ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

72

(БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН)

Дар авохири ҳар садсола воқеоти муҳимми сиёсиву таърихии ҷаҳонӣ ба вуқуъ пайваста, раванди зиндагӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва идеологии мардумони сайёраро тобиши нав медиҳад. Асри ХХ бо барҳам хурдани давлати абарқудрати Шуравӣ ва ба вуҷуд омадани як қатор давлатҳои мустақил дар қораи Осиё ба охир расид.

Бо даст омадани истиқлоли давлатӣ, мутаассифона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардид. Дар раванди издиҳомҳо, қатлу кушторҳо ва дар айёме, ки ҳанӯз ашк аз дидаҳо мерехту захму ҷароҳатҳо сӯзиш доштанд, кинаву кудурат аз дилҳо нарафта буданд, тарафҳои мухолифро сари мизи музокирот овардану сулҳ бастан кори чандон саҳлу осон набуд.

Илова бар ин душманони дохилию хориҷии кишвар мехостанд, бо манофеи геополитикии худ ҳуввияти миллӣ, расму русум, таърих, забон ва фарҳанги куҳану миллии мардумро аз байн бурда, миллатро пойбанди идеологияи бегона намоянд. Сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ пурра фалаҷ ва корношоям гардида буданд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҳатто, хатари парокандашавии давлат ва миллати куҳанбунёди тоҷик низ ба миён омада буд.

Дар чунин вазъияти ниҳоят мудҳиш ягона сохторе, ки тавонад вазъияти мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоиро баррасӣ ва ҳаллу фасл намояд, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Фақат Шурои Олӣ чун органи олии намояндагӣ ва қонунгузор бояд масъулияти азимро бар дӯш гирифта, роҳи ҳалли муноқишаҳои сиёсиро пайдо мекард. Азбаски дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе сохторҳои давлатӣ пурра фалаҷ гардида, таъмини амнияти намояндагони мардумӣ имконнопазир буд, тасмим гарифта шуд, ки иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад. Ин Иҷлосия аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 давом ёфта, маҷмуан дар кори он аз 222 вакил 197 нафар иштирок намуда, дар он 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул гардид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, аз ҳама муҳимаш эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард.

Хушбахтона, дар рӯзи сеюми Иҷлосия бахт барои миллати тоҷики азияткашидаи тӯли таърих хандида, офтоби эҳсону баракат барояш нуру сафо бахшиду чеҳраи нави сиёсии сарсупурдаи миллат – Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шурои олӣ, сарвари давлат эълон ва эътироф намуд. Дар воқеъ ин Иҷлосия ба маънои томаш “Иҷлосияи тақдирсоз” гардид. Чунки дар он тақдири ояндаи миллати тоҷик ва фанову бақои давлат матраҳ мегардид. Дар ҳалли ин мушкилот Эмомалӣ Раҳмон гаронтарин масъулиятро ба дӯш гирифта, ҳамчун сарнишини сафинаи тақдири халқи тоҷик, ин миллати бошарафу азияткашидаро натанҳо аз вартаи нестшавӣ наҷот дод, балки ин сафинаро ба соҳили мурод расонид.

Ин сарвари ҷавону матинирода аз нахустин рӯзи ба қудрат расиданаш пешгирии муқовимати шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳ дар кишварро аз аввалин ва муқаддастарин вазифаҳои худ эълон намуд. Зиёда аз ин ӯ таъкид намуд, ки «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам. Манбаъ: (Фаттоев С. Президент Эмомалӣ Раҳмонов // Эмомалӣ Раҳмонов: ваҳдат, сулҳ ва бунёдкорӣ мароми мост! Душанбе, Ирфон, 2000, с.25) Дар воқеъ андешаҳое, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои тӯлонӣ расман эълон медорад ва онҳоро дар таҷрибаи амалӣ исбот менамояд, аз нигоҳи мантиқи илмӣ, ҳақиқатнигорӣ ва воқеъбинӣ мукаммалтарин ва пешқадамтарин ғояи маънавӣ дар масири таърихии рушд, пойдории миллати тоҷик ва давлатдории он мебошанд. Манбаъ: (Ятимов С. Эҳёи миллат-бақои давлат.// Рӯзномаи Ҷумҳурият», №171(24 782) аз 24.08.2023. Имрӯзҳо ҳамаи суханону дастовардҳои Пешвои миллат дар он марҳилаи сарнавиштсоз аҳамият пайдо кардаву ҳамчун шоҳкориҳо ба авроқи таърих сабт гардида истодаанд.

