМОНАЛӢ ЯТИМОВИЧ, ПРОФЕССОР (таваллуд 18.04.1960, деҳаи Саксанохур, (ҳоло Куҳандиёр), н. Фархор) муаррих, бостоншинос, доктори илмҳои таърих (2018), профессор, декани факултаи таърихи ДМТ (аз 2016). Аълочии маориф ва илми ҶТ (2016). Хатмкардаи мактаби миёнаи №17 (ҳоло ба номи Ё.Бегов) ва факултаи таърихи УДТ (ҳоло ДМТ;1983). Ассистенти кафедраи таърихи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (1983-84). Шунавандаи Институти такмили ихтисоси фанҳои ҷамъиятии донишгоҳи давлатии Тошканд (1985), коромӯзи кафедраи таърихи халқи тоҷик (1985-86), муаллими мактаби № 17-и шаҳри Душанбе (1987-91), ҳамзамон унвонҷӯи кафедраи таърихнигорӣ ва манбаъшиносии факултети таърихи УДТ, муаллими калони кафедраи Таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (1992-98), дотсент (1998-2000), мудири кафедраи таърихнигорӣ ва манбаъшиносӣ (2000-02), дотсенти кафедраи таърихи наву навини кишварҳои хориҷӣ (2003-09), муовини декани факултети таърих оид ба таълим (2004-09), мудири кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ (2009-16), ҳамзамон мушовир-бостоншинос дар Пружаи байналмиллалии ҳафриёти бостоншносии Миси Айнаки вилояти Лугари Ҷумҳурии исломии Афғонистон(2014-15). Соли 1998 дар мавзӯи «Инъикоси таърихи халқи тоҷик, аҳди муғул дар таърихнигории Шӯравӣ» (солҳои 1218-1361) рисолаи номзадӣ ва соли 2018 дар мавзӯи “Таърихи маорифи асри Афғонистон (солҳои1919-78) рисолаи докторӣ дифоъ кард. Самтҳои аосии таҳқиқ: омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар аҳди муғул; қиёси маорифи суннатӣ ва асрии Афғонистон. Муаллифи 3 китоби дарсӣ, 12 дастури таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 65 мақолаи илмӣ. Котиби Шӯрои диссертасионии Д.737.004.02 ВАК Вазорати маориф ва илми ФР оиди дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ. Зери роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карданд. Иштирокчии форуми байналхалқии археологҳои ҷаҳон дар шаҳри Шанхайи ҶХЧ, маърузаҳо дар донишгоҳи Шимол-ғарбии шаҳри Сяни кишвари Чин (2016, 2018) ва дар форуми байнамилали “Наследие” донишкадаи гуманитарии донишгоҳи давлатии Новосибирск. (2018,2019), конфронси байналмилалии институти таърих ва маданияти модии АИ ФР дар шаҳри Санк-Петербург. Бахшида ба 100 солагии бостоншинос В.М.Массон (2019) ва конфронси байналмилалии шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон (соли 2019). Аъзои Шӯрои муҳаррирони журнали байналхалқии “Общество: философия, история и культура” ФР.
Ос.: Заминаҳои ҷунбиши Сарбадорон дар Хуросон. Д., 1997; Оғози Ҷунбиши Сарбадорон дар Хуросон. Д., 1997; Инъикоси таърихи халқи тоҷики ахди муғул дар таърихнигории Шуравӣ (1219-1380). Д., 1998; Таърихи асрҳои миёна. Китоби дарсӣ барои синфх,ои 6 (ҳаммуалиф). Д., 2002; Таърихи кишвархри Осиё ва Африқо дар асрҳои миёна. Д., 2010; Таърихи ҷамъияти ибтидоӣ. (ҳаммуалиф) Д., 2011; Археология. Д., 2016: Саволномаи тестӣ. Д.,2017: Традиционное образование народов Хорасана (Ретроспективный взгляд на историю формирования иэволюции системы). Д., 2017: Традиционная и современная образования в Афганистане 1919-1978гг. Д., 2018; Забони дуҳазорсолаи Афғонистон ё модарзабони дарӣ.-Душанбе.,2019.

МУЛЛОҶОНОВ САЙФУЛЛО КУЧАКОВИЧ, ПРОЕФЕССОР (таваллуд 03.09.1972, дар хоҷагии ба номи Орҷоникидзе, ҳоло Сомониён, н. Мастчоҳ) муаррих, д.и.т., профессор. Хатмкардаи мактаби миёнаи № 10 (1989) ва факултаи таърихи УДТ (ҳоло ДМТ; 1995). Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳарбӣ-ватандӯстии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995-2000), ҳамзамон аспиранти ДМТ (1997-99), ассистент ва дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик ва кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёна (1999–2003), ҳамзамон муовини декани факултети таърих оид ба шуъбаҳои ғоибона, рӯзона ва мудири кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёна (2003-2009). Солҳои 2010-2013 докторант ва аз 14 апрели соли 2013 то ҳол дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ мебошад. Соли 2000 дар мавзуи «Таърихи Масъудӣ»-и Абулфазли Байҳақӣҳамчун сарчашма оид ба омӯзиши сохтори сиёсии давлати Ғазнавиён» рисолаи номзадӣ ва соли 2016 дар мавзӯи «Нақши омили динӣ дар таърихи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Хуросону Мовароуннаҳр дар асрҳои IX-XI» рисолаи докторӣ дифоъ кард. Самтҳои асосии таҳқиқ: омӯзиши таърихи асримиёнагии халқи тоҷик, мардуми ҳамҷавори Осиёи Марказӣ. Муаллифи зиёда аз 180 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ буда, дар конференсия ва симпозиумҳои байналмиллалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Алмаато, Остона, Ашхобод, Бишкек, Нукус ширкат ва суханронӣ кардааст.

АСОЕВ САБЗААЛӢ УБАЙДОВИЧ, ДОТСЕНТ (таваллуд 20.3.1973, деҳаи Ғелоти н. Восеъ), муаррих, фарҳангшинос, н.и.т., (2016), дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ. Хатмкардаи мактаби миёнаи №1 ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик; 1990) ва факултаи таърихи ДМТ (1999). Хидмат дар Артиши Шӯравӣ (1991-93). Коромӯз (1999-2000) ва аз соли 2000 то ҳол ассистенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ, ҳамзамон муовини декани факултаи таърих оид ба таълим (2008-2009).Соли 2016 дар мавзӯи вазъи сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии Тахористон дар асрҳои V-X рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Самтҳои асосии таҳқиқ: омӯзиши вазъи сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии Тахористон, ҷуғрофиёи таърихии Тахористон; таърихи муосири фарҳанг ва мусиқии мардуми тоҷик.Муаллифи 5 барномаи таълимӣ, 1 як воситаи таълимӣ–методӣ, 25 мақолаи илмӣ, зиёда аз 50-мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, ду китоб ва ( ҳаммуалифӣ).
Ос.: Таърихи ҷамъияти ибтидоӣ. –Душанбе, 2011; 2014 (ҳаммуаллифӣ); Тахористон (Маҷмӯаи мақолаҳо). –Душанбе, 2012; Ҳамсози истиқлол. –Душанбе, 2012.

НАҶОТОВА НИГИНА БАРОТОВНА ДОТСЕНТ, (таваллуд 23.10.1978, деҳаи Чашмаи Ҷӯшон, н. Муъминобод), муаррих, н.и.т. (2011), дотсент (2018). Хатмкардаи мактаби миёнаи №5-и ба номи Мирзо Турсунзода (1995) ва факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ; 2006). Котиби «Асоссиатсияи иҷоракорони Сангдара» (1996-2000), ҳамзамон лаборанти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДДМТ (ҳоло ДМТ; 2003-2006). Муҳассили шуъбаи аспирантура (2007-2010), ассистент (2010-2015), мудири кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ (2016-2018), дотсент ва докторанти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултаи таърихи ДМТ . Соли 2011 дар мавзӯи «Робитаҳои Ғазнавиёну Салҷуқиён дар асри ХI нимаи аввали асри ХII» рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Муаллифи чанд барномаи таълимӣ ва зиёда аз 20 мақолаи илмӣ-оммавӣ мебошад.
Ос.: Газневидо-сельджукидские отношенияв первой половине ХI века. Васоити таълимӣ. –Душанбе, 2014. «Равобити Ғазнавиёну Салҷуқиён» (асри ХI нимаи аввали асри ХII). Барномаи таълимӣ барои курси махсус. –Душанбе, 2017.

ХОҶАЕВ МЕҲРОВАР ПАРДААЛИЕВИЧ, ДОТСЕНТ (таваллуд 18.3.1990, деҳаи Кавшдӯзони н. Ҳисор) муаррих, н.и.т., (2017) докторанти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншинос. Хатмкардаи мактаби миёнаи № 128 ба номи А. Асоев (2008) ва факултети таърихи ДМТ (2013). Аспиранти шуъбаи рӯзона (2014–17), ҳамзамон ассистенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ. Аз соли 2018 то соли 2021 мудири кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ мебошад. Соли 2017 дар мавзуи «Саҳми академик Н.Н.Неъматов дар омӯзиши таърихи аҳди қадим ва асрҳои миёнаи халқи тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст муаллифи якчанд асару мақолаҳои илмӣ-оммавӣ мебошад.
Ос.: Ҷавонон ояндасози миллатанд. –Д.,2018; Вклад академика Н.Н.Негматова в изучение истории таджикского народа – Историк (научный журнал). –Д., 2016; Ученый с мировым именем//Вестник Таджикского национального университета. Д., 2016; Инъикоси таърихи аҳди қадим ва асрҳои миёнаи Шимолии Тоҷикистон дар асарҳои академик Н.Н.Неъматов// Маводи Конференсяи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба «20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ» ва «Соли ҷавонон». –Д., 2017.

МИРЗОАЛИЕ́В ИЗАТУЛЛО ҲАЙТАЛИЕВИЧ МУАЛЛИМИ КАЛОН (таваллуд 03.09.1964, н. Панҷ) муаррих, мардумшинос, муаллими калони кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ. Аълочии маориф ва илми ҶТ (2016). Хатмкардаи мактаби №12-и ноҳияи Панҷ ва факултаи таърихи ДМТ (2000). Хидмат дар артиши Шӯравӣ (1982-84). Аспиранти шуъбаи ғоибонаи ДМТ (2001-2004). Аз августи соли 2009 коромӯз ва баъдан ассистенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ. Соли 2013 бо Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бахшида ба ҷашни «Истиқлолияти давлатӣ» сарфароз гардидааст. Муаллими калони кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети таърихи ДМТ (2019).
Муаллифи 3 барномаи таълимӣ ва 25 мақолаи илмӣ. Самти асосии таҳқиқоат: таърихи оҳангарӣ дар минтақаи Хатлон (охири асри ХIХ ва ибтидои ХХ).
Ос.: Этнографи тоҷик // Мероси Ниёгон №18, –Д., 2016; Инъикоси ҳаёти мардуми куҳистон дар асари «таджики Каратегина и Дарваза» // Нури Маърифат. Қисми 2. –Д., 2016; Мақоми асари сеҷилдаи “Таджики Каратегина и Дарваза” дар омӯзиши тоҷикони Куҳистон // Илм ва фанофарӣ. №2, –Д., 2014; Марҳилаи асосии омӯзиши масоили мухталифи фанни мардумшиносии тоҷик // Паёми Донишгоҳ. № 3, 2015.

АБДУЛҲАЕВ ШОКИР ИСМОИЛОВИЧ МУАЛЛИМИ КАЛОН (санаи 04.04.1992 дар ҷамоати деҳоти Балҷувон, ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Хатмкардаи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №1-и ноҳияи Балҷувон мебошад (1999-2010), донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети таърих (2010-2015), хатмкардаи шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2015-2018) ва аз соли 2019 инҷониб дар кафедраи Таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор кору фаъолият дорад. Бо ифтихорнома ва дигар ҷоизаҳои донишгоҳ сарфароз гардонида шудааст.
Самти асосии тадқиқоташ дар мавзӯи «Дангаринский район в археологических исследованиях (итоги и перспективы)» кори илмиашро пеш бурда истодааст. Осор: «Археологическое изучение дангаринского района» //Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон -2017.-№3/6, «Памятники античного периода в дангаринском районе», //Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон -2018.-№9, «Исследование памятников бронзового века в дангаринском районе», //Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон -2018.-№3, «Памятники дангаринского района в исследованиях археологов», //Проблемы археологии и истории Таджикистана. 2017 г., «Маниши мили-раҳнамои миллат», // Нашрияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон*№15 (1499) 22 октябри соли 2021, «Теоретическая и практическая школа исследователей каменного века Дангаринского района», //Археологические работы в Таджикистане, 2015 г., «Бутҳои Бомиён-ёдгории замони Кушонӣ», //Конференсияи апрелӣ 2021 с., ва дигар мақолаҳои фишурда ба чоп расонида шуд.