НАВРӮЗИ ДОНИШГОҲ

783

Имрӯз (19.03.2020) ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллӣ Наврӯзи байналмилалиро бо баргузории чорабинии фарҳангию фароғатӣ ҷашн гирифтанд. Дар инфтитоҳи чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва роҳбарони чанде аз сохторҳои донишгоҳ аз хони омоданамудаи донишҷӯёни факултетҳо боздид намуда, ба омодагии устодону донишҷӯён баҳои баланд доданд. Сипас ректори донишгоҳ ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик намуд.

Дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ Сурайё Қосимова, Ситораи Кароматулло, Фотима Машрапова, Хайриддини Шариф, Зайнура Пӯлодова ва Нишонаи Рустам иштирок намуда, бо барномаи фарҳангӣ-фароғатии омоданамудаи ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ ҳусни дигар зам намуданд.