ТАВСЕА ВА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА УЗБЕКИСТОН

133

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои истиқлоли давлатӣба тавсеаи муносибатҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои бисёрҷониба ва рушди ҳамгироии минтақавию байналмилалӣзаминаи мусоид фароҳам овардааст.

Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати «Дарҳои боз»-ро ба роҳ мондаст. Ин амал ҳамчун рукни хирадмандонаи давлатдорӣ имкон фароҳам сохт, ки Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон муносибатҳои неку дӯстонаро ба роҳ монад. Дар шароити имрӯза, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳама кишварҳои минтақа аз ҷумла, бо Ҷумҳурии Узбекистон рӯз то рӯз таҳким меёбад.

Маврид ба зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои гуногунсатҳ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ҳанӯз аз 22 октябри соли 1992 ба роҳ монда шуд. Хусусан, 26 марти соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумхурии Узбекистон бо мақсади рушди бештар ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории мавҷуда, созишномаи фарҳангӣ ба тасвиб расид. Ин созишнома дар таҳкими руҳияи дӯстии анъанавии халқҳои тоҷику узбек, ки решаҳои чандинасраи таърихӣ ва умумият дар самти фарҳангу сунатҳо ва тамаддунро доранд, заминаи мусоид фароҳам овард.

Ҳамин тавр, бодаъвати Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4-уми январи соли 1998 ба ин кишвар сафари кории расмӣ анҷом додабуд. Сафари мазкур ба раванди тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон такони тоза бахшид. Дар ин асно, 4-уми январи соли 1998 дар шаҳри Тошкент миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон созишнома оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг ва башардӯстӣ, ки аз 16 модда иборат аст, ба тасвиб расид.

Рӯйдоди муҳимми дигар дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов ба шаҳри Душанбе (июни соли 2000) маҳсуб меёбад. Дар натиҷаи ин сафар, аҳдномаи дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ба имзо расид (15.06.2000), ки аз 21 модда иборат буда, фарогири самтҳои гуногун мебошад.

Бояд гуфт, ки аз соли 2016 ин ҷониб муносибатҳои ду давлати ҳамҷавор дар сатҳи лозима ба роҳ монда шуд. Воқеан, дар ин марҳила низоми муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар Осиёи Марказӣ сифатан тағир ёфт ва соли 2017-умро метавон соли рушди пойдории ҳамкорӣ ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон арзёбӣ кард.

Дар идомаи рушди ҳамкории ин ду кишвари дӯсту бародар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва фарҳангу маънавиёт соли 2017-ум, бо ташаббусҳои дуҷониба миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон «намоишгоҳи маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон ва рӯзҳои фарҳангии ин кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Намоиши маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Рӯзҳои фарҳангии кишвари мо дар пойтахти Узбекистон – шаҳри Тошканд баргузор гардид.

Натиҷаи ин ҳамкорӣ ва равобит аст, ки дар Узбекистон ҳафтае ду маротиба рӯзномаи «Овози тоҷик» ба нашр мерасад ва ин рӯзнома дар тамоми шаҳрҳои Узбекистон филиали худро дошта, шумораи ин рӯзнома дар соли 2017 афзоиш меёбад. Дар шабакаҳои телевизионӣ ҳафтае як маротиба барномаи «Ҳафт ранг» аз Телевизиони Узбекистон манзури тамошобинон мегардад.

Соли 2018 муносибатҳои дипломатӣ ва равобити бисёрҷонибаи ду кишвари дӯст ва бародар таҳким ёфта, ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Узбекистон сатҳи сифатан навро касб менамояд.

Заминаи муносибатҳои неки ду давлати ҳамҷавор аз созишномаи соли 2018 оид ба шарикии стратегӣ сарчашма мегирад. Иродаи сиёсии ду роҳбари оқилу хирадманд мусоидат намуд, ки робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон беш аз пеш дар шакли васеъ ва фарох ба роҳ монда шавад.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ сатҳи шарикии стратегӣ байни кишварҳое сурат мегирад, ки шароит ва ё имкони то ҳадде баробар доранд ва ё барои татбиқиманфиатҳои худ ба чунин шаклиравобит азм менамоянд. Дар мисоли шарики стратегии Тоҷикистон ва Узбекистон бояд гуфт, ки он то ҳадде сатҳи табииимуносибатҳо аст, чун ҳарду кишвар шароити заруриро ҷиҳати тақвияти имконоти дохилӣ ва зарфияти заруриро барои рушди минбаъда соҳибанд. Ҳамин тавр, санадҳои зиёди дуҷонибаи байнидавлатӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баста шуд, ки теъдоди онҳо соли 2018 ҳудуди 54 санади байнидавлатро ташкил менамояд.

Оғози мунсибатҳои сифатан нав аз нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев 9-10 марти соли 2018 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегирад, ки дар ҷараёни он тақрибан ҳамаи масъалаҳои ҳалталаби муносибатҳои дуҷониба ҳаллу фасл шуданд. Ҷонибҳо масъалаҳои сарҳадиро баррасӣ намуда, фаъолияти комили гузаргоҳҳои давлатиро дар марзи Тоҷикистону Узбекистон барқарор намуданд. Ҳамзамон, робитаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионии дуҷониба, аз ҷумла дар қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузангро барқарор сохтанд, масъалаҳои соҳаҳои амният ва мудофиа, ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ, инчунин истифодаи муштараки захираҳои обӣ-энергетикӣ ва таҳкими робитаҳои байниминтақавиро ҳал намуданд.

Дар робита ба ин, 17-18 августи соли 2018 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҷавобӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид ва он тавофуқи қаблан ҳосилшударо устувортар намуд. Дар рафти сафари мазкур Созишномаи шарокати роҳбурдӣ ба имзо расид, ки он дурнамои муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нави ҳамкорӣ баровард.

Маврид ба зикр аст, ки дар чаҳорчӯби ду сафари таърихӣ – сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-10 марти соли 2018) ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон (16-17 августи соли 2018) ҳамагӣ 54 санади дуҷониба ба имзо расидааст.

Айни замон заминаи қарордодиву ҳуқуқии ду кишвар беш аз 200 созишнома ва шартномаро дар бар мегирад, ки дар сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шуда, поягузори онҳо Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон аз 15 июни соли 2000 ва Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон аз 17 августи соли 2018 ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиоев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10-11 июни соли 2021 сурат гирифт, барои таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба ва шарикии стратегии байни ду давлат аҳамияти хоса дорад.

Дар ҳошияи ин сафар сарони давлатҳо дар рӯҳияи анъанавии ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ошкорбаёнӣ гуфтушунидҳои муфассал анҷом дода, вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро муҳокима карданд ва доир ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва геосиёсӣ, дурнамои рушди иқтисодӣ, инчунин пайвандҳои чандинасраи муштарак ва робитаҳои таърихии халқи ду кишвари ҳамсоя, ба тавсеа ва таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд таваҷҷуҳи аввалиндараҷа равона менамоянд, ки ин баҳри рушди устувори хаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ аҳаммияти баҳснопазир дорад. Рушд ва мустаҳкам намудани муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ илмиву техникӣ ва фарҳангӣ мақсади асосии роҳбарияти олии ин ду кишвар ба шумор рафта, дар ин замина тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд.

Ҳамкории судманд миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбекистон роҳҳои навро дар рушди иқтисодиёт боз намуда, гуногунрангии бозори дохилӣ ва баланд бардоштани гардиши мол миёни ин ду кишварро таъмин менамояд.

Ифтитоҳи расмии намоиши маҳсулоти саноатӣмиёни Тоҷикистон ва Узбекистон бо иқдому ташаббуси бевоситаи Сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба роҳ монда мешавад.

Ҳадаф аз баргузории намоиши маҳсулоти саноатӣ муаррифии молу маҳсулоти ҷонибҳо буда, густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷалби сармояро таквият бахшида, дар рушди гардиши савдои хориҷӣ байни кишварҳо мусоидат менамояд. Ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон аз ҷумлаи иқдомҳои таърихӣ дар рушди ҳамкорӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон ба шумор меравад ва дар густариши равобитигуногунҷанба кумак мерасонад.

Бояд иброз намуд, ки миёни ду кишвар робитаҳои илмӣ, низ беш аз пеш дар холи тавсеа қарор дорад. Масалан, вазоратҳои маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати таълими олии Ҷумҳурии Узбекистон ба тавофуқ расида, ҷавонони ду мамлакат дар донишгоҳҳои ҳамдигар бидуни монеа ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Устодони донишгоҳҳо ба ғайр аз он ки байни ҳам табодули таҷриба менамоянд, дар донишгоҳҳои якдигар сабақдиҳӣ низ анҷом медиҳанд.

