АЗ ТАЪРИХИ ТАЪСИСИ КАФЕДРА
Тибқи қарори Шӯрои олимони раёсати ДДТ ва фармоиши ректори ДДТ аз 14.07.1993, таҳти №274-9 дар заминаи факултети таърих бо мақсади омӯзиши масъалаҳои асосии таърихнигорӣ ва манбаъшиносии умумибашарӣ ва манбаъшиносию таърихнигории таърихи халқи тоҷик, тайёр кардани муаррихони сифатан нав баҳри омӯзиш ва таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, омода кардани мутахассисони соҳаи бойгонишиносӣ кафедраи нав бо номи «Археология манбаъшиносӣ ва таърихнигорӣ» таъсис дода шуд. Ба ҳайси нахустин мудир д.и.т., профессор Боқиев О.Б. интихоб шуда то соли 1999 фаъолият намуд. Солҳои 1999-2000 дотсент Шарифов Р.Я. вазифаи мудирии кафедраро ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи апрели соли 2002 то соли 2012 роҳбарии кафедраро дотсент Ёрмуҳаммадов А. дар ду давра ба дӯш доштанд. Аз моҳи апрели соли 2012 то моҳи майи соли 2013 ба ин вазифа д.и.т., дотсент Маҳмадшоев Р. интихоб гардида, аз соли 2013 то соли 2014, н.и.т., дотсент Азимова Б.Т ҳамчун иҷрокунандаи вазифа рисолати роҳбарии кафедраро ба дӯш доштанд. Аз соли 2014 то инҷониб н.и.ф., дотсент Ғуломов Т.М. вазифаи мудири кафедраро ба ӯҳда доранд. Солҳои 1998-99 бо назардошти пайвастагӣ доштани омӯзиши фанни Археология бо масъалаҳои асосии Таърихи ҷамъияти ибтидоӣ ва дунёи қадим, фани мазкур ба кафедраи «Таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёна ва бостоншиносӣ интиқол дода шуда, кафедра бо номи “кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ тағйири ном намуд.
Тағйиротҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию мадании дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди Истиқлолияти давлатӣ ба амал омада, тайёр кардани мутахассисони касбии дорандаи маълумоти олиро талаб менамуд. Бинобар ин бо дарки талаботи рӯзафзун ба касби бойгонидорӣ бо ташаббуси профессор Боқиев О.Б. соли 1996 дар назди кафедра ихтисоси таъриху архившиносӣ таъсис дода шуд.
Зарурияти асосии таъсиси ихтисоси таъриху архившиносӣ дар он буд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саридораи Бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бойгонии марказии давлатии ҶТ, 12 бойгониҳои давлатӣ дар шаҳру вилоятҳо, 65 бойгониҳои идоравӣ ва байниидоравӣ, инчунин бойгониҳои зиёде дар назди муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳо амал мекарданд, ки онҳо ба кадрҳои баландихтисоси маҳаллӣ ниёз доштанд.
САМТИ КОРҲОИ ТАЪЛИМИЮ МЕТОДӢ
Дар баробари гузариш ба низоми бисёрзинагии таҳсилот дар кафедра таҳсилоти зинаи бакалавр аз рӯи ихтисоси 1-23011300-таъриху архившиносӣ, таҳсилоти зинаи магистратура аз рӯи ихтисоси 1-23011300-таъриху архившиносӣ, таҳсилоти зинаи доктор PhD аз рӯи ихтисоси 6D020303- манбаъшиносӣ, таърихнигорӣ ва усули таҳқиқи таърих ва ихтисоси 6D051500 – бойгоншиносӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва таъмини ҳуҷҷатнигорӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар назди кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ ихтисоси 23011301 таъриху-архившиносӣ фаъолият менамояд. Илова бар ин фанҳои тахассусии кафедра дар ихтисосҳои таърих ва бостоншиносӣ низ омӯзонида мешавад, ки теъдоди фанҳои базавӣ, тахассусӣ ва фанҳои интихобии кафедра дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр, мутахассис, магистр ва Доктор PhD ба зиёда аз 37 адад, аз қабилӣ Манбаъшиносӣ, Таърихнигорӣ, Назария ва методологияи