ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ МО

31

Имрӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз дар факултети таърихи ДМТ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Дар нишаст маърӯзачиён аз корномаи беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ шуда, таъкид доштанд, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ наҷотбахши миллати тоҷик кашф гардида, истиқлолу тамомияти арзии Тоҷикистон ҳифз карда шуд. Бузургтарин дастоварди Иҷлосия ба ҳайси раиси Шурои Оли интихоб гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба шумор мерафт. Таҷрибаи 32 сол нишон медиҳад, ки истиқлоли воқеии Тоҷикистон маҳз аз Иҷлосияи таърихии тақдирсоз оғоз мегардад. Омӯзиши мактаби давлатдории Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон шаҳодат аз он медиҳад, ки дар меҳвари тамоми дастовардҳои даврони истиқлоли давлати хиради азалии ин шахсияти мондагор қарор дорд. Яке аз муваффақиятҳои дигари даврони истиқлол, ки аз Иҷлосия маншаъ мегирад, барқарор намудани ниҳоди Президентӣ ва ба ҳайси Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба шумор меравад. Корномаи Пешвои миллат роҳнамои ҳар як фарди ҷомеа мебошад.