Аз қабули арзишмандтарин санади сарнавиштсози миллат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 31 сол сипарӣ мешавад. Массири ин се даҳсола исбот намуд, ки воқеан конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сароғози худ миллат ва кишвари бостонии моро ҷузъи таркибӣ ва ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намуда, роҳи пуршарафи ояндаи онро муайян намуд. Бо қабули ин сарқонун баъди садсолаҳо миллати тоҷик имкон пайдо намуд, ки субъекти мустақил, фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи бузурги байналмиллалӣ гардад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули замони соҳибистиқлолии кишвари мо буда, меъёрҳои он, ки бе восита амал мекунанд фарогири ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрванд аз таҳсил то табобату фароғату сиёсат мебошанд. Аз ин нуқтаи назар Конститутсия як рукни соҳибистиқлолии мост. Гуфтан ҷоиз аст, ки Конститутсия масдари ҳамаи қонунҳост ва он дар ҳар давлат вобаста ба вижагиҳои нотакрори иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, фарҳангиву миллӣ, таърихиву маънавӣ, диниву мазҳабӣ ва ҳоказо ҳастанд.
Миллати тамаддунофари тоҷик бо таърих ва фарҳанги пурғановати худ ҳаводису воқеоти зиёди сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии зиёдеро аз сар гузаронидааст, ки ҳар яки онҳо дар марҳилаҳои муайяни таърихӣ дар сарнавишти миллат нақши муҳим бозидаанд. Волотарин дастоварди миллати тоҷик дар давраи навин ин расидан ба истиқлолияти миллӣ ва қабули Конститутсияи воқеан миллӣ ва демократӣ мебошад. Конститутсия шиносномаи ҳар як давлату миллат маҳсуб ёфта, бо мазмун ва муҳтавои худ, ки дар он номи давлат, сохтори давлатдорӣ, тарзи ташкили марзию ҳудудӣ, режими сиёсӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ифодаи худро меёбад, арзиши олӣ пайдо мекунад.
Ин санади муқаддасу сарнавиштсози миллат садсолаҳо ҳамчун чароғи фурузон барои рушду нумуъи кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва мардуми он хизмат мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд, ки: «Қабули Конститутсия ва қонунҳои нави Тоҷикистон, ки ба принсипҳои комилан нави ҳуқуқи муосир такя мекунанд, ҷиддан тақозо мекунанд, ки инсони дорои тасаввуроти фаҳмиши нави ҳуқуқӣ тарбия ёфта, аз роҳи дарку ҳазми қонунҳои амалкунанда тавонад аз манфиатҳои худ пуштибонӣ кунад ва ба ҳамин тартиб кафолати мавҷудияти ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократию ҳуқуқбунёдро таъмин намояд».
Конститутсия ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ масъалаҳои ҳаётан муҳими давлатиро ба танзим дароварда, талаботҳои он ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа баробар татбиқ мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, санадҳои дигари меъёрӣ-ҳуқуқӣ бояд дар партав ва мутобиқ ба он таҳия ва қабул гарданд. Ҳамчунин зикр намудан ба маврид аст, ки Конститутсия арзиши олӣ доштани инсону шаҳрванд ва ҳуқуқу озодиҳои онро муайян намуда, ҳамчун сарчашмаи низоми ҳуқуқӣ, муайянкунанда, муҳофиз ва кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои шахс хизмат мекунад. Конститутсия дар баробари ҳуҷҷати ҳуқуқӣ буданаш ҳуҷҷати сиёсӣ, таърихӣ ва муттаҳидкунандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, яке аз аломатҳои асосӣ ва муҳимми давлати соҳибихтиёр мебошад.
Истилоҳ ва корбурди «конститутсия» дорои таърихи тулонист ки, он ҳамчун қонуни асосии давлат ва низому дастури давлатдориро ташкил дода, ҳадафи асосиаш таъсиси давлати навини демократӣ буда, пайдоиши он танҳо бо оғози таърихи навин ва бо ғалабаи инқилобҳои буржуазӣ алоқамандии зич дорад.
Қобили зикр мебошад, ки аввалин Конститутсия дар Иёлоти Мутаҳидаи Амрико соли 1787 ва баъдан, дар Ҷумҳурии Фаронса соли 1791 қабул ва эълон гардидааст.
Дар массири таърих дар ҷомеаи башарӣ конститутсияро асосан мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ (парламент) ё мақомоти махсуси ба ин мақсад таъсисгардида (маҷлиси муассисон, маҷлиси миллӣ, конвент, конгресс, маҷлиси федералӣ, Шурои иттифоқ ва ғайра) муҳокима ва қабул мекунанд. Дар амалияи таърих ҳолатҳое ҳам мавҷуданд, ки ҳатто тағйиру иловаҳо ба конститутсия бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда мешавад, ки исботи ин гуфтаҳо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба конститутсияи ҳоло амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамолики дигар шуда метавонад.
Қабули конститутсия ҳамчун санади муҳими давлатию сиёсӣ ба давраҳои таърихии инкишофи ҷомеа ва рӯйдодҳои муҳимтарини ҷамъиятию сиёсӣ дар ҳаёти халқҳо ва миллатҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Дар Тоҷикистон Конститутсия хусусиятҳои хоси инкишофи худро доро буда, вобаста ба давраҳои таърихии пешрафти ҷомеа мавқеи махсусро ишғол менамояд. Дар таърихи давлатдории Тоҷикистон ҳамагӣ панҷ маротиба – солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул карда шудааст.
Бо шарофати истиқлолияти миллӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода ва қабули сарқонун марҳалаи нав ва нисбатан озод ба амал омад. Қабули сарқонун ба даврае рост омад, ки Тоҷикистони соҳибихтиёрро оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта, пояҳои давлату давлатдорӣ сусту заиф ва Тоҷикистонро хавфи парокандагӣ ва завол таҳдид мекард. Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар ҳаёти ҷамъиятӣ муносибатҳои сифатан нав, ба монанди пеш гирифтани сиёсати озоду мутақобилан судманди хориҷӣ, арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, зуҳуроти шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, моликияти давлатию ҷамъиятӣ, равнақи муносибатҳои тиҷоратию соҳибкорӣ ва ғайра ба вуҷуд омаданд ва шакли идоракунию сохтори марзии давлатдорӣ хусусиятҳои навро ба худ касб намуданд.
Барои танзими ҳамаҷонибаи чунин муносибатҳои ҷамъиятиву давлатӣ ва ба таври воқеӣ ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ҷомеаи навини тоҷикон қонуну санадҳое лозим буданд, ки бархурди чунин манфиатҳо бошанд. Барои эҷоди ин гуна санаду қонунҳо заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ лозим буд, ки он ҳам бошад, қабл аз ҳама сарқонуни нави давлати соҳибистиқлоли демократӣ ва дунявӣ буда метавонист. Аз ин лиҳоз, баҳри татбиқи мақсадҳои зикргардида ҳайати комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Ҳокимияти давлатӣ дар симои Шурои Олии ҳамонвақта аз нав эҳё гардида, ба барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ кардани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон дар ҷомеа шароит фароҳам овард. Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи сарқонунро таҳия намуда, онро барои ҳарчӣ пурраву демократӣ гардонидан ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд.
Дар марҳилаи ниҳоят мураккабу сарнавиштсоуз, ки кишвари азизамонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта буд, лоиҳаи конститутсия дар матбуоти даврӣ ба нашр расида, аз ҷониби аҳли ҷомеа бевосита мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор гирифт ва санаи 20 июли соли 1994 қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекард. Сипас бо назардошти тағйироту иловаҳо, фикру ақида ва дархосту пешниҳодҳо санаи 6-уми ноябри соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣ (референдум) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Натиҷаҳо муайян намуд, ки ба ҷонибдории конститутсия 94,4 фоизи шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ овоз дода, моҳиятан роҳи тараққиёти ояндаи миллат ва давлатдориро муайян намуданд. Конститутсияи соли 1994 дар таърихи Тоҷикистон назир надорад, зеро то ин замон сохтори давлатдорӣ куллан дигаргун буд. Акнун конститутсияро ба тарҳи биное шабоҳат додан мумкин буд, ки дар партави он сохтмонро оғоз кардан лозим меомад. Конститутсия ҳарчанд ҳаҷман китоби начандон калоне бошад ҳам, аммо дар он мазмун ва моҳияти тамоми соҳаҳои зиндагӣ ва дурнамои инкишофи давлату давлатдорӣ: шакли идоракунӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, хулоса муҳимтарин самтҳо ва равияҳои рушди ҷомеа ва давлат инъикос ёфтаанд.
Дар интиҳои гуфтор метавон чунин зикр кард, ки конститутсия – ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошаду тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ намояд. Конститутсия барои сулҳу ваҳдат ва ба суботи комил расидани мардуми Тоҷикистон нақши муҳим бозида, ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ аҳамияти бузурги таърихиро низ доро буда, беназиртарин арзиши олии миллӣ ҳисобида мешавад. Қабули конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таъмини идоракунии давлати навин руйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори ватани азизамон гардид, зеро сатҳи баланди шуури миллӣ, аз ҷумла воқиф будан аз конститутсия, қонунҳо, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, бархӯрдорӣ аз ҳукуқу озодиҳои инсон заминаи таъмини қонуният ва тартиботи устувори ҳуқуқӣ дар ҷомеа мебошад.
Неъмонов Беҳрӯзҷон Зариёевич – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон







