Кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёна

Таърихи кафедра

Кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ (мудир – номзади илмҳои таърих, Хоҷаев М.) моҳи августи соли 1967 таъсис ёфта, маркази омӯзиш ва таҳқиқи масъалаҳои мубрами таърихи умумиҷаҳонии антиқа ва асримиёнагӣ, масоили мубрами бостоншиносӣ ва мардумшиносии тоҷик ба ҳисоб меравад. Нақши олимони соҳа, доктори илм, профессорон А.Ҷалилов, дотсентон Бобоев Қ., Асадуллоев А., Раҳимов М. ва дигарон дар рушди кафедра арзанда аст. Устодони кафедра ба шогирдони рамузфаҳм перомуни таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна, масъалаҳои муҳими бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ маводу санадоҳи пурмуҳтаво пешниҳод менамоянд. Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Каёниён» фаъолият менамояд.

Кормандони кафедра

АСОЕВ Сабзаалӣ Убайдович– мудири кафедра (таваллуд 20.3.1973, деҳаи Ғелоти н. Восеъ), муаррих, фарҳангшинос, н. и. т., (2016), ассистенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ. Хатмкардаи мактаби миёнаи №1 ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик; 1990) ва факултаи таърихи ДМТ (1999). Хидмат дар Артиши Шӯравӣ (1991-93). Коромӯз (1999-2000) ва аз соли 2000 то ҳол ассистенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ, ҳамзамон муовини декани факултаи таърих оид ба таълим (2008-2009).Соли 2016 дар мавзӯи вазъи сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии Тахористон дар асрҳои V-X рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Самтҳои асосии таҳқиқ: омӯзиши вазъи сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии Тахористон, ҷуғрофиёи таърихии Тахористон; таърихи муосири фарҳанг ва мусиқии мардуми тоҷик.Муаллифи 5 барномаи таълимӣ, 1 як воситаи таълимӣ–методӣ, 25 мақолаи илмӣ, зиёда аз 50-мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, ду китоб ва ( ҳаммуалифӣ).

Ос.: Таърихи ҷамъияти ибтидоӣ. –Душанбе, 2011; 2014 (ҳаммуаллиф); Тахористон. Маҷмӯаи маќолањо. –Душанбе, 2012; Ҳамсози истиқлол. –Душанбе, 2012.

Яъқубов Юсуфшо – академики АИ ҶТ, д.и.т., профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ.

Муаллифи беш аз 300 асари илмӣ–мақола, рисола, монография оид ба таърихи қадим, асрҳои миёна, бостоншиносии Тоҷикистону Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон ва ғ.. Дар ковишҳои бостоншиносии ёдгориҳои Аҷинатеппа, Ҳулбук, гуристонҳои асри биринҷи Фархор, Золи Зар, Вахш, Моғиён ва Шаҳристон, Уротеппа, Симғори Хуҷанд, Ашт ва ғ. ширкат карда, дар миёни 120 ёдгории кашфкардааш ёдгориҳои Гардани Ҳисор, Кум (дар Айнӣ), Ҳисорак (дар Масчо), маъбади оташи Наврузшо (дар Панҷакент), шаҳраки Дарбанд (дар Нуробод), Чоргул, гўристони сакоиҳо дар Лахш (асрҳои IV-III п. м. ва V –VI м.), гуристони Ғелот (дар Восеъ), шаҳри таърихии Карон (дар Дарвоз) ва ғ. Бобҳои ҷ. 2 «Таърихи халқи тоҷик» ба қалами ӯ мансуб мебошад. Муҳаррири масъул ва муаллифи зиёда аз 100 мақолаи Энсиклопедияи Кӯлоб (2006). Дар нашрияҳои Эрон, Европа, Америка оид ба “Авесто”, зардуштия, адёни бостонии мардуми эронинажод мақолаҳо нашр кардааст. Ба медали «ЮНЕСКО» ва ифтихорномаҳо сарфароз шудааст.

Ос.: Паргар в VII-VIII вв.н.э. -Д., 1979; Раннесредневековые сельские поселения горного Согда. Д., 1988; Тоҷикон. -Д., 1992, 1995; Религия древнего Согда.-Д., 1996; Тоҷикон. -Д., 1999; Гоҳномаи авестоӣ. -Д., 2003;Маниши миллӣ. -Д., 2004; Хулбук – столица Хатлона. -Д., 2006 (ҳаммуаллиф); История Куляба с древнейших времен до наших. -Д., 2006 (ҳаммуаллиф); Давлати Каёниён. -Д., 2012.

Шарифов Раҳмоналӣ Ятимович – д.и.т., профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ.

Самтҳои аосии таҳқиқ: омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар аҳди муғул; қиёси маорифи суннатӣ ва асрии Афғонистон, археологияи ањди асри миёнаи барваќта. Муаллифи 3 китоби дарсӣ, 12 дастури таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 40 мақолаи илмӣ. Котиби Шӯрои диссертасионии Д.737.004.02 ВАК Вазорати маориф ва илми ФР оиди дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ. Зери роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карданд. Иштирокчии форуми байналхалқии археологҳои ҷаҳон дар шаҳри Шанхайи ҶХЧ, маърузаҳо дар донишгоҳи Шимол-ғарбии шаҳри Сяни кишвари Чин (2016, 2018) ва дар форуми байнамилали “Наследие” донишкадаи гуманитарии донишгоҳи давлатии Новосибирск. (2018,2019), конфронси байналмилалии институти таърих ва маданияти модии АИ ФР дар шаҳри Санк-Петербург. Бахшида ба 100 солагии бостоншинос В.М.Массон (2019) ва конфронси байналмилалии шањри Оши Љумњурии Ќирѓизистон (соли 2019). Аъзои Шӯрои муҳаррирони журнали байналхалқии “Общество: философия, история и культура” ФР.

     Ос.: Заминањои љунбиши Сарбадорон дар Хуросон. Д., 1997; Оѓози Љунбиши Сарбадорон дар Хуросон. -Д., 1997; Инъикоси таърихи халќи тољики ахди муѓул дар таърихнигории Шуравӣ (1219-1380). -Д., 1998; Таърихи асрњои миёна. Китоби дарсӣ барои синфх,ои 6 (њаммуалиф). -Д., 2002; Таърихи кишвархри Осиё ва Африќо дар асрњои миёна. Д., 2010; Таърихи љамъияти ибтидоӣ. (њаммуалиф) -Д., 2011; Археология. Д., 2016: Саволномаи тестӣ. -Д.,2017: Традиционное образование народов Хорасана (Ретроспективный взгляд на историю формирования иэволюции системы). -Д., 2017: Традиционная и современная образования  в Афганистане 1919-1978гг. Д., 2018; Забони дуњазорсолаи Афѓонистон ё модарзабони дарӣ.-Д., 2019.

Маҳмадшоев Раҳматшо – д.и.т., профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ.

Муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмӣ.

Ос.: Таджики Афганистана в новое время.Очерки истории, хозяйства и материальной культуры. –Д., 2001; История этнополитического развития таджиков Хорасана (Афганистан). –Д., 2009.

Муллоҷонов Сайфулло Кучакович – д.и.т., дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ.

Муаллифи зиёда аз 180 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ буда, дар конференсия ва симпозиумҳои байналмиллалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Алмаато, Остона, Ашхобод, Бишкек, Тењрон, Тошканд, Самарқанд, Нукус ширкат ва суханронӣ кардааст. Зери роњбарии ў 4 нафар рисолаи номзадӣдифоъ кардаанд.

