ВАҲДАТ – ПОЯИ ХУШБАХТӢ ВА МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ

70

Бар асари пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ муддате фазои сиёсии кишварҳои воҳид ноором гашта, ҳаводиси ҳузнангезро ба миён овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби назму сиёсати нодуруст афтода ба мавҷи низоъ ва бесарусомонӣ рӯ ба рӯ омад. Оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва бетаҷрибагии давлатдории мустақил ба суст гаштани низоми ҷомеа ва парокандагӣ боис гашт. Ҳазорон нафар сокинони кишвар ба мамолики дуру наздик муҳоҷир гаштанд.

Фазои сулҳу субот аз байн рафт. Хисороти дар ин муддат ба миён омада ба раванди такомули ҷомеа монеъ гашт. Хатари аз байн рафтани миллат ва қисмқисм шудани он низ эҳсос мегардид. Хушбахтона, ба василаи нури маърифати азалӣ охирин умед дар дили азияткашидаи халқи тоҷик зинда монда, худро чунин тасало дод:

Аз ноумедиҳо басо умед аст,

Поёнии шаби сияҳ сафед аст.

Дар тақдири ҳар халқу миллат ҳодисае ё воқеае нақши муҳим мебозад ва барои ташаккули минбаъда ва пешравию тараққиёти он саҳмгузор мегардад. Дар ҳаёти кишвари мо дар тули истиқлолият бисёр ҳодисаю воқеаҳое рӯй додаанд, ки ҳар яки онҳо дар пешравии ватанамон мавқеи худро доранд. Аз он ҷумла, Иҷлосияи 16 – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи басо мушкил ба амал омада буд, омили муҳимест, ки минбаъд роҳи расидан ба ормонҳои миллиро наздик намуд. Муҳимтарин нақши иҷлосия ин муттаҳид кардани халқи парешонгашта ва пойдории сулҳу ваҳдат маҳсуб мегардад, ки барои тараққиёти Тоҷикистон замина фароҳам овард.

Хушбахтона, мардуми тоҷик бо неруи хиради хеш ин нофаҳмиҳоро бартараф намуда, роҳи сулҳу оштиро пеш гирифт. Барои барқароршавии оромӣ, албатта, Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ, даъвати 12 – ум, ки дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, боис шуд. Аз ин рӯ, онро Иҷлосияи тақдирсоз низ ном мебаранд. Зеро маҳз бо баргузории иҷлосияи мазкур гурӯҳҳои мухолиф бо ҳам созиш намуданд ва ҳамагон дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, ғояҳои сулҳхоҳӣ, ватандӯстӣ ва ягонагиро дастгирӣ намуданд.

Бешубҳа, Офтоби миллат Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат шинохта буд. Дар Иҷлосия ба Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати Сардори давлат дода шуд. Новобаста аз надоштани таҷрибаи давлатдорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки ба дарки баланди миллӣ, номуси ватандорӣ дар такя ба халқи азизаш роҳи минбаъдаи давлатро муайян созад. Бо ҳамин мақсад фаъолияти худро аз оштии миллӣ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон оғоз намуда, дар андак вақт назми ҷомеаро барқарор сохт. Ин марди сиёсатмадору ҷасур, поквиҷдону далер аз рӯзи ба сари давлат омадан ҷомаи нангу номус ба бар карда, тамоми неруи ҷисмонӣ ва ақлонии хешро дар роҳи истиқрори сулҳ масраф намуд.

Хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар эҷоди роҳи сулҳу ваҳдат ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд. Ӯ аз чандин музокираҳои бебарор хаста нашуда, бо гузашти зиёд ва олиҳимматӣ ба имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон, яъне 27-уми июни соли 1997 шарафёб гардид.

Пайдост, ки ҳанӯз ҳам дидаи ҳасуди душманони тангназар ба сӯйи мост. Аз ин хотир, ба таъбири Сарвари давлат ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод, зеро он раҳномаи фардои дурахшони Тоҷикистон аст.

Президенти ҳар мамлакат шаҳсутуни ҳамон давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки камари ҳиммат баста, дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва сарватҳои Ватан саҳми беназир бигзорад. Барқарор гардидани сулҳи тоҷик, ташкили давлати мустақили миллӣ, бунёди иншоотҳои муҳими кишвар далели корнамоии беназири Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Тоҷикистонро мо бояд мисли Президент дар радифи ҷисму ҷон дӯст дорем.

