ТАЪРИХНИГОРӢ ВА МАНБАЪШИНОСИИ МУОСИР

5

Бо ташаббуси факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Таърихнигорӣ ва манбаъшиносии муосири тоҷик: мушкилот ва дурнамо” доир гардид. Конференсия бо иштироки устодон, олимон ва муаррихони маъруфи кишвар баргузор шуд, ки ба муҳокимаи масъалаҳои муҳим ва актуалӣ дар соҳаи таърихнигорӣ ва манбаъшиносии муосири тоҷик бахшида шуд.

Ҳадафи конференсия омӯзиш ва таҳлили рушди таърихнигорӣ ва манбаъшиносии муосири тоҷик, мушкилоти мавҷуда дар ин соҳа, инчунин, нақши он дар таъмини воқеъият ва дурустии маълумоти таърихӣ дар замони муосир буд. Дар рафти конференсия, масъалаҳои марбут ба фаъолияти муҳаққиқони таърих ва манбаъшиносон, таъсири манбаъҳои гуногун баррасӣ гардид.