ЭЪТИРОФИ БУЗУРГӢ ВА ТАМАДДУНОФАРИИ ТОҶИКОН

8

(Дар ҳошияи баргузории саммити Осиёи Марказӣ-Русия ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои ИДМ)

Аз қадимулайём дар сарзамини кунунии Осиёи Миёна миллате сукунат дорад, ки дар масири таърих ба душвориҳои зиёд ва зулму истибдоди аҷнабиёни хунхор дучор гардида, мавҷудияти худро ҳамчун миллати соҳибфарҳангу мутамаддин нигоҳ доштааст. Ин халқи бонангу ор, кӯҳанбунёду пурифтихор, тамаддунофару номдор, покдилу сулҳҷӯ, эҷодкору ҳунарманд, соҳиби таърихи шоёну фарҳанги воло ва забони гуворо, парварда ва тарбияткунандаи донишмандони оламшумулу қаҳрамонони ҷонфидо, бинокунандаи нахустин шаҳрҳову ташкилкунандаи аввалин давлатҳо, соҳиби империяҳои бузург ва шоҳони одилу хирадманду тавоно, соҳибкитобу эҳоднамо ва дорои ҳазорон хислатҳои наҷиб, ки дар ҷаҳон назир надорад, миллати тоҷик аст. Ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ниёкони мо “… низоми мукаммали давлатдорию идорот, санъати асили меъморию шаҳрсозӣ, тарзи мутамаддину оқилонаи муносибати байни миллатҳо, эҳтироми озодии мазҳабҳову равияҳои гуногуни илмию фалсафӣ ба мерос гузоштанд…”, ки имрӯз ҷаҳониён аз он истифода мебаранд.

Халқи тоҷик дар масири пур печу фарози таърих ба муваффақит ва комёбиҳои зиёде ноил гаштанду аз худ мероси гаронбаҳои моддию маънавии зиёде барои наслҳои оянда боқӣ гузоштаанд, ки маҳз донишу хирад ва талошҳои собитқадамонаю бунёдкориҳои бузургону қаҳрамонони ҷонфидои ҳимоятгар буд, ки новобаста аз ҳуҷуму ғоратгариҳои баъзе аз халқиятҳои саҳронишини кучманчӣ тамаддуни бою ғании тоҷик, ки чун дуру лаълу марвориданд, то бад – ин рӯз ба ёдгор мондааст. Беҳуда нест, ки шоири замони муосири тоҷик, зиндаёд Лоиқ Шералӣ аз хислатҳо ва кору пайкори аҷдодони бомаърифати худ меболаду ифтихор мекунад ва бо маҳорати эҷодии сеҳрангези хеш чунин мисраҳои шеъриро дар ҳаққи ниёгони бомаърифаташ арзонӣ медорад:

Алҳақ ҳама медонаду таърих гувоҳ аст,

Тоҷик ҳама умрДар Мағрибу машриқ

Кардааст мусаххар чи бас иқлиму мамолик…

Аммо на ба шамшеру камону сафи лашкар!

Бо санъату фитрату бо ақлу мунаввар.

Бо ҳиммату бо ҳикмату бо шеъру тарона

Бо руҳи ҷавононаю пирӯзгарона.

Ниёгони бузурги тоҷик дар тули қарнҳо тамаддуну фарҳанги хоси худро эҷод сохта, бузургии худро ба ҷаҳониён ошно сохтанд. Ин миллати наҷиб, дар тули садсолаҳо, гарчанде ки давлатҳои миллии хешро аз даст дода бошанд, лек бо хислатҳои нек ва ақлу заковаташон аҷнабиёнро идора мекарданд ва дар тамоми соҳаҳо ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ин маврид, Академики АИ ҶТ, доктори илми таърих Нуъмон Неъматов қайд месозад, ки “Халқи тоҷик, ки аз рӯйи хислати миллии худ сулҳҷӯ аст, дар соҳаи заминдорӣ, шаҳрсозӣ, санъат, илму маданият ба туфайли ҳазорҳо ва миллионҳо арбобони бузурги заҳматкаши оддӣ, дар зарфи ҳазорсолаҳо ба зулму ситами дохилию хориҷӣ, ба қатли омму омезиши этникию маданӣ тоб оварда, ба комёбию мувафаққиятҳо ноил гаштааст”. Бузургии миллати тоҷик низ маҳз дар ҳамин аст, ки новобаста ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда забон, фарҳанг урфу одат ва анъанаҳои миллии хешро аз даст надоданд. Муҳаммадҷони Шакӯрӣ барҳақ қайд мекунанд, ки “Таърих аз сар шудани ҳаёти маънавии инсон оғоз ёфт ва мардуми эронӣ (тоҷикон) бо Зардушт, ки якумин шоир, донишманд, файласуфи… онҳост, бо китоби Авесто, ки якумин донишномаву фарҳангномаи бузург ва баёнгари фалсафаи ҳаётии онҳост, дар сари сарчашмаи таърих қарор ёфтаанд”.

