ТАКМИЛИ ДОНИШҲОИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН

106

Имрӯзҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи миллӣ ҷиҳати татбиқи бандҳои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2021-2025″ айваста бо омӯзгорону донишҷӯён вохӯриҳои судманд баргузор карда мешавад.

Чунин вохӯрӣ дар толори ба номи профессор Ш.Ҳусейнзодаи Шаҳраки донишҷӯён бо иштироки намояндагони Прокуротураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи Донишгоҳ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ масъулини Донишгоҳ дар робита ба муҳиммияти чунин суҳбату вохӯриҳо суханронӣ намда, иброз доштанд, ки терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор рафта, зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш мегардад.

Зимнан намояндаи сохтори болозикр баромад намуда, қайд карданд, ки “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2021-2025″ як ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳо марбут ба он нақш мегузорад.

Таъкид шуд, ки мақсад аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии ҷинояткорӣ ва фаҳмондадиҳии сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, инчунин, беҳтар намудани ҳисси худшиносию ватандӯстии ҷавонон мебошад.

Ёдовар шуд, ки суҳбати мазкур бо устодону донишҷӯёни факултетҳои таърих ва муносибатҳои байналхалқӣ доир шуд ва чунин вохӯриҳо бо омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои дигари Донишгоҳ идома доранд.