Овардани гурезаҳо ба ватан муқаддастарин вазифаи Пешвои миллат имрӯз аз он хотир пурмаъност, ки агар дар он шабу рӯз тақрибан як миллион гурезаи дар Афғонистон маскангирифта, дар муддати сӣ сол шумораи аз ин ҳам зиёдро ташкил дода, метавонистанд дар амнияти кишвари мо хатари ҷиддӣ эҷод кунанд. Барои ҳамин хислати ояндабинӣ ва дурандешии Пешвои миллат, миллати тоҷик имрӯз нисбати ӯ эҳтирому самимияти фавқулода доранд.

Дар воқеъ Эмомалӣ Раҳмон ваъдаи худро бо ҷоннисориҳо ва талошҳои пайгирона амалӣ намуд. Бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷанги таҳмилии бемаънии дохилии бародаркуш, ки зиёнаш аз 7 миллиард долари амрикоӣ бештар буда, 150 000 шаҳрвандони кишвар ҷони худро аз даст доданду 25000 зан бесаробон ва 55000 кӯдак ятим монданд хотима ёфт. Манбаъ: (Абдуфаттоҳ Шарифзода, Абдулло Ғафуров. Наҷотбахши миллат. – Душанбе, 2012. С.41) Ин аст, ки модели таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмиллалии омӯзиши масъалаҳои ҷангҳои дохилию минтақавӣ эътироф гаштаю ҳамчун мактаби омӯзиш пазируфта шудааст.

Бо хизматҳои шабонарӯзӣ ва пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ба он оварда расонид, ки 27-уми июни соли 1997 ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тору пуд, ҳастӣ ва вуҷуди миллати тоҷик ташаккул ёфта, пухта шуда, дар шакли як санади таърихӣ ва тақдирсоз бо хатҳои заррин сабт гардид. Сокинони шарафманди Тоҷикистон хизматҳои фаровону ҷоннисориҳои шабонарӯзии сарвари олии сиёсии кишвар – Эмомалӣ Раҳмонро дар марҳилаҳову давраҳои мухталифи ваҳдати миллӣ шоҳид гашта, Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ», балки «Пешвои миллат»-эътироф намуданд.

Оғози ҳазораи нав барои мардумони сайёра мушкилоти зиёд ба бор оварда, раванди пуртаззоди ҷаҳонишавӣ барои инкишофи аксари давлатҳо монеаҳои ҷиддӣ ба пеш гузошт.

Баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бар он шуд, ки аз кадом роҳ миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Барои муаррифии миллати тоҷик дар миқёси байналмилалӣ роҳе ҷуз эҳёи арзишҳои таърихӣ ва милливу фарҳангӣ вуҷуд надошт. Аз ин рӯ дар кӯтоҳтарин муддат ба таҷлили бузургтарин ҷашнҳои миллӣ, ки мақсад аз таҷлили онҳо ба ҳам овардан, муттаҳид намудан ва муаррифӣ намудани миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ, баъди офатҳои табаддулоти сиёсӣ боз ободу зебо намудани кишвари азизамон маҳсуб мегардид, рӯ овард. Дар ин самт як қатор чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ ва конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти таҷлили 1100 солагии Давлати Сомониён, соли 2006 Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2500-солагии шаҳри Хуҷанд, 2700 солагии китоби гаронмояи гузаштагони мо – Авесто, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 1310 солагии Абӯҳанифа Имоми Аъзам, 1200 солагии Имом Бухорӣ, Ҷашнвораҳои шоирони оламшумулу донишмандони бузуги тоҷик ба монанди бузугдошти одамушуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандиву Носири Хисрави Қубодиёнӣ, Абӯалии Синову Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хаким Тирмизӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзодаву Бобоҷон Ғафуров ва боз бузургдошти даҳҳо донишмандони шаҳири тоҷик таҷлил гардид, ки бо кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамон шӯҳрат ва нуфузи собиқаи аздастрафатаашро натанҳо барқарор намуд, балки тоҷику Тоҷикистонро дар арсаи муосири ҷаҳонӣ бештар аз пештар муаррифӣ намуд. Дар сиёсати дохиливу хориҷӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари созандаву миллати тоҷик ҳамчун миллати фарҳангию тамаддунофар муаррифӣ гардид.

