Маълумот оид ба кафедраи таърихи халқи тоҷик

Кафедраи таърихи халқи тоҷик аз кафедраҳои бонуфузи факултети таърих ва ДМТ буда, дар тӯли мавҷудияти худ таҷрибаи бою ғанӣ ва самарабахш ҳосил кардааст.

Кафедра бо ташаббуси аввалин ректори донишгоҳ академик З.Ш. Раҷабов ва дастгирии бевоситаи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Б.Ғ. Ғафуров таъсис дода шудааст.

Дар солҳот нахустин дотсентон Н. Маҳмудов, А. Қодиров, А. Бобоев, С. Мухторов, А. Раҳматуллоев аз кафедраи таърихи ИҶШС ба кафедраи навбунёд гузаронида шуданд. Пас аз он дар кафедра устодон Д. Раҷабова, Н. Ҳакимов, З. Юсупов, Д. Нурулина, Р. Якубова ба фаъолият шурӯъ намуданд. То эълони озмун барои ишғоли вазифа, декани факултет М. Бобохонов иҷрокунандаи вазифаи мудир таъин гардид. Моҳи марти соли 1975 дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» эълон дар бораи озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик чоп гардид. Моҳи майи ҳамон сол Шӯрои олимони Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ҳоло (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дотсент Р.А. Набиеваро, ки рисолаи докториашро ҳимоя карда буд ба вазифаи мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик интихоб намуд, ки ӯ то 12 январи соли 2013 ин вазифаро ба ӯҳда дошт. Аз моҳи январ то сентябри соли 2013 ҳамон сол дотсенти кафедра Ю. Шодипур иҷрокунандаи мудири кафедра буд.

Сентябри соли 2013 Шӯрои олимони донишгоҳ доктори илми таърих Қ. Расулиёнро ба вазифаи мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик интихоб намуд.

2 апрели соли 2018 Шӯрои олимони ДМТ доктори илмхои таърих, профессор Б.Р. Қурбоновро ба вазифаи мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик интихоб намуд. Аз сентябри соли 2021 вазифаи мудири кафедра ба уҳдаи дотсент Ҷ.О. Асрориён вогузор шудааст.

Бо ташкилёбии кафедраи таърихи халқи тоҷик, аъзои он бо сарварии мудири кафедра, доктори илмҳои таърих, профессор Р.А. Набиева ҳамасола кӯшиш намуданд, ки соатҳои фан, ки дар шӯъбаҳои рӯзона, ғоибона, шабонаи факултетҳои донишгоҳ хонда мешуд, зиёд карда шавад. Танҳо бо соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ аз солҳои 90-уми асри XX сар карда, Вазорати маориф, бахусус барои омӯхтани фанни таърихи халқи тоҷик 120 соат ҷудо кард

Барои гузаронидани курсҳои махсус, таҷрибаомӯзии бостоншиносӣ профессор Н.Н. Неъматов, дотсентон А. Мирбобоев, У. Пӯлодов ва дигарон аз Академияи илмҳои ҷумҳурӣ даъват мегардиданд. То солҳои 90 асри гузашта барои баланд бардоштани савияи дониши устодон курсҳои такмили ихтисос амал мекард. Дотсентон А. Бобоев, В. Иброҳимов, ассистентон Н. Ҳакимов, З. Юсупов ва дигарон ихтисоси худро дар факултети таърихи Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов баланд бардоштанд.

Кафедра ба сифати таҷрибаомӯзиҳо низ диққати хоса медод. Ҳамасола донишҷӯёни курси 3-юми факултети таърих бо роҳбарии устодон дар шаҳрҳои Боку, Ереван, Тбилиси, Бухорову Самарқанд ва дигар шаҳрҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ таҷрибаомӯзии сайёҳиро мегузарониданд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ кафедраи таърихи халқи тоҷик ба бонуфузтарин кафедраи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон табдил ёфт. Дар кафедра 20 нафар устод, аз ҷумла, 5 нафар доктор, профессор, 11 нафар номзади илм, аз ҷумла 3 – нафар муаллими калон ва 3 – нафар ассистент аз ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон якдилона фаъолият мекунанд.

Дар давоми зиёда 40-соли мавҷудияти кафедра аъзои кафедра дар 3 самти зерин фаъолият мекарданд: таълимию методӣ ва илмию тарбиявӣ. Бахши аввал корҳои таълимӣ-методӣ мебошад, ки устодон аз фанни таърихи халқи тоҷик ва курсҳои махсус дар факултети таърих ва дар тамоми факултетҳои донишгоҳ дарс мегӯянд. Устодон хусусан ба воқеаҳои таърихию сиёсие, ки дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба амал омаданд, таваҷҷуҳт хосса доранд.Бо вуҷуди ин ҳама ъзои кафедра барои сифатан хуб гардонидани кори таълиму тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос диққати хосса медиҳанд. Докторони илм Қ. Расулиён, З. Акрамов, М. Зикриёева, Собирова Г.,дотсентон Асрориён, Н. Ҳакимов, Ю. Шодипур, Ш. Шарипов, Қараев Ф., Ҷ. Ҷӯраев, Г. Муҳаббатова, Н. Хуҷасаидова, Набиев Я., Ҷ. Шарипов ва дигарон ба корҳои пурмаҳсули илмию таълимӣ машгуланд.. Дар назди кафедра гуруҳҳои тахассусӣ вуҷуд доранд, ки онҳо корҳои курсӣ ва дипломӣ менависанд. Донишҷӯёни тахассусии кафедра бо роҳбарии устодон таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ, пеш аз дипломӣ ва сайёҳиро берун аз шаҳр ва ҷумҳурӣ мегузаронанд. Хатмкунандагони гурӯҳи тахассуси таърихи ватанӣ, ки дар назди кафедра вуҷуд дорад, на танҳо дар макотиби таҳсилоти умумию олӣ, балки дар тамоми мақомоти давлатӣ чун муаррихон, сиёсатшиносон барои рушди Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Дар соли сипаришуда аъзои кафедраи таърихи халқи тоҷик ҳамагӣ 52 кори илмӣ нашр намуданд, аз ҷумла: 3 монография, ба чоп расонид. Аз тарафи устодон Ҳакимов Н., Собирова Қ., Н., Тоҷов Н., Равшанзод М., дастурҳои методӣ ва барномаҳо аз фанни таърихи халқи тоҷик ба нашр омоданд. Дар соли ҳисоботӣ маводи таълимӣ, мақолаҳои илми, ба нашр расида, дар ҷараёни таълим, навиштани корҳои курсӣ ва дипломӣ, рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ самаранок истифода бурда мешаванд. Дар соли ҷорӣ аъзои кафедра дар конференсияҳои ҷумҳуриявии илмию назариявии устодону кормандони ДМТ бахшида ба «31-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок намуда, маърӯза карданд. Аъзои кафедраи таърихи халқи тоҷик дар соли ҷорӣ аз рӯи проблемаи «Проблемаҳои мубрами таърихи ватанӣ» дар мавзӯи «Таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистони таърихӣ ва муосир» (роҳбар дотс. Асрориён Ҷ.) таҳқиқотро идома доданд. Ғайр аз устодони кафедра 3- нафар унвонҷӯ ва донишҷӯён дар омӯхтан ва тадқиқи ин мавзӯъ низ иштирок доранд. Аъзои кафедра ба таҳлил ва баррасии масъалаҳои мубрами таърихнигорӣ, сарчашмашиносӣ, вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, фарҳангии халқи тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз, муносибатҳои дипломатӣ, тиҷоратии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва тоҷикони берун аз марз машғуланд. Соли сипаришуда устодони кафедра аз рӯи марҳилаҳои муҳими Махсусияти санъати меъморӣ дар замони ислом ва рушди шаҳристонҳо; Тоҷикони Афғонистон: дирӯз ва имрӯз; Ташкили марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба омӯзиши масъалаи зан; Хусусятҳои хоси инкишофи соҳаи саноат ва ибтидои ташаккулёби синфи коргари тоҷик; Фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ дар барқароркунии ва таҷҳизонидани хоҷагии кишоварзии ВМБК; Марҳилаи 2: Комитети беҳдошти вазъи меҳнаткашон; Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ; Пайдоиши савдо ва гардиши пул дар Осиёи Марказӣ; Фаъолияти ҷавонони ҷумҳурӣ дар соҳаи саноат дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ; Иштироки ҷавонон дар фаъолияти корхонаҳои саноатии “Ришта” ва “Чумтай-Данғара”; Саҳми занон дар рушди санъати мусиқӣ; Фаъолияти занони Тоҷикистон дар ҳаёти ҷамиятию сиёсӣ; роҳҳо, нақбҳо ва таъминоти барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Замина ва зарурияти гузаронидани тақсимоти миллӣ-марзӣ дар Осиёи Миёна; ҷумҳурӣ дар бунёди пояҳои низоми сотсиалистӣ дар солҳои 20 ва 30-юми асри ХХ дар адабиёти таърихӣ; Саҳми Федератсияи Россия дар барқарорсозии сулҳ дар сарзамини тоҷикон (1992-1997); Нақши Хоҷа Насируддини Тӯсӣ дар рушди илми ситорашиносӣ машғул буданд. Ҳамзамон унвонҷӯ Зубайдаи А. Мавзӯи тадқиқотиашро бо унвони “Положение женщин таджичек во второй половины Х1Х-начале ХХ вв.” Идома дода натиҷагирӣ менамояд ва муҳаққиқи ҷавон Освещение вопроса положения женщин-таджичек во второй половины в иследованиях отечественных ученых; унвонҷӯ Зубайдаи А. ва муҳаққиқи ҷавон доктор Ph.D Исломов Э. ба пажуҳиши “Ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо донишгоҳҳои кишварҳои узви ИДМ” машғул аст, кори илмии худро давом дода истодаанд. Ҷамъбаст ва натиҷаҳои корҳои илмӣ дар раванди дарсҳои лексионӣ ва амалӣ, навиштани рисолаҳои илмӣ, нашри мақолаҳою китобҳо, маърӯза ва гузоришҳо дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ васеъ истифода бурда шуданд. Танҳо дар мудати 5 соли охир аз тарафи устодони кафедра 7 китоби дарсӣ, 8 васоити таълимӣ, 2 дастури методӣ, 10 монография, 218 кори илмӣ- методӣ нашр карда шудааст. Дар назди кафедра маҳфили донишҷӯён бо номи «Пажӯҳандагони Аҷам» фаъолият мекунад, ки дар кори он на танҳо донишҷӯёни факултети таърих, инчунин донишҷӯёни факултетҳои шарқшиносӣ, филологияи тоҷик, ҳуқуқшиносӣ, журналистика ва ғайра ширкат меварзанд. Аъзои кафедра дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ, ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ саҳми арзанда мегузоранд. Ҳар сол дар ҷаласаҳои кафедра беш аз 15 кори илмии аспирантҳо, докторантҳо, унвонҷӯён баррасӣ гардида, ба ҳимоя пешниҳод мешаванд. Олимоне, ки кафедра тайёр мекунад, на танҳо дар Донишгоҳи миллӣ, балки дар Академияи илмҳо, дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти давлатӣ кор ва фаъолият мекунанд. Дар ин муддати фаъолияташ кафедра, чун муассисаи пешбар, зиёда аз 100 тақризро ба рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ пешниҳод намудааст. Бахши дигари фаъолияти устодони кафедра кори тарбиявӣ мебошад. Аъзои кафедра дар партави нутқу, асарҳо, баромадҳо ва Паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон, масъалаҳои зарари нашъамандӣ, хатари терроризм ва экстремизм ба инсоният, ба танзим даровардани расму оинҳо, оид ба мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдат ва ғайра сӯҳбатҳоро натанҳо дар дарсхонаҳои донишгоҳ, балки дар хобгоҳҳо низ мегузаронанд. Устодони кафедра мувофиқи нақшаи корҳои тарбиявӣ бо донишҷӯён мулоқотҳо баргузор намуда, дар ҳалли проблемаҳои иҷтимоии онҳо маслиҳатҳои муфид дода, донишҷӯёнро дар рӯҳияи ватандустӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ тарбия менамоянд. Имрӯз, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол гаштааст, устодони кафедра суханрониҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ намуда, шогирдонашонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ваҳдати миллӣ тарбия карда истодаанд. Самти асосии кафедраи таърихи халқи тоҷик: методология назария ва амалияи таърихи умумибашарӣ. Масъала: проблемаҳои мубрами таърихи ватанӣ Мавзӯъ: таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии тоҷикистони таърихӣ ва муосир Дар кафедра аз фаннҳои Таърихи халқи тоҷик, Сарчашмашиносӣ, Таърихнигории аҳди қадим, Таърихи тоҷикони ҷаҳон, Таърихи муосири Тоҷикистон, Консепсияи Эмомалӣ Раҳмон ва курсҳои махсус дарс дода мешавад.