ПАРЧАМ-НАМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ҶОВИДОНАИ МИЛЛАТ

191

Санаи 23.11.2023 дар факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси садорати факултет бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишиилмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Парчам- намоди давлатдорӣ ва ҷовидонии миллат” бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултети таърих доир гардид.

Ҳамоиши мазкурро муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байлалмилалӣ, н.и.т., дотсент Умаров А.Қ. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бахшида ба ин ҷашни фархунда табрику таҳният намуд.

Ҳамоишиилмӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ аз як бахш иборат буд. Бахши мазкур аз 8 маъруза иборат буд, ки дар он меҳмонон ва устодони факултет бо маърузаҳои хеш баромад намуданд.

Сухани декани факултети таърих Р.Шарипов дар мавзуи ” Парчам -рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Асрориён Ҷ.О. дар мавзуи “Парчам: Аз зуҳури родон то муқаддасоти миллӣ”; номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмон дар мавзуи “Таърихи Парчами миллӣ ва ҳикмати рамзу рангҳои он”, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳалимова Сафаргул дар мавзуи “Таърихи дирафши тоҷик”, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Нақши Парчами давлатӣ дар таҳкими давлати миллӣ”, дотсент, мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳимиллии Тоҷикистон Ғуломов Т.М. дар мавзуи “Инъикоси таърихи Парчам ва оини парчамдории тоҷикон дар сарчашмаҳои таърихӣ”, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарофуддинов С.С. дар мавзуи “Парчами давлатӣ – рамзи давлатдорӣ ва ифтихори миллӣ”; номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умаров Қ.У. дар мавзуи “Назаре ба оини парчамдории миллати тоҷик” маъруза намуданд.

Иззатова М.Қ.,мудири кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