Дар баробари муаррифии фарзонафарзандони миллати шарафманди тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ боз ба эҳё ва муаррифии дигар арзишҳои миллии давлатдорӣ – арзишҳои миллӣ-таърихӣ оғоз намуда, як қатор ёдгориҳои бузурги таърихию фарҳангии кишварро ба воситаи конфронсҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуда, ба рӯйхати ёдгориҳои таърихию фарҳангии ташкилоти бонуфузтарини фарҳангии дунё Юнеско ворид намуд, ки бо шунидани маданияти Саразму Ҳисор ва таҷлили Наврӯзи Аҷаму Саддаву Меҳргон, муаррифии фарҳанги бойи либоспӯшию таомпазӣ, сокинони сайёра кишвари моро ҳамчун кишвари соҳибтамаддуну сокинони онро ҳамчун мардумони дорандаи фарҳанги қадиму ваҳдатофар ва тамаддунсоз мешиносанд. Бояд махсус қайд намуд, ки бо кӯшишу заҳамоти шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи Аҷам, аз Наврӯзе, ки дар маҳаллу рустоҳо дар шакли одӣ таҷлил карда мешуд, ба «Наврӯзи байналмилалӣ» мубаддал гашт, ки имрӯз ба хотири гиромидошти арзишҳои миллии умумиинсонии Наврӯз он дар бузургтарин давлатҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва падидаҳои номатлуби ҷамъиятӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷаҳони муосир дар гирдоби пуртаззоди падидаву зуҳуроти гуногуни номатлуби экстремистию террористӣ қарор дорад, ки сокинони кишвар аз куҷо маншаъ гирифтану ба куҷо рафта расидани амалҳои номатлуби онҳо кам огаҳӣ дорад. Танҳо ҳамин нуқта маълум аст, ки ҳама гуна зуҳурот барои амалинамоии нақшаҳои ғаразноки як гурӯҳ ва ё афроди манфиатҷӯ хидмат намуда, барои амалӣ намудани мақсадҳои онҳо ба арзишҳои волои миллию мазҳабӣ дастдарозӣ менамоянд. Ин қудратҳо ва ё гоҳҳо гурӯҳҳо зери идеологияи фарҳанги бегона мехоҳанд, ки ҳадафҳои иғвоангези пасипардагии худро амалӣ созанд. Аз воқеоти нангини солҳои охири дар як қатор кишварҳои ҷаҳон рӯхдода, аён гардид, ки айни замон тамаддуни исломӣ бо тамаддунҳои масеҳию саҳюнистӣ ва буддоӣ дар як бархӯрди шадиди пасипардагӣ қарор дорад, ки он рӯз то рӯз доманаҳои васеътарро фаро гирифта, шаклҳои гуногуни муборизаро касб карда истодааст.

Аз солҳои шастуми асри гузашта то ин ҷониб олами ғарб олами шарқи исломиро бо айби терроризм мутаҳҳам месозад. Дар ин самт низ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбат ба ҳифзи арзишҳои фарҳанги умумиинсонии исломӣ бетараф набуда, дар «Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ», ҳамоишҳои байналмилалии сарони кишварҳои мусулмонӣ дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ изҳор дошт, ки «терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Ислом, терроризм ва ифротгароиро маҳкум менамояд». Ҳамзамон қотеъона таъкид намуд, ки «терроризм-ватан, миллат ва мазҳаб надорад». Чунин пуштибонӣ аз дину мазҳаб ва фарҳангу тамаддуни миллӣ дар минбарҳои ҷаҳонӣ, боиси он гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои ғамхори мусалмонони дунё ду маротиба ба қатори «500-мусалмони маъруфи ҷаҳон» шомил гардад. Ин шоҳкориҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро бори дигар ҳамчун Пешвои миллат муаррифӣ намуд.

Солҳои охир дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар чор ҳадафи олии стратегии кишвар, аз қабили баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озӯқаворӣ ва барномаи давлатии аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистонро қабул ва роҳандозӣ намуда, барои иҷроиши ин ҳадафҳо бузургтарин шоҳкироҳо аз қабили истифодаи роҳҳои автобилгарди дорои аҳаммияти дохиливу минтақавӣ ва байналмилалӣ, роҳҳои оҳани аҳамияти байналмилалидошта, ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ ва аз кишвари кишоварзӣ ба кишвари кишоварзию саноатӣ табдил додани мамлакат гомҳои устувор мегузорад. Солҳои охир барои ҳадафи чоруми стратегии давлатӣ – аз кишвари кишоварзӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ – кишоварзӣ табдил ёфтани Тоҷикистон низ заҳамоти зиёд ба харҷ дода шудааистодааст.