Ос.: “Таърихи Масъудӣ”-и Абулфазли Байҳақӣ (муруре пиромуни сохтори идорию русумоти дарбори Ғазнавиён). –Д., 2013; Таърихи халқи тољик (Китоби дарсӣ барои ихтисосњои ѓайритахассусии мактабњои олӣ).-Д., 2011, 2015, 2019; История таджикского народа.-Т.III. –Д.,2013; Хоља Абулфазли Байњақӣ. Таърихи Байњақӣ. Тањияи матн, муаллифи сарсухан, њавошӣ ва тавзењот С. Муллољон. –Д., 2014; Маориф гарави пешрафти ҷомеа (ҳаммуаллиф.). –Д., 2014; Хуросону Мовароуннаҳр аз нигоҳи ҷаҳонгардон (ҳаммуаллиф). – Машҳад, 2015); Религиозный фактор в социально-политической истории Хорасана и Мавераннахра (IX-XI вв.). –Д., 2015; Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 7. (ҳаммуаллиф). –Д., 2016.

Асоев Сабзалӣ Убайдович – мудири кафедра д.и.т., дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ.

Муаллифи 5 барномаи таълимӣ, 4 воситаи таълимӣ–методӣ, 40 мақолаи илмӣ, зиёда аз 50-мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, ду китоб ( ҳаммуалифӣ).

Ос.: Таърихи ҷамъияти ибтидоӣ. –Д., 2011; 2014 (ҳаммуаллиф); Тахористон. Маҷмӯаи мақолаҳо. –Д., 2012, 2016; Ҳамсози истиқлол. –Д., 2012; Хандапанд. –Д., 2013; “Чароѓи дил”. –Д., 2020; “Нидои бедорӣ”. –Д., 2020.

Наҷотова Нигина Баротовна – д.и.т., дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ.

Муаллифи чанд барномаи таълимӣ ва зиёда аз 20 мақолаи илмӣ-оммавӣ мебошад.

Ос.: Газневидо-сельджукидские отношения в первой половине ХI века. Васоити таълимӣ. -Д., 2014. «Равобити Ғазнавиёну Салҷуқиён» (асри ХI нимаи аввали асри ХII). Барномаи таълимӣ барои курси махсус. -Д., 2017.

Мирзоалиев Изатулло Ҳайталиевич – муаллими калони кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ.

Муаллифи 3 барномаи таълимӣ ва 25 мақолаи илмӣ. Самти асосии таҳқиқот: таърихи оҳангарӣ дар минтақаи Хатлон (охири асри ХIХ ва ибтидои ХХ).

Ос.: Этнографи тоҷик // Мероси Ниёгон №18, –Д., 2016; Инъикоси ҳаёти мардуми куҳистон дар асари «таджики Каратегина и Дарваза» // Нури Маърифат. Қисми 2. –Д., 2016; Мақоми асари сеҷилдаи “Таджики Каратегина и Дарваза” дар омӯзиши тоҷикони Куҳистон // Илм ва фанофарӣ. №2, –Д., 2014; Марҳилаи асосии омӯзиши масоили мухталифи фанни мардумшиносии тоҷик // Паёми Донишгоҳ. № 3, 2015.

Шоинбеков Фируз Нағзибекович – ассистенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ.

Асситенти кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев (2007-10) ва аз октябри соли 2012 то ҳол ассистенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ. Самти асосии таҳқиқоташ: омӯзиши археологии минтақаҳои ВМКБ дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХI.

Ос.: Таърихи омӯзиши қалъаи Ямчун ва масъалаи ҳифзи он // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба «20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ» ва «Соли ҷавонон». –Д., 2017; Натиҷаи корҳои саҳроии ёдгории асримиёнагии Шаҳртеппа // Нури Маърифат. –Д., 2016; Омӯзиши археологии Помири Ғарбӣ // Мероси ниёгон № 16. –Д., 2016; Асрори Шаҳртеппа // Мероси ниёгон. № 16. –Д., 2016

Муродов Назримад Сафарович – ассистенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ. Муаллифи зиёда аз 10 мақолаи илмӣ мебошад.

Ос.: Зарурияти омӯзиши таърихи аҳди бостонии халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ; “Инъикоси вижагиҳои низоми дар осори муҳаққиқони тоҷик”; “Масоили таҳққиқи давлатдории Элом дар осори муҳаққиқони тоҷик; “Инъикоси хусусиятҳои ҳаркати маздакия дар осори муаррихони асримиёнагии тоҷик.