Кафедраи таърихи халқи тоҷик (мудир–доктори илмҳои таърих Қурбонов Б.) соли 1972 ташкил шудааст. Дар пешрафти корҳои илмиву таълимии кафедра донишмандони мӯътабари илму фарҳанги тоҷик, ба мисли докторҳои илми таърих, профессорон Р.А. Набиева, С.Мухторов, З.И.Акрамов, М.Ф.Зикриёева, доктори илми таърих К. Расулиён, Собирова Қ., дотсентон Н.Ҳакимов, Ю.Шодипур, Н.Хexасаидова, муаллими калон З.Юсуфӣ саҳми арзанда доранд. Онҳо ба шогирдон таърихи халқи тоҷикро аз замонҳои қадим то ба имрӯз таълим дода, онҳоро дар рӯҳияи худшиносӣ ва меҳанпарастӣ тарбия месозанд. Имрӯзҳо дар қатори ин устодони ботаҷриба, инчунин, номзадҳои илм Г.Муҳаббатова, Ш.Шарипов, Я.Набиев, X.Xӯраев, муаллими калон Г.Шоев, М.Равшанзод, Н.Абдуҳомидов, Салимова М. ва дигарон ба донишҷуён аз асосҳо ва навгониҳои таърихи миллати бостониамон сабақ медиҳанд.
Дар назди кафедра маҳфили «Пажӯҳандагони Аҷам» ва маҳфилҳои илмӣ-амалии устодони пуртаҷрибаи кафедра амал менамоянд. Ҳамзамон саҳми ҳайати профессорону кормандони кафедра дар замони соҳибистиқлолӣ боз ҳам афзоиш ёфта, он ба яке аз дастовардҳои муҳиму назаррас дар омода кардани мутахассисони рақобатпазир мубаддал гаштааст.
Кормандони кафедра
Ҷонибек Одилпури Асрориён – мудири кафедра д.и.т., дотсенти кафедраи таърихи ҳалқи тоҷик,асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ.
Муаллифи филмномаҳои мустанади телевизионии «Кулон», «Нозкул», «Ҳулбук», «Саразм», «Диёри Деваштич», «Фалғар», «Чоргул», «Раштонзамин», «Тахти Сангин», «Чорсу», «Авранги муҳаббат», «Рӯдакиёна», «Эмомаскара», «Сангтӯда», «Висагирд», «Кишвари муъҷизаҳо», «Меғатон», «Кишвари пешорӯи хуршед», «Пушинг», «Дар домани куҳи Бобои Об», «Фарзанди диёри нур», «Чароғони рӯзи испанд», «Наврӯз», «Баюгонӣ», «Чакан», «Шаби арӯсӣ», «Чилла», «Гурғулӣ», «Як каф дуо», «Бобунаи ормонҳо», «Зеби садҳо достон», «Сада» ва «Мастчоҳ». Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи А. Лоҳутӣ. Аълочии фарҳанги ҶТ, Аълочии матбуоти ҶТ, Аълочии телевизион ва радио (2009), Аълочии маорифи ҶТ (2010), Барандаи ҷоизаи журналистон: «Радиорасонаи зиндагӣ-2008». Ғолиби озмуни “Ҷило” дар соли 2014.
Ос.: Фидоиён. (њаммуалиф) Кўлоб, 1991; Авроќи рангини Кўлоб. – Кўлоб, 1992; Кишвари пешоруйи хуршед. – Д., 1992; Мавод доир ба назарияи фарњанг (китоби дарсї). –Д., 1994; Пуяндагони њикмати фарњанг. –Д., 2002; Тољикон: миёни хиёнату хун. –Д., 2008; Босмачизм ва Болшевизм: воќеият ва тањриф. –Д., 2010; Гурѓулї: гузориш ва нигориш. –Д., 2010; Тахти Сангин (њаммуаллиф). – Д., 2012. Куляб в памятниках истории и культуры. –Д., 2019.; Фалак: Сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ. – Душанбе: “Адиб”, 2021. – 206 с.
Расулиён Қаҳҳор – профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ. Муаллифи зиёда аз 30 китоб ва 500 мақолаи илмию оммавӣ.