Дар самти қонунгузорӣ бошад, Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф гардида, минбаъд дар ин самт низ эҳёи арзишҳои миллӣ ба инобат гирифта шуд. Бо баҳрагирӣ аз низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории таърихии миллӣ, як силсила қонунҳои миллӣ аз қабили Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардиданд, ки қабули ин қонунҳо сокинони кишварро фарҳанги сарфакорӣ омӯхта, колбади пур аз хурофоти миллати тоҷикро аз ҳама гуна зиёдаравиҳо орӣ намуда, дӯстдории ватанро ҳамчун арзиши олӣ тарбия хоҳад кард. Натиҷаи мусбии қабули қонунҳои мазкури миллӣ бо он мушоҳида мешавад, ки имрӯз модели ин қонунҳо аз ҷониби дигар кишварҳои ҳамҷавори мо мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор гирифтаистодаанд.

Дар маҷмӯъ Пешвои миллат дар тули умри бобаракати хеш тавонист, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ – маорифу тандурустӣ, вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи дохилию хориҷии кишвари ҷангазадаро ислоҳ намуда, ҳамаи соҳаҳои фалаҷшудаи баъдиҷангиро ба соҳаҳои пешқадами замон табдил диҳад.

Дар урфият мегӯянд, ки “офарандаи таърих халқ аст”. Дар асл, таърихро ғолибону фотеҳони бузург, чеҳраҳои бузурги сиёсии ҷаҳонӣ ва пешвоёну доҳиҳо меофаранд. Пешвои муаззами миллати тоҷик, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари бунёд ва таҳкими давлатдории миллӣ ва эҳёи арзишҳои дигари фарҳанги миллӣ, бо таълифи бузургтарин осори таърихии худ “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”, “Забони миллат – ҳастии миллат“, “Куруши Кабир”, “Чеҳараҳои мондагор”, “Уфуқҳои Истиқлол” ва дигар осори пурғановати хеш дар самти таърихнигории тоҷик на танҳо ҷараёни нави таърихнигориро ба вуҷуд овард, балки таърихнигории тоҷикро тағйир ва ба он тобиши нав дода, эҳёи арзишҳои миллиро ҳадафи асосии муаррихон медонад.

Бо баҳрабардорӣ аз чунин сабақҳои таърихӣ, мушкилоти равандҳои ҷаҳонишавӣ ва падидаҳои номатлуби сиёсии асри XXI, Пешвои миллат бо таълифи осори гаронмояи таърихии хеш, бо мақсади муттаҳид намудани миллати тоҷик дар баробари ба даст овардани “Ваҳдати миллӣ”, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба забони модарӣ-тоҷикӣ, эҳёи худшиносиву худогоҳии миллӣ, балки муҳимтарин аз ҳамаи он пойдевори кохи идеологияи миллии тоҷикро бунёд намуд.

Имрӯзҳо ҳамаи заҳматҳову дастовардҳои Пешвои миллат дар самти муаррифӣ намудани миллати тоҷик дар ҷомеаи байналмилалӣ, ҷонибдорӣ аз фарҳанги исломи ноб дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҷилавгирӣ аз терроризму радикализми динию сиёсӣ, пешниҳодҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонии ӯ дар самти ҳалли мушкилоти нарасидани оби тоза, гармшавии иқлим, партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, ҳифзи пиряхҳо ва эълони “10-солаи таҳкими сулҳ ба хатори наслҳои оянда” Пешвои муаззами миллатро натанҳо ҳамчун чеҳраи сиёсии умумимиллӣ, балки ҳамчун чеҳраи сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд, ки чанде пеш ҳамчун лидери кишварҳои Осиёи Марказӣ пазируфта шудани ӯ ва дастгирӣ ёфтани як қатор пешниҳодҳояш дар кунгураҳои байналмилалии Созмони милали муттаҳид шоҳиди ин гуфтаҳост.

Пас, барои чунин хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳсину офаринҳо месазад, ки санаи мубораки “16-уми ноябр – Рӯзи Президент”-ро ҳамчун рӯзи кашфи чеҳраи тобноки сиёсии таърих, ки ба давлати фаноёфтаистодаи тоҷик умри дубора бахшиду миллатро аз вартаи парокандагӣ ва завол наҷот дод, бо мамнуият ва арҷгузорӣ таҷлил намоем.

Таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҳамаи тоҷикону Тоҷикистониён мубораку фархунда бошад, ҳамдиёрони азиз!

Ғуломов Тоҷиддин Мирзоалиевич,дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ваархившиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон