(Бахшида ба Рӯзи Президент)
Муаррихон беҳуда Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро кишвари президентҳо ва демократҳо наномидаанд, зеро ин ду истилоҳ дар таърихи муосири ин мамлакат мавқеи хоси худро доранд. Амрико аввалин кишваре ҳаст, ки рӯзи Президентро ҷашн гирифтааст, ки маҳз аввалин институти Президенти дар ИМА ташаккул ёфтааст. Вакилони ин кишвар таҷлили ин ҷашнро соли 1968 дар Конгресс ба миён гузоштанд, аммо байни вакилон баҳсҳои тулонӣ давом ёфта қариб ду сол идома ёфта ва ниҳоят аз 37 Президент ИМА корномаҳои мондагорӣ Ҷорҷ Вашингтонро (1789-1797) беҳтар донистанд ва маҳз рӯзи таваллуди ин абармади бузург, яъне ҳафтаи сеюми моҳи феврали рӯзи душанбе “Рӯзи Президент” дар Амрико эълон кард шуд. Қайд кардан зарур аст, ки то соли 1970 баъзе штатҳои ИМА санаи 12 -уми февралро рӯзи мавлуди Авраам Линколн (1861-1865) бо як шукуҳ шаҳомати хос ҷашн мегирифтанд. Ҳоло ҳам ҳамасола рӯзи мавлуди Авраам Линколн низ таҷлил карда мешавад. Вакилони ИМА таҷлили рӯзи Президентро дар Амрико ба мавлуди Ҷорҷ Вашингтон қонунӣ намуданд. Мувофиқи қонуни Амрико шаҳрвандон бахшида ба рӯзи Президент истироҳат намуда, инчунин, аз намоишҳои театрӣ, карнавалҳо, боғу гулгаштҳо, ки ройгон аст, истифода мебаранд.
Дар давлатҳои собиқ Шуравӣ таҷлили рӯзи Президентро дар Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистон истиқбол мегиранд. Дар Туркманистон 19 феврали соли 1994 ҳамчун ҷашни миллӣ зодрӯзи Туркманбошӣ (Сафармурод Ниёзов) таҷлил карда шуд. Вале, пас аз як сол Сафармурод Ниёзов бо қарори худ ин санаро рӯзи Парчами давлатӣ эълон кард. Аз соли 2012 то инҷониб 1 декабр дар Қазоқистон рӯзи Президенти нахустини ин кишвар Нурсултон Назарбоев истиқбол гирифта мешавад. Дар рӯзи 1 декабри соли 1991 мардуми ин кишвар бори нахуст Президенти худро интихоб карданд маҳз ба ҳамин хотир ин сана рӯзи истироҳат ҳисобида мешавад. Дар ҷазираҳои Маршалл рӯзи Президент 17 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Дар соли 1928 нахустин Президенти ин кишвар Амата Кабуа ба дунё омадааст, ки яке аз асосгузорони Истиқлоли ин кишвар маҳсуб мешавад. Маҳз Кабуа барои ба даст оварданиИстиқлол бар зидди сиёсати мустамликадоронаи ИМА муборизаи беамон бурдааст. Ӯ, ҳамчунин, муаллифи суруди миллии “Ҷазираҳои Маршалл” низ мебошад. 11 ноябр дар кишвари Ангола рӯзи Президент ё ин ки рӯзи «Қаҳрамонони муборизони Истиқлол» таҷлил карда мешавад. Чунки дар ин рӯз роҳбари якуми кишвар Антонио Ангостино Нето таваллуд шудааст. Ӯ барои озодии халқаш аз мустамликадорони Португалия кишварашро озод намудааст. Маҳз талошҳои ӯ буд, ки соли 1975 Ангола Истиқлол ба даст меорад. Таҷлили «Рӯзи Президент» – ро дар Боствана мардум интизор мешаванд. Рӯзи сеюми душанбеи моҳи июн мардуми ин кишвар дар назди муҷассамаи аввалин Президенти Ҷумҳурии Боствана Серетсе Кхама муттаҳид мешаванд ва аз хизматҳое, ки барои халқу меҳанаш кардааст, ёд мекунанд. Зикр кардан ҷоиз аст, ки ба туфайли ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоияш Серетсе Кхама Бостванаро аз кишвари қафомондаи Африқо ба кишвари муттараққӣ табдил ёфт. Ҳатто дар Бритониёи Кабир ба хотири ӯ филми мустанадро намоиш доданд.
Ба ҳамагон маълум аст,ки санаи 16 ноябр рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни фархунда ва таърихӣ маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиклол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии Президентӣ табдил дода шуд. Аммо Президенти маҳбуби мо сеюмин сарвари кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар солҳои кашмакашиҳои сиёсӣ ба сари ҳокимият омадааст. Пӯшиданест, ки ду Президенти собиқаз салоҳияташон даст кашиданд ва кишварро дар ҳолати парокандагӣ монданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ҳамчун Сарвари давлат таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян кард. Барои иҷрои ин мақсадҳо ӯ тадбирҳое андешид, ки дар таҷрибаи ягон давлати дунё дида нашуда буд. Барои ҳамин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барҳақ меъмори сулҳу истиқлоли давлати миллии мо меҳисобанд. Маҳз тавассути заҳматҳои ӯ тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият пардохтанд. Бо кӯшиши пайвастаи ӯ халқи тоҷик сарҷамъу муттаҳид гашт, дар кишвар фазои сулҳу ваҳдат фароҳам оварда шуд, фарҳанги куҳан, номи нобиғаҳои миллат эҳё ва ҷашнвораҳои онҳо таҷлил шуд. Барои инкишофи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шароитҳо фарохам оварда шуд.
Маҳз тавассути талошҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар солҳои истиқлол ба давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил ёфта, сохтмони шаҳру шаҳракҳои замонавӣ, иншооти азими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ, роҳҳову пулҳову нақбҳои нақлиётӣ, неругоҳҳои барқӣ – обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ симои кишварамонро ба таври шинохтанашаванда тағйир дод.
Маҳмудзода Суханвар н.и.т., муаллими калони кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