МУҲАҚҚИҚИ ВАРЗИДА ВА ШАХСИЯТИ МОНДАГОР

23

(бахшида ба 100-солагии академик Аҳрор Мухторов)

Дар ҳама давру замон рисолати муаррих қабл аз ҳама таҳқиқу пажӯҳиши саҳифаҳои мубрами таърихи халқи хеш маҳсуб меёбад. Тафовути муаррихони асил дар он зоҳир мегардад, ки бо осори хеш дар ташаккул ва рушди мафкураи миллӣ бештар саҳмгузоранд. Таърих ягона илми хештаншиносӣ ва воситаи баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии ҷомеа маҳсуб меёбад. Муаррихон бо пажӯҳишу омӯзиши таърихи ниёкон ягона собиткунандаҳои аслияти миллту халқият ба шумор мераванд. Таърихнигори асил метавонад аз ҳама бештар дар раванди бунёди давлатдории миллӣ бо нақши худ саҳмгузор бошад. Ин нақши таърихнигор анҷоми рисолати касбиаш мебошад, ки он дар шарҳу тавзеҳи дурусти тамоми бурду бохти ниёкон ба ҷомеа зоҳир мегардад.

Яке аз чунин таърихнигорони варзидаи тоҷик, ки дар пажӯҳиши масъалаҳои мубрами таърих саҳми муносибу мондагор гузоштааст, академик Аҳрор Мухторов ба шумор меравад. Олим, академики Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон Аҳрор Мухторов 5-уми ноябри соли 1924 дар шаҳри Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан) ба дунё омадааст. Академик Аҳрор Мухторов солҳои 1939–1941 аввал донишҷӯи факултаи коргарӣ, баъд донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Душанбе гардид, соли 1942 ихтиёран ба набардгоҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафт ва баъди анҷоми он то соли 1947 дар хизмати ҳарбӣ монд. Баъди адои хизмати ҳарбӣ ба Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Тарас Шевченкои шаҳри Душанбе дохил шуда онро соли 1951, бо ихтисоси таърихи ИҶШС хатм кардааст. Муддате дар ҳамин ҷо дарс дод, чанде ба ҳайси мудири шуъбаи дасхатҳо ва китобҳои нодири Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ заҳмат кашид.

Котиби илмӣ ва директор дар солҳои 1958–1959, мудири бахши таърихи асрҳои миёна солҳои 1959–1991, сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1991–2007. Дар соли 1940 муаллим дар мактаби деҳот кор кардааст.

Соли 1971 диссертатсияи худро дар мавзуи “Ёдгориҳои эпиграфии асрҳои XI-XIX аз Кӯҳистон ҳамчун ёдгориҳои халқҳои Осиёи Миёна” ҳимоя намуд. Аз соли 1972 аз фанни низоми таърихӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дарс мегуфт.

Соли 1978 аъзои рӯзноманигорони АИ ҶШС Тоҷикистон шуда буд. Соли 1991 академики АИ ҶТ шудааст. Аҳрор Мухторов муаллифи бештар 80 китоб ва беш аз 500 мақолаҳои илмӣ дар боари таърихи асримиёнагии халқҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон мебошад. Бисёре аз корҳои илмии академик ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шуда, дар хориҷа табъу нашр шудаанд.

Аз соли 1976 Аҳрор Мухторов аъзои комиссияи бостоншиносӣ дар шӯъбаи таърихи АИ ИҶШС интихоб шуд. Аз соли 1980 аъзои Асотссиатсияи корпуси илмии байналмилалии навиштаҷотҳои Эрон буд. Аз соли 1991 Аҳрор Мухторов аъзои ҷамъияти илмии эрониҳои Аврупо ва дигар созмонҳои байналхалқӣ буд. Аҳрор Мухторов ба бисёре аз ордену медалҳои фахрии ИҶШС ва Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмии мавсуф сарчашмашиносӣ ва дар асоси он таҳқиқи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон аст.

Бояд гуфт, ки ин муҳаққиқи зиндаёди варзида дар радифи таҳқиқотҳои доманадори илмӣ, ҳамчунин дар омода намудани муаррихони зиёд саҳми бориз гузоштааст.

Асарҳои илмии академик Аҳрор Мухторов дар нашрияҳои маъруфу номдори кишварҳои мухталиф, махсусан Амрико, Англия, Олмон, Русия, Италия, Эстония, Чехия, Исроил, Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва ғайраҳо ба табъ расида, шуҳрати илми таърихи миллатро бардоштанд. Ҳанӯз соли 1980 Ассотсиатсияи илми байналхалқӣ «Корпуси навиштаҷоти эронзабон» (марказаш дар шаҳри Лондон) академик Аҳрор Мухторовро ба узвияти ин ҷамъият шомил намуд буд.

Аҳрор Мухторов дар илми таърихи Тоҷикистон аввалин нафаре аст, ки дар мавзуи ниҳоят муҳим — омӯзиши катибаҳо кор бурда, роҳи эҷодиаш ба ин масъалаи ноомӯхта тавъам шудааст.

Ба қавли устодаш академик Александр Семёнов, «ганҷи парешонро аз вайронаҳо ба дили халқ кӯчонд». Олим бисёр васиқа, хитоба, шоҳиднома, айбнома, ҳукмнома ва ғайра пайдо намуд, ки барои омӯзиш, таҳқиқ ва таҳлилу кушодани муаммоҳои таърихи халқи тоҷик мусоидат намудаанд.

