Кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ

Ғуломов Тоҷиддин Мирзоалиевич, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ

КАФЕДРАИ ТАЪРИХНИГОРӢ ВА АРХИВШИНОСӢ

Суроға: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети таърих, Буни ҳисорак, бинои таълимии №12, ошёнаи 3, утоқи 320

ҒУЛОМОВ Тоҷиддин Мирзоалиевич (таваллуд, 22.7.1982, деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Меҳорободи н. Файзобод), муаррих, номзади илмҳои фалсафа (2011), дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (2016). Хатмкардаи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №2 ба номи Саидмурод Салимов, факултаи таърих (2004) ва шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикстон (ҳоло ДМТ; 2008), ассистенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ (2008-11), муовини декан оид ба таълим (2012-14) ва аз соли 2014 мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ мебошад. Соли 2011 дар мавзуи “Раванди қавмӣ-динӣ ва қавмӣ-фарҳангии гироиши ислом дар Осиёи Марказӣ (таҳлили фалсафӣ-диншиносӣ)” рисолаи нозадӣ ва соли 2024 дар мавзӯи “Таърихнигории забткориҳои араб ва муборизаҳои истиқлолхоҳонаи мардуми Хуросону Мовароуннаҳр дар асрҳои VIII-X” рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст.  Муҳаққиқи таърихи густариши ислом дар Хуросону Мовароуннаҳр, омӯзиши таърихи ҷунбишҳои мазаҳабӣ ва миллӣ-озодихоҳонаи мардуми маҳаллӣ бар зидди истилогарони араб, саҳми донишмандони форс-тоҷик дар ташаккули тамаддуни исломӣ ва таърихнигории забткориҳои арабҳо мебошад. Соли 2013 рисолаи илмиаш «Густариши ислом дар Хуросони Бузург дар асрҳои VII-VIII» ҷоизаи Акадеамияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда, соли 2016 ба гирифтани Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ барои олимон ҷавон дар соҳаи илм ва техника сарфароз гардидааст. Муаллифи 3 рисола, 2 дастури таълимӣ, 10 барномаи таълимӣ ва зиёда аз 80 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.

Ос.:Густариши ислом дар Хуросони Бузург (асрҳои VIIVIII).Д., 2010;Этнорелигиозные и этнокультурные процессы принятия ислама в Центральной Азии (философско-религиоведческий анализ). Д., 2014; Распространение ислама в Хорасане и Мавераннахре в VIIVIII вв. (по сведениям исторических источников). Д., 2016; Палеография. Д., 2020; Густариши ислом дар Хуросони Бузург (асрҳои VII-Х). Д., 2021; Таърихнигорӣ. Д., 2022.

БОҚИЕВ Олуболу Боқиевич (25. 05. 1934, н. Рӯшон- 05. 02. 2000, ш. Душанбе), муаррих, д. и. таърих (1991), профессор (1994). Хатмкардаи Донишкадаи давлатии тоҷикии Самарқанд (1955), ДДТ ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ;1961) ва аспирантураи Донишгоҳи давлатии Ленингад (1969) буда, ба ҳайси  муаллими таъриху географияи мактаби ҳафтсолаи н. Ғарм (1955-1956), лаборанти калони Пажӯҳишгоҳи таърихи ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ(1961-1963), муаллими калони кафедраи таърихи умумии факултети таъриху филологияи ДДТ(1963-1965), аспиранти кафедраи таърихи СССР Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.А. Жданов (1965-68), муаллими калони кафедраи таърихи СССР (1968-1972), дотсенти кафедраи таърихи СССР (1972-1992), муовини декан ва иҷрокунандаи вазифаи декани факултаи таърих (1980-1983), дотсенти кафедраи таърихи ватании ДДТ(1983-1992), мудири кафедраи «Таърихнигорӣ, манбаъшиносӣ ва бостоншиносӣ»-и факултети таърихи ДДМТ(1993-2000) фаъолият намудааст.

Соли 1969 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Сохти иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон дар нимаи дуввуми асри ХIХ дар адабиёти таърихии тоинқилобии рус» дар Донишгоҳи давлатии Ленинград ва соли 1991 рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Тоҷикистон дар таърихнигории тоинқилобии рус» дар Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург дифоъ намудааст. Самтҳои асосии таҳқиқоти илмӣ: масъалаҳои таҳқиқи таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон дар асарҳои таҳқиқотчиёни тоинқилобии рус, инъикоси сохти иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон дар нимаи дуввуми асри ХIХ дар адабиётҳои таърихии тоинқилобии рус.

Муаллифи барномаҳои таълимӣ, васоити таълимӣ, илмӣ-методӣ ва зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ буда, зери роҳбари ӯ 4 нафар рисолаҳои номзадӣ ва як нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд. Узви шӯроҳои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои доктории ДДТ ва Пажӯҳишгоҳи  таърихи ба номи Аҳмади Дониши АИҶТ буда, бо ташаббуси бевоситаи ӯ соли 1993 кафедраи «Таърихнигорӣ, манбаъшиносӣ ва бостоншиносӣ» ва ихтисоси «Таъриху-архившиносӣ»-и факултети таърихи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон таъсис ёфт. О.Боқиев бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», «Аълочии мактаби олии СССР», ордени «Нишони фахрӣ», «Ифтихорномаи фахрии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва унвони фахрии «Корманди шоистаи маорифи Тоҷикистон» (1994)  мукофотонида шудааст.

Ос.: Сохти иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон дар нимаи дуввуми асри ХIХ дар адабиётҳои таърихии тоинқилобии рус. Д., 1969. Аҳволи иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон дар таърихнигории тоинқилобии рус. Д., 1976. Таҳқиқи таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон дар асарҳои таҳқиқотчиёни тоинқилобии рус. Д.,1991. Истило ва ҳамроҳкунии шимолии Тоҷикистон, Помир ва  кӯҳистони  Бадахшон  ба Россия. Д., 1994. 

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - image-23.png

ИБРОҲИМОВ Мусамир (таваллуд 22.04.1940, деҳаи Булқоси ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт), муаррихи тоҷик, д.и.таърих (2006), проф. (2008). Хатмкардаи УДТ (ҳоло ДМТ; 1966). Нозири калони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣдар матбуот (Главлит)-и назди Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон (1966-71), ассисент (1971-75), муаллими калон (1976-83), дотсент (1984-2007) ва проф. кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултаи таърихи ДМТ (аз 2008). Соли 1983 дар мавзӯи «Робитаҳои илмии Тоҷикистон бо мамлакатҳои сотсиалистӣ (1959-75)» рисолаи номзадӣ ва соли 2006 дар мавзӯи «Робитаҳои илмии Тоҷикистон бо мамлакатҳои дар ҳоли рушд (1959-90)» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Самти асосии таҳқиқоти илмӣ: омӯзиши равобити илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон; маъхазшиносӣ, назария ва методологияи маъхазшиносӣ. Муаллифи беш аз 50 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 9 рисолаи илмӣ. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (2008) ва ордени «Шараф» (дараxаи II) (2016) сарфароз гардидааст.

Ос.:На принципах социалистического интернационализма. Д., 1983; Плоды дружбы и сотрудничество. Д., 1987; Контакты учёных. Д., 1990; Полезное сотрудничества. Д., 1990; На страже здоровья сотрудничества. Д., 1985; Горизонти науки Таджикистана. Д., 1991, Равобити илмии Тоҷикистон бо мамлакатҳои тараққикардаистода. Д., 2006; Назария ва методологияи манбаъшиносӣ. Д., 2016; «Муруҷу-з-заҳаб»-и Алӣ ибни Ҳусайни Масъудӣ (ҳаммуалиф). Д., 2016. Муқаддимаи таърихнигорӣ. Китоби 1. Д. “Принт” 2021.

