ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!

49

Либоси миллӣ як рукни миллат ба ҳисоб меравад. Ба хотири арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллӣ таҳти сарпарастии шубаи кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зери унвони “Тоҷикона мепӯшем” аксияи тарғиботию ташвиқотӣ роҳандозӣ карда шуд.

Ин дафъа аксия бо иштироки бонувону духтарони факултети таърихи Донишгоҳ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати таблиғи либосҳои миллӣ аз қабили атлас, адрас, чакан, алоча муаррифӣ гардид.