НАҚШИ МЕРОСИ ТАЪРИХӢ ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

6

(БО ИСТИНОД БА “ТАЪРИХИ ҲУМОЮН”-И ГУЛШАНӢ)

Зимнан, таҳқиқ ва баррасии осори пурмуҳтаво ва рангини шоири мумтоз, ҷуғрофишиноси маъруф ва муаррихи барҷастаи тоҷик Муҳаммад Содиқхоҷаи Бухороӣ, маъруф бо тахаллуси Гулшанӣ пурра собит менамояд, ки саҳифаҳои ибратомӯзи ҳаёту фаъолият, омӯзишу камолот, мушовири давлатии Амири Бухоро –Абдулаҳадхон, эҷодиёти рангини шоирӣ, таълифи асари ягона ва пурқиммати мавсуф «Таърихи ҳумоюн», хосса, афкору ақидаҳо ва андешаҳои солиму ояндасози мутафаккири номии тоҷик маҳз баҳри имрӯз ва ояндаи ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлоламон намунаи ибрат ва пайравӣ буда метавонанд. Инак, оид ба саҳифаҳои рӯзгори рангин, омӯзишу камолот, фаъолияти пурсамари дарборӣ, истеъдоди фитрии шоирӣ, эҷодиёти рангину дилрабои адабӣ, ҷанбаҳои ҷуғроияшиносӣ ва эҷоди асари ягонаи таърихӣ ва амсоли он баъзе фикру андешаҳои ҷолибу муфидро баён кардан амри воҷиб аст. Аз ин хотир, аз саҳифаҳои ибратомӯзи ҳаёту фаъолият ва омӯзишу камолоти Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ чанде андешаҳои судманд ироа мегарданд, ки баҳри имрӯз ва ояндаи ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол лоиқи арзу сипос ва дастгирӣ мебошанд.

Воқеан, роҷеъ ба ҳасби ҳол, омӯзишу камолот ва осори эҷодиву адабии Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшании Бухороӣ, мутаассифона, дар адабиёти илмиву адабӣ ва осори таърихиву ҷуғрофӣ маълумоти ниҳоят маҳдуд ва нокифоя маҳфуз мондаанд. Вале ба ин гуфтаҳо нигоҳ накарда, муаллиф бештар кӯшишу талош ба харҷ меҳиҳад, ки дар ин самт баъзе санаду бурҳонҳои наву тозаеро дастрас намуда, ба ихтиёри хонандагони арҷманд ва умуман аҳли илму адаб вогузор ва пешкаш карда, хотири онҳоро шоду масрур гардонад.

