ПАРЧАМ – МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТИ КУҲАНБУНЁД ВА ТАМАДДУНОФАР

194

Аз гузашта то имрӯз ҳар миллат бо мақсади нишон додани таърих, тамаддун, фарҳанг, мавқеи сиёсӣ ва минтқавию байналмилалӣ рамзҳои мухталифро истифода менамояд. Ин рамзҳо аксаран ба хотири ҳимояи миллат равона шудаанд, ки асоси онро озодӣ ва истиқлол ташкил медиҳад. Барои даст ёфтан ба озодӣ мардум дар зери рамзи махсус – парчам, ки ифодагари мақсаду мароми эшон буд, муттаҳид мешуданд. Ин муттаҳиддӣ мардумро ба шуриш, ошӯб ва инқилоб бештар равона месохт. Аксари инқилобҳо ба хотири ташкили давлат, ки ҳимоятгари манфиатҳои мардумӣ аст, равона гардида буд. Ниёкони тоҷикон ҳарчанд яке аз ташкилкунандҳои нахустин давлату шоҳаншоҳиҳо буданд, вале бо ворид гардидани аҷнабиён баъзан зимоми ҳукматдориро аз даст медоданд. Ба хотири ба даст овардани озодӣ ва истиқлол ниёгони тоҷикон дар зери парчами Коваи оҳангар, Спитамен, Деваштич, Абумуслим, Муқаннаъ, Темурмалик ва ғайра муқобили аҷнабиён муборизаи шадид бурдаанд. Ин мубориза бо сарварии Куруши Кабир, Аршак, Куҷула Кадфиз, Тоҳир ибни Ҳусайн, Яъқуб инбни Лайс ва Исмоили Сомонӣ бо барор анҷом ёфту ба ташкили давлату шоҳаншоҳиҳои муқтадир хотима ёфт. Ин корномаи фарзандони боризи ниёгони тоҷик дар зери парчами озодӣ ва истиқлол бо ҳарфҳои заррин ҳакокоӣ шудааст, ки имрӯз барои насли наврас ва ҷавони меҳан таҷрибаи нодире ҷиҳати арҷ гузоштан ба арзишҳои давлатдорӣ ва ҳифзу гиромидошти истиқлол ба ҳисоб меравад.

Аҷдоди тоҷикон парчамро дар аввал ҳамчун рамзи озодӣ ва муттаҳидӣ истифода намуда, баъди ноил гардидан ба ин ҷавҳари ҳастӣ онро чун рамзи истиқлол ва номуси ватандорӣ ҳифз мекарданд. Ҳифзи парчам барои ҳар як ватандор рисолати бузургу шарафманде буд. Чун парафшон гардонидани ин рамзи хушбахтии миллат кори саҳлу осон набуд. Мубориза ба муқобили юнону мақдуниҳо, румиҳо, арабҳо, турку муғулҳо ва дигар аҷнабиён бо сарварии чеҳраҳои мондагори миллат танҳо ба хотири парчами озодӣ ва истиқлол буд.

Воқеан, парчам пеш аз ҳама рамзи номуси миллат мебошад, ки ин номус танҳо тавассути озодӣ ва истиқлол ҳифз карда мешавад.

Тоҷикон таърихи зиёда аз 6 ҳазорсолаи парчамдориро доро мебошанд. Ниёкони тоҷик аллакай дар ҳазораи 3-2 то милод парчами худро доштанд, ки дар осори Ибни Балхӣ, Фирдавсӣ ва Табарӣ ба таври муфассал зикр шудааст. Аз давраи ҳукумати сулолаи Каёниён то Сомониён садҳо фарзандони фарзонаи миллат баҳри ҳифзи ин рамзи озодӣ ва истиқлол ҷони худро нисор намудаанд. Дар тамоми набардҳо парчам муқобили душман чун рамзи сарҷамъӣ ва муттаҳиддӣ истифода мешуд. Барои ҳифзи он ҳар як аскарро лозим буд, ки то охирин нафас мубориза бурда, ин рамзи муқаддасро дифоъ намояд. Парчами Ҳахоманишиҳо дар дунёи қадим дар шарқ то сарҳади Чин дар шимол то Қафқоз дар ҷануб то Халиҷи Форс ва дар ғарб то Осиёи Хурду Миср парафшон буд, ки ин рамзи ҳукумати муқтадири ниёгони тоҷикон дар ин минтақаҳои тамаддунхез ба шумор мерафт. Шоҳони ҳахоманишӣ чун Куруши Кабир ва Дорюши Кабир парчами хешро, ки ранги сурх дошту дар он уқоб инъикос мешуд, дар тамоми набардҳо алайҳи душман ҳифз карда, парафшонии онро дар ду қитъаи олам Осиё ва Африқо таъмин намуданд. Минбаъд сулолаҳои тоҷиктабори Ашкониёну Кушониён талош намуданд, ки парчами ақвоми ориёитаборро дар сарзаминҳои Вароруд, Хуросон, Эрон, Шарқи Наздик ва Қафқоз парафшон намоянд ва ба ин муяссар ҳам шуданд. Парчами Ашкониён ва Кушониён дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим ҳамчун рамзи қудрати ориёиҳо насб шуда буд. Шоҳони Парфия ва Кушон ба монанди Меҳрдод ва Канишкаи Кабир қудрати юнону мақдуниҳо ва румиҳоро дар минтақаҳои ҳамҷавор шикаста, парчами хешро дар шарқ то Ҳиндустон ва дар ғарб то Кападокия ва Шому Ироқ парафшон намуданд.

Дигар аз марҳалаи парафшонии парчами тоҷикон ба аҳди ҳукумати сулолаи Сосониён рост меояд. Сосониён бо сарварии Ардашери Бобакон, Шопури 1, Хусрави Анушервон ва Хусрави Парвиз анъанаи давлатдории ниёгон, махсусан Ҳахоманишиҳоро идома дода, як шоҳаншоҳии бузургеро ташкил карданд, ки дар он зиёда аз 70 қавму халқиятҳо муттаҳид буданд. Шоҳаншоҳони сосонӣ дар ғарб мақоми Румро ба танг оварда, доираи парафшонии парчами хешро, ки аз се ранг сурх, зард ва бунфш иборат буд, васеъ намуданд. Оини парчамдорӣ дар аҳди Сосониён шаклу услуби хоссаи худро дошта, дар тамом набардҳо парчамдор дар сафи пеш қарор дошт. Ҳайтолиён, ки бо ҷасурӣ ва далерӣ маъруф гардида буданд, дар парчами хеш расми шерро инъикос менамуданд, ки ин рамзи нотарсӣ ва мубориза бо душманон буд.

Дар зери ҳамин рамз ба Ҳайтолиён муяссар гардид, ки зиёда аз 150 сол зимоми давлатдориро дар сарзаминҳои имрӯзаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Покистон ба даст бигиранд. Муборизаи онҳо ба муқобили ақвоми турктабори кучманчии қисми шимоли Осиёи Марказӣ дар зери парчами шердор, ки дар осори муаррихони асримиёнагӣ зикр шудааст, аз хусусияти рамзи ягонагӣ ва истиқлолхоҳии ин парчам хабар медиҳад. Дар зери ин парчам, ки ифодагари нангу номуси ин қавми ориёитабор буд, муяссар гардид, ки як қисми бузурги Роҳи абрешим муддати зиёд дар зери назорати онҳо қарор дошта бошад.

Дар замони Сомониён парчами давлатӣ дар асоси суннатҳои давлатдори ниёгон ва омезиш ба суннатҳои исломӣ қабул шуда буд. Парчам дар болои арки амир овезон буд, ки он шакли идории давлатиро инъикос менамуд. Сомониён талош мекарданд, ки суннатҳои неки давлатдории ниёгонро эҳё бахшанд. Исмоили Сомонӣ дар зери парчами хеш ба Туркистони Шарқӣ ҳуҷум намуда, туркони бояднишинро, ки ҳамеша ба шаҳрҳои минтақа хатар эҷод мекарданд, шикаст дода, дар он минтақаҳои ҳукумати хешро барқарор сохт. Бо барҳам хӯрдани давлати Сомониён новобаста аз он ки дар минтақа сулолаҳои ғайритоҷик ба қудрати сиёсӣ расиданд ба анъанаҳои давлатдории эҷодкардаи Сомониён идома бахшиданд. Мувофиқи маълумоти Низоммулмулк, ки дар «Сиёсатнома» хабар додааст, низоми идорӣ ва аркони давлатдории Сомониён барои сулолаҳои вопасини чун намуна мавриди истифода қарор гирифт.

Дигар аз марҳалаҳои соҳибпарчамии тоҷикон ба даврони шуравӣ марбут аст. Соли 1924 пас аз тақсимоти миллӣ-марзӣ ва ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тоҷикистон дар баробари дигар аз аркони давлатдорӣ парчами давлатӣ низ дар такя ба парчами Иттиҳоди Шуравӣ тасдиқ гардид, ки ранги сурх дошту ифодагари ҳукумати синфи коргару деҳқон буд.

Истиқлоли давлатӣ, ки нодиртарин арзиш барои миллат аст, ба тоҷикон имкон дод, ки аркони муҳимми давладории хешро бо такя ба суннатҳои неки ниёгон интихоб ва тасдиқ намоянд. Дар Иҷлосияи тақдирсоз бар баробари қабули рукнҳои дигари давлатӣ дар таърихи 24-уми ноябри соли 1992 Парчами давлатӣ қабул ва тасдиқ гардид. Парчами давлатии Тоҷикистон, ки аз се ранг иборат аст, матои хушку холӣ набуда, он таърих, тамаддун, фарҳанг, имрӯз ва ояндаи дурахшони миллату давлати тоҷиконро дар худ инъикос менамояд. Ин рамзест, ки номуси миллиро баланд бардошта, заминаи устувории ваҳдату ягонагии миллиро таъмин месозад.

Парчам ҷомеаро ба ваҳдат, ягонагӣ, сулҳу созиш ва меҳнати софдилона баҳри рушди босуботи кишвар даъват менамояд. Парчам ваҳдати миллиро таҳким базшида, мондагории истиқлоли давлатиро таъмин месозад. Аз ин рӯ зарур аст, ки дар атрофи Парчами давлатӣ муттаҳид шуда, баҳри рушду инкишофи Ватан талош варзем. Имрӯз пачами миллӣ ҳамчун рамзи ваҳдатофар миллату давлати моро дар миқёси ҷаҳон муррифӣ менамояд.

Шарипов Ҷамолиддин – н.и.т., дотсент, директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат