КОНСЕПСИЯИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЗЕРИ УНВОНИ «МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ» – ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

5

Имрӯзҳо Тоҷикистони азизамон 34-умин солгарди истиқлоли давлатии хешро паси сар менамояд, ки ҳарчи бештар зарурати омӯзиши ҳамаҷониба ва арзёбии паҳлуҳои гуногуни ин неъмати бе баҳо ва роҳу воситаҳои ҳифзу гиромидошти онро ба миён мегузорад.

Масъалаи омӯзиши таърихи истиқлоли давлатӣ, заминаҳои пайдоиши он, нақши истиқлоли миллӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ дар замони истиқлол, дар доираи рушди фарҳанги давлатдории миллӣ ва фазои илмии Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои муҳим ва меҳварӣ маҳсуб меёбад.

Омӯзиши таърихи миллати кӯҳанбунёду тамаддунофари тоҷик гувоҳи он аст, ки дар баробари беадолатиҳои бегонагон, хатоҳои ниёкони мо дар ҳаводиси нохуши таърихи миллат кам нестанд, рӯпуш кардани онҳо ва ёдрас нашудан аз онҳо дар ҷараёни тафохӯри таърихӣ, моро аз бемориҳои навбатии он эмин намедорад.

Пас аз барҳам хурдани Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон гирифтори буҳрони шадиди сиёсӣ ва идеологӣ гардид. Дар ин марҳилаи тақдирсозу тақдирсӯз гуруҳҳои мухталифи манфиатхоҳ ба хотири пиёда намудани ҳадафҳои нопок ва муфт ба даст овардани қудрати сиёсӣ, бо дастгириву сарпарастии хоҷагони хориҷӣ қувва ва маблағҳои зиёдеро барои ба ҷониби худ ҷалб намудани неруҳои нав аз ҳисоби ҷавонон, сафарбар намуданд. Бо чунин омилҳо Тоҷикистони ҷавон тули панҷ сол дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ сухт. Ниҳоят хиради азалии миллати тамаддунофари тоҷик ғалаба карду Тоҷикистон соҳиби сулҳу ваҳдати комил гардид. Қайд намудан бамаврид аст, ки дар роҳи пурпечутоби расидан ба ваҳдати миллӣ ва Созишномаи истиқрори сулҳ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Аз таҳлили ҳуҷҷатҳои раванди музокироти сулҳ ва марҳилаҳои он дар солҳои 1994-1997 баръало мушоҳида мегардад, ки Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон ҳарчи бештар хостори сулҳ, ваҳдат ва ризоияти миллӣ буд.

Густариши миқёси терроризм, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд. Ҳоло фаъолшавии гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон амнияти тамоми мардуми сайёраро зери хатар қарор додааст.

Аз ин лиҳоз, доштани истиқлоли давлатӣ, барои ҳар як халқу миллат ифтихори бузургу неъмати бебаҳост. Зеро дар дунёи мутамаддин халқу миллатҳои зиёде вуҷуд доранд, ки теъдоди онҳо аз миллионҳо бештар буда, вале бо сабабҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ, то имрӯз соҳиби давлати миллии худ нестанд.

Аз ибтидои асри ХХI Тоҷикистони соҳибистиқлол ба тадбиқи ҳадафҳои стратегӣ, эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва комилан миллӣ пардохта, дар ин роҳ тули зиёда аз 20 – сол мешавад, ки муваффақиятҳои беназирро ба даст овардааст. Лекин ин роҳ роҳи сода ва осон набуд. Дар ин марҳила авзои сиёсии ҷаҳон мураккаб гардида, зиддиятҳо, мухолифатҳо ва рақобатҳои нисбатан нав як идда кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтанд.

«Масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан дар шароити пуртаззоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ, осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ як қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем». {Аз Пайёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26.04.2013}. Амри эътирофшуда аз сӯи ҷомеаи байналмилалист, ки Тоҷикистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари пешоҳанг оид ба ҳалли масоили глобалӣ буда, дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, мавқеи оштинопазир дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар соли 2014 зимни ироаи Паём ҷомеаи кишварро аз васеъ паҳн гардидани ғояҳои ифротгароёнаву тундравона дар байни ҷавонон аз ҷониби шахсон ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятпеша ҳушдор доданд. Ҳамзамон дар ин робита фавран, дастур доданд, ки барои таъмини амнияти иттилоотӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Минбаъд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2015 аз мунтазам афзудани мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ ёдовар шуданд ва таъкид намуданд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Ин хитобаи бамаврид ва саривақтии сарвари давлати тоҷикон дар сурате буд, ки ин зуҳуроти фалокатбори терроризм ва экстремизмро ба дин, хоса ба дини мубини ислом вобаста медонистанд ва ба ин васила, мақсадҳои нопоку сиёҳи худро амалӣ менамуданд.