Зикри он ҷолиб аст, ки мутаассифона, санаи ба дунё омадани Содиқхоҷа то ҳол муайян набуда, дар ягон ҷо дар ин бора ҳарфе гуфта нашудааст. Ҳатто дар «Қомуси шӯравии тоҷик» низ ахбори нопурра омадааст, ки «соли таваллуди Содиқхоҷаи Бухороӣ номаълум буда, вафоташ соли 1910» мебошад [8, с. 161]. Ба ҳар ҳол, худи Гулшанӣ ҳам, дар осори боқигузоштааш ва ё дар «Таърихи ҳумоюн» дар ин хусус ишорае накардааст. Бархе аз муҳаққиқон дар амиқу рӯшан сохтани санаи мавлуди Гулшанӣ баъзе пешниҳодҳо ирсол намудаанд, ки онҳо солисан шоистаи дастгирист. Масалан, шарқшиноси тоҷик А. Алимардонов дар мақолаи хеш изҳор медорад, ки «тибқи ахбори адабиёти илмиву таърихӣ, муаллифи китоб, яъне, Муҳаммад Содиқхоҷа тақрибан дар соли 1861 дар шаҳри Бухоро, дар хонаводаи муфтӣ ва мударрис Муҳаммад Мирсайид ба дунё омадааст, мактаби кӯҳна ва мадрасаро дар зодгоҳаш Буухоро хатм намудааст ва илмҳои маъмули замонашро азбар менамояд. Бо вуҷуди он, роҷеъ ба санаи ба дунё омадани Муҳаммад Содиқхоҷа санаду далели боварибахш мавҷуд нест, зеро он санаи пешниҳоднамудаи муҳаққиқи тоҷик А. Алимардонов тақрибӣ буда, мутаассифона, манбаъ ва сарчашмаи он маълум нест. Хосатан, дар натиҷаи ба доираи баррасӣ ва пажӯҳиш ҷалб намудани теъдоди васеи маъхазҳои таърихӣ, сарчашмаҳои хаттӣ, адабиёти илмиву таҳқиқотӣ, аз ҷумла тазкираҳои адабӣ ва фарҳангӣ, қомусномаҳо ва фарҳангҳои мухталиф, муҳаққиқ ба хулосае меояд, ки роҷеъ ба санаи таваллуд, рӯзгори рангин, душвориҳои ҳаёт, омӯзишу камолот, осори илмиву адабӣ ва амсоли он маълумот ниҳоят маҳдуд ва нокифоя мебошанд. Зикри он мусаллам аст, ки доир ба ҳасбу ҳол, осори илмиву адабии Муҳаммад Содиқхоҷа дар асарҳои илмиву таҳқиқотӣ ва ёддоштҳои сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аллома Садриддин Айнӣ маълумоти аз ҳама бештар мавҷуд аст [3, с. 11-12; 2, с. 17-19]. Ба ҳар ҳол, устод С. Айнӣ дар «Ёддоштҳо» дар қисмати «Содиқхоҷаи Гулшанӣ» дар бораи рӯзгор, осор ва мақому манзалати ин мутафаккир маълумоти тоза оварда, қайд мекунад, ки «ҳангоми дар хидмати Шарифҷон-махдум будуни банда, вай [яъне, Гулшанӣ], тақрибан 30-сола менамуд» [2, с. 17]. Албатта, дар муайян кардани санаи мавлуди ӯ аз гуфтори фавқи Садриддиин Айнӣ истифода бурдан ба матлаб мувофиқ аст. Зимнан, аз ин иттило бармеояд, ки ба хидмати Шарифҷон-махдуми Садрӣ Зиё гузаштани Садриддин Айнӣ дар солҳои 1891-1892 сурат гирифтааст. Агар бо ҳисобу китоб, ҳамон сӣ соли нишондодаи Айниро аз ин сана тарҳ кунем, соли 1861 ҳосил мешавад. Ба андешаи мо, агар санаи ба дунё омадани ӯро соли 1861 ҳисоб карда шавад, пас он комилан ба ҳақиқат наздик аст.

Ба ҳамин минвол, Муҳаммад Содиқхоҷа илму фанҳои мухталифи замонашро тавассути меҳнати доимӣ ва заҳмати бепоён омӯхта, азбар мекунад ва ба сифати мутафаккиру донишманд ва марди фозилу хирадманд пазируфта мешавад, истилоҳи «мулло» ба исми ӯ зам шуда, номаш Мулло Содиқхоҷа ва Гулшанӣ ҳамчун тахаллуси адабии ӯ мегардад [1, с. 15].

Тазаккур ба ёдоварист, ки Гулшанӣ дар чунин замони пуртаззод ва пурмуаммои феодалӣ зиндагӣ карда, камол меёбад, аз дигаргунсозиҳо ва навгониҳои назарраси иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии он замон баҳравар мегардад. Бесабаб нест, ки рӯзгор ва осори ин марди накӯкор ва заҳматкаш Содиқхоҷаи Гулшанӣ пурҷилову рангин буда, ба насли имрӯза, хусусан ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол ибратомӯз ва манфиатбахш ба ҳисоб мераванд. Ин адиби шуҳратёр, ҷуғрофияшиноси заҳматкаш, муаррихи пуркор ва мутафаккири номии тоҷики нимаи дуюми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дар таърих бо унвони Мулло Муҳаммадсодиқ валади Муҳаммад Мирсайиди муфтии мударрис, мутахаллис ба Гулшании Бухороӣ, ё ба қавли муосирон Мулло Содиқхоҷаи Бухороӣ [Муҳтарам] Садиқхоҷаи Гулшанӣ [Шарифҷон махдуми Садри Зиё], Содиқхоҷа Гулшании Бухороӣ [Садриддин Айнӣ] маълум ва машҳур мегардад [1, с. 14-15].

Содиқхоҷаи ҷавон дар роҳи пурпечутоби омӯхтани илмҳои гуногуни замони худ пардохта, аз илмҳои роиҷи замонааш бархурдор мегардад. Ба қавли ҳаққонии устод Садриддин Айнӣ, Содиқхоҷаи Гулшанӣ аз бисёр илмҳои замони худ, аз ҳама бештар «аз ҳисоб ва ҷуғрофиё бохабар будааст» [3, с. 312]. Бино бар маълумоти тазкираҳои адабӣ, ӯ дар таълифи шеър ва шоирӣ шавқу рағбати бепоён зоҳир менамуд. Аз рӯйи ахбори устод С. Айнӣ бошад, ӯ «аз ҳама бештар илми ҷуғрофиёро дӯст медошт, инчунин ҳикоягӯй, таърихдон ва ширинзабон буд…» [2, с. 17]. Ховаршиноси тоҷик А. Алимардонов дар асоси таҳқиқу омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ ба хулосае меояд, ки «Гулшанӣ бештар ба илмҳои таърих ва ҷуғрофия таваҷҷуҳ доштааст» [5, с. 373]. Чунин хислати наҷиби таърихдонӣ ва ҷуғрофиёшиносӣ ба Содиқхоҷаи Гулшанӣ имкон медиҳад, ки дар ояндаи наздик дар эҷоди асари ягонаи пурмуҳтаво ва хонданбоб («Таърихи ҳумоюн») ноил шуда, муваффақу комрон гардад.

Бесабаб нест, ки С. Айнӣ нисбати завқи баланд ва характери дилписанди Содиқхоҷаи Гулшанӣ ишора намуда, бо таҳаммул зикр менамояд: «Ӯ як одами сафедчеҳраи чашму абрӯсиёҳи кулӯтариши хушқадубаст буд. Ӯ либосҳои на қиматбаҳо ва лекин бисёр озода мепӯшид». Инчунин С. Айнӣ дар хусуси ширинзабонӣ ва хушгуфтории Содиқхоҷаи Гулшанӣ низ фикру мулоҳиза баён менамояд, ки шоистаи таҳсин аст: «Ӯ…ниҳоят ширинзабон буд. Ҳарчанд дар вақти гап задан забонаш қадаре мегирифт, ширинии суханҳояш он гирифтагиро боз ҳам ширинтар карда нишон медод» [2, с. 17].

Ҳамин тариқ, Содиқхоҷаи Гулшанӣ пас аз хатми таҳсил дар мактабу мадраса дар муҳити илмиву адабии Бухоро мақому манзалати ба худ хос пайдо мекунад. Вале бо вуҷуди он, аз пайи ҷоҳу ҷалол ва рутба, мансабҳои илмӣ ва андӯхтани молу манол нашуда, ниҳоят фақирона зиндагӣ карданро ихтиёр менамояд. Муосирону ҳамзамонон, чунин тарзи ҳаётро интихоб ва ихтиёр намудани ӯро аз ҷавонмардӣ ва олиҳимматӣ ном бурдаанд [10, с. 22-23].

Ахбори маъхазҳои адабӣ ва таърихӣ собит мекунанд, ки Содиқхоҷаи Гулшанӣ яке аз беҳтарин донандагони забони русӣ ба шумор мерафт. Бесабаб нест, ки маорифпарварону мутафаккирони он замон ба дараҷаи кофӣ омӯхтани забони русиро аз беҳтарин фазилатҳои ӯ донистаанд. Масалан, устод Садриддин Айнӣ иқрор мекунад, ки Содиқхоҷа «дар бобати аз худ кардани забони русӣ дар байни толибилмони мадрасаҳои Бухоро нахустин шахс ба шумор мерафт» [2, с. 17; 5, с. 373]. Албатта, ба Содиқхоҷаи Гулшанӣ дар омӯхтани забони русӣ таъсири пурфайз ва ҳидояти алломаи замон Аҳмад махдуми Дониш аз ҳама зиёдтар ба назар мерасад. Вай ҳамчун ҳамгузар ва ҳамақидаи Аҳамади Дониш борҳо ба зиёрати ӯ мушарраф шуда, аз суҳбати пурҳикмат ва машварати мавсуф нафъу манфиати зиёде дида, аз илму маърифат ва малакаву таҷрибаи бойи ӯ баҳрабардорӣ намудааст. С. Айнӣ бесабаб изҳор намедорад, ки Содиқхоҷаи Гулшанӣ «…ҳафтае чанд маротиба ба суҳбати ӯ [Аҳмад махдуми Дониш] мерасидааст», ӯ омӯхтани забони русиро ташвиқ мекунад ва дар ин миён сабабе пайдо шудааст, ки ӯ ба омӯхтани ин забон комёб мегардад [2, с. 17]. Бино бар маълумоти маъхазҳои илмиву адабӣ, дар азхуд намудани забони русӣ ба Содиқхоҷа Гулшанӣ ду омили асосӣ мусоидат намудааст: якум, агар аз як тараф, ҳидояти Аҳмади Дониш ба забономӯзии ӯ сабаб гардида бошад, дуюм, аз ҷониби дигар бошад, дар он айём ба омӯхтани забони русӣ шароити мусоид фароҳам омада буд. Аз рӯйи иттилои Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо», Содиқхоҷа ҳар сол дар Самарқанд ба манзили тағояш моҳе чанд маротиба меҳмон шуда, бештар вақти худро ба омӯзиши забони русӣ сарф мекард [2, с. 17-18]. Бино бар фармудаҳои рӯзафзуни устод С. Айнӣ, «Содиқхоҷаи ҷавон ҳар сол тобистон ба Самарқанд рафта, чанд моҳ дар ҳавлии тағояш истиқомат карда меомадааст. Ана дар ҳамон моҳҳо ба вай фурсат фаро мерасад, ки тавсияи Аҳмад-махдумро амалӣ намуда, забони русиро омӯзад» [2, с. 18]. Дар натиҷаи чунин кӯшишу заҳмат ва такопӯйҳо, Содиқхоҷа забони русиро ба дараҷаи кофӣ азбар месозад, ки ба қавли Садри Зиё, дар қаламрави Бухоро шахсе набуд, забони русиро ба дараҷаи ӯ азхуд карда бошад [10, с. 19; 5, с. 373]. Ҳатто яке аз мутафаккирони намоёни Бухорои он замон Латифҷон-Махдум забони русиро омӯхтани ӯро яке аз фазилатҳои беҳтарини мавсуф шуморида, дар тазкирааш ин хислати наҷиби ӯро таҳти байти зерин ифода намудааст:

… Бад он поя донад забони расӣ,

Бад он поя дониш ту худ кай расӣ? [2, с. 18].

Ҳамзамон, бино бар ахбори манбаъҳои адабӣ, Содиқхоҷаи Гулшанӣ ба забони русӣ низ дар вазни аруз шеърҳо эҷод намуда, диққати аҳли илму адабро ба худ ҷалб намудааст. Садриддин Айнӣ бесабаб иброз намедорад, ки «мегуфтанд, ки Содиқхоҷа ба забони русӣ, аммо бо вазни аруз шеърҳо сурудааст.

Ба ҷавонони имрӯза, ин эҷодкорӣ ва рафтору кирдори нек, он шавқу ҳаваси беолоиши Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшаниро нисбати омӯзиш ва аз худ кардани забони русӣ нишон медиҳад. Ин кори хайр ва рафтори дурандешонаи Муҳаммад Содиқхоҷа аз рӯйи ахбори дурандешонаи устод Садриддин Айнӣ, «дар он замон ба забони русӣ чӣ қадар шавқу ҳавас доштани ҷавонони кушодафикрро нишон медиҳад» [2, с. 19]. Оре, маҳз ин хислати наҷиби Гулшанӣ баҳри имрӯз ва ояндаи ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлоламон намунаи ибрат ва пайравӣ буда, бояд онҳо дар ин самт пешқадам, собитқадам ва ташаббускор бошанд.

