Дар ҳама давру замон олимону донишмандон дар назди ҷомеа рисолати бузургеро доро мебошанд. Ин рисолат пеш аз ҳама дар роҳнамоии дигар қишрҳои ҷомеа, махсусан насли наврас ва ҷавонон тавассути илму маърифат амалӣ мегардад. Зиёиён бо маърифату дониши хеш дар таҳкими рушди бонизоми ҷомеа ва ба зиндагии шоистаи расидани аҳолӣ саҳми боризи хешро мегузоранд. Дар саргаҳи рушду нумуъи тамоми ҷомеаҳо бе шубҳа зиёиёну донишмандон қарор доранд. Аз сарварони сиёсӣ сар карда то ба истеҳсолкунандагони неъматҳои модию маънаваӣ ҳамагӣ аз ҷониби зиёиёну омӯзгорон ба камол расонида мешаванд. Омӯзгор – олимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро рӯшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.
Бояд гуфт, ки сарчашмаи тамоми хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест.
Ба қавле омӯзгор муҳандиси рӯҳии инсон аст. Омӯзгорро оинаи рӯзгори халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосӣ мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони худ медиҳад ва хешро хушбахт мешуморад».
Омӯзгор аз ҳар як норасоиву носазоиҳо ва беаҳмиятии шогирдони худ ба изтироб меафтад. Донишу тавони худро барои тарбияи фарзанди мардум дареғ намедорад. Бо талоши зиёду бепоён шогирдонро ба воя расонида, соҳибмаълумот мегардонад.
Хушбахт онест, ки сазовори номи бузурги устодӣ ё омӯзгорӣ гаштааст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт. Даме, ки шогирди муаллим шахси обрӯманд мегардад, бевосита аввалиндараҷа номи муаллимашро мегирад ва аз ӯ розист, ки алфози накӯяш омӯхт. Устод ба роҳи рост ҳидояташ намекард, ҳеҷ гоҳ шарафманду комёб намегашт. Заҳмати беандозаи омӯзгори бузург тавонист роҳбалади шогирди пурзаковат гашта, соҳибмаълумоташ гардонд. Омӯзгор роҳнамою ҳидояткунанда, ғамхор, дӯсти беғаразу ислоҳкори ҳамон норасоиву нуқсонҳои инсон мебошад.
Яке аз омӯзгорон ва олимони саршиноси кишвар, ки мактаби илмии хешро доро буда, садҳо шогирдон дораду даҳҳо олимонро омода ва роҳнамоӣ намудааст, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарифов Раҳмоналӣ Ятимович мебошад. Ӯ ҳамчун олими серталошу сермаҳсул ва дастгиру мададгори ҷавонон дар миёни муаррихони кишвар ҷойгоҳи шоистаро касб намудааст. Бояд гуфт, ки профессор Шарифов Раҳмоналӣ аз ҷумлаи он муаррихони барҷастаи кишвар аст, ки дар омӯзиш ва таҳқиқи саҳифаҳои мубрами таърихи халқи тоҷик нақши назаррасу мондагор дорад. Доираи таҳқиқоти илмии устод хеле васеъ буда, давраи таърихие нест, ки аз мадди назари ӯ дур монда бошад. Ҳатман ба яке аз масъалаҳои муҳимми ин ё он марҳала диққати ӯ ҷалб гардида, мақолаи илмие нашр намудааст.
Хатмкардаи факултаи таърихи ДМТ (1983) мебошад. Фаъолияти кориаш: ассистенти кафедраи таърихи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (1983–1984); шунавандаи Институти такмили ихтисоси фанҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии Тошканд (1985); коромӯзи кафедраи таърихи халқи тоҷик (1985 – 1986); муаллими мактаби № 17 – и шаҳри Душанбе (1987 – 1991); ҳамзамон унвонҷӯи кафедраи таърихнигорӣ ва манбаъшиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; муаллими калон ва дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (1992–2000); мудири кафедраи таърихнигорӣ ва манбаъшиносӣ (2000–2002); дотсенти кафедраи таърихи наву навини кишварҳои хориҷӣ (2003–2009); муовини декани факултети таърих оид ба таълим (2004–2009); мудири кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ (2009–2016) Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамзамон мушовир–бостоншинос дар Пружаи байналмиллалии ҳафриёти бостоншносии Миси Айнаки вилояти Лугари Ҷумҳурии исломии Афғонистон (2014–2015); декани факултети таърихи ДМТ (2016–2023).
Профессор Шарифов Раҳмоналӣ аз ҷумлаи он муҳаққиқоне мебошад, ки масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷик ва умумиро мавриди таҳқиқу омӯзиш медиҳад. Ӯ соли 1998 дар мавзуи «Инъикоси таърихи халқи тоҷик, аҳди муғул дар таърихнигории шуравӣ» (солҳои 1218–1361) рисолаи номзадӣ ва соли 2018 дар мавзуи «Таърихи маорифи асрии Афғонистон (солҳои 1919–1978)» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Самтҳои асосии таҳқиқи муҳаққиқ таҳлилу барраси масъалаҳои мубрами таърихи аҳди бостони халқи тоҷик, омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар аҳди муғул, қиёси маорифи суннатӣ ва асрии Афғонистон, археологияи ибтидои асрҳои миёнаи Осиёи Макрказӣ ва Афғонистонро фаро мегирад. Профессор Шарифов Раҳмоналӣ муаллифи 7 китоби дарсӣ, зиёда аз 20 дастури таълимӣ-методӣ ва 200 мақолаҳои илмӣ мебошад. Аз соли 2016 то соли 2023 дар вазифаи декани факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар рушди илму таълими ин боргоҳи маърифат саҳми шоиста гузоштааст.
Айни замон дар радифи омода намудани кардрҳои илмӣ ва дарс гуфтан ба донишҷӯёни факултети таърих, ҳамчунин раиси Шурои диссертатсионӣ аз рӯи ихтисоси таърихи ватанӣ мебошад.
Устод аз зумраи муҳаққиқону муаррихони варзидаи кишвар аст, ки дар конфронсу форумҳои байналмилалӣ бо мавзуъҳои фарогир аз масъалаҳои мубрами таърихи тоҷикон фаъолона ширкат менамояд. То имрӯз дар зиёда 20 конференсияҳои байналмилалӣ дар хориҷи кишвар ширкат намуда, аз манфиатҳои таърихии миллати тоҷик бо истифода аз далелҳои муътамади илмӣ дифоъ менамояд.
Дар ин радиф, шахсияти комил ва донишманди асил будани устод Шарифов Раҳмоналӣ дар ҳақгӯ, ҳақҷӯ, ҳақиқатпараст, адолатҷӯ будани он кас зоҳир меградад. Ӯ ҳамеша дар маркази воқеаву рӯйдодҳои илмии ҷумҳурӣ қарор дошта, аксар вақт ташаббускор, сарчашмаи ғоя ва созмондеҳи баҳсу талоши илмӣ аст. Аз баҳсу талоши тезу тунд, масъалаҳои душвору серпеч намеҳаросад, балки муаммоҳои ҳалношуда, масъалаҳои камтаҳқиқшударо ба миён гузошта, ҳамкасбон ва олимони ҷавонро ба мунозира даъват менамояд. Муҳимтарин хислатҳои неки устод дар он зоҳир мегардад, ки ӯ барои ташаккул ва камолоти илмии шогирдонаш, ба таҳқиқоти илмӣ ҳавасманд сохтани онҳо, рисолаҳои алоҳидаро бо ҳамқаламӣ таълиф ва интишор менамояд. Дар радифи шогирдони дохилӣ аз хориҷи кишвар низ чандин унвонҷӯён дар зери роҳбарии устод рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд.
Самти дигари фаъолияти профессор Шарифов Раҳмоналиро таълифи китобҳои дарсӣ барои мактабҳои таҳсилоти олӣ, барномаҳои таълимӣ, таҳияи хрестоматияҳо оид ба таърихи умумӣ фаро мегирад. Дар робита ба ин бояд зикр намуд, ки ӯ вақти зиёди худро дар тарбияи шогирдон сарф намуда, дар камолоти илмии онҳо, омода намудани олимони соҳибунвон саҳми арзанда гузоштааистодааст. Ӯ дар факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз курсҳои махсус ба донишҷӯён таълим дода, онҳоро ба масъалаҳои мубрами таърих ошно месозад.
Омӯзиши осору фаъолияти ин сеҳраи муваффақи роҳи илму эҷод аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ӯ соҳибмактабу сермаҳсул буда, дар рушди илми таърих ва таърихнигорӣ нақши бориз гузоштааст. Фаъолияту шахсияти профессор Шарифов Раҳмоналӣ барои олимони ҷавони имрӯз чун намунаи олими асил маҳсуб меёбад.
Шарифзода Ҷамолиддин Сафол – н.и.т., дотсенти ДМТ