Академик Аҳрор Мухторов бисёр дастхатҳо, санадҳои ҳуқуқии асримиёнагӣ, эпиграфи дар рӯи сангҳо ва деворҳои куҳан маҳфузро омӯхта, дар асоси онӽо ба ҳалли бисёр масъалаҳои таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавии замон муваффақ гардид. Ӯ ба мушкилоти таърихи сиёсии замони гузашта ҷиддан таваҷҷуҳ намуд ва бар пояи маълумоти нодири хаттӣ давраҳои ҳукмронии бисёр ҳокимони минтақаро барқарор ва ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданиро дар ғарб аз Бойсун ва дар ҷануб то Файзобод мавриди омӯзиш қарор дода, ба паҳлуҳои номаълуми шӯришҳои халқӣ (соли 1469 дар Самарқанд, соли 1810 дар Бухоро, соли 1887 шӯриши Восеъ) бо мадраки фаровон равшанӣ андохт. Асарҳои илмиаш перомуни шаҳрҳои Ҳирот, Қандаҳор, Ғазна, Кобул навишта шудаанд.

Яке аз хидматҳои шоёни ӯ нашри китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров маҳсуб меёфт. Академик Бобоҷон Ғафуров Аҳрор Мухторовро ба сифати олими номӣ, муаллифи китобҳои илмию дарсӣ эҳтиром менамуданд. Дар он рӯзҳо Аҳрор Мухторов ба вазифаи дар зимма доштааш чӣ сон бо камоли масъулият шиносоӣ муносибат мекунад, нисбат ба кор дилсӯз, поквиҷдон, боинтизом, коршиносу муҳаррири босалоҳият будааст. Ӯ дарк намуда буд, ки “Тоҷикон” рисолаи дорои ахбори эҳсосия набуда, балки таърихномаи хеле мукаммали ниёконамон бо тамоми барору нобарориҳо, комёбиву фоҷиаҳо, рушду харобиҳо ва баҳои холисона ва илмии муаллиф ба рӯйдодҳои ҳаёти аҷдодамон мебошад. Муаллиф мақсади таълифи ин китобро чунин баён кардааст: “Беҳтарин сарватҳои маданияти маънавӣ ва моддӣ, ки дар давоми ҳазорон сол аз таҷрибаи ҷамъиятию таърихии инсоният рӯй додаанд, самараи фаъолияти моддӣ, илмӣ ва бадеии башарият, дониши пешқадам, назария ва шаклҳои мутараққии тафаккури эҷодӣ, яъне мероси маданӣ, бо тамоми маъниҳои умумисотсиологии он чун василаи муқтадир дар таҳаввулоти амиқи ҷамъияти ҳозира хизмат мекунад. Ин аст, ки мо ба омӯхтан ва таҳқиқи амалии гузаштаи таърихии ғании ҳалқҳо пардохта ва ба он таҷдиди назар намуда, дар роҳи пешрафти ҳақиқии иҷтимоӣ ва ташаккули шахсияти мутаносиб аз он нерӯи тозаи маънавӣ мекунем”. Бояд тазаккур дод, ки ба шарофати ташвишу тараддудҳои муҳаррири сахтгир ин китоби якҷилдаи русӣ дар ду ҷилд ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Онро мухлисону ҳаводорони сершумор интизор буданд. Аҳрор Мухторов худ ҳамчун заҳматкаши мазраи илм ва муҳаққиқи ҷӯянда ва катибашиноси мумтоз беш аз пеш ташаккул меёфт. Мақолаву рисолаҳои тоза ба тоза иншо намуда, манзури хонандагони сершумор мегардонд.

Дар бисёр маврид бар асари мутолиа ва таҳқиқи рисолаву аснодҳо воқеаву осорҳои таърихиро дарёфта, дар заминаи онҳо асари пуқиммати илмӣ менавишт, ки он ба кашфиёти нодир баробар буд.

Академик Аҳрор Мухторов дар синни 83-солагӣ даргузашт.

Намунаи осори ӯ «Академик Бободжон Гафуров» (нашриёти «Ирфон», 1983), «Дурдонаҳои маданияти тоҷикон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон» («Ирфон», 1984), «Луғати тоҷикӣ-русӣ оид ба таърих» («Дониш», 1986), «Санг ҳам диле дорад» («Ирфон», 1986), «Академик Бобоҷон Ғафуров» («Ирфон», 1988) «Таърихи халқи тоҷик: Китоби дарсӣ барои синфҳои 8-9 /Б.А.Литвинский, А.Мухторов («Маориф», 1993), «Амирон ва вазирони Сомонӣ» (нашриёти «Оли Сомон», 1997), «Таърихи халқи тоҷик асрҳои ХV- ХIХ: Китоби дарсӣ барои синфи 8» (Алмаато: Атамура, 2000) ва дигарон мебошанд.

Бояд гуфт, ки таърихшиноси варзида Аҳрор Мухторов бо ҷоизаҳои гуногун, ба монанди ордени «Шараф», медалҳои «Барои шуҷоат», «Барои озодкунии Прага», «Барои меҳнати шоён», Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2007), Ҷоизаи Институти библиографии Амрико «Одами сол-1995» қадрдонӣ шудааст.

Муродов Назримад Сафарович – н.и.т.,дотсент, декани факултаи таърихи ДМТ