ШУҲРАТИ БЕПОЁНИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ АЗ НИГОҲИ ХОВАРШИНОСОНИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА АВРУПО

210

Тоҷикон аз зумраи он халқу миллатҳое ҳастанд, ки дорои таърихи пурфайз ва фарҳанги бою ғанӣ буда, баҳри созандагӣ ва бунёдкорӣ пайваста азму талош намуда, дар ин шоҳроҳи азиму пурнақш муваффақ гаштаанд. Фарзандони фарзонаи миллат бо донишу малакаи волои хеш халқи тоҷикро бар ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд. Дар саросари ҷаҳон халқи тоҷикро дар симои донишмандони бузургамон Рудакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём, Ҷомӣ ва ғайра мешиносанд. Яке аз чунин бузургони хирад ва муҳаққиқи оламшумул Бобоҷон Ғафуров маҳсуб меёбад.

Бобоҷон Fафуров ходими намоёни сиёсӣ, муҳаққиқи чирадасти соҳаи илмҳои гуманитарӣ, ховаршиноси беназир ва муаррифгари таърих ва фарҳанги халқи тоҷик ба шумор меравад. Дар таърихи илми ҷаҳонӣ Бобоҷон Fафуров, ҳамчун ходими намоёни давлатӣ, мунаққид ва муҳаққиқибарҷаста дар рушди бемайлони таърихи халқи тоҷик ва илми бонуфузи ховаршиносӣ саҳми босазо гузоштааст. Ӯ дар тӯли фаъолияти пурсамари хеш илми шарқшиносии шӯравиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

Хосатан сиёсатмадорону муҳаққиқони кишварҳои ҷаҳон дар васфи матонату мардонагӣ ва ватандӯстию поксириштии ин марди сиёсат ва хирад андешаҳои ҷолиб ва писандида баён намудаанд.

Донишу биниш, маҳорату кордонӣ ва ҷасорати беназир, ҳисси баланди миллӣ, меҳанпарастиву ватандӯстӣ ва интишори асарҳои гаронбаҳои таърихӣ Бобоҷон Ғафуровро на танҳо дар ҷумҳурӣ собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар миқёси байналмилалӣ ҷаҳоншумул намуд. Бе сабаб нест, ки номи ӯ вирди забони олимону муҳаққиқон ва сиёсатмадорону роҳбарони кишварҳои Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидааст. Чунончӣ, муҳаққиқи машҳури рус М.С.Семёнов, олими тоҷик Бобоҷон Ғафуровро шарқшиноси беназири асри ХХ ном бурдааст. Олими барҷастаи рус, дӯсти қарини Бобоҷон Ғафуров И.С.Брагинский қайд намудааст, ки “Баъзан ҳамин тавр ҳам мешавад, ки ҳаёти шахсе узван ва ба таври канданашаванда бо ҳаёти халқи худ омехта мегардад, ки мо дар ҳаёти индувидуалии мавсуф саҳифаҳои қисмати таърихии халқи тоҷикро эҳсос менамоем”. Ин равандро танҳо дар фаъолияти ҳамин гуна шахси беназир-Бобоҷон Ғафуров дида метавонем. Маҳорати мардонагӣ ва доштани ҳуввияти баланди миллӣ ӯро миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ маъруф намудааст.