Расулиён Қаҳҳор (тав.7.03.1953 н. Шӯрообод), доктори илмҳои таърих, профессор. Мавзӯи рисолаи номзадї: “Равобити фарҳангии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои Закавказия” (1992) ва рисолаи докторї: «Таърихи фарҳанги халқи тоҷик дар чаҳоряки аввали асри XX» (2010). Самтҳои асосии таҳқиқоташ: баррасии таммаддуну фарҳанги халқи тоҷик ва дигар халқҳои эронинажод, равобити фарҳангии тоҷикон бо дигар халқҳои ҷаҳон, минҷумла эрониён, таъсири тамаддуну фарҳанги ақвоми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон ва соири халқҳои ҷаҳон. Муаллифи зиёда аз 30 китоб ва 500 мақолаи илмию оммавӣ.
Муаллифи китобҳои дарсии «Дарси хештаншиносӣ» (барои синфи 5), «Таърихи умумӣ» (барои синфи 10), «Таърихи умумӣ» (барои синфи 11, дар ҳаммуаллифӣ), «Таърихи муосири кишварҳои Осиё ва Африқо» (2009), «Таърихи халқи тоҷик» барои донишҷӯёни факултетҳои таърихи донишгоҳҳо мебошад. Китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик» (маводи омӯзишӣ: аҳди бостон ва ибтидои асрҳои миёна).
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014). Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.
Ос.: «Таърихи мухтасари Инқилоби исломии Эрон» (1998), «Эрон» (2002), «Аз Бухорои шариф» то «Иди тоҷик» (2003), «Нигоҳе ба равобити фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон» (2004), «Ду ҳазор соли таърихнигории тоҷикон» (2005), «Кишварҳои ҷаҳон» (чопи аввал – 2006, чопи чаҳорум – 2016), «Тоҷикистон» (чопи аввал – 2006, чопи шашум – 2015), «Низоми маориф дар Ҷумҳурии Исломии Эрон» (2007), «Эрон сарзамини фарҳанг ва ҳунар» (2007), «Осори таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон» (2008), «Дашти Ҷум» (2009), «Маориф ва матбуоти тоҷик дар ибтидои асри ХХ» (2011), «Тоҷик кист?» (2015) ва ғайра.
Малика Файзиевна – профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ.
Муаллифи зиёда аз 70 таълифоти илмию методӣ. Таҳти роҳбарии ӯ чор нафар аспирант ва унвонҷӯй рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Ҳамчунин аъзои Шӯро оид ба дифои рисолаҳои докторӣ дар соҳаи таърихи назди ДМТ буда, барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ саҳм мегузорад. Муаллифи 3 монография, 2 дастури таълимӣ, ва 25 мақолаи илмӣ мебошад.
Ос.: Саҳми комсомоли Тоҷикистон дар тарбияи меҳнатии ҷавондухтарон.– Д.,1985.-24с.; Комсомоли Тоҷикистон ва тарбияи ҷавондухтарон. -Д., 1988; Таърихнигории масъалаи занони Тоҷикистон.–Д.,2001; Барномаи таърихи навтарини Россия барои донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. -Д., 2004; Чашмаи ҳаёт. – Д., 2006. (бо њаммуаллиф); Таърихи Ватан. Дастури таълимӣ-методӣ. –Д., 2007 (боҳаммуаллиф); Тоҷикистон дар асри ХХ ва ибтидои асри ХХI. – Д., 2008. (бо њаммуаллиф); Таърихи халқи тоҷик. –Д., 2010. (бо њаммуаллиф); Инъикоси таърихи занони Тоҷикистон дар асарҳои профессор Р.А.Набиева.–Д., 2016. (бо њаммуаллиф); Саҳми профессор Р. А. Набиева дар омӯзиши таърихи халқи тоҷик. –Д., 2017. (бо њаммуаллиф); Нақши профессор Р.А.Набиева дар таҳқиқи масоили мубрами таърихи халқи тоҷик. –Д., 2018. (бо њаммуаллиф); Занони Љумҳурии Тоҷикистони офтобрӯя. –Д., 2018; Барномаи фанни таърихи халқи тоҷик.–Д., 2018. ва ғайра.
Акрами Зикриё – профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ.