Тоҷикон соҳиби тамаддуни бузургу маданияти нотакрор буда, дар замонҳои хеле куҳан дар ҳудуди паҳноваре аз шимол аз ҳавзаи рӯди Ранха (Волга) сар шуда, ба ҷануб то Ҳиндустони Марказӣ ва аз шарқ – аз марзи Чину Муғулистон то руди Дунай ва Осиёи Хурд маскуният намуда, дар дарозаи таърих ба тамаддуни оламгири хеш – “Ориёӣ” асос гузоштанд ва ба қавли Иброҳим Умарзода ин тамаддун “…боби нахустини таърихи инсоният, таърихи тамаддуне мебошад, ки қабл аз дини масеҳӣ, қабл аз дини насронӣ, қабл аз элинизм бунёд гардида буд”. Дар ҳақиқат, тоҷикон “…дар тули ҳазорсолаҳои мавҷудияташон танҳо мароми созандагиро пеша карда, китобу ҳикмат офарида, дину давлат эҷод намуда, шаҳрҳо сохтаву наҳрҳо кофта, ору номус ва қадру манзалати хешро дифоъ карданд”. Ҳатто халифаи Араб Абдумалик аз ин бузургии тоҷикон ба ваҷд омада, иброз намуда буд, ки “дар шигифтам аз ин, ки ориёиён як ҳазор сол фармонравоӣ карданду ҳатто як соат ба мо мӯҳтоҷ набуданд ва мо сад сол ҳукм рондем, вале натавонистем, ки худро як соат аз онҳо бениёз гардонем”.

Дар воқеъ, аз ҳамон лаҳзае, ки инсон соҳибхираду тафаккур гардид, тоҷикон ғарқи фикру андешаи ҷаҳони атроф шуда, ба мулоҳизаи нахустин донишҳои илмӣ оғоз бахшиданд ва ба қавли Сайид Бурҳониддин Бузургмеҳр онон “нахустин шуда, аз насли Одаму Ҳавво… дарк ва эҳсос карданд, ки донишу маърифат ҳамон нури пурзиёи эзидист, ки маҳз тавассути он метавон дунё ва Офаридгорро шинохт ва маҳз тавассути он метавон ҷаҳони торику пурғавғо ва пуршӯру шари инсонҳои хокиро мунаввар сохт”. Воқеан, аз бомдоди таърих оғоз намуда, гузаштагони пурифтихор ва “бомаърифати мо… бо нури ақлу имон ба қаламрави ношинохти ҳастӣ қадам ниҳоданд, то ҳақиқату моҳият ва ҷавҳари зуҳуроти онро пай баранд ва шиносанд. Ин рисолати азими миллатро фарзонагони ӯ дар масири таърих бар дӯши худ гирифта, ба мутолиаи китоби бе оғозу анҷом шӯруъ карданд ва дар баҳри бекарони муаммоми ҳастӣ ғарқ гардида, бӯхту ҳайратзада дар ҷустуҷӯи ҳаққу ҳақиқат гомҳои устувор бардоштанд. (Фарҳанги тоҷикон ва нақши он дар тамаддуни мардуми Осиёи Марказӣ ва Ховари Наздик, -Д.:2011, с. 286)

Дар ҳақиқат, оғози илму дониш ва дарку фаҳмиши он аз ҷониби тоҷикон аз замони бостон мабдаъ гирифта, фарҳангофариву донишпарварии онҳо ба як асру ду аср маҳдуд намегардад. Тоҷикон чун халқи соҳибандешаву мутамаддин аз замони бостон ба омӯзишу донишандӯзии ҳамаҷонибаи илм машғул гардида, нахустин дабистону мадорисро бунёд намуданд ва тавассути он дастовардҳои беназирро дар тамоми риштаҳои улум ба даст оварда, ба тамаддуни оламгири хеш – тамаддуни “Ориёӣ” рангу ҷилои тоза бахшиданд ва ба қавли Гегел онҳо “нахустин халқи таърихӣ ба шумор мераванд. Онҳо инкишофро ба вуҷуд оварда, табаддулот карданд… нур афканданд, равшани доданд, ки ин нур ба олами маърифат тааллуқ дошт.” Бо эътирофи Гиршман тоҷикон “нахустин миллатеанд, ки донишмандонаш пеш аз мисриҳо ва бино бар ин хеле қаблтар аз юнониҳо ба таълими фалсафа пардохтанд ва дабистон барои омӯхтани фалсафа доштанд” ва ба қавли худи юнониҳо онон таълимро дар Шарқ, назди донишмандони мо гирифтаанд. Дар воқеъ, “илму маърифати онҳо (тоҷикон-С.М.) – ба андешаи барҳақи Фитрат – иборат аз такрор кардани “ҳилу ҳол”- ҳавоши набуд, балки онҳо ҳавоиди асосияи ҳар илмро неку дониста, нек истеъмол мекарданд, то дар андак замон соҳибмалака гардида, ба таълифу таснифи китобҳои мӯътабар иқтидор пайдо менамуданд ва ҳар кадоме даҳ-бист адад китоб тасниф” намуда, шуҳрати тоҷиконро боло бардоштанд.

Воқеан, миллати бузурги тоҷик дар тули қарнҳо тамаддуну фарҳанги бағоят рангин ва дилангезу дилфиреби худро ба вуҷуд оварда, бузургии хешро чун миллати фарҳангсолор ба ҷаҳониён ошно сохтаанд. Ин миллати наҷиб, гарчанде ки дар масири пурталотуми гузашта бо амри тақдир ба шикасту бохтҳои азим низ дучор шуда, давлатҳои миллии хешро аз даст дода бошанд, лек ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Бар зидди теғ шамшери забткорон бо шуълаи ақлу бо қалами бурро мубориза бурда, қаламаш шамшери бегонагонро хам кард, сафшиканони истилогарро бо шеър адабиёт, илму маърифати худ ошно намуд, аз гирдоби хунин ва ҳалокатбори ҳодисаҳо ба соҳили умеду орзуи ҳазорсола расид”. Табиатшиноси аврупоӣ Миддедорф А. Ф. низ иброз медорад, ки “Тоҷикон… дар саёраи мо ягона намунаанд, ки қатъи назар аз муносибатҳои душманона дар тули асрҳо қотеона арзи вуҷуд дошта, бо роҳи хеш мараванд”.

Ҳамин бузургӣ ва тамаддунофарии тоҷикон аст, ки дар даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик моҳи апрели соли 1941 Котиби якуми Ҳизби Комунистӣ ва Роҳбари Давлати Шӯравӣ И.В. Сталин аз ин ҳунари дилфиребонаи тоҷикон шоду масрур шуда, бо як самимияти дилпазир аз ҷой бархоста, кафкӯбӣ намуданд ва чунин суханони пурмазмунро дар ҳаққи ин халқи наҷиб баён доштанд: “Тоҷикон мардуми хос мебошанд… Тоҷик, яъне соҳиби “тоҷ”… ба ин ном сазоворанд… Тоҷикон мардуме мебошанд, ки шоири бузург Фирдавсиро ба вуҷуд оварданд… Тоҷикон истеъдоди ҳунари амиқ доранд… ва… онҳо дар мусиқӣ, суруд, рақсашон зуҳур мекунад… Тоҷикон мардуми хос бо фарҳанги бостонӣ ва азимеанд, ки ояндаи бузурге хоҳанд дошт…”. Воқеан, “миллати пурифтихор ва фарзонаи тоҷик дар тули таърихи мавҷудияти хеш тавассути донишмандон ва фарҳангсозони асилаш дар фазои паҳновари давру замонҳо ба мисли нури ҷонбахш бар торикиву зулмоти асрҳо дурахшида, ҳамчун чароғдоне аз баракати “нури осмонҳо ва замин” ситораҳои бешумореро дар самои илму маърифат афрӯхта”, улуми ҷаҳониро тасхир намуданд. Олими бузурги фаронсавӣ Амийэл Грусэ холисона чунин эътироф мекунад: “Агар як нафар хориҷиро рухсати изҳори назар бошад, бояд гуфт, ки форсинажодон (тоҷикон) ҳаққи бузурге ба гардани башар доранд, зеро ба шаҳодати таърих онҳо бо фарҳанги неруманду нафиса, ки дар тайи қарнҳо ба вуҷуд оварда василаи ҳамфаҳмӣ, ҳамрозӣ ва ҳамоҳангиро миёни миллатҳо эҷод намудаанд…”.

Дар ҳақиқат, тоҷикон миллате мебошанд, ки дар таърихи тамаддуни башарӣ бо офаридани маданияти беназири хеш саҳми арзишманде гузоштанд ва донишманди рус Н.В. Хаников низ барҳақ қайд кардааст, ки “… онҳо (тоҷикон – С.М.) нахустин шуда ба инсоният тамаддуни воло, адолат, некӣ, забони муоширати ягона ва донишу хирадмандӣ омӯхтаанд”.

Идомаи ана ҳамин бузургию фарҳангсолорӣ ва тамаддунофарии тоҷикон буд, ки Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби гаронарзиши “Тоҷикон”-ро туҳфа намуд. Воқеан, ҳадя чунин китоби арзишманду қиматбаҳо, ки дар он таъриху фарҳанги тоҷикон инъикос ёфтааст, аз ҷониби роҳбари як кишвари абарқудрат маънои эътирофи таърихи гузаштаи пурҷилои миллати мо буда, мунъакис шудани он дар сатҳи байналмиллалӣ тавассути расонаҳои хориҷӣ ифтихори халқи тоҷик ба шумор рафта, дорои аҳаммияти бениҳоят бузург аст.

1. Нахуст, тақдими китоб аз ҷониби Президенти Федератсияи Россия эътироф намудани таъриху фарҳангӣ миллати мо мебошад.

2. Туҳфаи китоби “Тоҷикон” аз ҷониби як кишвари абарқудрат мақому манзалати миллати моро дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам боло мебардорад.

3. Инъкисои манзараи тақдими китоб аз ҷониби расонаҳо мавқеъ ва ҷойгоҳи давлату миллати моро дар сатҳи байналмилӣ боз ҳам афзун мегардонад.

4. Дар замони бархурди тамаддунҳо ва таҳрифи таърих аз ҷониби кишварҳои туркзабон тақдими китоби “Тоҷикон” зарбае ба раванди нақшаҳои таърихдуздии бо ном “донишмандонашон” мегардад.

5. Бо тақдими китоби “Тоҷикон”, ки бо исми халқи мо аст, аз ҷониби Владимир Путин таваҷҷуҳи донишмандони хориҷиро нисбат ба миллати мо боз ҳам бештар мегардонад.

Воқеъан, халқи куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик яке аз бостонитарин мардумони таърихӣ буда, бузургӣ ва фарҳангсолории моро ҷаҳониён эътироф мекунанд. Ҳамакнун, моро месазад, ки дар атрофи Пешвои миллат чун Рустаму Гурдофариди замон истод шуда, дар пешрафту гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми худро гузорем ва давлату миллати хешро чун миллати фарҳангсолору тамаддунофар ва шаҳрсозу ободкору созанда ба ҷаҳониён муаррифӣ созем.

Самандар МАҲМАДАМИНОВ,ассистенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии ДМТ