ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА МУЗОКИРОТИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

137

(Бахшида ба 28 солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ)

Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати Сулҳ ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар авохири ҳар садсола воқеоти муҳимми сиёсиву таърихии ҷаҳонӣ бавуқуъ пайваста, раванди зиндагӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва идеологии мардумони сайёраро тобиши нав медиҳад. Асри ХХ бо барҳам хурдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ва ба вуҷуд омадани як қатор давлатҳои соҳибистиқлол дар қораи Осиё ба охир расид.

Бо ҳамин дар охири қарни ХХ Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР) яке аз пурқудраттарин давлати дунё аз дохил таназул кард ва қувваҳои беруна инқирози онро то андозае авҷ доданд. Дар чунин марҳилаи нозук кишвари навтаъсису ҷавони мо тадриҷан ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Аз понздаҳ ҷумҳурии собиқи СССР фақат тоҷикон ба гирдоби ҷанги хунини бародаркуш кашида шуданд.

Хушбахтона дар Иҷлосияи таърихии ХVI-ум фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад. Вазъият чунон муташаниҷ буд, ки аҳли Ҳукумати кишвар пойтахтро тарк карда буданд. Тамоми фишангҳои ҳукуматӣ фалаҷ шуда буданд. Муассисаҳои қудратии мамлакат вобаста ба ақидаи маҳаллиашон амал мекарданд. Зиёда аз як миллион тоҷикон дар ҳудуди Афғонистон ва дигар мамлакатҳои дуру наздик овора ва гуреза шуда буданд. Баъди дар Иҷлосияи таърихии ХVI-уми шаҳри бостонии Хуҷанд ба сари қудрат омадани Пешвои миллат, ошкорро қавл доданд, ки то охирин нафари гурезаҳоро ба Ватан барнагардонам, худро ором намегузорам.

8 декабри соли 1993 аз Теҳрон нахустин пешниҳоди расмӣ ва ҷиддии мухолифини тоҷик дар мавриди музокирот мушаххас шуд. Пешниҳод аз нуҳ банд иборат буд, ки дар онҳо мухолифин манфиатҳои худро бештар ҷой дода буданд. Дар ҳамин марҳила ҳукумати кишвар низ бо ҷидду ҷаҳди Президент Эмомалӣ Раҳмон барои ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ фаъолияти ҳаматарафаро шурӯъ намуданд. Барои баргардонидани онҳо чораҳои мухталиф амалӣ карда мешуданд. Қувваҳои ҳукуматӣ тамоми ҳудуди кишварро зери назорат дароварда буданд.

Бояд тазаккур сохт, ки ба воқеаҳои даҳшатовари Тоҷикистон Созмони Миллали Муттаҳид хело дер охири соли 1993 таваҷҷуҳ зоҳир кард, ки ин камбудии ҷиддии ин созмони бонуфузи байналхалқӣ буд. Барои дарки мавқеи СММ ба ҳуҷҷатҳои расмӣ муроҷиат мекунем. Раиси Шӯрои амнияти СММ 30 октябри соли 1993 дар Шӯро изҳороти зеринро ироа кард: «Шӯрои амният бо нигаронии ҷиддӣ вазъияти Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.

Дар натиҷа ҳалокати одамон ва зарари моддии зиёде расида, истодааст. Вазъияти Тоҷикистон амнияти тамоми минтақаро зери хавф мондааст. Шӯрои амнияти СММ тарафҳои даргирро даъват кард, ки амалиётҳои ҳарбиро қатъ карда, ихтилофотро бо роҳи осоишта ҳал кунанд». Муншии умумии СММ Исмат Қатониро намояндаи худ дар Тоҷикистон таъйин кард, ки ин то андозае фаъолияти мусбии вай буд.

СММ кишварҳои алоқаманд ба мухолифати Тоҷикистон-Русия ва Эронро маҷбур кард, ки тарафҳоро ба оғози музокира омода намоянд. Барои музокира бояд шаҳре, ки дар он ҷамъомад барпо мешуд, аниқ намудан лозим буд, инчунин амнияти иштирокчиёни музокиротро бояд таъмин мекарданд. Қариб се моҳ барои ҳалли ин масъала намояндагони МУ СММ машғул буданд. Баъди суҳбатҳо ва мулоқотҳои тӯлонӣ бо намояндагони тарафҳои даргир ба хулоса омаданд, ки гуфтушуниди сулҳи тоҷикон зери назари СММ 5 апрели соли 1994 дар пойтахти Русия шаҳри Москва оғоз карда шавад. Ваколати Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин то даҳ нафар аъзо дошта метавонист. Ҳукумати Русия ба иштирокчиёни гуфтушунид ҷой, нақлиёт ва дигар шароитҳои маиширо бояд таъмин мекард. Ҳамаи иштирокчиёни гуфтушунид ҳуқуқи дахлнопазирӣ доштанд. Гуфтушунид бояд дар асоси меъёрҳои байналхалқии маъмул мегузашт. Аз ҷумла Конвенсияи генералии СММ аз соли 1946 ва Конвенсияи Вена 1961 доир мегардид.

Натиҷаи музокирот на танҳо аз мавқеи тарафҳо, балки аз фаъолияти шахсии музокиротчиён низ хело сахт вобаста буд. Дар бораи шахсияти ҳайатҳо нахустин бор 30 марти соли 1994 «Независимая газета»-и Русия маълумот дода буд. Ба навиштаи газета ҳайати вакилони ҳукумати Тоҷикистонро вазири меҳнат Шукурҷон Зуҳуров, профессори Донишгоҳи давлатӣ И. Усмонов, ҷойнишини вазири амнияти Тоҷикистон Баҳодур Абдуллоев ва дигарон ташкил медоданд.

Ҳамин тавр соати 17 бегоҳӣ 5 апрели соли 1994 дар ҳузури нозирон ва рӯзноманигорон дар яке аз маҷлисгоҳҳои вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтушуниди сулҳи тоҷикон оғоз ёфт.

Дар ибтидо Рамиро Пирис Балон – намояндаи МУ СММ, – А. Козиров вазири корҳои хориҷии Русия, Ш. Зуҳуров роҳбари ҳайати ҳукуматӣ, – О. Латифӣ муовини иҷрокунандаи вазифаи роҳбари ҳайати мухолифин сухан гуфтанд. Дар кушодашавии расмии гуфтушуниди тоҷикон Ливид Бото – намояндаи СММ дар Тоҷикистон, намояндагони Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон, Эрон, Русия, Чин, Англия иштирок доштанд. Дар маҷлиси нахустини музокирот роҳбари ҳайати мухолифин Ҳ. Тураҷонзода иштирок надошт.

Сабаби иштирок надоштанашро Ҳ. Тураҷонзода ба мухбири «Озодӣ» С. Аюбзод чунин шарҳ дода буд: «Гӯё аз ҷониби режими Душанбе ба ин гуфтушунид беэҳтиромӣ зоҳир карда шуда, ба он шахсони бесалоҳиятро равона карда бошанд». Бо пешниҳоди С.А. Нурӣ Ҳ. Тураҷонзода ва М. Ҳимматзода дар ин гуфтушунид иштирок накарданд. Аз ин рӯ ҳарчанд онҳо дар Маскав буданд, вале дар гуфтушунид иштирок намекарданд.