Хушбахтона, солҳои охир вазъи илму фарҳанг ва самтҳои марбутаи он бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон рӯ ба беҳбуди меоварад. Бо изҳори шукрона аз сулҳу ваҳдати ҷовидон ва раҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли зиё ва фарҳанги кишвар ҳамеша кӯшиш бар он доранд, ки беҳтарин суннатҳои милливу аҷдодӣ ва намунаҳои олии санъату ҳунари чаҳониро омӯзанд, ривоҷу равнақ диҳанд, маданият, фарҳанги аҷдодӣ ва санъати волои миллии худро низ ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд.

Ҳамзамон, баробари ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ ҳамкориҳои фарҳангӣ низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда мешавад. Аз ҷумла, Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Узбекистон Рӯзҳои фарҳанги Узбекистон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки боиси рушди дӯстӣ ва ҳамгироӣмегардад.

Баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе ва ҳузури ҳунармандону фарҳангиёни узбек дар кишвари мо умеди дурахшоне дар самти муносибатҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистону Узбекистон ба ҳисоб рафта, хурсандии намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суҳбату вохӯриҳои онҳо бо намояндагон ва масъулони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи хуберо дар рушди ҳамкории фарҳангӣ миёни ду кишвари дӯст поягузорӣ менамояд.

Риштаҳои дӯстиву рафоқат миёни ду халқ – тоҷику узбек собиқаи дерина дошта, айни ҳол боз ҳам мустаҳкам гардида, Тоҷикистону Узбекистон дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои муҳим ноил мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки 18 апрели соли 2024 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро 18 апрели соли 2024 самимона истиқбол гирифт.

Шоми 18 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дӯстии ҷовидон» баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев иштирок намуданд.

Баргузории барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дӯстии ҷовидон» намунаи олии ҳамкории фарҳангӣ, идомаи сунати неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамҷаворӣ ва омили муҳимми рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад.

Дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон 19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Бо буридани риштаи рамзӣ аз ҷониби Сарони давлатҳо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бинои нави сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Сарони давлатҳо аз маҷмааи сафорат боздид намуда, дар китоби меҳмонони олимақом бо орзуву ниятҳои нек ба хотири таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамҷаворӣ байни ду кишвар соядаст гузоштанд.

Дар натиҷаи ин сафар миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 28 санади нави ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла, ҷиҳати рушди муносибатҳои байни минтақавии ду кишвар 6 созишнома оид ба ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлону Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилоятҳои Хоразм, Фарғона, Сирдарё, Намангон ва Андиҷони Ҷумҳурии Узбекистон ба имзо расид.

Созишномаҳо, протокол, ёддошти тафоҳум, харитаи роҳ ва барномаҳои ҳамкорие, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, рушду густариши ҳамкориро дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб муҳимму афзалиятноки сарҳад, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, саноат, алоқаи ҳавоӣ, алоқаи байналмилалии автомобилӣ, сохтмони пул, комплекси агросаноатӣ, байторӣ ва бехатарии озуқаворӣ, фарҳанг, китобдорӣ, тайёр кардани кадрҳо дар соҳаҳои вирусология, микробиология, биологияи молекулавӣ, эпидемиология, биотехнология ва фармакология, аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ, сайёҳӣ ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзиро танзим менамояд.

Ҳамин тавр, 19 апрели 2024 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 18-19 апрел ҷараён дошт, ба анҷом расида, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо нишони эҳтирому самимияти хос меҳмони олиқадр – муҳтарам Шавкат Мирзиёевро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.

Хулоса, муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар давраи истиқлол нишон медиҳад, ки ду кишвар давраи гуногуни сатҳи муносибатҳоро паси сар намуда ва минбаъд беҳтар шудани муносибатҳои байнидавлатӣ ба нафъи ҳарду давлат дониста мешавад, чунки онро манфиатҳои миллии ҷонибҳотақозо менамоянд.

Мавриди зикри аст, ки бо назардошти вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва зуҳури падидаҳои сиёсиву амниятӣ дар қаламрави аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон давлатҳои Осиёи Марказиро зарур аст, ки аз сабаби ҳамшафатӣ бояд дар самти ҳамкории дуҷониба қадамҳои устувор гузоранд. Зеро ҳамоҳангиву муттаҳидии минтақавӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ кафили рушди устувор ва таҳкими амният ва оромӣ дар қаламрави минтақа дониста мешавад. Таҳкими амният ва оромӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шароити кунунӣ манфиатбахшу муҳим дониста мешавад. Тавсеаи дипломатияи бисёрҷониба дар марҳилаи кунунӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ниҳоят муҳим буда, барои ҳифзи манфиатҳои миллии ҷонибҳо низ заминагузор мебошад.

Саймуҳамади Бобоҷон – н.и.т., муаллими калони кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