Яке аз омилҳои дигаре, ки ӯро дар саросари ҷаҳон шуҳратманду овозадор намуда буд, ин даврони пурфайзи роҳбарии ӯ дар Институти шарқшиносии АИИҶШС ба шумор меравад. Ин матлабро муҳаққиқи маъруфи амрикоӣ Ричард Фрай бо мамнунияд қайд менамояд, ки беназирии академик Б.Ғафуров на танҳо дар таҳқиқи масъалаҳои илмии марбут ба Осиё аст, балки ӯ фарзанди миллати тоҷик аст, ӯ директори Институти шарқшиносии АИ ҶШС, бузургтарин маркази ховаришиносие низ мебошад, ки дар кӯтоҳтарин муддат муввафақиятҳои гушношунидро ноил гаштааст. [1.-С.65]Муҳаққиқи машҳури Ҳинд Шоши Бушон зикр намудааст, ки “Бобоҷон Ғафуров дар асарҳои хеш бештар сайъу талош мекунад, ки фарҳанги бою ғанӣ ва маданияти беназири халқи тоҷикро инъикос намуда, ҷомеаи ҷаҳониро бо тамаддуни оламгири ин мардум ошно намояд”. [1.-С.67] Ин андешаҳо ва фармудаҳо аз шаҳомату бузургии алома Бобоҷон Ғафуров шаҳодат медиҳанд.

Соли 1956 Ҳукумати Шӯравӣ хизматҳои шоёни ин муҳаққиқи нуқтасанҷ ва маҳорату кордонӣ, донишу малакаи таърихдонӣ ховаршиносии ӯро ба назар гирифта, директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС интихоб намуд. Дар ин маркази бонуфузи илмиву тадқиқотӣ даҳҳо нафар ходимони бузурги илмӣ, муҳаққиқони забардасти илми таърих ва шарқшиносони маъруфу ҷаҳоншумул фаъолият намудаанд. Б.Fафуров ҳамчун муттахассиси забардасти соҳаи шарқшиносӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ин вазифаи пуршараф ва пурмасъулиятро ба дӯши хеш мегирад. Дар давраи фаъолияти ӯ дар Институти шарқшиносӣ дигаргуниҳои куллӣ ва пешравиҳои беназир ба амал омаданд.

Бесабаб нест, ки муҳаққиқи машҳури сатҳи ҷаҳонӣ, ҷопоншинос Владимир Михайлович Алпатов, даврони роҳбарии Б.Fафуровро даврони ҷолиб ва гул-гулшукуфоии Институти шарқшиносӣ арзёбӣ менамояд. Дар нашриёти “Адабиёти Шарқ”-и институти мазкур, ки он аз ҷониби Б.Ғафуров ташкил ёфта буд, асарҳои зиёди илмии олимону муҳаққиқони Осиёву Африқо нашр гардидаанд. [10-С.213] Ин раванд боиси ташаккул ва такомули риштаи дӯстии халқҳо гардида, мибаъд он рушду такомул ёфт, дар ин роҳи пуршараф Б.Ғафуров нақши калиди бозидааст.

Шарқшиноси машҳури рус Н.А.Халфин зимнан таъкид месозад, ки “Бо сабурӣ ва азми хосаи хеш Б.Fафуров ба дигаргунсозии Институти шарқшиносии АИ ИҶШС машғул гардида, дар ин замина ӯ тавонист, ки дар институт шӯъбаҳои навро ташкил намояд. Ба институт муҳаққиқон ва сиёсатмадорон аз Осиёву Африқо, Аврупо, Амрико ва Австралия баҳри иштирок дар конфронсҳои байналхалқӣ ташриф оварда, бо муттахассисони ин маркази бонуфӯзӣ илмӣ алалхусус бо академик Б.Fафуров дар бораи дастовардҳои илмиву амалӣ машварат мекарданд”. [9.-С.147] Ӯ пайваста сайъ мекард, ки тасаввуроти ҷомеаи илмии ҷаҳониро аз дастовардҳои беназари таъриху тамаддун ва фарҳанги тоҷикон ғанӣ гардонад. Дар воқеъ хислотҳои наҷиби ватандӯстӣ ва пос доштани анъанаҳои беҳтарини фарҳангу маданияти шарқӣ ӯро дар миёни аҳли илму адаби ҷаҳон машҳур намудааст. Бобоҷон Ғафуров дар васфи озодию истиқлол, дӯстию баробарӣ ва тадқиқу омӯзиши таъриху фарҳанги халқи хеш асару мақолаҳои зиёди илмию тадқиқотӣ рӯйи чоп овардааст, ки мутафаккирони ҷаҳон маҳорати беназир ва масъалаҳои тадқиқ намудаи ӯро эътироф намудаанд. Масалан, Муҳаммад Иқбол, шоири машҳури Покистон қайд менамояд, ки “Саҳифаҳои дурахшони ҳаёти Б.Ғафуров ба халқи мо дар муборизаи он ба муқобили бесаводӣ, қашоқӣ ва ҷаҳолат сабақи бисёр медиҳад”. [8]

Дар Ҳиндустон оид ба ҳаёт ва фаъолияти Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби муҳаққиқи машҳури ҳинд Шоши Бушон иборат аз 200 саҳифа китоби пурмуҳтаво интишор гардид, ки он аз эҳтироми бепоёни мардуми ин сарзамин нисбат ба аллома Бобоҷон Ғафуров башорат медиҳад.

Арбоби намоёни давлатии Ҳиндустон Индира Ганди қайд намудааст, ки “Ман боварӣ дорам, ки маҷмуаҳои илмие, ки нашри он таҳти роҳбарии олими барҷастаи Шӯравӣ, академик Бобоҷон Ғафуров сурат мегиранд ба халқи шӯравӣ дар дарку фаҳмиши вазифаҳои асосии мо дар соҳаи прогрессии иқтисодию иҷтимоӣ кӯмаки амалӣ хоҳад расонд”. Олими машҳури рус А.Л.

Нарочнитский таъкид менамояд, ки дар омӯзиши осори мадании халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ асарҳои академик Б.Гафуров арзиши баланд доранд ва ҳар яки он тадқиқоти пурсамар ва судбахши олим аст. Хусусан рисолаҳои илмию-таҳқиқотии ба эҷодиёти А.Форобӣ бахшидаи ӯ сазовори таҳсин мебошад. [1.-С.87]

Бобоҷон Fафуров дар арсаи байналхалқӣ дар миёни олимону муҳаққиқони ҷаҳон муаррифгари илми шарқшиносии шӯравӣ буда, бо шарофати ӯ илми шарқшиносии шӯравӣ дар ҷаҳон мақом ва манзалати ба худ хос касб намудаааст. Ӯ иштироккунандаи форумҳо ва конфронсҳои байналхалқӣ буда, дар ташкил ва баргузории конфронсҳои байналхалқӣ нақши муҳим бозидааст. Б.Fафуров солҳои зиёд роҳбарии Шӯрои комитети “Шарқ ва Ғарб-“ро, ки зери лоиҳаи ЮНЕСКО амал мекард, бар ӯҳда дошт. Ӯ Президенти асотсиатсияи байналхалқӣ оид ба омӯзиши фарҳанги мардуми Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО, намояндаи Президенти Иттифоқи байналхалқӣ оид ба омӯзиши масъалаҳои Шарқ ва Fарб буда, дар ин ҷода фаъолияти пурсамар сарф намудааст. Инчунин мавсуф ҷонишини раиси Комитети ҳимояи ҷаҳон, муҳаррири асосии маҷаллаи илмӣ ва сиёсию иҷтимоии “Осиё ва Африқо- имрӯз” ва амсоли он корҳои зиёдеро анҷом додааст.