Ҳамзамон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳимоят аз дини мубини ислом, ки он воқеан, зидди ин гуна зуҳурот мебошад, чунин қайд карданд: «Ман ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар изҳор менамоям, ки номи поки исломро ба зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст».

Дар Паёми соли 2016 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳушдор доданд, ки хатари терроризм ва экстремизм барои башарият на камтар аз силоҳи ҳастаӣ мебошад. Мубориза ба ин зуҳурот «фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро» тақозо дорад. Воқеан, азбаски ин вабои аср ба амнияти тамоми кишварҳои сайёра ва ҳар сокини он хавф дорад, зарур аст, ки ба он ҳамаи кишварҳо ва ҳар сокини дунё дар ҳамбастагӣ ва алоҳидагӣ мубориза барад. Дар Паёми мазкур Пешвои миллат равшану возеҳ огоҳ сохтанд, ки ин зуҳурот чун аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегиранд, аз ҷониби душманони ин дини мубин роҳандозӣ мешаванд.

Аввалан, дар Тоҷикистони ибтидои асри ХХI ҷараёне бо номи «Салафия» зуҳур кард, ки дар муддати кутоҳ андеша ва ҷаҳонбинии як идда ашхоси ноогоҳро ба худ ҷалб намуд. Пешвоён ва пайравони ин равияи иртиҷоӣ дар Тоҷикистон бо як ҳадаф ва номҳои мухталиф зуҳур намуда, ошкорову пинҳонӣ гуруҳҳои даъватии худро бунёд намуданд. Пайравони равияи мазкур дар ниқоби дини ислом паноҳ бурда, зери шиори тарҳрезишудаи “Руҷӯъ ба Қуръону суннат” кӯшиш ба харҷ медоданд, ки ваҳдати мусулмонони кишвар ва дунёро гусаста, исломи клласикиро шикаста ва заминаҳои истеъмории имондоронро барои душманони ислом муҳайё созанд. Салафиҳо бо баҳонаи поксозии ақидаи исломӣ ва суннати пайғомбар, аз бехабарӣ ва камогоҳии ҷавонон истифода бурда, аз тамаддуни миллӣ, фарҳанг ва арзишҳои исломӣ суиистифода карда, онҳоро зери таблиғоти худ қарор медоданд.

Метавон гуфт, ки гуруҳи динӣ-ифротии Салафия дар раванди ташаккулёбии худ бисёр ба тағйиротҳои зиёд мувоҷеҳ гардидааст. Гуруҳи ифротии салафиён дар Тоҷикистон аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ шуда, онҳо аудио ва видеокассетаҳо паҳн мекунанд, адабиёти дорои мазмуни динӣ – ифротӣ ба табъ мерасонанд.

Гурӯҳи ифротии «Салафия», ки Суди Олии Тоҷикистон дар қаламрави Тоҷикистон онро ба ҳайси иттиҳоди ифротӣ ё ифротгаро шинохта, январи соли 2009 фаъолияти пайравонашро дар Тоҷикистон қонунан манъ кардааст, имрӯз ҳам ба воситаи сармоягузорони пасипардагии хориҷӣ ва минтақавӣ маблағгузорӣ мешаванд ва ба сифати тарҳи сиёсӣ барои барангехтани ихтилофоти динию мазҳабӣ дар ҷомеаҳои суннатӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Тайи даҳсолаи охир, аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин густариши терроризму ифротгароӣ дар гушаҳои гуногуни олам ва рӯз аз рӯз афзудани қурбониҳо аз ин падидаи номатлуби аср мебошад. Ҳарчанд давлатҳо дар сатҳи байналмилалӣ созишномаву тадбирҳоеро ҷиҳати решакан намудани терроризм роҳандозӣ намуда бошанд ҳам, вале то ҳанӯз ин падидаи хатарзо дар ҳоли густариш қарор дорад. Иллати решакан нашудани ифротгароиву терроризм дар ҷаҳон пеш аз ҳама ба муносибати духураи (ду ҷонибаи) бархе аз кишварҳову созмонҳо нисбат ба ин падида мебошад.

Дар ин марҳилаи ниҳоят мураккаб дар Шарқи Наздик иттиҳоди террористон ва ифротгароёни бо ном исломӣ «Давлати исломӣ»-ро таъсис доданд, ки ин раванд зарбаи ҷонкоҳе ба ҷаҳони ислом ва кишварҳои исломию ғайриисломӣ зад.

