ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШАККУЛИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

4

9-уми сентябри соли 1991 истиқлоли сиёсӣ расман эълон гардид, ки ин дар таърихи кишварамон яке аз воқеаҳои муҳимми таърихи муосир ба шумор меравад. Ба шарофати истиқлол дар арсаи байналмилалӣ давлати соҳибистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шуд. Миллати куҳанбунёду соҳибтамадуни тоҷик дубора ба арсаи сиёсӣ баргашт. Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон имкон дод, ки забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон шомил гардад. Ҳамчунин, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати як халқи дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаи сиёсӣ фароҳам омад.

Давраи навини давлатсозию давлатдорӣ тақазо мекунад, ки қадру қимати истиқлол ва давлати миллиро ҳамаҷониба омӯзему дарк намоем.Истиқлоли давлатӣ ба ташаккули иқтисодиёти миллӣ, сохторҳои нави идоракунии он ва таҳияву татбиқи қонунҳое замина гузошт, ки ба густариши муносибатҳои бозаргонӣ мусоидат намуд.

Дар ибтидо, вобаста ба ислоҳоти иқтисодӣ дигаргун намудани шакли моликият лозим шуд.Зинаи аввали ислоҳоти иқтисодӣ ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ буд, ки он аз тариқи додани замин ба деҳқонон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ оғоз ёфт. Ҷорӣ намудани нархҳои озод дар бозори истеъмолӣ, ба ихтиёри кишоварзон вогузоштани истеҳсолу фурӯши маҳсулот, дахолат накардани давлат ба фаъолияти хоҷагидорони инфиродӣ, ҷалб намудани қарзҳои имтиёзнок, кӯмакҳои бебозгашт, микрокредитҳо ва инвеститсияҳои хориҷӣ то андозае барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва рушди соҳибкорӣ мусоидат намуданд.

Яке аз самтҳои муҳимми рушди иқтисодиёт то ҳадди маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ ва дар ин замина афзудани иқтидори содиротии кишвар ва омода кардани ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб мерафт. Барои истифодаи афзалиятҳои сиёсати берунаи иқтисодӣ ҳалли масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтан ва дорои роҳҳои нақлиётии ҳозиразамон шудани Тоҷикистон, бо кишварҳои ҳамсоя ва шоҳроҳҳои ҷаҳонӣ пайвастани он аҳаммияти бузург дошт, ки ин масъалаи ниҳоят зарурӣ низ зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи зарурӣ амалӣ гардид.

Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани Тоҷикистон ба ҳаллу фасли як қатор тадбирҳои муҳим, аз ҷумла эҳё ва рушди соҳаҳои саноату энергетика, кишоварзӣ, роҳсозӣ, сохтмони пулҳо ва нақбҳои мошингард мушарраф гардиданд.

Вазифаҳои дигаре, ки дар назди Тоҷикистони соҳибистиқлол меистод, роҳ кушодан ба фаъолияти муътадили шаклҳои гуногуни моликият, ташаккулу танзими сиёсати иқтисоди бозаргонӣ, ворид шудан ба маҷрои бозори ҷаҳонӣ ва азхуд намудани низоми хосаи он буд. Зеро ноил гардидан ба истиқлолияти давлатӣ дар баробари ислоҳоти низоми сиёсии ҷомеа, кушодани роҳи васеу мусоидро барои инкишофи ҳамаҷонибаи иқтисодиёт ва рушди соҳаи иҷтимоӣ тақозо менамуд.

Яке аз омилҳои асосии иқтидори иқтисодии давлат дар шароити имрӯза рушди соҳаи энергетика мебошад. Рушди энергетикии Тоҷикистон заминаи мусоидро барои тараққиёти соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, азхуд намудани сарватҳои табиӣ, коркарди маъданҳо, пешрафти истеҳсолот ва соҳибкории хурду миёна, хулоса рушди устувори иқтисодӣ ва аз ҳама муҳимаш баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро фароҳам меорад. Ҷараёни имрӯзаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои таҳкими истиқлоли давлату миллати тоҷик ниҳоят муҳим буда, моро водор месозад, ки пайваста дар ҷустуҷӯи усулҳои наву муфиди таъмини инкишофи устувори иқтисодиёт, пеш бурдани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, мукаммал гардонидани сохтори идораи давлатӣ ва афзудани мақому манзалати худ дар ҷомеаи башарӣ бошем. Инкишофи бонизоми иқтисодиёти мамлакат имкон дод, ки дар ҳалли масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба пешрафти назаррас ноил гардем. Ҳадафи аслӣ ва стратегии кишвари соҳибистиқлоли мо татбиқи амалии манфиатҳои олии давлат ва миллат, қабл аз ҳама таъмини амният, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръат ва таҳкими иқтидори дохилии кишвар аст. Ин ҳадаф стратегияи санҷида, ҳамаҷониба асоснок ва дорои механизмҳои муассири робитаҳову ҳамкории фаъол бо ҳама кишварҳо ва субъектҳои муносибатҳои байналхалқиро тақозо менамояад, ки бе шубҳа бо талошу заҳматҳои пайдарпайи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, зери сиёсати хирадмандонаи ин абармарди арсаи сиёсат баҳри дар сатҳи олӣ роҳандозӣ намудани ин соҳаҳои ниҳоят муҳим ҳамвора идома дорад.