Ин мунаққиди оламшумул дар аксар ҳамоишҳо ва чорабиниҳои илмию адабии давлатҳои хориҷӣ ширкат варзида, бо маърӯзаҳои аҳамияти баланди илмӣ дошта баромад менамуд. Масалан, соли 1957 дар конгресси ХХIV байналхалқии шарқшиносон, ки дар шаҳри Мюнхени Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардида буд, иштирок намуда, дар мавзӯи “Сабабҳо, ирфоъ ва инкишофи давлати Сомониён” баромад намуда, ҳозиринро бо фаъолияти пурсамари давлатдории тоҷикон ошно намуд. Соли 1960 Бобоҷон Ғафуров ҳайати вакилони шӯравиро дар конфронси минтақавии давлатҳои Осиёи Миёна, ки аъзои ЮНЕСКО буданд, сарварӣ мекард. Конфронси мазкур дар пойтахти Филиппин шаҳри Манила баргузор шуда буд. Бобоҷон Ғафуров дар соли 1961 дар Гвинея ҳангоми баргузории конфронсияи байналхалқӣ бо маърӯза баромад намуд, ки дар он донишу маҳорат ва ҷасорату бузургии ин муҳаққиқи тоҷик ба дараҷаи аъло баҳогузорӣ гардида, аз ҷониби намояндагони он раиси Фонди ҳамдилии Осиё ва Африқо интихоб гардид. Дар соли 1964 дар конгресси ХХVI байналхалқии шарқшиносон, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор гардида буд, Бобоҷон Ғафуров фаъолона ширкат карда, маърӯзаи пурмазмун қироат намуд. [7.-С.25] Аллома Бобоҷон Ғафуров барои хизматҳои шоиста, кашфиётҳои зиёди илмӣ ва рушду такомули муносибатҳои дӯстонаи илмӣ аз ҷониби давлатҳои хориҷи дуру наздик бо мукофотҳои олӣ ва унвонҳои зиёде мушарраф гардидааст. Масалан, соли 1968 Б.Fафуров аз ҷониби Ҳукумати Ҳиндустон бо Лауреати мукофоти байналхалқӣ ба номи Ҷавоҳирлал Неҳру мушарраф гардидааст. Ӯ доктори фахрии донишгоҳи Алигархии Ҳиндустон ва Теҳрони Эрон интихоб шуда, ба аъзои фахрии Академияи Сербия (Югославия) ноил гардидааст.

Тибқи нақшаи СММ – ЮНЕСКО рӯзи 27-уми сентябри соли 1968 конференсияи байналхалқии Комитети Ташкилоти давлатҳои муттаҳида (Созмони миллали муттаҳид) бахшида ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият (Юнеско) доир ба таърих, бостоншиносӣ ва маданияти Осиёи Марказӣ дар замонии Кушониён дар шаҳри Душанбе барпо карда шуд, ки дар он адабони машҳур ва муҳаққиқони номдори давлатҳои гуногун иштирок карда бо гузоришу маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Дар конфронси мазкур Бобоҷон Ғафуров нақши калидиро бозида, бо иштироккунандагон ва маърӯзачиёни конфронс сӯҳбату мулоқотҳо ва машваратҳои илмию амалӣ баргузор намуд.

Бештари муҳаққиқони хориҷӣ, ки ба Иттиҳоди Шӯравӣ ташриф меоварданд, бо Бобоҷон Ғафуров вохӯрӣ баргузор намуда, дар мавриди масъалаҳои актуалии таърихи Шарқ машварату суҳбатҳои судбахш доир мекарданд. Зимнан овозаи ин аллома ва донишманди бузург дар саросари ҷаҳон паҳн гардида, ӯро ҳамчун муҳаққиқи беназир, олими забардаст, сиёсатмадори ботаҷриба ва ватандӯсти асил мешинохтанд ва эҳтиром мекарданд.

Соли 1970 Бобоҷон Ғафуров директории фахрии Донишгоҳи мусалмонии шаҳри Олигархияи Ҳиндустон интихоб шудааст. Донишманд ва нависандаи барҷастаи Эрон Саид Нафисӣ шеъри маъруфи хешро “Дӯстони тоҷики ман” бо як самимияти хосса ба Бобоҷон Ғафуров бахшидааст:

Эй, ки ҳарҷо марҳами рози манӣ,

Гар диле дорӣ фаромӯшам макун,

Ҳар куҷо ҳастам, ту дамсози манӣ,

Оташе ҳастам, ту хомӯшам макун.

Соли 1972 асари фундаменталии аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав” бо забони русӣ рӯйи чоп омад. Бо мақсади ба анҷом расонидани ин асари гаронбаҳо маъхазу сарчашмаҳои зиёди хаттӣ, бозёфтҳои сершумори бостоншиносӣ, лингвистӣ, антропологӣ, нумизматӣ ва умуман сарчашмаҳои ғании дастрасшуда аз ҷониби муаллиф истифода шудаанд. Дар баробари тадқиқи таърихи халқи тоҷик, муҳаққиқ инчунин таърих ва фарҳанги халқҳои ҳамсоя, аз ҷумла халқи ӯзбекро низ мавриди омӯзишу баррасии амиқу ҷиддӣ қарор додааст. Соли 1979 асари безаволи Ғафуров “Тоҷикон” бо забони полякӣ таҳти унвони “Таърих ва таммадуни Осиёи Марказӣ”, нашр гардид. Хушбахтона шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” дар соли 1983 ҷилди якум ва соли 1985 ҷилди дуввуми он ба забони тоҷикӣ ба хонандагони таъриху фарҳангдӯсти хеш дастрас мегардад. Ин асар на танҳо ба тоҷикони ҷумҳуриямон, балқи ба беш аз 50 миллион нафар тоҷикони ҷаҳон ҳамчун таърихи пурганҷи миллӣ хидмат хоҳад намуд. Воқеъан ин шоҳасар дар солҳои гуногун ба забонҳои мухталифи ҷаҳон тарҷума шуда, теъдоди хонандагон ва мухлисони он рӯз то рӯз меафзоянд.

Дар ин хусус ходими намоёни илму адаб ва фарҳанги тоҷик Муҳаммадҷон Шукурии Бухороӣ қайд менамояд, ки асари безаволи Бобоҷон Fафуров. “Тоҷикон” дар муддати кӯтоҳ хонандагони сершумор пайдо намуд. Ҳар шахси донишандӯз ва муҳаққиқ ин асарро бо мамнуният дарёфт намуда, мазмун ва муҳтавои онро аз бар мекарданд. [8] Бесабаб нест, ки имрӯз низ ин асари гаронбаҳо аз ҷониби муҳаққиқони ватанию хориҷӣ ҳамчун сарчашмаи нодири таърихӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Муҳаққиқи барҷастаи рус В.В. Бартолд дар мақолаи хеш “Тоҷикон” навишта буд, ки ” Ҳангоми, ки соли 1925 Сарқонуни Ҷумҳурии Туркистон тасдиқ гардид, дар он миллатҳои асосии маҳаллии он фақат қиргизҳо, ӯзбекҳо ва туркманҳо ҳисобида мешуданд, сокинони қадимтарини ин сарзамин, ки дорои маданияти баланд, яъне, тоҷикон буданд, фаромӯш шуданд”. [2.-С.12-15] Гуфтан мумкин аст, ки ҷонбозиҳо ва талошҳои Б.Ғафуров баҳри исбот намудани ҳастии халқи тоҷик ва муайян намудани ватани аҷдодии онҳо, ки сарзамини Осиёи Миёна мебошанд, равона гардида буд. Баъд аз рӯйи чоп омадани асарҳои гаронбаҳои Бобоҷон Ғафуров, хусусан “Тоҷикон” таърих ва фарҳанги мардуми кӯҳанбунёди тоҷик аз нав эҳё гардида, бузургию созандагии ин халқи дорои тамаддуни гаронбаҳо комилан дар он инъикос ёфтааст, ин ташабусси наҷиб халқи тоҷикро дар ҷаҳон муарифӣ менамояд.

Ба андешаи муҳаққиқ ва ховаршиноси аврупоӣ Иржи Бечка асари гаронбаҳои таърихии Бобоҷон Ғ.”Тоҷикон” на танҳо худуди имрӯзаи Тоҷикистон, балки таърихи тамоми тоҷикони Осиёи Марказӣ, ҳамчунин қисмати бузурги Афғонистони имрӯзаро фаро гирифтааст. Аз ин лиҳоз ин шоҳасар на танҳо бар халқи тоҷик, инчунин барои эҳёи таъриху фарҳанг ва тамаддуни тамоми халқҳои Осиёи Марказӣ аҳамият муҳими илмиро доро мебошад.

Ин омилҳои мусбат ва ояндасоз дар осори муттафакирони ҷаҳон борҳо ёдрас гаштааст. Чунончӣ, яке аз ходими намоёни ҷамъиятии Ҳиндустон И.К. Гуҷрал изҳор намудааст, ки “Дӯсти қарини Ҳиндустон, инсони бузург ва донишманди асил Б.Ғафуров дорои сифатҳои баланди инсонӣ буда, дӯстию, рафоқат ва бо матонату диловариаш дар қалби ҳиндуён абадӣ боқӣ хоҳад монд. Шахси ҳамаҷониба бомаърифат, бағоят маданӣ, равшанфикри комил ва инсони ниҳоят самимӣ -чунин як таасурот аз мулоқотҳоямон бо Бобоҷон Ғафуров дар хотироти ман абадӣ нақш бастаанд”.

Инсондустӣ ва эҳтироми самимию дӯстонаи ин олими ҷаҳоншумул ӯро миёни ҷаҳониён шӯҳратманд намудааст. Дар ин хусус муҳаққиқи машҳури рус, яке аз шогирдони содиқи Бобоҷон Ғафуров -академик Б.А.Литвинский бо мамнуният зикр намудааст, ки “Б.Ғафуров хусусан аз кӯмак ба мардуми боистеъдод лазат мебурд. Ба ҳамаи инсонҳо навобаста аз миллат, нажод, дин ва ғайра кӯмаки хешро дареғ намедошт”. [10-С.56]

Дар рафти конфронси байналхалқии ЮНЕСКО, ки соли 1972 дар шаҳри Ашқобод баргузор гардида буд, сафири Покистон қайд намуд, ки “Ман аз зумраи он шахсони хуштолеъ ҳастам, ки бо Бобоҷон Ғафуров муҳаққиқи шинохта ва донишманди беҳамто ҳамсӯҳбат гардидам. Ин шахсияти нотакрори олами илму фарҳанги ҷаҳон мебошад”. [1-С.65]

Дар соли 1973 оид ба фаъолияти арбоби шинохтаи давлатии Ҳиндустон Ҷавоҳирлол Неҳру рисолае ба тавсиб расид, ки дар он рӯзгори рангини ин арбоби намоёни сиёсӣ ва муҳаққиқи оламшумӯл бо эҳсосоти баланд дарҷ гардидааст, дар он ҷасорату кордонӣ, ҷасорату қаҳрамонӣ, хизмати содиқона ба халқу миллати хеш бо таври амиқу дақиқ инъикоси худро ёфтааст. Ин бахти баланд ва рисолати бузург танҳо бо Бобоҷон Ғафуров муяссар шудааст.

Соли 1974 Бобоҷон Ғафуров ба Покистон сафар намуд, ки ӯро донишмандон ва аҳли илму адаб самимона истиқбол намуданд. Шоҳасари гаронбаҳои таърихии ӯ “Тоҷикон” ӯро боз ҳам дар арсаи ҷаҳон машҳуртар намуд. Дар ин хусус Иржи Бечка қайд менамояд, ки “Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон асари руси оиди мавзӯи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак, он асари “Тоҷикон”-и Б.Ғафуров аст. Воқеан ҳам, асари арзишманди аллома Б.Ғафуров, ки дар он таъриху фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик инъикос ёфтааст, ин халқи куҳанбунёдро дар саросари ҷаҳон машҳур мегардонад”.

Хосатан, тавоноӣ, ҷасурӣ, дарёдилӣ ва бузургӣ дар фарде дида мешавад, ки ӯ худ далеру қавиирода ва дорои ҳуввияти баланди миллӣ аст. Маҳз ин муҳаққиқи асил тавонист, ки шӯҳрати бепоёни халқи тоҷик ва таъриху тамаддуни онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, дар ниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Ӯ дар ҷаҳон ҳамчун муаррифгари беҳамтои таърихи халқи тоҷик ва донандаи ҷаззоби илми шарқшиносӣ маъруф ва машҳур гардидааст.

Таззакури он ҷолиб аст, ки дар намоиши ёдгориҳои нодири санъати давраи Кушониён, ки дар шаҳри Москва, баргузор гардидааст, дар он бештар аз 600 ёдгории маданияти он давра ба намоиш гузошта шуда буд, муҳаққиқи маъруфи рус М.М.Андреев ба Ғафуров рӯй оварда, бо ифтихор чунин таъкид менамояд, ки “Бобоҷони азиз бо ин гуна сарзамини пур аз ёдгориҳои таърихӣ ва махсусан бозёфти Аҷинатеппа фахр накардан мумкин нест”. Ин фахри мо бозтоби фахри оламиён аст, ки сарзамини тоҷикон дар гузашта яке аз марказҳои тамаддуни дунёи қадим ба шумор мерафт.

Соли 1973 дар Туркия конфронси байналхалқии ЮНЕСКО дар мавзӯи «Истамбул дар иртиботи фарҳангҳои балканӣ, осиёимиёнагӣ, славянӣ ва шарқӣ дар асрҳои XVI-XIX» барпо гардид, ки дар кори он шақршиносони шӯравӣ бо сардории Бобоҷон Ғафуров ширкат варзида, бо маърӯзаҳои ҷолибу пурмуҳтаво баромад намуданд.

Яке аз арбобони сиёсию давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ Д.Кунаев қайд менамояд, ки “Бе муболиға гуфтан мумкин аст, ки дар кори Бобоҷон Ғафуров боз як ифодаи рӯзафзуни истеъдоди халқи бузурги тоҷик мебошад, ки ба аҳли олам Рудакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Сино, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигаронро ба дунё овардааст. Ҳамаи ин дастовардҳои беназир дар асари гаронбаҳои таърихии Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” бо маҳорати баланд тасвир карда шудааст, ки он барои муҳаққиқон як сарчашмаи нодири таърихӣ мебошад, аз он қариб ҳамагон дар корҳои илмӣ-тадқиқотии хеш бо ифтихор истифода мебаранд. Ин матлабро сиёсамадор ва ходими барҷастаи Ҳиндустон Махатма Ганди ба назар гирифта зикр месозад, ки “Ман миллатпарварам вале миллатпарварии ман инсонпарварӣ ва инсондӯстист”. Бобоҷон Ғафуров бегумон пайрави ин гуфтору андешаҳои ҷолибу ояндасозаст. Ӯ ба халқу миллати хеш ва рушду такомули давлатдории миллӣ нақши бениҳоят бузург гузоштааст. Шӯҳрати бепоён ва оламшумули аллома Б.Ғафуров на танҳо дар Ҳиндустон, Туркия ва дигар кишварҳо, балки дар саросари Машриқзамин аз ҷумла Юнону Мақдун низ афзуда, вирди забонҳо гардидааст.

Соли 1982 Бобоҷон Ғафуров бо ҳамқаламии муаррихи маъруфи юнонӣ Д.И.Сибукидис асари пурарзишеро таҳти унвони “Искандари Мақдунӣ ва Шарқ” бо забони юнонӣ эҷод намуда, дар Афина нашр намудааст, ки дар он дар хусуси Бобоҷон Ғафуров маълумоти мухтасар вале пурмуҳтаво ва пурифтихор мавҷуд аст.

Ин фармудаҳои муҳиму судбахш ифтихори тоҷикон ва дигар халқҳои Шарқ ба ҳисоб меравад.

Хизматҳои шоистаи ӯ дар назди ҷомеа ва Ватан- модар ба мисли машъали фурӯзон роҳи наслҳоро ба сӯи ояндаи дурахшон мунаввар месозад. Меҳанпарастӣ ва инсондӯстиву заҳматҳои падаронаву ҷовидонаи ин марди хирад ба мисли алмоси нодири қимматбаҳо ба чашм мерасад. Чунин нобиғаҳо дар садсолаҳо як маротиба арзи ҳастӣ намуда, ба камол мерасанд. Бо қудрат, ҳикмат ва нерӯйи созандаи хеш ба сӯи шинохти асрори олам равона шуда, ба башарият як нерӯи созанда ва умеди бепоёнро ато мекунанд.

Б.Fафуров ҳамчун муҳаққиқи тавонон, як сиёсатмадори нотакрор ва ходими барҷастаи ҷамъиятӣ тавонист, ки нуфӯз ва нақши бузурги худро дар илми ҷаҳонӣ гузорад. Дар ин замина ӯ сайъ намудааст, ки робитаҳои илмиро бо кишварҳои хориҷӣ густариш дода, бо сиёсатмадорон, пешвоёни бузурги замон, олимону адибон аз наздик ошноӣ пайдо намояд. [6-С.16]

Имрӯз дар марказҳои илмии давлатҳои гуногуни ҷаҳон дар бораи ин нобиғаи аср бо ифтихор сухан ронда, аз асарҳои ин муттафакири бузург истифода мебаранд. Тазаккури он ҷоиз аст, ки дар ин сарзамини биҳиштосо садҳо нафар мардони бурӯманди миллӣ тавлид ёфта, машҳури олам гардидаанд. Б.Fафуров яке аз чунин шахсиятҳоест, ки дар замони навин аз диди нав таъриху фарҳанги халқи тоҷик, бузургию матонати ин халқи кабирро ба аҳли сайёра муаррифӣ намояд. Ховаршиносони ҷаҳон дар васфи ин шахсияти наҷиб изҳори ақида намуда, дониши бузург, инсондӯстӣ ва хизматҳои арзанда ва шоистаи ӯро нисбат ба халқу миллати худ баҳогузорӣ намудаанд. Зимнан арбобони барҷастаи сатҳи ҷаҳонии қарни ХХ Махатма Ганди, Индира Ганди, Иржи Бечка, Ричард Фрайд, А.Семёнов, И.Брагинский ва ғайра дар васфи ин алломаи замон, муттафакири нотакрор ва ходими барҷастаи машриқзамин суханҳои барҷой ва ақидаҳои оламшумул иброз намудаанд, ки он ифтихори бепоёни халқи тоҷик ва умуман мардуми машриқзамин мебошад.

АДАБИЁТ:

1.Академик Б.Г. Гафуров , государственный деятель, историк политик, востоковед и дипломат. Худжанд 2010. 152с.

2. Бартольд В.В. Таджики. // мысл. М.1976.-С.12-15

3.Бободжан Гафуров 100 лет Москва 2007.

4.Ғафуров Б.Г. Тоҷикон: таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав.-Китоби якум-Душанбе: Ирфон 1983 704с.

5.Ғафуров Б.Г. Тоҷикон: таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав.-Китоби дуюм-Душанбе: Ирфон 1985 416с.

6.Гаффоров У.Бобоҷон Fафуров фарзанди фарзонаи миллат . Душанбе 1996.

7.Гаффоров У. Равшангари таърих – Душанбе: Ирфон, 1996 64с.

8.Сомонаи Интернетӣ: WWW/RU/. histori//.

9.Халфин Н.А. Бабабджан Гафурович Гафуров // народи Азии и Африки.М. 1978.-С.147

10.Холджураев Х. Зоиров Г.Академик Б.Гафуров в памяти народа. Худжанд 2012. 150с.

Ҳалимова М.М. -н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии факултети таърихи ДМТ