ЗИКРИЁЕВ Файзӣ Боқиевич (таваллуд 7.4.1937, ноҳияи Мастчоҳ), муаррих, д.и. таърих (1988), проф. (1991). Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997). Хатмкардаи УДТ (ҳоло ДМТ; 1959). Муаллим ва муаллими калони кафедраи ҷомеашиносии Ин-ти политехникии Тоҷикистон (1959-63), аспиранти УДТ (1963-1966), дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ (КПСС)-и УДТ (ҳоло ДМТ, 1967-1975), мудири кафедраи таърихи Ин-ти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1976-2008). Аз соли 2008 проф. кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии ДМТ. Соли 1967 дар мавзӯи «Комсомоли Тоҷикистон дар мубориза барои прогресси техникӣ дар саноат» рисолаи номзадӣ ва соли 1988 дар мавзӯи «Роҳбарии ҳизб ба комсомоли ленинӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Самтҳои асосии таҳқиқот: масъалаҳои таърихи сиёсии Тоҷикистон, таърихи ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ ва таърихнигории Тоҷикистони соҳибистиқлол.  Муаллиф (ва ҳаммуаллиф)-и 10 китоб ва зиёда аз 240 мақолаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва оммавӣ. Бо роҳбарии Зикриёев Ф. 7 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд. Бо медали «Ветерани меҳнат» сарфароз гардидааст (1986).

Ос.:Баҳри ҳаёти осоишта. Д., 1970; Комсомоли Тоҷикистон дар мубориза барои прогресси техникӣ. Д., 1971; Комсомоли Тоҷикистон. Д., 1985; Тоҷикистон дар асри ХХ ва ибтидои асри XXI. Д., 2008 (ҳаммуаллиф); Таърихи халқи тоҷик дар асри ХХ ва ибтидои асри XXI. Д., 2009 (ҳаммуаллиф); Таърихи ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2010; Олим, устод, ходими ҷамъиятӣ. Д., 2012.

ЁРМУҲАММАДОВ Амиршоҳ (таваллуд 10.05.1947, шаҳраки Калинини ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолидини Балхӣ), номзади илмҳои таърих (1983), дотсент (1985). Хатмкардаи мактаби миёнаи №2 шаҳраки Каленини ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолидини Балхӣ), (1965). Баъди хатми мактаб як сол дар идораи рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Колхозобод» ба ҳайси  ходими адабӣ кор кардааст.

Хатмкардаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (УДТ ба номи В.И. Ленин, ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1971) буда, дар вазифаҳои мухталиф ба ҳайси муаллими калони кафедраи таърихи ИҶШС-и факултети таърих, (1983-1985), дотсенти кафедраи мазкури Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, (1985-1993),ҷойнишини декани факултети таърих оид ба таълим, (1985-1993), мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносиии факултети таърих, (2002-2012) фаъолият намудааст.

Соли 1983 дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов оид ба масъалаи «Таърихи матбуоти Туркистон» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Самти асосии таҳқиқоти илмӣ: омӯзиши матбуоти Туркистон ҳамчун манбаъ,саҳми матбуоти болшевикӣ дар тайёр кардан ва ғалабаи Инқилоби халқии Бухоро, омӯзиши ҳаёт фаъолият ва нақши Садриддин Айнӣ дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик. 

Муаллифи беш аз 100 мақолаи илмӣ-оммавӣ оид ба масъалаҳои гуногуни таърихӣ мебошад. Бо нишони аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чандин Ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллӣ сарфароз гардонида шудааст.

Ос.: Саҳми матбуоти болшевикӣ дар тайёр кардан ва ғалабаи Инқилоби халқии Бухоро, Д,: УДТ. 1985; Баъзе масъалаҳои асосии таърихи СССР ва таърихшиносӣ (васоити таълим, дар ҳаммуаллифӣ Д., 1990; Назария ва методологияи таърих (дастури таълимӣ барои донишҷӯёни факултети таърих). Д., ДМТ, 2016; Хронологияи таърихӣ. Д., 2015;

БАҲРОМОВ Зафаршо Маҷнунович (таваллуд 09.12.1958, деҳаи Тусёни ноҳияи Роштқалъа, муаррих, номзади илмҳои таърих дотсент, (2009). Дар сафи қушунҳои Артиши Шуравӣ хизмати аскариро адо кардааст(1977-1979). Дар Иттиҳодияи истеҳсолии матоҳои пахтагини шаҳри Душанбе ба сифати оператори мошинҳои пахтатозакунӣ фаъолият намудааст (1979-1981). 

Хатмкардаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (УДТ ба номи В.И. Ленин, ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1986) буда, ба ҳайси омӯзгори фанни таърихи мактаби №9-и шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш (1986-1988), муаллими «Тайёрии ибтидоии ҳарбӣ», (1989-1990),   ҷонишини директори мактаб оид ба корҳои берун аз синфӣ ва беруназмактабӣ, (1990-1993), омӯзгори мактабҳои №10, №12-и ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, (1993-1997), омӯзгори фанни таърихи омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №30-и ш.Душанбе, (1997-1998), ассистенти кафедраи таърихнигорӣ, манбаъшиносӣ ва бостоншиносии факултети таърихи ДДМТ, (1998-2003), муаллими калони кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ, (2003-2009), дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ, (2009-2016) кор кардааст.

Соли 2009 дар мавзӯи «Ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият (1991-2008) рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Самти асосии таҳқиқоти илмӣ: омӯзиши вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ВМКБ дар солҳои истиқлолият, вазъи илму фарҳанги ВМКБ дар солҳои истиқлолияти давлатӣ.

Муаллифи зиёда аз 50 асару мақолаҳо ва дастурҳои методӣ мебошад.

Ос.: Социально-экономическая и культурная жизнь ГБАО Республики Таджикистана в годы независимости. Д.,2008;  Вклад       и место фонда Ага-Хана в социально-экономической развитии. ГБАО Д., 2010;  Развитиеэнергетики и минерально-сиревых ресурсов ГБАО. Д., 2011; Хазинахои осорхонаҳо ва пур кардани онхо. Д., 2012;  Развитие энергетики и минерально-сыревих ресурсов ГБАО. ТМФ.РТ. 2011Ҳуҷҷат дар замони муосир. Д.,2015. Горный Бадахшан в конце XX-начало XXI вв. (1991-2008 гг.). Д., 2017;

САНГАЛИЕВ Хонҷон Баротович (таваллуд 24.08.1963, ноҳияи Фархор), муаррих, муаллими калон (майи 2006), хатмкардаи факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1986), буда, ба ҳайси муаллими фанни таърих ва ҷамъиятшиносии мактабҳои миёнаи №№ 31, 4, 2 ва 17 Шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор (1987-1995), қумандони взводи 3 ротаи 1 баталёни 2 қисми ҳарбии 5453 РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998-2000), коромӯзи кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДМТ), (2000-2001), ассистенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДДМТ (2001-2006, муаллими калони кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДДМТ (ДМТ) (2006 то имрӯз), ҳамзамон муовини декани факултети таърих оиди тарбия ва масоили иҷтимоӣ (2004-2009), директори Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010-2014), муовини декани факултети таърих оид ба таълим (2013-2015) кор кардааст.

ШАРОФУДДИНОВ Сӯҳроб Саломович (таваллуд 27.01.1982), ноҳияи Ховалинг, муаррих, номзади илмҳои таърих (2014). Хатмкардаи Литсей-гимназияи «Бунёди Оли Сомон»-и ноҳияи Ховалинг (1999), омӯзишгоҳи касбӣ-техникии ноҳияи Ховалинг (2001), ДДМТ (ҳоло ДМТ) (2007); муаллими фанни таърих ва ҳуқуқ дар Гимназияи №74 (2007-2011), ассистент (2011-2016), муаллими калон (2016-2018). Соли 2011 курси пурраи таҳсилро дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ бо ихтисоси ҷамъиятӣ хатм намудааст.Раиси Шӯрои сарпарастони факултети таърих (2011-2014), муовини декан оид ба тарбия (2014 то инҷониб). Соли 2017 бо Ифтихорномаҳои факултети таърих, бахшида ба ҷашни «Ваҳдати миллӣ» ва таҷлили рӯзи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2018 бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон»-23 май, соли 2018 бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

       Соли 2014 дар мавзӯи «Саҳми академик В.В. Бартольд дар омӯзиши таърих ва фарҳанги халқи тоҷик асрҳои IX-XV» рисоли номзадӣ дифоъ кардааст.

Самти асосии таҳқиқоти илмӣ: Саҳми академик В.В. Бартолд дар омӯзиши таърих ва фарҳанги халқи тоҷик, архившиносӣ. Муаллифи 1 монография, 1 дастури таълимӣ 2 барномаи таълимӣ ва зиёда аз 50 мақолаи илмию оммавӣ мебошад.

Ос.: Вклад академика В.В. Бартольда в изучение истории и культуры таджикского народа (IX-XVвв.) Д., 2014; Вклад академика В.В. Бартольда в изучение истории и культуры таджикского народа (IX-XVвв.) Д., 2014; Роль академика В.В. Бартольда в изучение истории и культуры таджикского народа (IX-XVвв.). Д, 2016; Археография. Д, 2017; Осорхонашиносӣ.  – Душанбе: «ДМТ»,2021; Археография. – Душанбе: «ДМТ» 2023.-128с.

НЕЪМОНОВ Беҳрӯзҷон Зариёевич (таваллуд 19.07.1988, деҳаи Кулули Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод), муаррих, н.и.т., дотсент 2019. Хатмкардаи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №2 ба номи Саидмурод Салимови ноҳияи Файзобод (2006), факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ДМТ (2011) ва шуъбаи аспирантураи ДМТ (2012-2015), муаллими кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ (2011-2014), ассистенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ (2014-2017), муаллими калони кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ (2017), дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ 2022 то имрӯз. Соли 2018 дар мавзӯи «Таъқиботи сиёсӣ дар Тоҷикистони шуравӣ солҳои 20-30-юми асри ХХ» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Самтҳои асосии таҳқиқ: омӯзиши масъалаи таъқиботи сиёсӣ дар Тоҷикистони шуравӣ (солҳои 20-30-юми асри ХХ), сарнавишти фоҷеабори зиёиёни тоҷик дар солҳои таъқибу фишорҳои оммавӣ, инъикоси таъқиботи сиёсӣ дар матбуоти даврӣ, нақши ходимони ҳизбию давлатии Тоҷикистони шуравӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ (дар нимаи дуюми солҳои 20-уми асри ХХ). 

Муаллифи 3 монография, 3 дастури таълимӣ, зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ ва  илмӣ-оммавӣ мебошад.

Ос.: «Таъқибу фишорҳои сиёсии ходимони ҳизбию давлатии Тоҷикистони Шӯравӣ (1924-1938)». Д., 2017; Таърихи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон (дастури таълимӣ). Д., 2016; Таърихнигорӣ. Д. 2021; Политические репресии в Советском Таджикистана. Д. 2021; Асосҳои осорхонашиносӣ. Д. 2022. Тоҷикон – оинаи таърихи миллат. Д. 2023;

САЙМУҲАММАДИ Бобоҷон (таваллуд 06.04.1990, деҳаи Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг), муаррих, хатмкардаи факултети таърихи ДМТ (2012). Аспиранти ДМТ (2013-2015), ассистент-ҳамкори кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ (2015-2017), ассистенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ (2017) муаллими калони кафедари таърихнигорӣ ва архившиносӣ (2019- то имрӯз), аз декабри соли 2023н.и.т., муаллими калони кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ мебошад.

Дар мавзӯи «Научное сотрудничество Таджикской ССР и стран Западной Европы в сфере естественных и точных наук (1959-1975гг.)» рисолаи номзадии худро дар санаи 06.12.2024 дифоъ намудааст.

Самтҳои асосии таҳқиқ: таҳқиқи равобити илмии Тоҷикистон бо мамолики хориҷӣ, ба роҳ мондани робитаҳои илмии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ.

Муаллифи як барномаи таълимӣ ва зиёда аз 30 мақолаи илмӣ мебошад.

Ос.: Научное сотрудничество Таджикской ССР и стран Западной Европы в сфере естественных и точных наук (1959-1975гг.). – Душанбе 2023, 190 с. Научное сотрудничество Таджикской ССР и стран Западной Европы в сфере естественных и точных наук (1959-1975гг.). – Душанбе 2023, 27 с.