Дар ду ҳафтаи гуфтушунид, ки паси дарҳои пушида мегузашт, тарафҳо тавонистанд рӯзномаи фаъолияташонро барои вохӯриҳои оянда аниқ кунанд. Дар маҷмӯъ бояд 27 масъаларо дида мебаромаданд, ки он ба се фасл тақсим карда шуда буд. Дар фасли аввал масъалаҳои сиёсӣ, қатъ кардани амалиётҳои ҳарбӣ дар сарҳад ва дохили мамлакат, муносибат бо қувваҳои низомии ҳукумат ва мухолифин, ки бо якдигар эътимод пайдо кунанд. Фасли дуюм ин баргардонидани гурезаҳо ба хонаю ҷойи муқимиашон. Фасли сеюм масъалаҳои низмоми сиёсии ояндаи мамлакат ва дар амал татбиқ намудани қонуни нави интихоботӣ ва гузаронидани интихоботро дар бар мегирифт. Бояд махсус қайд кард, ки вакилони ҳар ду тараф ҳам дар фаъолияти худ ба роҳбаронашон бевосита такя мекарданд. Зеро масъалаҳои муҳим ва тақдирсозе барои давлату миллат баррасӣ мешуд. Аслан ҳуҷҷате, ки дар ин бобат қабул шуд, «Изҳороти якҷояи намояндаи махсуси МУ СММ доир ба Тоҷикистон сафир Ромиро Пирис Баллон ва аъзоёни гуфтушуниди тоҷикон доир ба мусолиҳаи миллӣ ном дошт», ки рӯзи 19 апрели соли 1994 рӯзи ҷамъбасти давраи аввал қабул шуд. Ҳамин тавр давраи аввали гуфтушунид ба итмом расид. Ҳама чиз дар он нав буд. Давраи навбатӣ бояд дар Теҳрон баргузор мегардид.

Ҳайати ҳукуматӣ бо ташаббуси бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вохӯрии Теҳрон тайёрии ҷиддӣ дида, ду рӯз пеш аз гуфтушунид16 июни соли 1994 ба он ҷо ҳозир шуд. Ҳайати ҳукуматӣ асосан аз иштирокчиёни даври аввал иборат буд. Ифтитоҳи даври дуюми музокирот соати 10 пагоҳии 18 июни соли 1994 дар яке аз маҷлисгоҳҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шуд. Дар он намояндагони Русия, Покистон, Қазоқистон, Эрон, ОБСЕ иштирок доштанд.

Баъд аз баҳсҳои тӯлонӣ ҳар ду тараф ба хулоса омаданд, ки ҳуҷҷатҳои музокиронтро иборат аз 7 банд қабул намоянд. Дар он ташкили Комиссияи тафтишотӣ зери роҳбарии СММ, фиристодани нозирони СММ ба ҳудуди Тоҷикистон, дар сарҳади кишвар бо марзи Афғонистон, ташкили минтақаи амниятӣ, пароканда кардани пойгоҳҳо ва барҳам додани қувваҳои низомии мухолифин, таъсиси Комиссияи контролӣ ва ғайраро дар назар дошт.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар марҳилаи дуюми гуфтушунид Ҳ. Тураҷонзода дар Теҳрон истиқомат дошт, вале бо ҳамон сабаби пештар баёнкардааш дар гуфтушунид иштирок намекард. Ҳамин тавр давраи дуюми музокирот бештар рӯи мавзӯи низомӣ, сулҳу ҷанг ва масъалаҳои ба он вобаста мерафт, ки ҳамвора Эмомалӣ Раҳмон аз сулҳу амонӣ ва халъи силоҳ ҳарф мезад.

Аз 12 то 17 сентябри соли 1994 дар Теҳрон таҳти сарпарастии СММ гуфтушуниди минбаъдаи тарафҳо баргузор гардид. Ҳайати ҳукуматиро А. Достиев муовини аввали раиси Шӯрои Олии кишвар ва ҳайати мухолифинро А. Тураҷонзода роҳбарӣ мекард. Ин сатҳи ниҳоят баланд, махсусан аз тарафи ҳукумат буд.