Оре, сулҳ мафҳумест бузургу пуробуранг, ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат. Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстист. Ин аст, ки ҳастию пояндагии сулҳ на танҳо дар ҳастии давлату миллат, балки дар ҳастии ҳар як гулу гиёҳ ва тамоми ҷисмҳои зинда қувваи олам эҳсос мешавад. Ҳақиқатан сулҳ амниятест, ки чун дар мавриди хоб будани тифлакон модар дар истироҳат асту изтироб надорад, дар мавриди сулҳу осоиштагӣ низ давлат орому осоишта арзи ҳастӣ менамояд. Аз дарду ранҷ ва фитнаву дасисаҳо канора мегирад. Пас, сулҳу осоиштагӣ ва фароғати давлату миллат худ аз худ ба осонӣ ба даст намеояд. Барои ба даст овардани сулҳу дӯстӣ, ҳанӯз дар солҳои давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми мо дар муҳорибаҳои шадиду хунин ва дардафзо иштирок намуда, ҷони худро дар роҳи сулҳу дӯстӣ ва озодии Ватани хеш дареғ надоштаанд. Фарзандону ҳамсарони меҳрубони хешро ба ҳоли худ гузошта, баҳри озодии Ватан кӯшидаанд. Гуруснагиҳо дида, афсурдагиҳоро паси cap кардаанд. Имрӯз бо заҳмати беандозаи Президенти давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии миллати бонангу номуси тоҷик Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстӣ дорад. Ҳамарӯза чун миллати сулҳхоҳу давлати тинҷу ором ҳамкориву ҳамрайъӣ намуда, дар бурду бохт ва камию костиҳои онҳо саҳмгузор аст. Тамоми давлатҳо бо кишвари мо робитаҳои дӯстӣ доранд, ки ин натиҷаи сулҳу оромӣ аст.

Парокандагии миллӣ, ҷудогӣ ба маҳалу гурӯҳҳо ва паси сангари муқобил пайи қасди ҷони якдигар қарор гирифтани тоҷикон, ки акнун истиқлолият насибашон гашта буд, воқеан даҳшат ва хатари азиме буд. Тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик дар солҳои 1992-1994 чун «ашки сари мижгон» дар вазъи ҳассосе қарор дошт.

Ваҳшонияти ин рӯйдоди нобасомон, ки доғе ба қалби ҳар пиру ҷавон ҷо намуда ба ҳар хонадоне осори ғаму андӯҳ ниҳода буд, дар шеъри Мӯъмин Қаноат чунин тасвир шудааст:

Чунин разми беназмро кас надид,

Ва тасвири онро набояд кашид.

Зи тифлони гавҳора то пири кор,

Бишуд сайди ин ҷангу тири шикор

Чун тулӯи офтобе, ки баъди чанд рӯзи боронҳои пай дар пай синаи абрҳоро шикофта берун мешавад, моҳи ноябри соли 1994 роҳбарии давлати тоҷикон ба ӯҳдаи шахсе вогузор гардид, ки нахустин суханаш: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз мекунам » буд.

Дарвоқеъ, ин шахси ватандӯсту матинирода тавонист орзуву омоли деринтизори тоҷиконро ҷомаи амал пӯшонад. Ӯ ин миллати парокандаву парешон ва ноогоҳ аз мақсадҳои нопоки чанд мансабхоҳ дар қасди ҷони бародари худ камон ба даст гирифтаро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват намуда, сулҳро дар кишвари тоҷикон танинандоз намуд. Маҳз ба шарофати саъю талош ва фидокорию қаҳрамониҳои беназири давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон яъсу ноумедӣ аз ояндаи торики халқу Ватан барҳам хӯрд.

Албатта ҳиммати баланди бахшандагӣ ва заковату дурандешии фозилонаи сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари собиқ мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки оқибат ба дарки маънии идомаи ҷанг – идомаи тоҷиккушист ва идомаи тоҷиккушӣ фанои миллат аст, расида, дасти якдигарро баҳри сулҳ ва ризоияти миллӣ фишурданд ва 27 июни соли 1997 дар Маскав ба созишномаи сулҳ имзо гузоштанд, сазовори ситоиш ва накӯиш аст. Ин амали ҷавонмардона ва хирадмандона, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагии имрӯзаро ба бор овард, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гашта, ояндагон онро чун як амали ибратбахш бо ифтихору сарбаландӣ ба худ қабул хоҳанд кард.

Ин рӯзе буд, ки фаро расидани онро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои сол интизорӣ мекашиданд. Барояш Шириншоҳ Шотемуру Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафурову садҳо дигар фарзандони фарзонаи халқи тоҷик ҷонбозиҳо намуда дар орзуяш буданд. Ниҳоят рӯзи деринтизор низ фаро расид. Акнун Тоҷикистон ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон табдил ёфт ва гомҳои худро дар роҳи эъмори истиқлолият устуворона мегузошт.

Мардуми тоҷик забонро даҳр бишносад кунун,

3-он ки бошанд ҳар нафас ваҳдатгарои манзилам.

Толиби сулҳанд доим мардуми тоҷикзабон,

Такя бар онҳо намояд қавми соҳибманзилам.

Сулҳ дар ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷик ва фарҳангдӯст бо калимаи «Ваҳдат» пайванд гардида, мафҳуми бештареро фарогир гардид. Акнун дар ҷумҳурии офтобрӯямон Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Мардуми мо ин рӯзро чун рӯзи баҳамоӣ, ҳамгироӣ, сулҳу оштипазирӣ ва ваҳдату ҳамфикрӣ ҷашн мегиранд.

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.

Сулҳ – оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар асг.

Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, cap аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан.

Ваҳдат – беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикисгон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеъу мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси cap мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.

Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Сулҳ – армуғон ва дастоварди бузургест, ки аз сарвати бисёр болотар аст. Ҳеҷ як дороиву афзунӣ ба як лаҳзаи осоиштагӣ ва дӯстиву сулҳу субот баробар буда наметавонад. Сулҳ неъмати гарону ноёфтанист, ки миллатро бузургию арзи баланд ва давлатро афзунию шӯҳратёр мегардонад.

Хушбахтона, халқи тоҷик бо нерӯи хирад ва заковати фитрӣ тамоми мушкилоти пешомадаро бартараф намуда, бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдатро дар кишвари тозаистиқлоли тоҷикон барқарор намуд.

Аз парешонӣ ба ваҳдат омадем,

Ваҳдати моро нигаҳ дорад Худо.

Имрӯзҳо Тоҷикистони азизи мо 28 – умин солгарди Иҷлосияи тақдирсозро ҷашн мегирад. Мардуми сарбаланду сулҳофарини тоҷик бо шукргузорӣ ва ифтихормандии афзун ин санаи фархундаро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирад. Зеро маҳз фазои мусоид ва сулҳпарвари тоҷикон имкон дод, ки дар фосилаи на чандон тӯлонӣ душвориҳои мавҷударо бартараф намуда, дар самти ободкориву созандагӣ ба дастовардҳои шоёни таҳсин ноил гардем. Бунёди роҳҳои бузурги мошингард, ки минтақаҳои мухталифи кишварро ба ҳам пайваста, муҳаббат ва ҳамгироии мардумро меафзояд, барои пешрафту тараққиёти соҳаҳои мухталифи ҳаёти халқ мусоидат намуд. Бунёди як қатор иншоотҳои бузургу замонавӣ, муассисаҳои таълимӣ, дармонгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир ва ғайраҳо нишони пуштибонӣ ва дастгирии ҳукумат аз соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳангу маданияти кишвар маҳсуб мегардад. Маҳз бо нерӯи халқ бунёд гаштани нерӯгоҳи азими Роғун, ки минбаъд Тоҷикистонро нурофарину чароғон месозад, натиҷаи ваҳдату ягонагӣ ва иттиҳоди тоҷикон ба ҳисоб меравад. Воқеан, барои ояндаи дурахшон ва рӯзгори ободи хеш бояд ҳар яки мо ҳиссагузор бошем, то ки роҳи пешрафту тараққиёти кишварамро наздик созем

Таваҷҷуҳи рӯзафзуни сарвари давлат ба пешрафти соҳаи маориф ва дастгирии ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, забономӯзӣ, такмили донишу малакаи наврасону ҷавонон ҳар як фарзанди бонангу номуси миллатро вазифадор месозад, ки дар ҷодаи такмили донишу маърифати хеш кӯшиш намояд ва барои пешрафти ҳаёти кишвар саҳмгузор бошад. Муҳимтарин тӯҳфаи мо ҷавонон ба истиқболи 28 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониши баланду ахлоқи ҳамида доштан, эҳтиром намудани муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои ниёгон ва худшиносу ваҳдатгаро будан аст.

Дар олам бузургтар аз нерӯи озодӣ қуввае нест ва саодате баландтар аз саодати халқи озод нест. Бигзор арзишҳои олии халқи бузургворам поянда ва саодати он ҷовидона бошад ва дар тайи ҷодаи пешрафту тараққиёт муваффақу комгор гардад. Истиқлолияти комил дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ҳамеша насиби ватани азизамон бошад. Мо низ бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ ва шароити мусоид пайваста мекӯшем, ки барои пешрафту тараққиёти ватани азизамон бо нерӯи хирад ва заковати хеш саҳмгузор бошем.

Абдулҳаев Ш.И.,- устоди факултети таърихи ДМТ