Инчунин, ахбори маъхазу сарчашмаҳои илмиву адабӣ ва таърихӣ собит мекунанд, ки Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ дорои хислатҳои наҷиби инсонӣ, маҳорати баланди шоирӣ, илму адабиётдӯстӣ, таърихдони моҳир будан ва инчунин, дорои хаёлоти неку рангин, инсони хайрхоҳу некандеш ва мушфиқу ояндабин ва амсоли он ба шумор мерафт. Устод С. Айнӣ дар «Ёддоштҳо» бино бар маданиятнокӣ, хислатҳои барҷаста ва инчунин маҳорати шоирӣ ва нуфузи намоёни вай ҷиддан ишора мекунад, ки «ӯ як одами сафедчеҳраи чашму абрӯсиёҳи хушқадубаст буда, ба зебоии ҳайкали ӯ одам кам дида мешуд. Ӯ либосҳои на қиматбаҳо, валекин озода мепӯшид. Ҳикоягӯ, таърихдон ва ширинзабон буд…» [2, с. 17-18]. Ахбори сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ки Содиқхоҷаи Гулшанӣ дар ин ҷода мақому манзалати хос ва шоиста пайдо намуда, «озодаву хушкалом», «бо ширинзабонӣ мақбули ом», бо «хаёлоти рангин», «некхӯ» ва ҳамчунин шахси хеле озода, хушқаду хоксору меҳрубон, мушфиқу суҳбаторо, хуллас, шахси некандешу ояндабин ва монанди он будааст, ба ҳеҷ ваҷҳ, хислатҳои бади инсониро, ба монанди худписандиву худситоӣ ва лофу газофро намепазируфт ва қабул надошт ва ғайра.

Ҳамин тариқ, Содиқхоҷаи Гулшанӣ пас аз хатми таҳсил дар мактабу мадраса дар муҳити илмиву адабии Бухоро мақому манзалати ба худ хос пайдо мекунад. Вале бо вуҷуди он, аз пайи ҷоҳу ҷалол ва рутба, мансабҳои илмӣ ва андӯхтани молу манол нашуда, ниҳоят фақирона зиндагӣ карданро ихтиёр менамояд. Муосирону ҳамзамонон, чунин тарзи ҳаётро интихоб ва ихтиёр намудани ӯро аз ҷавонмардӣ ва олиҳимматӣ ном бурдаанд [10, с. 22-23]. Ҳамзамон, ин ҷавонмардӣ ва олиҳимматӣ низ аз баландии ақлу фаросат, донишу биниш, маҳорату ҷаҳонбинии ин шахси ояндабину инсони дурандеш шаҳодат медиҳанд.

Ба тариқе аён мегардад, ки дар охири асри ХIХ ибтидои асри ХХ вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии Аморати Бухоро, хусусан, аҳди амир Абдулаҳадхон бағоят пуртаззод ва ноором будааст. Ин омилҳоро ба назар гирифта, ховаршиноси маъруфи тоҷик Ҷ. Назриев қайд мекунад, ки дар «муҳити он давринаи Аморати Бухоро ҷаҳолату ғафлат, кибру ғурур, беандешагиву носозгорӣ, беадолативу ситампешагӣ ва мунофиқиву бӯқаламунӣ ҳукмрон буда, чунин авзои манфур бевосита тамоми Осиёи Марказиро фаро мегирифт. Дар натиҷа, майдони фарҳангу маънавиёт рӯ ба таназзул ниҳода, таассубу хурофот ҳукмфармо мегарданд…» [10, с. 10]. Вале бо вуҷуди он, дар охири асри ХIХ ибтидои асри ХХ дар сиёсати дохилии амирони манғит, хусусан, амир Абдулаҳадхон тағйироти назаррас ва таҳаввулоти азим ба вуқуъ мепайвандад. Яке аз чунин тағйирот ва дигаргунӣ он буд, ки агар амирони манғит дар гузашта, дар идоракунӣ ва корҳои давлатдорӣ бештар ба қабоили атроки «элотия» такя мекарда бошанд, пас акнун, дар давраи нав онҳо бештар ба мардуми эронинажод ва тоҷикони Бухорои Шарқӣ такя менамуданд. Мисоли равшани ин омили ҳаётӣ он аст, ки дар ин давра муҳимтарин мансабҳои давлатӣ, ҳатто вазифаҳои қушбегӣ [сарвазир] ва молиёт низ ба дасти тоҷикон ва эрониҳо мегузоранд [9, с. 12; Муфассал ниг.: 11, с. 3- 9].

Албатта, ин дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ ба мардуми Аморати Бухоро, хусусан, Бухорои Шарқӣ аҳамияти пешқадами прогрессивӣ дошт. Зеро акнун тоҷикон ва дигар мардуми Осиёи Миёна имконият пайдо мекарданд, ки бо самараҳои пешқадами илму техника–роҳи оҳан, нақлиёти нави муосир, тилфуну тилгироф, корхонаҳои фабрикиву заводӣ, биноҳои руси замонавӣ, роҳҳои нави маҳаллӣ ва амсоли он шинос шуда, онҳоро бевосита дар рӯзгори хеш мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор медоданд. Албатта, ҳамаи ин дигаргунсозӣ ва навгониҳои замон дар ташаккули афкори мутафаккирони пешқадами Аморати Бухоро, аз ҷумла Аҳмади Дониш, Содиқхоҷаи Гулшанӣ ва дигарон таъсири мусбат ва баракати пурфайз ато мекарданд.

Хосатан, амирони манғит, аз ҷумла Амир Абдулаҳад то андозае ба аҳли илму адаб, ба монанди шоирону донишмандон ва ғайра вобаста ба мавқеъу нуфузашон муносибат мекард. Дар дарбор ҷалб гардидани аҳли илму адаб аз шукуҳу шаҳомати давлатдорон шаҳодат медод. Аз ин рӯ, амир Абдулаҳад худро илму маърифатпарвар ва адабиётдӯст нишон медод, ба монанди подшоҳони мамолику кишварҳои Шарқ бо аҳли илму адаб, шоирону нависандагон алоқамандӣ нишон медод ва баъзеи онҳоро дар дарбори худ нигоҳ медошт. Устод Садриддин Айнӣ аз чунин хислатҳои амир Абдулаҳад ёд карда, ишора бар он намудааст, ки «Амир Абдулаҳад мисли соири подшоҳони Шарқ ба шуаро ва удабо робита мекард, худ ҳам даъвии шоирӣ дошт», инчунин ӯ «бағоят соҳибзаковат ва руҳшинос буд…» [4, с. 120, 122]. Аз ин хотир, амир Абдулаҳад ба аҳли илму адаб, хусусан, фозилону шоирон муносибати некхоҳонаву аҳлонаро раво дида, онҳоро ба дарбори худ даъват мекард. Ин ақидаро дастгирӣ намуда, муҳаққиқони ватанӣ арз медоранд, ки дар соли 1885 ба тахти аморат писари Музаффар–амир Абдулаҳад баромад. Ин амир худро шеърдӯсту шоирнавоз ба қалам дода, бисёр шоиру нависандагонро гӯйё ба марҳамату лутфи худ навохта, ба дарбор ҷалб мекард ё онҳоро ба ягон рутбаю вазифа мансуб менамуд [11, с. 343-344].

Бино бар он, нуфузу обрӯ, ҷаҳонбинӣ ва маҳорати оламгиру хислатҳои наҷиби Гулшанӣ диққати аҳли ҷомеаи он замонро, аз ҷумла аҳли дарбори аморатро ба сӯйи худ ҷалб накарда наметавонист. Ба тариқе аён аст, ки амири Бухоро Абдулаҳадхон ба Содиқхоҷаи Гулшанӣ таваҷҷуҳи хосе зоҳир намуда, ӯро ба сифати надими дарбор [мушовир] ба дарбор ҷалб мекунад. Дар «Қомуси шуравии тоҷик» зикр шудааст, ки «Амир Абдулаҳад, ки мухолифонашро ба мақсади бевосита назорат кардан ба хидмати дарбор ҷалб мекард, аз ин лиҳоз, Гулшаниро низ ба хидмати дарбор ҳамчун надим [мушовир] ба кор даъват мекунад» [8, с. 161]. Албатта, ба сифати надим ба дарбори аморат роҳ ёфтани ӯро аксарияти дӯстону ҳамзамонон хуш истиқбол карданд. Зеро онҳо умед доштанд, ки Содиқхоҷаи Гулшанӣ агар дар дарбор мақому ҷойгаҳеро соҳиб шуда бошад, аз ҷониби дигар, дар муҳити носолими дарбор ба шоҳи худхоҳу худписанд ва мағруру бебок Абдулаҳадхон таъсири мусбат расонида, ӯро ба роҳи рост ва адлу инсоф ҳидоят месозад [10, с. 22]. Бо вуҷуди он, назари аллома Садриддин Айнӣ перомуни ба дарбор кашида шудани Содиқхоҷаи Гулшанӣ аз дигарон фарқ дорад ва ин корро чандон мусбат арзёбӣ намекунад ва ба он баҳои манфӣ медиҳад.

Аз ахбори маъхазҳои таърихӣ аён мегардад, ки Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ соҳиби унвони қароулбегӣ будааст. Зеро Гулшанӣ дар пешгуфтори «Таърихи ҳумоюн» дорои унвони қаровулбегӣ буданашро баръало зикр намудааст [1, с. 44]. Аз ин санаду далелҳо маълум мегарданд, ки Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ ба мақому манзалати нисбатан баланд ва обурӯву эътибори калон соҳиб шудааст.

Амир Абдулаҳад гарчанде Гулшаниро ба дарбор ба сифати надим, ҳамсуҳбат ва мушовири хеш даъват карда бошад ҳам, аммо ӯро ба корҳои ғайрикасбӣ ва дуюмдараҷа ҷалб мекард. Тибқи шаҳодати Садриддин Айнӣ, Содиқхоҷа ба ном надим (ҳамсуҳбат) буду аммо дар ҳақиқат, монанди навкарони бесаводи амир маҷбур буд, ки дар тобистон ва зимистон дар ноҳияҳо ва вилоятҳои Бухоро бо асп савор шуда, сафар намояд [амир ӯро бо баҳонаи хидмате ҳар рӯз ба ҳар ҷои дурдасти душворсафар мефиристод] [2, с. 18]. Гарчанде ба ноҳияҳову вилоятҳои дурдасти Аморати Бухоро озими сафар шудан ба Гулшанӣ душвориҳо пеш оварда бошанд ҳам, аммо ӯ аз ин сафарҳо, бар хилофи хоҳиши амир, манфиати зиёде ба бор оварда тавонист. Содиқхоҷа дар аснои сафарҳояш бештар имкон пайдо мекунад, ки бо тарзи зисту зиндагии мардуми қаламрави Аморати Бухоро аз наздик ошно гардад, далелу санадҳо ва маълумоти зиёде пайдо намояд ва дидаву шунидаҳояшро ба рӯйи қоғаз сабт созад, баҳри эҷоди асарҳои ҷуғрофӣ ва таърихӣ маводу санадҳои пурқимат гирдоварӣ намояд. Содиқхоҷаи Гулшанӣ дар ин роҳи наҷиб ва ояндасоз комёбиву бурдбориҳо ба даст оварда, баҳри эҷоди як асари бағоят пурмазмун ва посухгӯйи талаби замон бурдборона омодагӣ мегирад. Дар воқеъ, Содиқхоҷаи Гулшанӣ зимни сафарҳояш ба манотиқи мухталифи қаламрави Аморати Бухоро бо таъриху маданияти мардуми он, хусусан, бо рӯзгори тоҷикон ва дигар қавму қабоилҳо аз наздик шинос шуда, маводу санадҳои гуногун ҷамъоварӣ намудааст, ки онҳо дорои аҳамияти калони илмиву амалӣ мебошанд. Бино бар иттилои яке аз муҳаққиқони номии тоҷик Ҷ.Назриев, Гулшанӣ дар баробари корҳои шоёну наҷиб ва дастовардҳо, «ҳатто нақшаи амалии ноҳияҳо ва мавзеъҳои сафар кардаашро, аниқтараш харитаи қаламрави Аморати Бухороро мекашад, ки он мутаассифона, то имрӯз маҳфуз намондааст» [10, с. 24].

Содиқхоҷаи Гулшанӣ ҳамагӣ чиҳилу нӯҳ сол, умри кӯтоҳ мебинад, вале он умри пурбаракат ва ибратомӯз ба шумор мерафт. Тибқи ахбори маъхазҳои адабию таърихӣ, «дар санаи ҳазору сесаду бисту ҳашт вафот ёфтааст», ки он мутобиқ ба соли 1910 мелодӣ мебошад» [10, с. 24].

Хулласи калом, Содиқхоҷаи Гулшанӣ дар таърихи илму фарҳанги тоҷикон ва дигар мардуми Осиёи Марказӣ ҳамчун маорифпарвар, ҷуғрофияшинос, муаррих, ва шоири номӣ маъруф ва машҳур гардидааст. Вай мероси рангину пурқимат ва осори ниҳоят бою пурғановати илмиву адабӣ ва фарҳангӣ боқӣ гузоштааст. Аз ҳама муҳимтар он аст, ки ӯ асари нотакрор ва пурарзиши худро бо номи «Таърихи ҳумоюн» эҷод намуда, ба насли имрӯзу оянда ҳамчун ёдгории беназир боқӣ мегузорад, ки он ба аҳамияти бузурги илмиву амалӣ молик аст. Инак, то ин ҷо, перомуни саҳифаҳои рангин ва нотакрори ҳасбу ҳол, омӯзишу камолот, фаъолияти пурсамари дарборӣ ва дигар ҷанбаъҳои рӯзгори Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшани Бухороӣ намунаву мисолҳои арзишманд ва санаду далелҳои пурфахру нотакрор ироа гардиданд, ки онҳо имрӯз на танҳо ба аҳли илму адаби ҷумҳурӣ ва тоҷикони бурунмарзӣ, балки маҳз ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол намунаи ибрат ва пайравӣ буда, онҳоро дар рӯҳияи худшиносӣ, меҳанпарастӣ, ифтихор аз ватандориву ватандӯстӣ ва амсоли он тарбия менамояд.

Аз ин сабаб, маҳз имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки рӯзгори ибратомӯз, омӯзишу камолот, ҳамзамон фаъолияти дарборӣ ҳамчун мушовири Амири Бухоро –Абдулаҳадхон, осори рангину пуртахайюли шоирӣ, асари пурмӯҳтаво ва ягонаи Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшании Бухороӣ «Таърихи ҳумоюн», хосатан, афкору ақидаҳои пурҳикмат ва андешаҳои солиму ояндасози мутафаккири номии тоҷик маҳз баҳри имрӯз ва ояндаи ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлоламон намунаи ибрат ва пайравӣ буда метавонанд. Хуллас, ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳар саҳифаи рӯзгори рангин ва ибратбахши Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшании Бухороӣ шинос шуда, онро аз нуқтаи назари имрӯз ва оянда омӯхта, ба ибтикори наву созанда ва хулосаҳои амиқу дақиқи бунёдӣ хоҳанд расид.

А д а б и ё т

1. Гулшанӣ М. С. Таърихи ҳумоюн / Ба чоп тайёркунанда, мураттиб ва муаллифи сарсухан Ҷӯрабек Назриев.–Душанбе, 2006.–168 с.+ матни форсӣ.

2. Айнӣ С. Содиқхоҷаи Гулшанӣ // Айнӣ С. Ёддоштҳо.–Ҷ.

3-4.–Сталинобод, 1955.–С. 17-19.3. Айнӣ С. Содиқхоҷа Гулшании Бухорӣ // Айнӣ С. Намунаи адабиёти тоҷик.–Душанбе: Адиб, 2010.–С. 311-312.

4. Айнӣ С.Таърихи амирони манғитияи Бухоро // Куллиёт.–Ҷ. 10.–Душанбе: Ирфон, 1966.–С. 7-191

5. Алимардонов А. Гулшанӣ Муҳаммад Саидхоҷаи Бухороӣ // ЭАСТ.– Ҷ. 1.- Душанбе, 1990.– С. 373.

6. Алимардонов А. Нусхаи қаламии «Таърихи ҳумоюн»-и Гулшанӣ // Мероси ниёгон.–1995.-№ 2.–С.16-17.

7. Дониш А. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития.–Душанбе, 1992.– 98 с.

8. Малтсев Ю., Сиддиқов С. Гулшанӣ Содиқхоҷаи Бухороӣ // ЭСТ. – Ҷ. 2. –Душанбе, 1980.– С. 161.

9. Мухторов А. Ҳисор: очерки таърихӣ: [охири асри ХV–аввали асри ХХ].– Кит. 2.– Душанбе: Адиб, 1999.–122 с. .

10. Назриев Ҷ. Гулшанӣ ва «Таърихи ҳумоюн»-и ӯ // Гулшанӣ М. С. Таърихи ҳумоюн / Ба чоп тайёркунанда, мураттиб ва муаллифи сарсухан Ҷӯрабек Назриев.–Душанбе, 2006.– С. 5- 40.

11. Пирумшоев Ҳ. Участие таджиков в админстративном управлении Бухарского эмирата второй половины ХIХ- начала ХХ веков // Историк. – 2018.- № 3 [15].- С. 3- 9.

12. Ҳодизода Р., Каримов У., Саъдиев С. Таърихи адабиёти тоҷик дар асрҳои XV-XIX ва ибтидои асри XX.–Душанбе: Маориф, 1988.–416 с.

Юсуфи Шодипур, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