Тарафҳо мувофиқа ҳосил намуданд, ки дар зарфи як моҳи баъдӣ имзои Созишнома аз рӯи рӯйхати тартибдода намояндагони мухолифинро аз маҳбасҳои Тоҷикистон ҳукумат ва асирони ҳукуматиро бояд мухолифин озод мекарданд. Бори дигар тарафҳо арз карданд, ки тарафдорӣ ба воситаи сиёсӣ ҳал кардани моҷаро мебошанд. Ба ин ният розӣ шуданд, ки даври ояндаи музокиротро дар пойтахти Покистон шаҳри Исломобод гузаронанд. Як чизро махсус бояд қайд кард, ки аҳамияти марҳилаи дуюми мулоқоти Теҳрон дар он буд, ки нахустин ҳуҷҷати сулҳи тоҷикон – «Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ» ба имзо расид. Ба ин созишнома аз ҷониби ҳукумат А. Достиев, аз ҷониби мухолифин Ҳ. Тураҷонзода ва намояндаи СММ Пирис Баллон имзо карда буданд. Ҳуҷҷати мазкур қадами аввал дар роҳи расидан ба сулҳи тоҷикон буд. Вай фоли неке барои ояндаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Ҳамин тавр бо мушкилӣ, вале қадам бо қадам иштирокчиёни мулоқот бо мақсади ниҳоии худ наздик мешуданд. Ҳарчанд пайи ҳам монеаҳои пеш меомаданд. Дар мамлакат авзои сиёсӣ муташаниҷ мегардид. Дар амал тамоми минтақаҳои Қаротегин аз пойтахти Тоҷикистон канда шуд. Мулоқот қариб ним сол баргузор нагардид. Дар чунин вазъияти душвор аз 19 апрел то 26 апрел дар шаҳри Маскав гуфтушуниди ҳайати вакилон баргузор гардид. Ба ҳайати ҳукуматӣ М. Убайдуллоев сарварӣ мекард. Мулоқот ба мушкилию мураккабиаш нигоҳ накарда, барои вохӯрии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин С.А. Нурӣ замина муҳайё кард.

Вохӯрии сатҳи олии мазкур дар шаҳри Кобули Афғонистон бояд баргузор мегардид. Дар Афғонистон барпо шудани он тақозои тақдир ва рамзӣ буд. Афғонистон як кишвари ҷангзада буд. Ғайр аз ин дар Афғонистон теъдоди асосии гурезаҳои тоҷик паноҳ бурда буданд. Инчунин Президенти вақти Афғонистон профессор Бурҳониддин Раббонӣ хайрхоҳ ва ҳавасманди сулҳу осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол буд.

Вохӯрии тақдирсози миёни Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифони тоҷик С.А. Нурӣ дар Кобул аз 17 то 19 майи соли 1995 баргузор гардид. Мулоқоти аввал бо миёнаравии бевоситаи Президенти Афғонистон Б. Раббонӣ гузашт. Натиҷаи вохурӣ дар «Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов ва Раиси ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон С.А. Нурӣ» ифода ёфт. Дар изҳорот таъкид карда шуда буд, ки ҷонибҳои тоҷикон ба хотири рафъи низоъ аз тариқи сиёсӣ, тавассути музокирот бунёди шароити сулҳи пойдор дар сарзамини мо тоҷикон тамоми ҷидду ҷаҳди хешро дареғ нахоҳанд дошт. Мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари мухолифин – С.А. Нурӣ барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ як гардиши куллӣ шуд. Вай мардумро ба сулҳ умедвор кард. Мулоқот барои вохуриҳои судманди оянда як заминаи устувор омода кард.

Сипас вохурии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари мухолифини тоҷик дар пойтахти Ҷумҳурии исломии Эрон шаҳри Теҳрон баргузор гардид. Дар ташкили ин вохурии судманд саҳми Ҷумҳурии исломии Эрон хело калон буд. Вохурии мазкур низ бо қабули изҳороти Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифини тоҷик С.А. Нурӣ 19 июли соли 1995 ба анҷом расид. Дар изҳорот қотеона таъкид карда шуда буд, ки «Музокирот танҳо роҳи ҳалли масоили мавҷуда мебошад». Изҳороти мазкур як заминаи боэътимоди сулҳи оянда гардид.

Як нуқтаро бояд қайд кард, ки тамоми мардуми Тоҷикистон рафти, гуфтушунидро хело бо диққат ва эҳсоси баланд мушоҳида мекард.

