
Имрӯз (18.04.2025) бо ибтикори раёсати Донишгоҳ ва факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ»баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва устодону донишҷуёни муассисаҳои илмӣ иштирок намуданд. Зимни оғози ҳамоиш декани факултет Муродов Н.С. сухан намуда, зикр кард, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ диққати ҷиддӣ равона гардидааст ва бо мақсади баланд бардоштани аҳмияти таърихии ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, инчунин, таъмини ҳифзи онҳо мо омузгорону муҳаќќиќон муваззаф ҳастем.

Зимнан доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии Донишгоҳ Шарифов Р. Я. дар мавзуи «Саҳми ёдгориҳои таърихӣ дар рушду такомули ҳаёти фарҳангии кишвар»,мудири шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримдодзода М.З. дар мавзуи «Саҳми Осорхонаи миллӣ дар кашф, ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои таърихӣ»вамудири кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии Донишгоҳ дотсент Шоинбеков Ф.Н. дар мавзуи «Аввалини тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ» маърӯзаҳо намуданд.
Таъкид гардид, ки ёдгориҳои таърихӣ қисми асосии мероси фарҳангии ҳар як миллат ба шумор мераванд ва онҳо нақши муҳим дар рушду такомули ҳаёти фарҳангии кишвар доранд ва ҳамчун воситаи аслии омӯзиши таърих ва тамаддуни кишвар дониши ҷамъиятро дар соҳаи таърих ва фарҳанг баланд мебардорад.