Шарифов Раҳмоналӣ Ятимович декани факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор.
18 – уми апрели соли 1960 дар деҳаи Саксанохур (ҳоло Куҳандиёр) – и н. Фархори Ҷумҳурии Тоҷикистон таввалуд шудааст. Бостоншинос, доктори илмҳои таърих (2018), профессор, декани факултаи таърихи ДМТ (аз 2016). Аълочии маориф ва илми ҶТ (2016). Хатмкардаи мактаби миёнаи №17 (ҳоло ба номи Ё.Бегов) ва факултаи таърихи УДТ (ҳоло ДМТ;1983). Ассистенти кафедраи таърихи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (1983 – 84). Шунавандаи Институти такмили ихтисоси фанҳои ҷамъиятии донишгоҳи давлатии Тошканд (1985), коромӯзи кафедраи таърихи халқи тоҷик (1985 – 86), муаллими мактаби № 17 – и шаҳри Душанбе (1987 – 91), ҳамзамон унвонҷӯи кафедраи таърихнигорӣ ва манбаъшиносии факултети таърихи УДТ, муаллими калони кафедраи Таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (1992 – 98), дотсент (1998 –2000), мудири кафедраи таърихнигорӣ ва манбаъшиносӣ (2000–02), дотсенти кафедраи таърихи наву навини кишварҳои хориҷӣ (2003–09), муовини декани факултети таърих оид ба таълим (2004 – 09), мудири кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ (2009–16), ҳамзамон мушовир–бостоншинос дар Пружаи байналмиллалии ҳафриёти бостоншносии Миси Айнаки вилояти Лугари Ҷумҳурии исломии Афғонистон(2014–15). Соли 1998 дар мавзӯи «Инъикоси таърихи халқи тоҷик, аҳди муғул дар таърихнигории Шӯравӣ» (солҳои 1218–1361) рисолаи номзадӣ ва соли 2018 дар мавзӯи “Таърихи маорифи асрии Афғонистон (солҳои1919–78) рисолаи докторӣ дифоъ кард. Самтҳои аосии таҳқиқ: омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар аҳди муғул; қиёси маорифи суннатӣ ва асрии Афғонистон, археологияи аҳди асри миёнаи барвақта. Муаллифи 3 китоби дарсӣ, 12 дастури таълимӣ–методӣ ва зиёда аз 40 мақолаи илмӣ. Котиби Шӯрои диссертасионии Д.737.004.02 ВАК Вазорати маориф ва илми ФР оиди дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ. Зери роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карданд. Иштирокчии форуми байналхалқии археологҳои ҷаҳон дар шаҳри Шанхайи ҶХЧ, маърузаҳо дар донишгоҳи Шимол – ғарбии шаҳри Сяни кишвари Чин (2016, 2018) ва дар форуми байнамилали “Наследие” донишкадаи гуманитарии донишгоҳи давлатии Новосибирск. (2018,2019), конфронси байналмилалии институти таърих ва маданияти модии АИ ФР дар шаҳри Санк–Петербург. Бахшида ба 100 солагии бостоншинос В.М.Массон (2019) ва конфронси байналмилалии шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон (соли 2019). Аъзои Шӯрои муҳаррирони журнали байналхалқии “Общество: философия, история и культура” ФР.
Рӯзҳои қабул:
Сешанбе: аз 08:00 то 12:00
Панҷшанбе: аз 08:00 то 12:00
Шанбе: аз 08:00 то 12:00