таърих, Назария ва методикаи фаъолияти бойгонидорӣ, Археография, Палеография, Осорхонашиносӣ, Хронологияи таърихӣ, Таърихи илм, Коргузории кадрӣ, Архивҳои электронӣ ва аудиовизуалӣ, Таъмир ва консерватсияи ҳуҷҷатҳо, Таърихи умуми архивҳо, Архивҳои давлатӣ ва муассисавӣ, Асосҳои коргузорӣ ва ғайра мебошад. Устодони кафедра вобаста ба фанҳои тадрисшавандаи кафедра китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ, барномаҳои намунавии таълимӣ, барномаҳои намунавии таълимии таҷрибаомӯзӣ, силлабусҳо ва дигар воситаҳои таълимиро барои донишҷӯён омода намудаанд. Бояд афзуд, ки устодони кафедра дар 5 соли охир зиёда 35 адад барномаҳои таълимию методӣ, 8 монография, 10 китоби дарсӣ ва дастуроти таълимию методӣ ба нашр расониданд. Аз ҷумла, устоди зиндаёд, профессор Иброҳимов М. дастурҳои таълимӣ ва китоби дарсии “Муқаддимаи Таърихнигорӣ” ва “Таърихнигорӣ”-ро бори аввал бо забони тоҷикӣ вобаста ба талаботи муосири равандҳои ташаккули илми таърих чоп намуд. Аз ҷониби устодони дигари кафедра Ғуломов Т.М., Ёрмуҳаммадов А. ва Неъмонов Б. дастури таълимии “Таърихнигорӣ”-и умумӣ дар ҳаҷми 400 саҳифа ба нашр расид. Аз ҷониби Ғуломов Т. дастури таълимии “Палеография”, аз ҷониби дотсент Шарофуддинов С. дастурҳои таълимии «Археография» ва «Осорхонашиносӣ», аз ноҷиби Неъмонов Б. дастури таълимии “Асосҳои осорхонашиносӣ” ба нашр расонида шудаанд.
САМТИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ КАФЕДРА
Самти илмии таҳқиқотии кафедра ба омӯзиш ва таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ ва амалии таърихи умумибашарӣ, проблемаҳои актуалии таърихи илми таърих ва манбаъшиносӣ дар марҳилаи муосир, проблемаҳои муҳими таърихнигорӣ ва манбаъшиносии Осиёи Марказӣ равона карда шудааст.
Дар 5 соли охир вобаста ба мавзӯи таҳқиқотӣ дар кафедра 5-конфронси сатҳи ҷумҳуриявӣ ва 4 мизи мудаввар ва семинарҳои гуногун гузаронида шуд, ки маводи ин ҳамоишҳо пурра нашр гардиданд. Устодони кафедра ба таҳқиқи равандҳои мухталифи назариявӣ ва амалии таърихи муосири умумибашарӣ, аз ҷумла масъалаҳои муҳими таърихнигорӣ ва манбаъшиносии Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон машғуланд. Дар баробари ин устодони кафедра миёни донишҷӯён, зиёиён ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба васоити ахбори омма, радио ва телевизион дар бораи саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдор намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ, тарғиби нуктаҳои муҳиму созандаи Паём, танзими расму оинҳои миллӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, сулҳу ваҳдат, аҳамияти нишастҳои сарони давлатҳо инчунин дар мавриди таззодҳои сиёсиву ифротии ҷаҳони муосир ва оқибатҳои онҳо барои минтақа ва ҷаҳон вохуриҳо ва баромадҳо доир намуданд.
Маводи нашршудаи устодони кафедра дар давраи ҳисосботӣ ба зиёда аз 310 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ мерасад. Аз ин шумора 13 дад дар конфронсҳои байналмилалӣ, зиёда аз 190 адад мақола дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, 54 адад дар маҷаллаҳои тақризшавандаи ВАК ва боқӣ дар маҷаллаҳову рӯзномаҳои ватанӣ ва матбуоти даврӣ ба нашр расидаанд. Илова бар ин устодони кафедра дар баррасии рисолаҳои докториву номзадӣ, магистрию хатмкунӣ ва муқарризии онҳо саҳмгузор буда, ба ҳайси муассисаи пешбар, муқарризи расмӣ, муқарризи дуввум ва муқарризони фишурдаҳо иштироки фаъол доштанд.
Кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои муҳими таърихнигорӣ ва манбаъшиносии таърихи Осиёи Марказӣ дар марҳилаи муосир» таҳқиқоти илмӣ анҷом медиҳад, ки дар он ҳамаи устодони кафедра дар раванди иҷроиши он иштирок доранд. Аз ҷумла, Ғуломов Т.М. ба омӯзиши «Масоили мубрами манбаъшиносию таърихнигории истиқрори ислом дар Хуросону Мовароуннаҳри асрҳои VII-X», д.и.т., профессор Иброҳимов М. ба омӯзиши масъалаи «Таърихнигории таърихи халқи тоҷик дар марҳилаи рушду инкишоф», д.и.т., профессор Зикриёев Ф.Б. ба омӯзиши «Таърихинигории Тоҷикистони соҳибистиқлол» машғул буда, мавзӯи илмии н.и.т., дотсент Ёрмуҳаммадов А. «Публисистикаи С.Айнӣ ҳамчун манбаъ оид ба таърихи мардуми тоҷик (ибтидои асри XX)», мавзӯи илмии н.и.т., ассистент Шарофуддинов С.С. «Саҳми академик В.В. Бартолд дар омӯзиши таърихи халқи тоҷик (асрҳои IX-XV)», мавзӯи илмии муаллими калон Сангалиев Х.Б. «Таърих ва ташкили кори архивӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1925-1990)», мавзӯи илмии муаллими калон Неъмонов Б.З. “Сиёсати Ҳукумати шӯравӣ нисбат ба зиёиёни тоҷик ва инъикоси он дар адабиёти таърихӣ (1920-1939)”, мавзуи илмии муаллими калон Саймуҳаммади Бобоҷон “Робитаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Аврупои Ғарбӣ солҳои (1959-1975)”, мавзуи илмии ассистент Нуров Сӯҳроб Рустамович “Саҳми профессор О.Б. Боқиев дар омӯзиши таърихи халқи тоҷики нимаи дуюми асри XIX ибтидои асри ХХ” ва мавзуи илмии ассистент Асратбекова Адиса Давлатмамадова “Вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ-фарҳангии Бухорои Шарқӣ ва Помир дар ибтидои асри ХХ” мебошанд.
То ин замон вобаста ба мавзӯҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби устод Ғуломов Т.М. – Густариши ислом дар Хуросони Бузург (асрҳои VIII-X). – Душанбе, 2022-300 с., Шарофуддинов С. «Роль академика В.В. Бартольда в изучение истории таджикского народа» –Душанбе, Сино- 2020, -200 с., Неъмонов Б.З. “Политические репресии в советском Таджикистан. (20-30 годы ХХ века)”, -Душанбе, 2021, 200 с., Неъмонов Б. ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат». (Дар ҳошияи омӯзиши асари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав»), монографияҳои “Масъалаҳои мубрами бойгоншиносии муосир: мушкилот ва дурнамо”. //Маводи конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 90 – солагии Хадамоти бойгонӣ дар Тоҷикистон ва 20-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ»)-Душанбе, 2019. 268 с., «Тоҷикистон дар масири таърих» (бахшида ба 95 солагии эъломияи таъсисёбии ҶМИШ Тоҷикистон). //Маводи конфронси ҷумҳуриявӣ. – Душанбе, 12 марти 2020, 310 с. Маводи Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи «Таърихи ташаккул ва фаъолияти бойгонии тоҷик: мушкилот ва дурнамо» – Душанбе, Сино, 2023, 240 с.; Маводи Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ бахшида ба 90-солагии бузургдошти бунёдгузори кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ О.Б.Боқиев. “Инъикоси таърихи тоинқилобии халқи тоҷик дар осори профессор О.Б. Боқиев” – Душанбе, Матбааи ДМТ, 16.05.2024, 229 с.; монографияи О.Бакиев “Социально-экономический строй таджикистана во втрой половине XIX века в русской доревалюционной исторической литературае. – Душанбе, «Сифат – Офсет», 2024, 451 с. ва маводи конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Тақсимоти миллӣ-марзии Осиёи Миёна ва сарнавишти тоҷикон.” Бахшида ба 100-солагии таъсисёбии ҶМШИ Тоҷикистон – 14 октябри соли 1924). – Душанбе, 14 октябри соли 2024, «АРШАМ», 2024, 300 саҳ. ба нашр расониданд.
Натиҷаҳои ниҳоии таҳқиқоти устодони кафедра дар шакли мақолаҳои илмӣ, монография ва китобҳои дарсӣ таҳия шуда, дар раванди таълими макотиби олии кишвар ва чорабиниҳои зиёди таърихиву фарҳангии ҷумҳурии азизамон ба таври васеъ истифода мешаванд.
ҲАМКОРИҲОИ КАФЕДРА
Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, омода намудани мутахассисони муаррих-архившинос, манбаъшиносу таърихнигор ва мустаҳкам намудани базаи илмӣ-методии кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ бо Институти таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии АИ ҶТ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи славянии Россияю Тоҷикистон, Саридораи Бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бойгонии марказии давлатии ҶТ ва бойгониҳои зерсохтори он дар ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо, бойгониҳои муассисавию хусусӣ, бойгонии аксу садо ва синамои ҶТ ва кафедраҳои ҳамному ҳамихтисоси Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтари ба номи Н. Хусрав ва Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги ба номи М.Турсунзода ҳамкориҳои дуҷонибаи илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ дорад. Ҳамчунин устодони кафедра ба ҳайси оппонентҳои расмию ғайрирасмӣ дар дифои рисолаҳои хатми давраҳои бакалаврӣ ва магистрӣ, инчунин рисолаҳои докторию номзадии ин марказҳои таълимию илмии кишвар иштирок намудаанд.
Инчунин дар Бойгонии марказии давлатии ҶТ кабинети илмӣ-методӣ ва дар бойгонии муассисавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон лаборатория барои гузаронидани дарсҳои амалии донишҷӯёни шӯъбаи «Таърих-архившиносӣ» даъсис дода шудааст, ки аз онҳо донишҷӯён самаранок истифода менамоянд.
Омӯзгорони кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ ҷиҳати дарёфти грантҳои ташкилоти байналмилалӣ кӯшишҳои зиёд менамоянд. Тайи чанд рӯзи охир бо дастгирии Ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. лоиҳаи деринтизори устодони кафедра ҷонибдорӣ ёфта Низомномаи он омода карда шуд. Ин лоиҳа фаъолияти худро дар асоси грантҳои хориҷӣ, дар самти манбаъшиносӣ ва таърихнигории халқи тоҷик ба роҳ хоҳад монд.
ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ-МЕТОДИИ КАФЕДРА
- Иброҳимов М. Контакты учёных. – Душанбе, 1990;
- Иброҳимов М. Полезное сотрудничества. – Душанбе, 1990.
- Иброҳимов М. Равобити илмии Тоҷикистон бо мамлакатҳои тараққикардаистода. – Душанбе, 2006.
- Зикриёев Ф.Б. Комсомоли Тоҷикистон дар мубориза барои прогресси техникӣ. – Душанбе, 1971.
- Зикриёев Ф.Б. Комсомоли Тоҷикистон. – Душанбе, 1985;
- Зикриёев Ф.Б.Тоҷикистон дар асри ХХ ва ибтидои асри XXI. – Душанбе, 2008 (ҳаммуаллиф);
- Зикриёев Ф.Б. Таърихи халқи тоҷик дар асри ХХ ва ибтидои асри XXI. – Душанбе., 2009 (ҳаммуаллиф);
- Зикриёев Ф.Б.Таърихи ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2010;
- Зикриёев Ф.Б. Таърихи Ватан. –Душанбе.Сино.,2012. 364 с.
- Зикриёев Ф.Б. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон. (Дастури таълимию методии курси махсус барои донишҷӯён). – Душанбе, 2014, 222с.
- Зикриёев Ф.Б. Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 11. – Душанбе, 2015.-268 саҳ.
- Азимова Б.Т. Таттимат ал баян фи тарих ил-афган «Сейида Джамалуддина Афгани как исторический источник по истории Центральной Азии (XYIII-XIX вв.). – Душанбе, «Нур», 2012.
- Баҳромов З. Археография. – Душанбе, 2012.
- Баҳромов З.М. Горный Бадахшан в конце XX –начало XXI вв. (1991-2008гг.). – Душанбе, «Сино», 2017, 315 с.
- Ғуломов Т.М. Густариши ислом дар Хуросони Бузург. – Душанбе, «Эр-граф», 2010, 268 с.
- Гуломов Т.М. Этнорелигиозное и этнокультурные процессии принятие ислама в Центральной Азии. – Душанбе, 2014,130 с.
- Гуломов Т.М. Распространение ислама в Хорасане и Мовераннахре в VII-VIII вв. –Душанбе, Сино, 2016, 200 с.
- Шаруфуддинов С.С. Роль академика В.В.Бартольда в изучение истории и культуры таджикского народа в X-XV веков. – Душанбе, Сино, 2014, 186 с.
- Шарофуддинов С. Роль академика В.В. Бартольда в изучение истории таджикского народа. – Душанбе, Сино, 2016, 200 с.
- Ёрмуҳаммадов А. Назария ва методологияи таърих. – Душанбе, 2016. 210с.
- Иброҳимов М. Назария ва методологияи манбаъшиносӣ. – Душанбе, 2016, 240с
- Ёрмуҳаммадов А. Хронлогияи таърихӣ. (дастури таълимӣ) – Душанбе, 2014, 188 с.
- Баҳромов З.М. Шарофуддинов С. Археография. – Душанбе, 2016, Қ1. 90с
- Неъмонов Б.З. Таъқибу фишорҳои сиёсии ходимони ҳизбию давлатии Тоҷикистони Шӯравӣ (1924-1938). – Душанбе, Адабиёти бачагона, 2017. 244 с.
- Масоили мубрами манбаъшиносии муосир. (маводи конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ 22 ноябри соли 2016) – Душанбе, 2016, 179 с.
- Масоили мубрами таърихнигории муосири тоҷик. (Маводи конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ 22 ноябри соли 2017) – Душанбе, 2017, 350 с.
- Иброҳимов М. – «Муруҷу-з-заҳаб»-и Масъудӣ манбаи муҳими таърихӣ. – Душанбе , «Сино», 2016, 205 с.
- Саҳми С.Айнӣ дар эҳёи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик. (Маводи конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ 22 ноябри соли 2018) – Душанбе, 2018, 250 с.
- .Иброҳимов М. Муқаддимаи Таърихнигорӣ. – Душанбе, “Эр-Граф”, 2020 518 с.
- Масъалаҳои мубрами бойгоншиносии муосир: мушкилот ва дурнамо. //Маводи конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 90 – солагии Хадамоти бойгонӣ дар Тоҷикистон ва 20-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ»)-Душанбе, 2019. 268 с.
- «Тоҷикистон дар масири таърих» (бахшида ба 95 солагии эъломияи таъсисёбии ҶМИШ Тоҷикистон). // Маводи конфронси ҷумҳуриявӣ. – Душанбе, 12 марти 2020, 310 с.
- Иброҳимов М. Таърихнигорӣ. – Душанбе, “Сино”, 2021, 461 с.
- Ғуломов Т.М. Палеография. – Душанбе, “Хирадмандон”, 2021, 240 с.
- Неъмонов Б.З. Асосҳои осорхонашиносӣ. – Душанбе, “Хирадмандон”, 2021, 200 с.
- Неъмонов Б.З. Политические репресии в советском Таджикистан. (20-30 годы ХХ века) – Душанбе, “Хирадмандон”, 2021. 270 с.
- Иброҳимов М. Муқаддимаи Таърихнигорӣ. Китоби 1. – Душанбе “Душанбе Принт”. 2021. – 492 с;
- Ғуломов Т.М., Ёрмуҳаммадов А., Неъмонов Б.З. Таърихнигорӣ. – Душанбе, “Сино”, 2022, 400 с.
- Неъмонов Б.З.Асосҳои осорхонашиносӣ. – Душанбе, “Хирадмандон”, 2022, 200 с.
- Ғуломов Т., Ёрмуҳаммадов А., Неъмонов Б.З. «Таърихнигорӣ». – Душанбе, 2023, “Аршам”, 400 с.
- Шарофуддинов С. Осорхонашиносӣ. – Душанбе: «ДМТ»,2021.-168с.
- Шарофуддинов С. Археография. – Душанбе: «ДМТ» 2023.-128с.
- Неъмонов Б.З. ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат». (Дар ҳошияи омӯзиши асари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав») – Душанбе, 2023.
- «Таърихи ташаккул ва фаъолияти бойгонии тоҷик: мушкилот ва дурнамо» – Душанбе, Сино, 2023, 240 с. //Маводи Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ.
- Инъикоси таърихи тоинқилобии халқи тоҷик дар осори профессор О.Б. Боқиев. \\Маводи конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 90-солагии бузургдошти бунёдгузори кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ О.Б.Боқиев. – Душанбе, Матбааи “Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”, 16- майи 2024, 230 с.
- Боқиев О.Б. “Социально-экономический строй Таджикистана во второй половине XIX века в русской доревалюционной исторической литературе”. – Душанбе, “Дониш”, 2024, 360 с.
- Тақсимоти миллӣ-марзии Осиёи Миёна ва сарнавишти тоҷикон. \\Маводи конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ ба муносибати бузургдошти 100 – солагии таъсисёбии Ҷумҳурияти Мухтори Шуравии Иҷтимоии Тоҷикистон – 14 октябри соли 1924). – Душанбе, «АРШАМ», 2024, 300 саҳ.