Ҳазорҳо номаҳо ва пешниҳодҳо аз табақаҳои мухталифи Тоҷикистон ба суроғаи иштирокчиёни мулоқот меомад. Мардум талаб мекарданд, ки музокирачиён зудтар ба сулҳ расанд. Зеро рафти дуру дарози машварат мардумро ба таҳлука оварда буд. Ба ин мактуби шоираи маъруфамон Гулрухсор аз шаҳри Маскав 25 январи соли 1996 мисоли барҷаста мебошад. Нома-мактуб ба намояндагони мухолифин ва Ҳукумати Тоҷикистон дар бисёр газетаҳои ҳамон марҳила нашр шуда, аз радио ва телевизионҳои бисёр мамлакатҳо қироат гардида буд. Мактуб бо чунин хитоб ба итмом мерасид: «Умедворам наврӯзи имсоларо тоҷик ҳамчун наврӯзи ба Ватан баргаштани турнаҳои мусофир ҳамчун наврӯзи оштии миллӣ ёд хоҳанд кард».

Дар чунин вазъият 16 сентябри соли 1996 байни намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон А.Азимов ва намояндаи кормандони саҳроии мухолифин М. Низомов дар шаҳраки Ғарм ба протокол имзо карданд, ки он як қадами устувор ба сулҳи умумии тоҷикон буд. Протокол бо иштироки генерал Ҳасан Аббозӣ сардори нозирони ҳарбии СММ баррасӣ карда шуда буд.

Дигаргунии куллӣ ва ҳалкунандаи раванди музокироти сулҳи тоҷикон ин мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвари мухолифони тоҷик С.А. Нурӣ 10-11 декабри соли 1996 дар Хусдеҳи Афғонистон баргузоршуда ҳисобида мешавад. Дар шароити ҷанги шадиди онвақтаи кишвари Афғонистон аз тарафи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як ҷасорати бузург, бидуни муболиға қаҳрамонӣ буд. Дар мулоқот Президенти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ, фармондеҳи машҳури тоҷик Аҳмадшоҳи Масъуд, намояндаи СММ Г.Х. Меррем иштирок доштанд.

Вохурӣ бо имзои протокол дар бораи ба эътидол овардани вазъияти ҳарбӣ-сиёсии Тоҷикистон ба итмом расид. Протоколи мазкур аз рӯзи имзо шуданаш қувваи қонунӣ пайдо кард. Вай мантиқан барои вохурии минбаъдаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари мухолифини тоҷик 23 декабри соли 1996 дар Маскав заминаи мусоид фароҳам овард.

Протокол вобаста ба фаро расидани марҳилаи сифатан нав, яъне таъсиси Комиссияи оштии миллӣ замина гузошт. Комиссия дар давраи гузариш фаъолият мекард. Вазифаи асосии Комиссияи оштии миллӣ ба даст овардани мусолиҳаи миллӣ буд. Комиссия онро ба воситаи амалӣ кардани созишномаҳои тарафайн таъмин мекард. Инчунин дар протокол мақсад ва вазифаҳои комиссияи оштии миллӣ аниқ карда мешуд. Дар протокол дар баробари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари мухолифини тоҷик С.А. Нурӣ намояндаи махсуси Муншии Умумии СММ Г. Меррем имзо гузоштанд.

Минбаъд дар Теҳрон 28 майи соли 1997 Протоколи кафилони сулҳи тоҷикон ба имзо мерасад. Бо хоҳиши ҷонибҳо ҳукумати Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Покистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбакистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, розӣ шуданд, ки ба сифати ҳомии сиёсӣ ва маънавии Созишномаи сулҳи тоҷикон баромад кунанд.

Ҳамин тавр тамоми ҳуҷҷатҳое, ки Протоколи 17 августи соли 1995 ҳамчун қисми таркибии Созишномаи умумии сулҳ пешбинӣ шуда буд, ба имзо расида, тайёр карда шуда буданд. Акнун марҳилаи тантанавии имзои вай боқӣ монд. Ҷои он шаҳри Маскав ва санааш 27 июни соли 1997 муайян карда шуд.

Дар рафти имзои Созишномаи умумии сулҳи тоҷикон дар қасри Кремли Москва, Президенти Федератсияи Русия Б.Н. Елсин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари мухолифони тоҷик С.А. Нурӣ раисони собиқи ҳайати ҳукуматӣ А. Достиев, М. Убайдуллоев, қумандонҳои урдуи ҳукуматӣ Ё. Салимов, С. Қосимов, сафири Тоҷикистон дар Русия Р. Мирзоев ва дигарон иштирок доштанд.

Бо имзо гардидани созишнома як марҳлаи хело душвору муташанниҷи таърихи давлатдории навини тоҷикон пушти сар шуд. Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлол ба марҳилаи нави созандагии худ ворид шуд. Дар ин музокирот хиради азалии тоҷикон, ифтихори миллӣ ва худшиносии баланд аз ҳама гуна манфиатҳои қавмӣ, ҳизбӣ ва маҳаллӣ афзалтар дониста шуд. Дар расидан ба сулҳи пойдори тоҷикон ҷидду ҷаҳд ва талошҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ибрати ҳамагон буд. Мо ба рафти гуфтушунид бо диққат назар кунем ҳар вақте, ки музокирот бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мешуд, ҳатман Президент Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар он иштирок мекард, гуфтушунидро бо роҳи мусбӣ ҳал мекард.

Дар воқеъ Эмомалӣ Раҳмон ваъдаи худро бо ҷоннисориҳо ва талошҳои пайгирона амалӣ намуд. Бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷанги таҳмилии бемаънии дохилии бародаркуш, ки зиёнаш аз 7 миллиард долари амрикоӣ бештар буда, 150 000 шаҳрвандони кишвар ҷони худро аз даст доданду 25000 зан бесаробон ва 55000 кӯдак ятим монданд хотима ёфт (Абдуфаттоҳ Шарифзода, Абдулло Ғафуров. Наҷотбахши миллат. – Душанбе, 2012. С.41). Ин аст, ки модели таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмиллалии омӯзиши масъалаҳои ҷангҳои дохилию минтақавӣ эътироф гаштаю ҳамчун мактаби омӯзиш пазируфта шудааст.

Бо хизматҳои шабонарӯзӣ ва пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ба он оварда расонид, ки 27-уми июни соли 1997 ҳамчун Рӯзи Ваҳдаи миллӣ дар тору пуд, ҳастӣ ва вуҷуди миллати тоҷик ташаккул ёфта, пухта шуда, дар шакли як санади таърихӣ ва тақдирсоз бо хатҳои заррин сабт гардид. Сокинони шарафманди Тоҷикистон хизматҳои фаровону ҷоннисориҳои шабонарӯзии сарвари олии сиёсии кишвар – Эмомалӣ Раҳмонро дар марҳилаҳову давраҳои мухталифи ваҳдати миллӣ шоҳид гашта, Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ», балки «Пешвои миллат»-эътироф намуданд.

Созишномаи умумии сулҳи тоҷикон, ки мо 28 солагии қабулашро бо шукуҳу шаҳомати бузург таҷлил менамоем, як воқеаи ибратбахш, як сабақи таърихии мардуми мо мебошад. Таҷрибаи расидан ба сулҳи мо як таҷрибаи нодир дар таърихи ҷаҳони муосир унвон пазируфта, модели ваҳдати миллии мо аз ҷониби кишварҳои дигари ҷангзада омӯхта мешавад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди аҳаммият ва арзиши таърихии “Ваҳдати миллӣ” иброз доштаанд, чи қадаре, ки солҳои тулонӣ аз ин воқеа нагузарад ҳам, қиммати илмӣ, амалӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ ва идеологии он боло меравад. Созишномаи умумии сулҳи 27 июни соли 1997 дар таърихи муосирри Ватанамон воқеаи бузургтарине баъд аз Истиқлолияти давлатиамон мебошад.

Амиршоҳ Ёрмуҳаммадов, Тоҷиддин Ғуломов, устодони кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон