Шарҳи мухтасари осор ва рӯзгори аъзоёни кафедра: дирӯз ва имрӯз

ҶАЛИЛОВ Абдуҳамид (таваллуд 25. 5. 1926, деҳаи Маҳрами ноҳияи Конибодом, фавт 13.11.2014, ш. Душанбе), таърихшинос, суғдшиноси соҳибмактаби тоҷик, д. и. таърих (1976), проф. (1978), Арбоби шоистаи илму техникаи ҶТ (1997), узви вобастаи академияи байналмиллалии мактабҳои олӣ (1997), академики АПИҶ ФР (2000). Хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии Конибодом (1944) ва факултаи таъриху филологияи ИДПЛ (ҳоло ДДХ;1948). Соли 1948 бо тавсияи М. Осимӣ – ҷониши директори Донишкада, А.Ҷалилов ба шуъбаи аспирантураи Институти таърих ва маданияти моддии Ленинград фиристода шуд ва роҳбари илмиаш А.Ю. Якубовский таъин гардид. Ӯ дар ҳалқаи олимони варзидаи ин марказ – И.Ю. Крачковский, И.А. Орбели, В. В. Струве, А. П. Окладников, Б. Б. Пиотровский, Е. Н. Павловский, К. В. Тревер, А. М. Манделштам, А. М. Беленитский, В. А. Массон дониши худро такмил дод. Дар ин давра бо тавсияи устодаш А. Ю. Якубовский дар тадқиқотҳои бостоншиносии Панҷакенти Қадим ширкат карда (1949–1952), аз нозукиҳои илми бостоншиносӣ бохабар гардид. Баъдан ходими илмии Ин-ти таърихи АИ ҶТ (1953–66), мудири кафедраи таърихи умумии ДДМТ (ҳоло ДМТ; 1966), мудир (1966–2003) ва профессори кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи ДДМТ (2003–2013). Соли 1954 дар мавзӯи «Согд накануне арабского нашествия и борьба согдийцев против арабов в первой половине VІІІ века» рисолаи номзадӣ (1954) ва соли 1975 дар мавзӯи «Согд и Тохаристан в эпоху возникновения и утверждения феодальных отношений» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Самтҳои асосии тадқиқ: таърихи халқи тоҷик, таърихи маданият, суғдшиносӣ. Муаллифи зиёда аз 50 асару мақолаҳои илмӣ. Баъзе бахшҳои «Таърихи халқи тоҷик» (2000), «Таърихи РСС Тоҷикистон» (китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ, 1965, 1983), «Таърихи Ленинобод» (1986), ва ғ. навиштааст. Бо медалҳо ва Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз шудааст.

Ос.: Согд накануне арабского нашествия и борьба согдийцев против арабских завоевателей в первой половине VІІІ в.–Д., 1961; Кашфиёти Панҷакенти қадим. –Д., 1969; Из истории культурной жизни таджикского народа. Д., 1973; Дурдонаҳои маданияти қадим. –Д., 1973; Из истории положение женщин Средней Азии до и после распространения ислама.–Д., 1974; Согд и Тохаристан в эпоху возникновения и утверждения феодальных отношений. –Д., 1975; Таърихи асримиёнагии мамлакатҳои Аврупо. (Китобҳои 1-2; бо ҳаммуалифии С. Асоев). –Д., 2013.

МУҲИДДИНО́В ИКРОМИДДИН (таваллуд 6.2.1933, шаҳри Қурғонтеппа, ҳоло ш.Бохтар, фавт 17.9.2010, ш. Душанбе), муаррих, мардумшиноси тоҷик, доктори илмҳои таърих (1985), профессор (1994). Хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Қурғонтеппа (1952) ва факултети таъриху филологияи УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ; 1957). Ҳанӯз дар айёми донишҷӯи дар ҳайати экспедитсияи илмӣ-тадқиқотӣҳамроҳ бо олимони маъруф А. К. Писарчик, З. Широкова, М. Раҳимов, Н. Нурҷонов ба Қалъаи Хумб сафар карда (1953), ба тадқиқи расму оин ва урфу одати мардумони ин диёр машғул гашт. Баъдан лаборант ва ходими илмии Ин-ти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикстон (1957–90), ҳамзамон мудири сектори этнографияи ҳамин ин-т (1985–1990) буд. Аз соли 1994 то охири умраш профессори кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи факултети таърихи ДМТ буд. Мавзӯи рисолаи номзадиаш «Зироаткории тоҷикони Вахону Ишкошим дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ» (1972) ва мавзӯи рисолаи докториаш «Хусусиятҳои этнографии зироаткории баландкуҳи Помири Ғарбӣ ва мавзӯъҳои он дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ» мебошад. Самтҳои асосии таҳқиқот: омӯзиши фарҳанги мардуми Бадахшон; анъанаҳои зироаткорӣ дар Вахону Ишкошим; вижагиҳои олоти корӣ ва иншооти обёрикунандаи мардуми Помири Ғарбӣ. Муаллифи чанд рисола ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ. Зери роҳбарии ӯ ду нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карданд.

Ос.: Земледелие памирских таджиков Вахона и Ишкашима в ХIХ – начало ХХ века. М., 1975; Особенности традиционного земледелбческого хозяйства припамирских народностей в ХIХ – начало ХХ века. Д., 1984; Реликты доисламских обычаев и обрядов у земледельцев западного Памира (ХIХ – начало ХХ века). М., 1989; Таджики. Материалы к серии «Народы содружества независимых государств». Вып. VШ, М., 1992.

ЗИЁЗОДА ТАВАРАЛӢ НОЗИМПУР (таваллуд 20.8.1942, н. Файзобод, фавт 06.03 2023Душанбе), олими тоҷик, доктори илмҳои педагогӣ (2010), профессор (2013). Аълочии маорифи Тоҷикистон (2011). Хатмкардаи Омӯзишгоҳи касбию техникии № 5 ш. Душанбе (1962), Техникуми тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1966), Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ, 1975). Ба ҳайси омӯзгори макотиби таҳсилоти миёнаи умумии №77, 23, 47, 63, Омӯзишгоҳи махсуси касбию техникии №24 ноҳияи Файзобод, омӯзгор ва муовини директори Омӯзишгоҳи махсуси касбию техникии №7 ш. Душанбе (1963-85), муаллими калони кафедраи таърихи ҶШС Тоҷикистон ва усули таълими таъриху ҷомеашиносии ДДОТ (1985-93), дотсенти кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии ДМТ (1985-2011), мудири шуъбаи фанҳои ҷомеашиносӣ, муовини директор оид ба илми Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (1994-2011), ҳамзамон сармутахассиси Маркази миллии тестии назди Вазорати маорифи Тоҷикистон (2011-13) кор кардааст. Аз соли 2013 дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ. Узви Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Чумҳурии Тоҷикистон. Дар доираи масъалаҳои гуногуни мактабу маориф, таълиму тарбия, назарияи таърих, ҳуқуқи инсон таҳқиқот анҷом додааст. Соли 1991 дар мавзӯи «Мушкилоти педагогии истифодаи маводи кишваршиносӣ дар дарсҳои таърихи ИҶШС дар синфҳои 7-10 макотиби тоҷикӣ» рисолаи номзадӣва соли 2010 дар мавзуи «Асосҳои назариявӣ ва самаранокии амалии низоми таҳсилоти таърихии мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи докторӣдифоъ кардааст. Муаллифи 2 консепсияи миллӣ,16 дастури таълимӣ, 12 китоби дарсӣ (барои синфҳои аз 5 то 11), 22 барномаи таълимӣ, 16 стандарти давлатии таҳсилот ва беш аз 180 мақола. Таҳти роҳбарии ӯ 11 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд. Дар чандин конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ (ш. Лутск, Минск, Маскав, Пируа, Коламбус) ширкат ва суханронӣ кардааст. Соли 2002 бо ордени Шараф (дараҷаи 1) сарфароз гардидааст.

Ос.: Таърихи умумӣ. Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 10. – Душанбе, 2005; Асосҳои маърифати шаҳрвандӣ. – Душанбе, 2010; Современная система школьного исторического образования. – Душанбе, 2010; Таърихи тамаддуни Юнони Қадим. – Душанбе, 2016.

ҒОЛИБШО ҒОИБОВ (таваллуд 8.9.1944, н. Муъминобод, фавт 08.01.2016, ш. Душанбе), таърихнигор, номзади илмҳои таърих (1980). Хатмкардаи шуъбаи арабии факултаи забонҳои ШарқиУДТ (ҳоло ДМТ, 1967). Аспиранти Ин-ти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967-72) тарҷумони забони арабӣ дар Ҷумҳурии Ироқ (1972-75), ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии Ин-ти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1975-85), тарҷумони забони арабӣ дар Ҷумҳурии Демократии Яман (1985-1988). Корманд, сардори шуъба, раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон (1995-2004). Ходими калони илмӣ (2004-2007), мудири шуъбаи арабшиносӣ (2007-12), сарходими илмии ИЗАШМХ АИ Ҷумуҳурии Тоҷикистон(аз соли 2012).Самтҳои асосии таҳқиқот: омӯзиши таърих ва ҷуғрофияи таърихии Осиёи Марказӣ. Соли1980 дар мавзӯи «Ҳуҷумҳои барвақтии арабҳо ба Осиёи Миёна (солҳои 644-704)» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.Муаллифи беш аз сад асару мақолаҳои илмӣ-оммавӣ мебошад. Дар таҳия ва нашри китобҳои«Таърихи Бадахшон»-и Мирзо Сангмуҳаммади Бадахшӣ ва Мирзо Фазлалибеки Сурхафсар (ҳамроҳи М. Холов, 2007), «Муъминобод» (ҳамроҳи М. Азизов ва Н. Ҳасанов, 2010), «Панҷшер – сарзамини мардхез» (ҳамроҳи Ҳ. Бохтарӣ, 2011), «Таърихи Бухоро»-и Абӯбакри Наршахӣ (ҳамроҳи К. Олимов ва Н. Амиршоҳӣ, 2012) ва ғ. саҳми арзанда гузоштааст.

Ос.: Мухаммад ибн Муса ал-Хорезми. –Душанбе, 1983;Завоевание Хорасана – Ахмад ибн ал-Балазури. – Душанбе, 1987; Ранние походы арабов в Среднюю Азию. – Душанбе, 1989; Шаҳри Кӯлоб дар асри ХVI. – Душанбе, 1998; Исмоили Сомонӣ марди хирад ва сиёсат. – Душанбе, 1998; Мазорҳои Мавлоно Тоҷиддини Дашти Кулакӣ ва Шайх Шақиқи Балхӣ дар ноҳияи Данғара. – Душанбе, 1998; Имом Ҷаъфари Содиқ ва мазори ӯ дар деҳаи Ҳазрати Эмом. – Душанбе, 1998; Таърихи Ҳисори шодмон, Чағониён ва Душанбе,– Душанбе,  1999; Ҳизби таҳрир чӣ мехоҳад? – Душанбе,  2004 (бо забонҳои русӣ ва узбекӣ низ нашр шудааст); Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз. – Душанбе,  2006; К вопросу о локализации средневековых городов Хутталя. – Душанбе, 2007; Таърихи динҳо. – Душанбе,  2010.

 ҚУРБОН БОБОЕВ (тав. 24.11.1945, деҳаи Саталмуш, н. Балҷувон, ваф. 18.04.2001.  ш. Душанбе) муаррих, номзади илмҳои таърих (1977) профессор.Оилаи Бобоев соли 1947 муҳоҷир шуда, ба деҳаи Сомончии Ҷамоъати деҳоти Зафар омаданд. Мактаби миёнаи таҳсилоти №8 (1962), факултети таърихи ДДТ-ро (1967) хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатӣ: Ассистенти кафедраи таърихи нав ва навтарини факултети таърихи ДДТ (1967-1970), аспиранти Институти Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Москва (1970-1973), муаллими калон, дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи факултети таърихи ДДТ (1973-1981, 1985-1995), мушовир ва муаллими Донишгоҳи Кобул (1981-1985), мудири кафедраи таърих ва фарҳанги Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (1996-2000). Роҷеъ ба давраҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик як силсилаи мақолаҳои илмӣ таълиф намудааст. Муаллифи «Барномаи таърихи асрҳои миёна», «Программаи курс ва семинарҳои махсус», «Афғонистон дар доиратулмаорифи тоҷик» ва ғ. мебошад.

АБДУВАЛӢ ҚУШМАТОВ (тав. 5.12.1946, н. Ашт, вафот 15.12.2021), муаррих, доктори илмхои таърих (1998), дорандаи ордени Шараф дараҷаи 3 (2017). Хатмкардаи факултаи таърихи УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ;1969). Ассистент, муаллим ва муаллими калони кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи УДТ (1969-82), аспиранти Ин-ти таърихи ИҶШС АИ Иттиҳоди Шӯравӣ (1982-85), дотсент (1986-98), ҳамзамон докторанти ДМТ (1996-98). Профессор (2018). Соли 1985 дар мавзӯи «Заминдории вақфи Шимоли Тоҷикистон дар солҳои 1870-1917» рисолаи номзадӣ ва соли 1998 дар мавзӯи «Деҳқонони тоҷик дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ (солҳои 1867-1917)» рисолаи докторӣ дифоъ кард. Самтҳои асосии таҳқиқ: омӯзиши масоили умумии таърихи дунёи қадиму асрҳои миёна; вақфшиносӣ; муносибатҳои молию пулӣ ва аграрӣ; таърихи деҳқонони Шарқи Миёна, Осиёи Марказӣ ва Бухорои Шарқӣ дар аҳди қадим ва асрҳои миёна; низоми андозбандӣ ва маҷбуриятҳои деҳқонони тоҷик ва ғ. Муаллифи чанд китоб, рисола, дастур, барнома ва зиёда аз 190 мақолаи илмӣ. Таҳти роҳбарии ӯ 6 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карданд. Узви Шӯрои олимони ДМТ ва Шӯрои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ буд.

Ос.: Пайдоиш ва моҳияти мазорҳо. –Д., 1985; Ҳақиқат дар «бораи ҷойҳои мукаддас». –Душанбе, 1985; Зинаи камолот. –Душанбе, 1988; Вақф. матни тоҷикӣ (1990) ва русӣ (2018); –Душанбе (Альбом; точикӣ, русӣ, англисӣ). –Душанбе, 1992; Деҳқонони тоҷик дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ. –Душанбе, 1996; Абдухамид Джалилович Джалилов (К 70 летию со дня рождения). –Душанбе, 1996 (ҳаммуаллиф); Таджикское крестьянство в конце ХIХ начале ХХ вв. –Душанбе, 1998; Таърихи Шарқи қадим. Китоби дарсӣ. –Душанбе, 2013; Нигоҳе ба таърихи ташаккули давлати феодалии тоҷикон – Сомониён. –Душанбе, 2015.

АЛИҶОН АБДУЛЛОЕВ  (таваллуд 10.8.1947, н.Ҳисор, вафот14.08.2012, ш. Душанбе), муаррих ва бостоншинос. Хатмкардаи факултети таърихи УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ; 1968) Лаборант, ходими илмии шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Ин-ти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1969-98). Сардори инспексияи ҳифзи ёдгориҳои таърих ва ташхиси бадеии Вазорати фарҳанги ҶТ (1998-2001). Муаллими калони кафедраи таърих ва ҷомеашиносии Коллеҷи омӯзгории ДДОТ ба номи С. Айнӣ, ҳамзамон ҳамкори кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи факултаи таърихи ДМТ (2001-2007). Аз 2007 то вафот муаллими калони кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи факултаи таърихи ДМТ. Аз соли 1971 ба таҳқиқи яке аз маҳалҳои таърихии н. Ёвон “Тамошотеппа” оғоз намуда, роҳбарии дастаи кофтуковии ин минтақаро ба уҳда дошт. Пас аз таҳқиқи ин маҳал (ҳанӯз аз с. 1979) ба омӯзиши деҳоту шаҳрак ва шаҳрҳои аввали асри оҳани мавқеи Байтудашт (н. Панҷ) сар карда, чандин ашёи моддии таърихӣ дарёфт кард. Аз с. 1983 ба омӯзиши бостоншиносии ш. Душанбе машғул шуда, бозёфтҳои зиёдеро аз ин мавзеъ ба Осорхонаи мардумшиносӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуд. Соли 2001 харитаи «Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии ноҳияи Данғара»-ро тартиб дода, соли 2005 бо ташаббуси ӯ маҷмуаи мақолаҳо бо номи «Душанбе дар масири таърих» чоп гардид.

Ос.: Отчет о раскопках погребний в Гиссаре. Вып. II. –Д., 1975; Работы Южно-Таджикистанской экспедиции. –М., 1985 (ҳаммуаллиф); Раскопки Гиссарского историко-культурного заповедника. –М., 1988 (ҳаммуаллиф); Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии асрҳои 7–14-и Тоҷикистон. –Д., 1999 (русӣ); Таърихи Душанбе аз қадим то ба навин. –Д., 2004 (ҳаммуаллиф); Гиссарский историко-культурный заповедник. –Д., 2015 (ҳаммуаллиф);

МУЗАФФАР АЗИЗОВ (таваллуд 14.7.1956, деҳаи Саричашмаи н. Маскав (ҳоло н. Мирсайид Алии Ҳамадонӣ)-вафот 29.05.2022), муаррих, бостоншинос, муаллими калони кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004). Хатмкардаи мактаби №17, н. Маскав (1963-73) ва факултаи таърихи УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ; 1980). Коргари роҳсози н. Маскав (1974-75). Муаллими кафедари таърихи ҲКИШ-и Донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлоб (1980-81). Унвонҷӯи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ (1981-84). Муаллими калони кафедари таърихи халки тоҷики ДДОК ба номи А. Рӯдакӣ (1984-89). Директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии ба номи Мирсайид Алии Ҳамадонии ш. Кӯлоб (1989-94). Муаллими калони Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон (1996-97), ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1998-2000), ДМТ (2000-03), ҳамзамон ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ (1995-2001). Сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги ҶТ (2001-15). Муовини директори Муассисаи давлатии илмӣ-истеҳсолӣ оид ба тармим ва таъмири ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанги ҶТ (2015).

Муаллифи ду дастури илмӣ, 8 брошюра ва зиёда аз 40 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Дорандаи медали «Хизмати шоиста» (2008).Кашфи ёдгории замони эллинистии Чолтов дар н. Данғара (1983). Кашф ва таҳқиқи ёдгории замони Кӯшониён ва асри миёнаи Арки Мир дар ш. Душанбе (1983); кашф ва таҳқики ёдгории асрҳои ХI–ХVI-и Қалъаи Мӯъминобод (1985); кашфи ёдгории асри биринҷии Обкӯҳ дар н. Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (1988); кашф ва таҳқиқи хумдони сафолпазии асри 7 то м. (1993; бо ҳамроҳии П. Т. Самойлик), ки дар асоси он 2700-солагии ш. Кӯлоб соли 2006 ҷашн гирифта шуд.

РАҲМАТОШО МАҲМАДШОЕВ (таваллуд 20.1.1950, н. Данғара), муаррих, бостоншинос, доктори илмҳои таърих (2011), профессор (2012),“Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” (2000). Баъди хатми УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ; 1972) лаборанти калони шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ (1972-74) ва аспиранти Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1974-78), сартарҷумони гуруҳи геологҳои Шӯравӣ дар Афғонистон (1978-82), ходими илмии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1982-90), дотсенти кафедраи таърихи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон (1990-1998), сардори шуъбаи таълими Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон (1998-2006), ноиби ректор оид ба илм ва равобити беруна (2006-2010) ва дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (2011-2012), мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2012), мушовири вазорати иттилооту фарҳанг ва вазорати маъдану петролеуми Ҷумҳурии исломии Афғонистон (2012-15) буд. Аз сентябри 2015 то ҳол профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Соли 1989 дар мавзӯи “Тоҷикони Афғонистон дар замони нав” рисолаи номзадӣ ва баъдан дар мавзӯи “Равандҳои этнополитикӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии тоҷикони Афғонистон дар нимаи дуввуми асри ХVIII – аввали асри ХХ” рисолаи докторӣ дифоъ кард. Муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмӣ.

Ос.: Таджики Афганистана в новое время. Очерки истории, хозяйства и материальной культуры. –Д., 2001; История этнополитического развития таджиков Хорасана (Афганистан). –Д., 2009., Бостоншиносии асри санг. Душанбе, 2017.

ҶӮРАБЕК МИРЗОЕВ (таваллуд 1.12.1969 н. Ховалинг) Хатмкардаи факултети таърихи УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ; 1992). Номзади илмҳои таърих, коромӯзи кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи факултети таърих (1992-1993), аспиранти ДМТ (1993-1996), ассистент (1997-2001), муаллими калони кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи факултети таърих (аз 2001) ифои вазифа намуда, дар зимни фаъолияти кориаш борҳо бо Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои давлатӣ сарфароз гардидааст. Айни ҳол ба ҳайси ходими илмии шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АИ ҶТ фаъолият дорад.

Муаллифи ду китоби дарсӣ, теъдоди зиёди барномаҳои корӣ, зиёда аз 40 мақолаи илмӣ дар боби таърихнигории таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

ТАХМИНА БАСТАНОВА, (таваллуд 19.8.1979,  Орҷоникидзобод (ҳоло ш. Ваҳдат)  Муҳассили мактаби миёнаи №8 ба номи М. Турсунзода (1986-94),  таҳсил дар Донишкадаи тиббии ш. Кофарниҳон (ҳоло ш. Ваҳдат;1994-97). Таҳсил дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии миллии Точикистон (ҳоло ДМТ). Корманди кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ (2005-2016), ҳамзамон дар шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Бозомӯзӣ дар лабараторияи эксперименталӣ-трасологӣ таҳти роҳбарии н.и.т. Н.Н. Скакун Пажӯҳишгоҳи таърихи маданияти моддии Академияи илмҳои Россия (2017-2020).

Аз соли 2001 иштирок дар ҳафриётҳои бостоншиносӣ: 2001-экспедитсия таҳти роҳбарии д.и.т. профессор Яъқубов Ю., н. Балҷувон, 2002-2006-экспедитсяи бостоншиносӣ бахшида ба ҷашни 2500-солагии ш.Кулоб таҳти роҳбарии Яъқубов Ю., 2004-экспедитсияи чиниву тоҷикӣ таҳти роҳбарии В.А. Ранов  ва Динг Ч. –Қарамайдони Файзобод, 2007-2011-экспедитсия ҷопонӣ-тоҷикӣ таҳти роҳбарии д.и.т. Бобомуллоев С.Г. Эсамбой н. Рудакӣ, 2006-2013- таҷрибаомузии бостоншиносии факултети таърихи ДМТва ғайра.

Муаллифи зиёда аз 25 мақола, иштирокчии конфронсҳои илмӣ – 2018, Конфронси байналлмилалии Стратегияи ҳаёти зист дар асри санг, нишонаҳои моҳидорӣ ва ҷамъоварӣ, бахшида ба 50-солагии Д.И. Лозовский (Санк-Петербург), 2019-Конфронси байналмиллалии бахшида ба ҷашни 90-солагии В.М. Массон (Санкт-Петербург) ва ғайра.