Артиши давлатии Сурия бо кумаки неруҳои мусаллаҳи Русия дар охирҳои моҳи сентябри соли 2015 ҳуҷуми доманадоре ба мавқеъҳои гуногуни “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат ан-Нусра” ва дигар манотиқе, ки дар он ҷойҳо гуруҳҳои динӣ-ифротӣ ва террористӣ, фаъолият доштанд, анҷом дод, ки боиси талафоти зиёди намояндагони онҳо гардид. Барои аз нав барқарор намудани сафҳои худ мубалиғони террорист раванди ҷалбкуниро тезониданд.

Раванди ҷалбкунӣ барои шомил шудан ба сафи террористон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва қабл аз ҳама, бо истифода аз ҳамаи шабакаҳои мамнуи интернетӣ ба роҳ монда мешаванд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар сафи одамҷалбкунандагон на фақат мардон, балки занону духтарон низ ҳастанд. Аксаран, духтаронро бо мақсади истифода бурдан ба ҳайси террористон – фидоиён ҷалб мекунанд. Мувофиқи хабарҳои расмӣ, байни солҳои 2012, то миёнаи миёнаи соли 2016 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 1094 шаҳрванд кишварро тарк карда, ба гуруҳҳои ифротӣ террористии «Давлати исломӣ» пайваст шудаанд, ки дар байни онҳо аз 125 то 200 нафар занҳо мебошанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки созмони “Ҳизб-ут-таҳрир, ҷараёнҳои мазҳабии Ваҳобия, Салафия, «Ҳаракти исломии Ӯзбекистон», «Ансоруллоҳ», «Ал-қоида», «Давлати исломӣ» ва даҳҳо ҳизбу гуруҳҳои гуногунро дар кишварҳои мусалмоннишин ба таври ошкору пинҳонӣ маблағгузорӣ карда, барои ноором сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш менамоянд.

Ҷониби Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин падидаи номатлуби асрро дар арсаи байналмилалӣ маҳкум намуда, аз ҷумла қайд намудаанд: “Дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои терроризм ва террорист вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духурагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад”.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон характери дугонагӣ ва духурагӣ доштани терроризмро дар арсаи байналмилалӣ дарк намуда, дар суханрониҳои хеш аз ҷониби абарқудратҳо дастгирӣ ёфтани ин гуруҳҳои муташаккилро бо исрор таъкид мекунад. Дар воқеъ абарқудратҳои тӯли солиёни зиёде нооромию ҷангу ҷидолро идора намуда, аз як тараф яроқу аслиҳа, аз тарафи дигар бо баҳонаи расонидани кӯмакҳои башардӯстона хӯроку доруворие, ки таркиби онҳоро дар шароити вазнин муайян кардан аз имкон берун аст, ба мардуми ваҳшатзадаю ҷангзада ва бехонаю дар ирсол мекарданд.

Ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои бо терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои бо ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд.

Дар баробари ин, абарқудратҳо ва кишварҳои манфиатхоҳ дар нақшаи дурнамои хеш тасмими иштирок дар бахшҳои мухталифи соҳаҳои иқтисод, сохтмон, энергетика ва фарҳангу таҳсилоти ин кишварҳоро тарҳрезӣ мекунанд, ки ин ҳама бар манфиати онҳо мебошад. Бо ин роҳ, ҳамаҷониба захираҳои табиӣ, захираи инсонӣ ва дигар сарвату боигариҳои ин кишварҳоро бе мушкилӣ истифода мебаранд.

Ҷиҳати ҳузнангези ин падида дар он зоҳир мегардад, ки муҳаққиқон ва таҳлилгарони соҳа дар аксар ҳолат терроризмро ба ислом рабт медиҳанд, ки ин комилан нодуруст аст. Ислом ва қонунияти исломӣ дар ягон ҳолат бо терроризм ошноӣ надошт ва надорад. Бояд таъкид намуд, ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи ташвишовари ҷомеа ҷалб намуда, аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ боисрор таъкид мекунанд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин ишораи Сарвари давлат, пеш аз ҳама, ба он равона шуда буд, ки зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм дар аксар мавридҳо таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат гирифта, барои бадном кардани дини мубини Ислом сабаб мегардад. Ҳол он ки Ислом ҳеҷ иртиботе бо тундгароӣ надошта, ин падидаи нанговар ба хотири бадном кардани дин аз тарафи душманон роҳандозӣ мешавад.

Аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки бо истифода аз Ислом ба чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд”. Агар бодиққат таваҷҷӯҳ намоем, дармеёбем, мақсадҳое, ки дар назди пайравони созмонҳои террористӣ қарор доранд, раванди табиӣ ва қонунии рушди ҷомеаи башариро беэътибор ҳисобида, ба дастовардҳои наҷиби инсоният бо диди инкор ва ихтилофомез менигаранд, пайравони ин гуруҳҳо барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ ба ҳеҷ гуна қонуният ва инсонгароӣ таваҷҷуҳ намекунанд.

Дар ҳақиқат дар замони муосир, терроризму ифротгароӣ беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб намуда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдаанд, ки барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеан хатарҳои бузургро эҷод менамоянд. Терроризму ифротгароӣ падидаи мураккаби сиёсию иҷтимоӣ буда, ба онҳо дар ҳар давру замон ва ҳар навъи давлату сохтори иҷтимоӣ вобаста аз таҳдиду хатарҳои он бархӯрд шудааст.

Ба ибораи дигар, тафаккур, андеша, рафтору кирдор ва ҷаҳонбинии тундгароён тамоми дастовардҳои инсониятро дар замони муосир инкор намуда, таассуроти дар заминаи андешаҳои бофтаву сохта ва бардурӯғ падидовардаи хешро ҳамчун ҳақиқати маҳз пешниҳод менамоянд. Аз ҷумла, бозгашт барои аз сар гирифтани суннатҳои ибтидоии дини Ислом, хати бутлон кашидан ба арзишҳои пешқадаму башардӯстонаи таҳаммулгароӣ, сабру шикебоӣ, офарандагию ободкорӣ, идеяи бебунёд ва бемаънии бунёди давлати ягонаи хилофат, бо баҳонаи ҷиҳод ва дар заминаи тафаккури маҳдуд рехтани хуни инсон ва мисолҳои ин натиҷаи дар вуҷуди чунин гурӯҳҳо мавқеъ гирифтани эҳсоси яктарафа ва нодуруст баҳо додан ба равандҳои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯбарӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати то рафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ то рафт заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш, ки 28 декабри соли 2024 ба маҷлиси олӣ ва тамоми сокинони кишвар ироа гардид, ҷавононро ба худшиносиву худогоҳӣ ва посдории арзишҳои истиқлолияту ваҳдати миллӣ даъват намуда, чунин андешаронӣ намуданд: “Дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд”. Ҳамчунин Сарвари давлат қайд намуданд, ки дар ин ҷода, мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст.

Дар Паёми ниҳоии хеш, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон намуданд, ки: “Бо дарназардошти ин вазъ, моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки номи «Раванди Душанбе»-ро гирифтааст, баргузор гардид”.

Месазад қайд намуд, ки чунин иқдомҳои пайваста бар зидди душмани ашадии инсоният, бадтарин вабои аср – терроризм ва экстремизм ҳамеша аз ҷониби Тоҷикистон, алалхусус аз ҷониби роҳбари сулҳпарвари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо баланд карда мешаванд, хатари асафбори он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ фаҳмонида мешаванд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯзҳо дар симои Пешвои миллати тоҷик фаъолтарин ва муваффақтарин муборизи терроризм ва экстремизми байналмилалиро дарёфта, иқдомҳои ҷониби Тоҷикистонро дар ин роҳ пайваста дастгирӣ ва ҷонибдорӣ менамояд.

Ҳамин тариқ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо сарварии Пешвои хирадманду ояндабини миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода ва тадбиқи консепсияи “Мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ” дар роҳи мубориза алайҳи терроризм ва экстремизми байналмилалӣ дастовардҳои бемисл ва беназиреро соҳиб гардидааст. Зеро Истиқлоли давлатӣ, ки дар симои соҳибихтиёрии давлатӣ ва соҳибихтиёрии халқӣ ҳамчун иттиҳоди одамон зоҳир мегардад, идомаи инъикоси симои рӯҳи озодии ҳар инсон ва вуҷуди мафкураи солиму мустақили ҳастии уст. Ҷониби Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавонист худро ҳамчун душмани терроризм ва терроризмро душмани инсоният муарифӣ намояд. Дар баробари ин тайи солҳои охир ҷониби Тоҷикистон, ҷиҳати вусъат бахшидани мубориза алайҳи терроризм ва роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботии идеологӣ баҳри фош намудани ҳадафҳои фоҷиабори гуруҳҳои террористиву экстремистӣ корҳои мондагорро анҷом додааст.

Неъмонов Беҳрӯзҷон Зариёевич – н. и. таърих, дотсенти факултети таърихиДонишгоҳи миллии Тоҷикистон