Муаллифи зиёда аз 100 мақолаи илмӣ, монография ва китобҳои дарсӣ мебошад. Соли 1991 дар мавзўи «Участие комсамола Таджикистана в подготовке и повышении культурно-технического уровня рабочей молодёжи 1976-1988 гг.» рисолаи номзадӣ ва соли 2003 дар мавзўи «Подготовка и повышение кулитурно-технического уровная рабочего класса Таджикистана в 60-е- 80-е годы» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Бо марузањои илмӣ дар конференсияњои байналмилалї дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург (Россия), Алмаато, Нурсултон (Ќазоќистон), Бишкек (Ќирѓизистон), Дашачуз, Ашкобод (Тукманистон), Станбул, Анталия, (Туркия), Берлин (Олмон), Пекин, Сиян (Љумњурии халќии Чин) баромад намудааст. Як нафар рисолаи докторӣ ва 7 нафар рисолаи номзадиашонро зери роњбарии З.И. Акрамї дифоъ намудаанд. Барои хизматҳои шоён бо ифтихорномаҳои зиёд ва аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии фарњанги Тољикистон, медали «Барои хизматњои арзанда, барои рушди илми Қазоқистон» сарфароз гардонида шудааст. Ос.: Подготовка и повышение культурно- технического уровня рабочих кадров в Таджикистане (1976-1986 гг.). –Д.: Сино. 1996; Рабочий класс Таджикистана в 60-80-е годы. Рук. Тадж. Гос. Нац. Унивт. –Д., 1998; Национальные особенности роста рабочего класса Таджикистана (60-80-е гг.). –Д.: Ирфон, 1991; Таджикский государственный национальный универистет: основные вехи истории. –Д.: Эр-Граф, 2008; Гражданская война в Таджикистане (1918-1923). –Д.: ТГНУ, 2001; Иљлосияи XVI Шўрои Олии Љумњурии Тоҷикистон (бо забони тољкӣ, русӣ ва англисӣ).-Д., Дониш, 2017; Акутуальные проблемы истории социально – классовой трансформации таджикского общества (рабочий класс). -Д., Дониш, 2017; Босмачигарӣ: Воқеият ва тахайюлот. -Д., Дониш, 2019; История таджикского народа. Учебное пособие для студентов неисторических факультетов ВУЗов. -Д., ТНУ, 2020.
СОБИРОВА Қурбонбегим Давлатқадамовна (таваллуд 11.01.1963, деҳаи Бувед, ноҳияи Шуғнон), муаррих, доктори илмҳои таърих (2015). Ассистенти кафедраи таърихи умумӣ (1998–2003), муовини декан оид ба таълим (2004–05), мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ (2005–2015). Аз соли 2016 дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ. Рисолаи номзадӣ: «Саҳми Фонди Оғохон дар барқароркунии иктисодиёт ва ҳалли проблемаҳои ичтимоӣ-мадании ВМКБ Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2004) ва рисолаи докторӣ: «Саҳми ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҳалли проблемаҳои сиёсӣ, ичтимоӣ-иктисодӣ ва мадании ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солхои истиқлолият (1991–2001)» (2015). Муаллифи 3 монография, 4 брошюра ва зиёда аз 60 мақолаи илмӣ.
Ос.: Нақши қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур дар таҷқими давлатдории миллӣ. –Душанбе, 2018.(ҳаммуаллиф).
Андешаҳои маорифпарварӣ ва ислоҳотхоҳии А.Дониш / Вкнг.Аҳмади Дониш дар саргаҳи гузариш аз донишҳои таърихӣ ба илм.-Душанбе, 2018. (ҳаммуаллиф).
Ҳакимов Нозим – дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ.
Муаллифи 8 монография, 8 китоби дарсӣ ва зиёда аз 150 мақолаи илмӣ ва 200 қомуснигорӣ мебошад.
Ос.: Барпо гардидани ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон – Душанбе, 1999;Аз таърихи обёрӣ дар Тоҷикистон. –Д.: Ирфон, 1987; Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон. –Д., 2001; Мардумони диёри сарбаланд–Д.: Ирфон, 1998; Ақлгароӣ дар ислом. –Д.: Ирфон, 2009; Таърихи сиёсии хилофати Араб. –Д.: Ирфон, 2009; Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 10 мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ. –Д., 2006, 2012, 2017; Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. –Д.: Ирфон, 2006; Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. –Д.: Ирфон, 2008; Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои факултети ҳуқуқшиносӣ. –Д.: Ирфон, 2008; Таърихи мухтасари динҳо. –Д.: Ирфон, 2008; История государства и права таджикского народа. –Д., 2018;
Шодипур Юсуф – дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ.
Муаллифи беш аз 200 асару китобҳо, дастури методиву таълимӣ ва мақолаи илмиву тањқиқотӣ, методиву таълимӣ ва адабиву оммавӣ мебошад.
Ос.: Одоби тиҷорати ниёгон (аз назари Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ). –Д., 2000; Одоби тоҷир ва ойини тиҷорат дар «Қобуснома». –Д., 2001; (бо ҳаммуаллифӣ); Ховаршинос Манфред Лоренс. –Д.: Шарқи озод, 2001, (ҳаммуаллифӣ); История путей сообщения Ё транспорта Таджикистана во второй половине ХIХ – начала ХХ вв. –Д., Ирфон, 2005; Ҷавҳари таърих: (Маҷмӯаи саволномаҳо ва посухҳои тестӣ аз таърихи халқи тоҷик ва ҷаҳон ба дохилшавандагони мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон). – Нашрҳои якум – нӯҳум. – –Д.: Сино, 2003-2011; История таджикского народа и мира в вопросах и ответах. –Д., 2004 бо њаммуллифӣ); Таърихи қадими халқи тоҷик: (Замони ориёиҳо). –Д., 2012.
ТОҶОВ Наҷмиддин Тоҷович, (таваллуд 13.06. 1950, деҳаи Дии-Маҳмуди ноҳияи Сари Хосор, ҳоло ноҳияи Балҷувон), муаррих, номзади илмҳои таърих (1985). “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Муҳассили мактаби №6 ноҳияи Москва (ҳоло Мир Саид Алии Ҳамадонӣ). Хатмкардаи факултети таърихи УДТ (ҳоло ДМТ; 1971). Хизмат дар артиши ИҶШС (1971–73). Инспектори шӯъбаи маорифи ноҳияи Москва (1973-1976), муҳаррири хурд, муҳаррири Энсиклопедияи Советии Тоҷик (1976–1978) ва ҳамзамон ассистенти кафедраи таърихи ИҶШС-и УДТ ба номи В.И. Ленин. Аспиранти кафедраи таърихи ИҶШС-и УДТ 1979-1982. Ассистент (1982), муаллими калон (1985) ва дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ (аз с.1988). Муаллифи чор китоби дарсӣ, 25 дастури таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 75 мақолаи илмӣ.
- Ос.:Таърихи халқи тоҷик. Дар ду ҷилд. -Д., 2008; Таърихи халқи тоҷик. Аз давраҳои қадимтарин то замони муосир. -Д., 2012. Фарҳангшиносӣ. – Душанбе, 2012. Тољов Н.Дастури методї оид ба навиштани реферат. – Душанбе, 2022. 220 с.
Шарипов Шомаҳмад Шарифович
Дотсенти кафедраи “Таърихи халқи тоҷик”, н.и.т.
21-уми майи соли 1983 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2005 факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаррих-омӯзгор хатм намудааст. Аз соли 2013 то 2017 ба ҳайси муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик ва аз соли 2017 то ҳол ба ҳайси дотсенти кафедраи мазкур фаъолият намудааст. Ҳамчунин аз соли 2006 то соли 2009 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳ таҳсил намудааст. 10-уми июни соли 2010 дар мавзуи “Барқарор ва мустаҳкам гардидани муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ-савдоӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии мардумии Чин дар замони соҳибистиқлолӣ (1991-2008)” рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.
Ос.:.Таърихи халқи тоҷик (дастури методӣ). –Д., 2013.
Низорабегим Хушқадамовна – дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ.
Номзади илмхои таърих, досенти кафедраи таърихи халќи тољик 24 июни соли 1977 дар шањри Хоруѓи Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳии Љумњурии Тољикистон. Солҳои 1984 – 1994 дар мактаби миёнаи раќами 7-и шањри Хоруѓ, с. 1996-2001 факултети таърихи Донишгоњи давлатии Хоруѓ бо номи Моёншо Назаршоев. Солҳои 2001-2003 дар мактаби миёнаи раќами 12-и ш. Хоруѓ дар њайси муаллимаи таърих ва љомеашиносї, солҳои 2002 – 2009 дар ҳайси ассистенти кафедраи таърихи умумии Донишгоњи давлатии Хоруѓ. Солхои 2002 – 2005 вазифаи роњбарии мањфили илмии таърихчиёни љавон ва солњои 2005-2008 раисии Шўрои бонувони факултаи таъриху њуќуќи ДДХ, солњои 2004-2008 унвонљӯи кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоњи миллии Тољикистон. Солхои 2008-2016 муаллими калон, номзади илми таърих, аз соли 2016 то ин љониб дотсенти кафедраи таърихи халќи тољики факултети таърихи ДМТ. Аз соли 2021 докторанти кафедраи таърихи халќи тољики ДМТ. Зиёда аз 60 маќолахои илмї, монография, брошура ва васоити таълимї.
Ос.: Участие женщин ГБАО в общественно – политической, культурной и экономической жизни Республики Таджикистан (1991-2008гг.). –Д., 2011; Трудовой вклад женщин Бадахшана в сфере производства сельскохозяйственной продукции в годы независимости Республики Таджикистан. –Д., 2004; Участие женщин ГБАО в промышленном производстве Республики Таджикистан (1991- 2005гг.). –Д., 2005; (в соавторстве с М.Ф. Зикриеевой), Роль женщин ГБАО в охране здоровья населения и развитии физкультуры и спорта. –Д., 2006; Вклад женщин ГБАО в развитие науки и образования Республики Таджикистан. –Д., 2007.
МУҲАББАТОВА Гулнора (тав.3.4.1969, ноҳияи Айнӣ), муаррих, номзади илми таърих (2004). Хатмкардаи ДДТ (1997). Лаборанти калон (1994-2004), муаллими калон (2005–16), дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик. Муаллифи 1 монография ва зиёда 32 маќолаи илмї мебошад.
Ос.: Тайёр намудани кадрҳо аз байни занон барои санъати театрӣ. -Д., 2002; Саҳми занон дар маҳви бесаводӣ дар солҳои 20-30-уми асри ХХ.
Фарҳод Қурбонович – дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ.
Муаллифи 3 монографияи илмӣ, 5 дастури таълимию методӣ ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ мебошад.
Ос.: Таърихнигории меҳнаткашони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ. – Д., 2001; Таджикистан в годы Великой Отечественной Войны в историческом литературе 60-80-е годов XX века. –Д., 2005; Қаҳрамонони Тоҷикистон (шаш ёр аз як диёр). -Д., 2011; Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ. –Д., 2015; Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (Рисолаи библиографӣ). 2015; Осорномаи Қаҳҳори Расулиён. –Д., 2015; Маорифчиёни Панҷакент дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ.–Д., 2018; Ҳодӣ Кенҷаев Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (библиография). -Д., 2018.
Набиев Ятим Холмуродович – дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ.
Муллифи 1 монография ва зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ мебошад.
Ос.: Саноати бофандагии Тоҷикистон дар солҳои 60-80-уми асри XX (таҷрибаи таърихӣ, масъалаҳо ва сабақҳо). –Д., 2013; Повышение трудовой активности рабочих ДПХБО в 80-х годах. –Д., 1994.
Ҷураев Ҷаҳонгир Гулмаҳмадович – муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ.
Муаллифи 1 монография, 1 рисолаи илмӣ, 1-дастури методӣ ва зиёда аз 30 мақолаи илмӣ. Бо медалҳои ҷашнии 10-солагӣ ва 15-солагии артиши миллӣ мукофотонида шудааст. Бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ сарфароз гардидааст.
Ос.: Торгово-экономические отношения Республики Таджикистан с Российской Федерацией в годы независимости. –Д., 2016.
Равшанзод Маликфаридун – муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ.
Дар мавзӯи «Гражданское противостояние и миротворческий процесс в Республике Таджикистан в 90-е годы XX в.» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
Муаллифи 1 барномаи таълимӣ ва зиёда аз 10 мақолаи илмӣ мебошад.
Зафар Юсуфӣ – муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ
Абдуҳомидов Нурмуҳаммад Маҳмадраҷабович – муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ.
Дар мавзӯи «Саҳми Хоҷа Насируддини Тӯсӣ дар пешрафти илм ва фарҳанги халқи тоҷик» таҳқиқоти илмӣ анҷом дода истода, вобаста ба мавзӯи таҳқиқотияш 11 мақолаи илмӣ нашр намудааст.
Ос.: Таърихи халқи тоҷик. Васоити ёрирасони таълимӣ барои талабагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Д., 2011.
Абдуалимов Абдулваҳҳоб Манонович – ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ
Муаллими калони кафедраи “Таърихи халқи тоҷик”
САЛИМЗОДА Марворид Ҳомиддин (16-04.1984 деҳаи Куҳандиёр (Саксанохур) – и ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон), муаррих, ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик (2018). Хатмкардаи Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кўлоб (2006) ва ДМТ (2013). Аспиранти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ (2014-2017). Рисолаи номзадӣ: “Нақши ДМТ дар таҳкими ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои ИДМ ва кишварҳои хориҷӣ наздик дар соҳаи илм ва таълим (1991-2016)”.
Муаллифи зиёда аз 15 мақолаи илмӣ.
Муродов Сунатулло Маҳмадраҷабович – ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ. Унвоҷӯйи кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ( аз соли 2018) буда, дар мавзӯи “Саҳми академик Юсуфшоҳ Яъқубов дар омӯзиши таърихи қадими халқи тоҷик” таҳқиқот бурда истодааст.
Муродов Сунатулло Маҳмадраҷабович (тав. 01.01.1992. ноҳияи Восеъи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Муаррих, [хатмкардаи Донишгоњи Давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав. 2011-2016 донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоњи Давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав. Аз соли 2016 то инҷониб ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ. Аз соли 2018-унвоҷӯйи кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ.
Рисолаи номзадї: “Саҳми академик Юсуфшоҳ Яъқубов дар омӯзиши таърихи қадими халқи тоҷик”.
Муаллифи зиёда аз 12 маќолаи илмӣ.
Шарипов Ҷамолиддин – Сафолович ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ.
Муаллифи 1 дастури методӣ ва зиёда аз 20 мақолаи илмию оммавӣ буда, дар конференсияњои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Барнаули Федератсияи Русия, иштирок ва суханронӣ кардааст.
Ос.: Таърихи халқи тоҷик дар саволу ҷавобҳои мухтасар ва тест. (бо ҳаммуаллиф); -Д., 2017. -187 с.; Донишномаи таърихӣ. -Д., 2020; Саҳми Пешвои миллат дар омӯзиши таъриху тамаддуни ориёӣ //Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. -Д., 2018. –№4; Инъикоси таъриху тамаддуни халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат / Маорифи Тоҷикистон. -Д., 2018. №3; Инъикоси шахсияти таърихии Куруши Кабир дар осори Эмомалӣ Раҳмон/Маорифи Тоҷикистон. -Д., 2018; Масъалаи омӯзиши таъриху тамаддуни ориёиҳои Осиёи Марказӣдар осори ЭмомалӣРаҳмон //Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. -Д., 2018 (№5); Инъикоси таҳқиқи масоили ҳиндуаврупоиҳо дар осори Эмомалӣ Раҳмон // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. -Д., 2018 (№6); Инъикоси омӯзиши тамаддуни ҳиндуориёиҳо дар осори Эмомалӣ Раҳмон// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. -Д., 2018 (№7); Инъикоси масъалаи омӯзиши нахустдавлатҳои ориёӣ дар осори Эмомалӣ Раҳмон // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.-Д., 2018 (№ 8); Инъикоси дараљаи тањќиќи забони мардуми ориёӣ дар осори Эмомалӣ Рањмон// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. -Д., 2019 (№2); Тањлил ва омўзиши масъалаи давлатдории Модњо дар осори Эмомалӣ Рањмон // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. -Д., 2019 (№5); Забон сипари миллат / Минбари ҳуқуқшинос. -Д., 2018; Инъикоси анъанаҳои мардумӣ-фарҳангии аҳди Ҳахоманишиҳо дар осори Эмомалӣ Раҳмон / Маводи конфронси илмӣ оиди “Эҳёи анъанаҳои марудамӣ” (дар факултети таърих) -Д., 2018.
Зубайдаи Амридинзода – лаборанти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ
Солеҳҷони Маҳмадюсуф – лаборанти калони кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