ФОРМАТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ҲИНДУСТОН (5+1)

212

Дипломатияи Ҳиндустон дар муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ якчанд вазифаҳои асосӣ дорад. Озод шудан аз «муҳити стратегӣ» аз Ҷумҳурии Исломии Покистон, таъмини амният дар минтақаҳои ҳамсояи Ҳиндустон, алахусус дар Осиёи Марказӣ, рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва пойдории субот аз зумраи онҳо мебошад.

Аз дигар тараф, Ҷумҳурии Ҳиндустон бо ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ба Осиёи Марказӣ рӯ овард:

-якум, барқарор кардани муносибатҳои сиёсӣ бо мақсади нигоҳ доштани вазъи муътадил дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ барои Ҳиндустон муҳим мебошад;

-дуюм,Ҷумҳурии Ҳиндустон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ метавонанд, дар мубориза ба муқобили бунёдгароии динӣ, терроризм, ифротгароӣ, сепаратизм ва дигар хатару таҳдидҳои ҷаҳонии замони муосир муборизаи дастаҷамъона баранд;

-сеюм, истифодаи мақсадноки имконоту захираҳои бойи обӣ ва гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ дар таъмини амнияти энергетикии Ҷумҳурии Ҳиндустон зарур мебошад;

-чорум, Ҷумҳурии Ҳиндустон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯшиш менамоянд, ки дар қитъаи Осиё аз рақибони пуриқтидори худ – Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон қафо намонад.

Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон на танҳо дар шакли дуҷониба, балки дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили СҲШ ва СММ ҳамкориҳои густурда доранд.

Дар шароити нави муносибатҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои Ҳиндустон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо омилҳои зерин низ алоқамандӣ дорад:

– якум, умумияти манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратии халқҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон, ки дар тӯли таърих шакл гирифта, ҳамдигарро пурра мекарданд;

-дуюм наздикии ҷуғрофии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Ҳиндустон;

-сеюм, ба ҳам мувофиқ будани сиёсати ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва бунёдгароии исломӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ;

-чорум, мақоми муайян пайдо кардани Ҳиндустон дар бозорҳои Осиёи Марказӣ;

-панҷум, ҳавасманд будани Ҷумҳурии Ҳиндустон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ барои ҳамкорӣ дар самти иқтисоду тиҷорат;

-шашум, ёрии амалии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар барқароркунӣ ва рушди иқтидори саноатӣ ва гидроэнергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ;

-ҳафтум, дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ мақоми барҷаста доштани Ҷумҳурии Ҳиндустон дар ҳама шаклҳои муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ;

Бартарии геополитикии Осиёи Марказӣ барои Ҳиндустон муҳим боқӣ мондааст. Бо афзоиши хатару чолишҳои ифротгароии динӣ, терроризм ва миллатгароӣ ба хотири якпорчагии миллати Ҳинд аҳаммияти стратегии Осиёи Марказӣ ба маротиб афзудааст. Дар сиёсати хориҷии Ҳиндустон Осиёи Марказӣ ҳамсояи стратегӣ ба ҳисоб меравад. Он чизе, ки барои Ҳиндустон муҳим аст, субот ва амнияти минтақа аст. Афғонистон бо нигарониҳои Ҳиндустон дар Осиёи Марказӣ робитаи ногусастанӣ дорад, зеро он як қисми сохтори геополитикии Осиёи Марказӣ аст, чун он бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳаммарз аст. Захираҳои ғании табиии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла захираҳои зиёди нафту гази табиӣ ва ҷойгиршавии он дар маркази АвруОсиё таваҷҷуҳи зиёди ҷаҳониёнро ба худ ҷалб кардааст.

Манфиатҳои қудратҳои бузург дар Осиёи Марказӣ мутавозин аст ва Осиёи Марказӣ ба эҳтимоли зиёд майдони он нест, ки ин равобити мутавозин ба душманӣ табдил шавад. Ҳиндустон бо ИМА ва Русия шарики стратегӣ аст ва омили Русия дар Осиёи Марказиро ба ҳисоб мегирад. Мавқеи Ҳиндустон ва Русия дар бораи нақши ояндаи Чин дар Осиёи Марказӣ бо ҳам мувофиқат мекунанд. Ҳарчанд Ҳиндустон аз ҳадафҳои Чин дар Осиёи Марказӣ хеле эҳтиёткор аст, аммо нигаронии бештари он субот ва амнияти Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳинд равобити амниятии худро тавассути таъсиси гурӯҳҳои муштараки корӣ оид ба мубориза бо терроризм ба расмият дароварда, бо бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ созишномаҳои ҳамкориҳои дифоӣ имзо кардааст.

Сиёсати Ҳинд нисбат ба Осиёи Марказӣ, ба фарқ аз замони гузашта нерӯманд ва фаъолтар мешавад. Масъалаи сулҳу субот дар Афғонистон барои амнияти минтақа аҳаммияти ҳалкунанда дорад. Масъалаҳои муҳим, аз қабили қочоқи маводи мухаддир, паҳншавии силоҳ, фарҳанги аслиҳа ва сатҳи пасти фаъолияти иқтисодӣ ҳама ба амният ва суботи Афғонистон таъсир мерасонанд.

Ҳиндустон ба амният ва суботи сиёсии Осиёи Марказӣ манфиатдор аст. Аён аст, ки бо назардошти вазъи Кашмир, Ҳиндустон аз таҳаввулоти сиёсӣ, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ рух медиҳанд, дар канор нест. Ҳар як пешравии гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар Кашмир метавонад унсурҳои шабеҳро дар Осиёи Марказӣ фаъол созад. Покистон дар шимолу ғарбии худ нисбат ба Ҳиндустон зиддият дорад. Покистон аллакай терроризми фаромарзӣ дар Кашмирро сарпарастӣ мекунад. Барои Ҳиндустон, масъалаи Кашмир на танҳо ба чаҳор миллион мусулмоне, ки дар водии Кашмир зиндагӣ мекунанд, балки ба сулҳу амнияти 130 миллион мусулмони дигар дар Ҳиндустон дахл дорад. Аз ин рӯ, Ҳиндустон дар ҳеҷ як шароит ин минтақаро нодида гирифта наметавонад.

Аз сӯйи дигар, бесуботӣ дар Афғонистон ба сулҳу амнияти минтақа таъсири манфӣ расонидааст. Аксари кишварҳои ҳамсоя муътақиданд, ки ифротиҳое, ки дар Афғонистон таҳти фармони Толибон муттаҳид мешаванд, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ноором хоҳанд кард. Ҳиндустон дарк мекунад, ки тавсеаи Толибон фишорро бар Кашмир афзоиш медиҳад ва дастрасии стратегии Покистонро то ба дарвозаҳои Осиёи Марказӣ густариш медиҳад.

Афғонистон ва Покистон ҳамчунон фаъолони калидӣ мебошанд, ки дар Осиёи Марказӣ ва инчунин дар Ҳиндустон бесуботиро эҷод мекунанд.

Мавқеъи геостратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ ин минтақаро хеле муҳим кардааст. Ҳама гуна тағйироти геополитикӣ дар минтақа ногузир таъсири худро ба якчанд давлатҳои ҳамсоя мерасонад.

Имрӯз минтақаи Осиёи Марказӣ ба як минтақаи аҳамияти беандоза барои Аврупо, ИМА, Чин ва Эрон табдил ёфтааст. ИМА кӯшиш мекунад, ки дастовардҳои Русия ва Эронро халалдор созад, Чин барои коркарди конҳои нафтии Осиёи Марказӣ миллиардҳо доллар ҷудо кардааст, то ниёзҳои ояндаи худро иҷро кунад.

Аврупо мехоҳад таъсири худро тавассути густариши НАТО ба самти шарқ ва тавассути барномаи шарикӣ барои сулҳ (PFP) густариш диҳад. Ин ҳама эҳтимол дорад, ки дар Осиёи Марказӣ сиёсати қудратмандро ба вуҷуд орад.

Терроризм дар доираи таҳдидҳои ғайрианъанавӣ дар Русия, Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеъ пайдо мекунад.

Он бо ташаккули шабакаҳои идеологӣ, молӣ ва технологии фаромиллӣ ҷанбаи нав гирифт. Ин робитаҳо терроризмро ба манбаи тавонои бесуботӣ дар минтақа ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ табдил додааст. Ҳиндустон бо терроризми фаромарзӣ, ки аз ҷониби Покистон дар Ҷамму ва Кашмир сарпарастӣ мешавад, рӯбарӯ аст.

Аз соли 2009 то соли 2012 равобити Ҳиндустон бо Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мақоми “шарикии стратегӣ” дода шуд.

Ҳиндустон, ки аз соли 2005 мақоми нозир дар СҲШ дошт, аз соли 2011 ба ин сӯ майли худро барои узвияти комилҳуқуқи ин созмон эълом кард. Соли 2010 дар Ишқобод созишномаи байнидавлатӣ ба имзо расид, ки боиси рушди тарҳи лӯлаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон (TAПИ) гардид.

Муносибатҳо бо Қазоқистон авҷ гирифтанд. Аз ҷумла, созишнома дар бораи интиқоли уран ба имзо расид. Илова бар ин, миёни ширкати ҳиндии ONGC (Oil and Natural Gas Corp) ва КазМунайГаз дар мавриди харидории 25 дарсади саҳмияҳои кони нафти Сатпаев тавофуқ ҳосил шуд ва ба сиёсати фаъолонатар такони калон бахшид.

Эҳёи сиёсати хориҷии Ҳиндустон дар Осиёи Марказӣ дар соли 2012, вақте ки стратегияи нави сиёсати хориҷӣ бо номи Connect Central Asia (Осиёи Марказиро пайваст кунед) таҳия шуда буд, консептуалӣ шуд. Самтҳои асосии он ҳамкориҳои сатҳи баланд, аз ҷумла дар доираи созмонҳои бисёрҷониба, масъалаҳои амният, энергетика ва захираҳои табиӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва хадамоти рақамӣ, афзоиши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла тавассути татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ буданд.

Муносибатҳои Ҳиндустон бо Осиёи Марказӣ тадриҷан ба сӯйи як барномаи умумиминтақавӣ пеш рафтан гирифтанд.

Пас аз ба қудрат расидани Нарендра Модӣ дар соли 2014, Ҳиндустон расман сиёсати “пайваста бо Осиёи Марказӣ”-ро идома дод. Рохбарияти Ҳиндустон ба ин минтақа шавқу ҳаваси зиёд зоҳир кардан гирифт. Соли 2015 Н.Моди як сафари «таърихӣ»-ро, ки дар расонаҳо унвон шуд, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом дод, ки дар ҷараёни он 22 созишнома дар соҳаҳои гуногун ба имзо расид. Ҳукумати Ҳиндустон кӯшиш кард, ки ба лоиҳаҳои стратегӣ ҳаёти нав бахшад ва лоиҳаҳои навро оғоз кунад. Он музокирот дар бораи долони нақлиётии Шимолу Ҷанубро фаъолтар кард ва маблағҳои буҷетӣ барои таҷдиди бандари Чобаҳори Эронро ду баробар афзоиш дод, ки дар ниҳоят дастрасӣ ба колоҳои ҳиндиро ба бозорҳои Осиёи Марказӣ фароҳам мекунад. Дастоварди барҷастаи сиёсати Н.Модӣ дар Осиёи Марказӣ шомил шудан ба СҲШ ҳамчун узви комилҳуқуқ дар соли 2017 буд.

Соли 2022 шакли нави муколамаи вазирон «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» ташкил карда шуд, ки нахустин мулоқот дар доираи он соли 2019 баргузор шуда буд. Яке аз дастовардҳои муҳим ташкили нахустин саммити “Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ” буд. Ин нишаст, ки ба 30-умин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ бахшида шуда буд, ҳарчанд дар шакли виртуалӣ баргузор шуда, бештар хусусияти рамзӣ дошт, дар рушди робитаҳои сиёсӣ марҳалаи муҳиме гардид.

Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ субъектҳои мустақили муносибатҳои байналмилалӣ ҳастанд, ки дар сиёсати хориҷӣ ва равобити иқтисодии хориҷӣ мувозинат ба даст овардан мехоҳанд. Имрӯз мавқеи Деҳлии Нав аз нигоҳи ҳузури иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва зарфияти ҳамкориҳои худ бо ин кишварҳо аз Чин ва Россия ба таври қобили мулоҳиза камтар аст. Тавре ки амалия нишон медиҳад, давлатҳои бузург қодиранд, ки дар Осиёи Марказӣ бидуни поймол кардани манфиатҳои ҳамдигар амал кунанд.

Дар лоиҳаҳои «нерӯи нарм»-и Ҳиндустон дар Осиёи Марказӣ ба рушди шабакаҳои ВАО ҷойи асосӣ дода шудааст. Саноати телевизиони Ҳиндустон дар байни кишварҳои рӯ ба тараққӣ яке аз баландтарин сатҳҳои рушдро нишон медиҳад (то 15% дар як сол) [Media and Entertainment Industry 2015], дар ҳоле ки сериалҳои ҳиндӣ махсусан талабот доранд: масалан, тибқи маълумоти TNS, дар моҳи марти соли 2014 маъруфтарин лоиҳаи шабакаи телевизионии «Қазоқистон» сериали телевизионии ҳиндии «Келин» гардид, ки онро сеяки тамошобинони телевизиони кишвар тамошо карданд. Бешубҳа, синамо ҳамчун дирижёри асосии расонаҳои «нерӯи нарм»-и Ҳинд дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Ҳиндустон тавонист шеваҳои филмсозии ғарбиро азхуд кунад ва он имкон медиҳад, ки таъсири худро зуд густариш диҳад.

Инак, «мубориза барои қалби одамон»-и Ҳиндустон дар Осиёи Миёна нав оғоз ёфт, вале хеле умедбахш аст. Аён аст, ки бисёре аз ҷанбаҳои сиёсати хориҷии Ҳинд дар даҳсолаҳои оянда, аз ҷумла дар робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он вобаста хоҳад буд, ки оё кишвар метавонад мувозинати дурусти байни “қувваи баҳс” ва “далели нерӯ”-ро пайдо кунад.

Ҳиндустон сиёсати “нерӯи нарм”-ро густариш медиҳад ва дар самтҳои дипломатияи фарҳангӣ, дипломатияи рақамӣ, брендинги миллӣ, диаспора ва дипломатияи кӯмакро дар амал татбиқ мекунад.

Бо вуҷуди ин, ба назар мерасад, ки то имрӯз нуфузи афзояндаи Ҳиндустон дар ҷаҳон бо сабабҳои геополитикӣ ҳанӯз дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври симметрӣ инъикос наёфтааст.

Деҳлии Нав ба таври анъанавӣ тавонмандиҳои худро нисбат ба Пекин чен мекард, аммо дар Осиёи Марказӣ Ҳиндустон бояд бо шартҳои рақобати шадиди минтақавӣ бо фаъолони дуюмдараҷа, аз қабили Туркия, Эрон, Покистон мувофиқат кунад ва дар ин шароит бояд аз манфиатҳои миллии худ дифоъ кунад. Бо вуҷуди ин Деҳлӣ наметавонад таносуби қудратҳоро дар минтақа, ки дар он Пекин ва Маскав нақши асосиро идома медиҳанд, тағйир диҳад. Ҷолибияти Ҳинд аён аст, аммо такя ба имкониятҳои афзояндаи иқтисодӣ ва пуррагии иқтисодҳо худ ба татбиқи иқтидори мавҷудаи ҳамкорӣ кафолат намедиҳад.

Дар маҷмуъ,

-Аҳаммияти афзояндаи Осиёи Марказӣ дар харитаи геополитикии ҷаҳон ин минтақаро ба майдони рақобати давлатҳое табдил медиҳад, ки мехоҳанд мавқеъҳои худро ҳамчун бозигарони калидӣ, аз ҷумла тавассути истифодаи абзорҳои “нарм” таҳким диҳанд.

– Баръакси ИМА ва Чин, Ҳиндустон ба далели шарикии стратегии худ бо ИҶШС, ҳанӯз дар замони шӯравӣ бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ равобит барқарор карда буд. Алоқаҳои фарҳангӣ инкишоф ёфтанд: масалан, дар Тошканд матбааҳое мавҷуд буданд, ки ба забонҳои ҳиндӣ (асосан ҳиндӣ ва урду) маводи чопӣ мебароварданд. Бисёр тарҷумонҳои забонҳои ҳиндӣ аз Ӯзбекистон буданд.

-Ҳиндустон принсипи иштирок накардан дар блокҳои ҳарбиро дар лоиҳаи геополитикии худ – ҳаракати ҳамроҳнашавӣ (120 мамлакатро муттаҳид менамояд) амалӣ мекунад. Бо кӯмаки бевоситаи Ҳиндустон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба ин созмон дохил шуданд. Қирғизистон ва Қазоқистон мақоми нозир гирифтанд. Илова бар ин, ба манзури ҷилавгирӣ аз ифротгароии ислом дар минтақа ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад.- Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама фаъолтар Шӯрои равобити фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) мебошад, ки фаъолияташ расман ба таблиғи фарҳанг, таърих ва санъати Ҳиндустон нигаронида шудааст. ICCR фаъолияти шабакаи марказҳои фарҳангиро дар назди сафоратхонаҳои Ҳиндустон (Маркази фарҳанги Ҳинд ба номи Л.Б. Шастри дар Тошканд, Маркази фарҳангии Ҳиндустон дар Остона, Маркази фарҳангии Ҳиндустон дар Душанбе ва ғайра) ҳамоҳанг мекунад. Вақтҳои охир Ҳиндустон низ барои боз кардани чунин марказҳо дар назди донишгоҳҳо ва китобхонаҳо саъй дорад: масалан, дар Тошканд дар Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатия шӯъбаи ҳиндӣ таъсис дода шуд, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар факултети Осиё ва Аврупо шуъбаи ҳиндӣ фаъолият дорад, аз соли 2014 дар Бишкек Маркази фарҳангии Ҳинд фаъолият мекунад. Китобхонаи миллии Қирғизистон аз ҳисоби Ҳиндустон аз нав муҷаҳҳаз ва таъмир карда шуд. Марказҳои маданияти Ҳиндустон муассиси асосии Рӯзҳои фарҳанги Ҳиндустон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.

– Ҳоло Ҳиндустон имкони васеи воситаҳои “нерӯи нарм” дорад, аз ҷумла дипломатияи фарҳангӣ, дипломатияи рақамӣ, брендинги миллӣ, диаспора ва дипломатияи кӯмак, ки дар якҷоягӣ барои паҳн кардани нуфузи худ дар хориҷа, бахусус дар Осиёи Марказӣ иқтидори бузурги захиравӣ эҷод мекунанд.

Турсунов Т.Х. – д.и.т., профессори кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии факултети таърих