Қобили тазаккур аст, ки ҳар як марҳилаи таърихӣ дар худ ҳаводис, воқеот ва таҳаввулоти азими иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангиро ба вуҷуд оварда, нақши хешро дар сарнавишти миллатҳо мегузоранд. Агар дар даҳсолаи охири қарни сипаришуда, бузургтарин таҳаввулоти сарнавиштсоз дар таърихи миллати тоҷик, ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва расидан ба ваҳдати комили миллӣ бошад, дар ибтидои асри ХХ1, ки марҳилаи душвори бархурди манфиатҳои абарқудратҳо, ҷангҳои иттилоотиву мафкуравӣ ва хуруҷи ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ унвон гирифтааст, бузургтарин дастоварди ин марҳила ҳифзу нигаҳдошти Истиқлолияти давлатӣ ва ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намудани ваҳдати миллӣ ва арзишҳои инсонпарваронаи он ба ҳисоб меравад. Аз авзои сиёсии ҷаҳони муосир пай бурдан мумкин аст, ки ҷаҳон гуногунқутба гардида, тақозо менамояд, ки дар кишварҳои тозаистиқлолу рубаинкишоф марказҳои нави нерӯҳои сиёсӣ ҳам дар сатҳи минтақаҳои алоҳида ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ арзи вуҷуд намоянд. Илова бар ин метавон қайд намуд, ки дар шароити имрӯзаи таърихӣ ва дар вазъияти мураккабу пурпечу тоб ва ҳассоси байналмилалӣ мо имрӯз масъалаи муҳимтар аз «ҳифзи бузургтарин неъмат – истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва суботу амнияти миллӣ» чизи дигаре надорем. Ин се неъмат маҳз бо ташаббус ва ҷоннисориҳои дар таърих нотакрору беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаву то имрӯз ташаккул ёфтаву ҳифз шудаанд. Дар пеши чашмонамон даҳҳо кишварҳо табартақсим шуда истодаанд, туфони бераҳми набарди абарқудратҳо кишварҳои заифу нотавонро фуру бурда истодаанд. Чуноне, ки маълум аст, тайи даҳсолаи охир равандҳои рушди ҷараёнҳои пурихтилофи иҷтимоиву сиёсӣ дар сайёра, алалхусус дар Шарқи Наздику Миёна ва Афғонистон мураккабу пуртаззод ва печидатар ба назар мерасанд. Аз ин рӯ барои мо шарт ва зарур аст, ки дар шароити бунёди давлати соҳибистиқлол, маҳз ба хотири «маҳв нашудан» дар ин гирдоби пурхатару даҳшатбор механизмҳоеро ҷустуҷу ва роҳандозӣ намоем, ки масъалаи «ғояи истиқлоли миллӣ, идеологияи миллӣ ва ё худшиносии миллӣ»-ро рушду такон бахшанд. Миллати дар массири таърих ҷафокашидаи тоҷик бо хомуш ва бартараф намудани харобаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама бо доштани ғурури миллӣ, ҳувият ва нангу номуси ватандорӣ, ҷонфидоиҳо, бо ҷасорату матонати Пешвои маҳбуби миллат ба рӯзҳои неку босаодат расид.
Заминаи асосии мактаби сулҳофарӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошта шуда, дар ин маврид чунин ибрози андеша намудаанд: «Дар ҷараёни кори Иҷлосия мо ба ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эълон намудем, ки Тоҷикистон ҷонибдори ба роҳ мондани муносибатҳои судманди тарафайн дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, тарафдори таъмини ҳаёти осудаҳолона ва шоистаи ҳар сокини Тоҷикистон мебошад. Санадҳое, ки дар он қабул шудаанд, ҳам барои халқи тоҷик ва ҳам барои таъмини амнияти минтақа аҳаммияти таърихӣ доштанд».
Таҳаввулоти бузурги сарнавиштсозе, ки дар гузаштаи наздик дар қаламрави Тоҷикистони биҳиштосо, аниқтараш дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар таърихи 31 марти соли ҷорӣ ба вуқуъ пайваст, ин «Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ» маҳсуб меёбад. Эъломияи фавқузикр бо шукуҳу шаҳомат ва эътибору бузургӣ «ҳамчун саннади дурахшон» ба сафҳаи таърих ворид гардида, дар ин замина ҳамчун дастоварди фарҳангию маънавӣ ва миллии кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад.
Қобили тазаккур мебошад, ки «Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ», аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун навиди сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому самимият ба миллатҳои ҳамдигар ва иродаи қавию нексириштии роҳбарони кишварҳои вориди шартнома эътироф гардидааст.
Таърих гувоҳ аст, ки чунин баҳсҳои марзиву миллӣ ва хусусиятҳои иқтисодиву диннидошта дар соири кишварҳои дунё хеле зиёданд. Тули чандин садсолаҳо мешавад, ки онҳо ҳаллу фасли худро наёфта, ҳамчун доғи сиёҳ дар миёни марзҳо ва сафҳаҳои таърих боқӣ монда сабабгори пайдо шудани киннаву адоват ва сардии муносибатҳои тарафайн аз ҷумла муносибатҳои ҳамсоягӣ ва ҳамҷаворӣ мегарданд. Ногуфта намонад, ки барои ҳалли чунин қазия ва низоъҳои марзӣ танҳо шахсиятҳои нотакрор, симоҳои тобнок ва чеҳраҳои намоёни таърихӣ нақше гузошта метавонанд.
Ба боварии комил метавон гуфт, ки чунин шахсияти нотакрор, ки бори гарони чунин рисолати бузургро бар душ гирифта, ҳайати коррии кишварҳои ҳамсояро сари миззи музокирот хонда, бо иродаи қавию заковати дурандешона дар кутоҳтарин муддат онро хотима бахшид, Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро камолоти шахсият ва рисолати сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парварда ва маҳсули ин даврон буда, ба ойини давлатдорӣ, меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва покнажодии ниёконамон садоқати беинтиҳо дошта, меҳвари сиёсати хирадмандона ва ҷовидонаи хешро андар тору пуди ғояи ваҳдат ва субот сириштааст. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун чеҳраи намоёни таърихӣ ва фарҳангии замони муосир ба ҳифз ва бузургдошти оинҳои давлатдории миллӣ, суннатҳои мардумӣ, ватанхоҳиву инсондӯстӣ каммари ҳиммат бастааст, балки ӯ барои ормонҳои умумибашарӣ, суботи сартосарии олам, тавлиди сулҳ барои наслҳои оянда ва ваҳдату баҳамоии мардумони минтақа кушиш ба харҷ додааст.
Омӯзиши саннадҳои музокироти таърихии «Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ», собит намудааст, ки саркору раҳбари миззи музокирот ва шартнома ҷониби Тоҷикистон, махсусан бо ҳидоятҳо ва машваратҳои инсонпарварона ва башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом пазируфтааст. Маҳз таҷрибаи бузурги роҳбарӣ, сулҳхоҳӣ ва сатҳи баланди дараҷаи худшиносии милливу умумибашарӣ имкон дод, ки Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба чунин дастоварди бузурги таърихӣ дар минтақа ва ҷаҳон шарафёб гардад. Анҷом додани чунин рисолат кори саҳл ва одӣ набуда, аз фаъолият ва пайкори шахсони бузурги таърихӣ шаҳодат медиҳад. Таърих ва сарнавишти инсонҳо собит намудааст, ки вақте як бародар бо бародари дигари ҳамхун, ки парвардаи домони поки як модари нексиришт ва як падари бузургвор ба воя мерасанд, агар гирифтори ҷангу нофаҳмӣ мешаванд, ба ҳам овардан ва оштӣ даровардани онҳо хеле кори сангин ва ҳатто дар аксар мавридҳо имконнопазир мегардад. Як ҷомеаи бузург ду бародаи ҳамхунро ба сулҳу оштӣ даъват карда наметавонанд. Дар ин ҷо сухан дар бораи ба ҳам овардану ба ҳам дӯсту қарин намудан ва дар оғуши ҳамдигар шодӣ намудани ду миллат, ду миллате, ки забони гуногун, нажоди гуногун ва баромади мухталиф доранд, кори саҳл нест. Кори осон нест, ки онҳо дар муддати кутоҳ гузаштаро фаромуш намуда, мисли кабутарҳои сулҳ ба оғуши якдигар раҳсипор шаванд. Чунин рисолати инсонпарварона ва дорои фазилатҳои неки инсониро танҳо Пешвои муаззами миллати тоҷик, Пешвои тоҷикони сайёра, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода метавонад. Чуноне, ки раванди музокирот ва меҳнату заҳамоти гуруҳҳои корӣ собит намуд, ташаббускори асосии чунин шартномаи дӯстии абадӣ ҷониби Тоҷикистон мебошад. Кору пайкоре, ки ҷониби кишвари ҳамсоя нишон доданд, аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо низ ташнаи сулҳ ва музокирот буданд.
Эъломияи таърихии Хуҷанд ҳангоми таҷлили бузургтарин ҷашни миллии ниёгони тоҷикон – «Наврӯзи байналмилалӣ» дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардида, мулоқоти роҳбарпони се кишвари ҳамсоя муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарм Содир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид. Наврӯзи аҷам бори дигар ба ҷаҳониён рисолати созандагӣ, пайвандгарӣ, дӯстии абадӣ, баҳамоӣ, шукуфоӣ ва инсондӯстиро собит намуда, тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофар ва инсондӯст дар арсаи байналмилалӣ муарифӣ намуд. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин ҳамоиши тақдирсоз андешаҳои хешро баён намуданд: «Натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони се кишвари ҳамсоя ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, муносибатҳои накӯҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил, инчунин, ҳамкории созандаву муассир миёни кишварҳоямон ва мардумони бародар мусоидат менамоянд».
Бо итминони комил метавон гуфт, ки «Эъломияи Хуҷанд» иқдоми навбатии башардӯстонаи Пешвои муаззами миллати тамаддунофари тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маҳсуб ёфта, дар таърихи муосири кишвари азизамон ва ҳамзамон дар таърихи минтақа ва ҷаҳон падидаи нодир ва фараҳбахш буда, бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.
«Эъломияи Хуҷанд» натанҳо барои рушди минбаъдаи равобити кишварҳои ҳамсоя мусоидат мекунад, балки ин таҷрибаи нодири таърихӣ ба нафъи наслҳои имрӯзаву оянда хидмат мекунад. Эъломия кинаву адоватро аз дилҳо ронда, миллатҳоро ба сӯи шукуфоӣ, ҳусни тафоҳум ва дӯстии абадӣ раҳнамун месозад. Дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон, ки моҳи марти соли 2025 ба вуқуъ пайвастанд, якчанд ҳодисаҳои фараҳбахши таърихӣ ба амал омаданд. Махсусан зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 13 – марти соли 2025 санадҳои муҳимми ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расиданд, ки оид ба сарҳади давлатии ду мамлакат ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба заминаи воқеӣ гардиданд. Ба таври расмӣ боз гардидани сарҳади байни ду давлат бузургтарин дастоварди Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ва қадами устуворе барои муносибатҳои ду миллат ба шумор меравад. Қобили қайди махсус мебошад, ки гурӯҳҳои корие, ки барои аз нав дида баромадан ва муайян намудани хати сарҳади ду кишвар ҷалб гардида буданд, бо масъулияти ҷиддӣ ва заҳамоти шабонарӯзӣ рисолати худро ба анҷом расониданд, ки ин дастоварди бузурги таърихии ду халқи бо ҳам дӯст – тоҷикон ва қирғизҳо мебошанд.
Ҷониби Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори калидии амнияти минтақавӣ ба масъалаҳои муҳимми ҳамзистии халқу миллатҳо ва таҳкими дӯстиву ҳамҷавории нек таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, нақши мондагори худро дар таърихи минтақа гузоштааст. Бинобар андешаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити муосир ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилан судманд, барои бартараф намудани ихтилофҳо, таҳкими истиқлолият ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳар мамлакати минтақа созгор аст.
«Эъломияи Хуҷанд», бо такя бар анъанаҳо ва фарҳанги муштарак барои таъмини амнияти сартосарӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст. Воқеан ҳам бо роҳнамоии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, умумиятҳои таърихии кишварҳои Осиёи Марказӣ, рукнҳои фарҳангӣ, анъанаҳои миллии се кишвари бо ҳам дӯст ва ҳамсоя дар маркази сиёсати ҳамгироии ин кишварҳо гузошта шуда, сарфи назар аз дараҷаҳои гуногуни инкишоф ва некуаҳволии мардум, гуногунии самтҳои афзалиятноки рушд, мавҷудияти тафовутҳои мафкуравию идеологӣ, дар ниҳояти кор ба як стратегияи дурбинона ва бархурди консептуалии таъмини рушди устувор ва пешгирӣ аз низоъҳои номатлуб мубадал гаштааст.
Дар интиҳо метавон чунин хулоса намуд, ки «Эъломияи Хуҷанд» дар ташаккули мактаби сулҳофарии Пешвои миллат нақши арзишманд гузошта, ба як рӯйдоди таърихии замони муосир табдил ёфта, онро метавон аз дастовардҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва миллати мутамаддини тоҷик дар раванди таҳкими низоми сиёсии кишвар, давлатдории миллӣ ва дипломатияи муосир номид. Се кишвари бо ҳам дӯсту қарин тавонистанд, тавассути ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамсоягии нек, дӯстии бародаронаи халқҳо механизмҳои нави муносибатҳоро ба вуҷуд биёранд. Ин консепсия метавонад шоистаи дастгирии дигар кишварҳои минтақа, кишварҳои пасошуравӣ ва ҳатто арсаи ҷаҳонӣ бошад. «Эъломияи Хуҷанд» идомаи мантиқии консепсияи ваҳдати миллии тоҷикон ва ризоияти сартосарист, ки ҷузъи таркибии сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллатро фаро гирифта, дар партави фармудаву нишондодҳо ва роҳнамоии шахсии ин марди хирад анҷом пазируфтааст.
Неъмонов Беҳрӯзҷон Зариёевич –номзади илмҳои таърих, дотсентикафедраи таърихнигорӣ ваархившиносии факултети таърихи ДМТ