Озодӣ ва истиқлол дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои аҳли башар буда, кафили пешрафт, рамзи асосии асолату ҳуввият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, замонати ҳастии воқеӣ ва шарофату эътибори ҷаҳонии миллат аст.

Истиқлоли давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳалаи сифатан нав буда, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард. Марҳалаи навин зарурати омӯзиш ва таҳқиқи амиқу ҳамаҷонибаи арзишҳои таърихиву фарҳангии ниҳоят куҳани миллати соҳибтамаддуни тоҷикро бар асоси воқеияти таърихӣ имконпазир намуд. Маҳз ба манзури арҷ гузоштан ба мероси таърихиву фарҳангӣ ва сарватҳои моддиву маънавии дар тӯли ҳазор­солаҳо офаридаи ниёгони миллати тоҷик ва нишон додани арзиши ин фарҳанги асил ва беназир барои наслҳои имрӯзу фардо ва ҷаҳониён бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон гардид. Дар паёми табрикии худ ба муносибати Соли нави 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки: «Ҳадафи асосии бузургдошти Соли тамаддуни ориёӣ ҳамчун мероси сирф фарҳангӣ асосан пос доштани арзишҳои маънавӣ, илмӣ ва таърихии мардуми тамаддунсозу фарҳанг­офари тоҷик мебошад, то ин ки наслҳои имрӯз ва ояндаи миллати мо аз он ба таври васеъ баҳрабардорӣ карда, барои рушду такомули ҳастии худ кӯшиш намоянд. Зеро дар тӯли таърих миллати тоҷик ҳамеша ҳаракатҳои нажодпарастӣ, миллатга­роӣ ва бузургманиширо инкор ва маҳкум месозад».

Воқеан, тамаддуни ориёӣ бо арзишҳои фарҳангиву ах­ло­қии хеш дар ташаккули тамаддуни башарӣ ва робитаи тамаддунҳо ва фарҳангҳо нақши бисёр муҳим бозидааст, ки осори таърихии бадастомада дар сарзаминҳои зисти марду­мони ориёӣ ва дигар кишварҳо далели он мебошад. Арзиш­ҳои мероси фарҳангии ориёӣ на танҳо ифтихори ворисони он, балки ифтихори тамоми башарият ва мероси таърихии башарӣ дониста мешаванд.

Ҷавҳар ва бунёди ин фарҳанг бар пояи андеша ва ахло­қи башардӯстӣ ва мақоми волои инсон устувор гардидааст. Се меъёр ё усули ахлоқ, ки бо шиори пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек марбути чеҳраи мондагор ва таърихии оини ориёӣ Зартушти Спитамон ё Ашу Зартушт мебошад ва дар қиёс ба меъёрҳои фарҳангию ахлоқии дигар тамаддунҳо ҳамто надораду асоси ҳаёти поку осоиштаи инсоният ба шумор мераванд.

Дар ростои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ дар баробари эълони Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ (соли 2006), инчунин бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои Истиқлоли давлатӣ ҷашнҳои таърихию фарҳангӣ вобаста ба бузургдошти 1100 – солагии давлати Сомониён (соли 1999), 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб (соли 2006), бузургдошт ва таҷлили 1150 – солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800 солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 1310 солагии Имоми Аъзам, 3000 – солагии шаҳри Ҳисор, 5500 – солагии Саразм, 115 солагии академик Бобоҷон Ғафур ва ғайра, инчунин бознашр ва туҳфаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафур «Тоҷикон» (соли 2023) ва асари безаволи шоир ва мутаффакири халқи тоҷик Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома» (соли 2025) ба ҳар як хонадони тоҷик, эҳёву таҷлили ҷашнҳои миллии бостонии миллати тоҷик аз қабили Сада, Тиргон, Меҳргон, Наврӯз чун ҷашнҳои тақвиятбахши ҳуввияти миллӣ ва таҳкимбахши асолати миллӣ қайд карда шудаанд ва ҳамвора такрор меёбанд, ки дар ростои рушду такомули таффакури миллӣ нақши бориз доранд ва ҳосили Истиқлоли давлативу истиқрори сиёсӣ вобаста ба тамаддуну фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд.

Ҳамин тавр, Истиқлоли давлатӣ ба ҳар як соҳаҳо, аз қабили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ неруву тавони тоза бахшид, ки ин бе шак ба заҳматҳо ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст.

Минбаъд, низ боварии комил бар он дорем, ки рушду такомули ҳама самтҳои ҳаётан муҳимми кишвар дар шароити таҳкими давлатдории миллӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бесобиқа менамояд. мактаби худшиносию худогоҳии миллӣ, ки маҳаки асосии рушду мустаҳкамии давлатдории миллӣ ба шумор меравад, бо итминони комил зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам мукаммал мешавад.

И.в. мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ

Саймуҳамади Бобоҷон

Асисстенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии

факултети таърихи ДМТ Асрориён Анушервон