ҲИЗБИ ПЕШБАРУ ВАҲДАТОВАР

28

Таҳлили фаъолияти аҳзоби сиёсии кишварҳои мухталиф нишон медиҳад, ки на ҳамаи онҳо фарогири манфиатҳои умумӣ мебошанд. Аз фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки он воқеъан муддати 30 сол ҷиҳати амалӣ гардидани ормонҳои миллӣ дар сафи пеш қарор дошт ва дорад. Дар меҳвари Барнома ва Оинномаи ҲХДТ пеш аз ҳама таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ меистад. Вақте сухан дар боби ваҳдати миллӣ меравад, албатта корномаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пеши назар меояд. Маҳз шароити бисёр мураккабу печадаи солҳои аввали истиқлоли давлатӣ боис гардид, ки баҳри сарҷамъ намудани мардуми кишвар бо ташаббуси Сарвари давлат ҳизби нав таъсис дода шуд.

Вақте ба таърих ва зарурати ташкили ҲХДТ назар мекунем маълум мегардад, ки он дар аввал барои ба ҳам овардани мардуми кишвар таъсис дода шудааст. Маҳз хираду дурандешии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳам ояд.

Яке аз хидматҳои бузургу мондагори Пешвои миллат дар масири расидан ба ваҳдати миллӣ ташкил намудани ҳизби мардумӣ буд. Имрӯз мо аз Барномаи ҲХДТ ба таври назаррас мебинем, ки дар меҳвари он масъалаи ваҳдати миллӣ қарор дорад. Раёсат ва ҷонибдорони ҳизб ваҳдати миллиро кафолати суботи сиёсӣ ва истиқлоли давлатӣ медонанд. Танҳо дар ҳоле мо ба зиндагии шоиста ва ормонҳои миллӣ пурра мерасем, ки дар кишвар суботу ҳамдилӣ ҳукумрон бошад. Бинобар ин, дар меҳвари Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идеяи ваҳдати миллӣ ва суботу амнияти ҷомеа меистад. Раиси муаззми ҳизб худ рамзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва кафили суботу амнияти кишвар эътироф шудааст. Ин ҳизби мардумӣ ваҳдати миллиро на танҳо, масъалаи давлату ҳукумат ва ҳизбҳои сиёсӣ, балки зиндагии шоистаии ҳар як шахс ва фарди ҷомеа медонад.

Ба қавли муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор “Аз ваҳдати миллӣ, ки самараи он оромию субот ва амният аст ҳар як шаҳрванд, ҳам мансабдору ҳам фарди оддӣ бевосита манфиат мебарад. Барои ҲХДТ ваҳдати миллӣ стратегияе ба шумор меравад, ки ҷиҳати таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллӣ равона гардидааст. Ҷудоиандозӣ, дасисаву иттилооти муғризона, таассуби динию мазҳабӣ, ки дар байни ҷомеа тафриқа меандозанд, ҳамчун таҳдид ба ваҳдати миллӣ шинохта мешаванд”.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди бисёр мушкилу мураккаби хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа нақши калидӣ дорад. Он ба сифати неруи муқтадири сиёсии мамлакат барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, гуногуншаклии моликият, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ талош намуд,ки натиҷаҳо қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш мебошанд. Самараи асосии фаъолияти пурмаҳсули Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва торафт беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. ҲХДТ дар давраи сарнавиштсоз ба фаъолият шурӯъ карда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ барои устуворию пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш ваҳдату ягонагӣ, таъмини якпорчагии ҷумҳурӣ, инчунин ояндаи неки кишвар ба шумор мерафт.

Имрӯз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ғояи умумӣ ва вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, муттаҳид менамояд. ҳадафи ягона аз ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани неруҳои пешбарандаву босалоҳият, ваҳдатсозу сулҳовар ва дорои масъулияти баланди давлатсозиву давлатдорӣ ва бо ҳамин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёфт.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи ниҳоят мураккаб ва душвор таъсис ёфта, барои миллату давлат, ҷиҳати мустаҳакам гардидани Ҳокимияти конститутсионӣ рисолати басо бузургро амалӣ намуд. Зеро ин ҳама аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Раиси он, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеомад. Дар рӯзҳое, ки ашхоси манфиатҷӯ ва гурӯҳҳои махсус аз рӯи таассубҳои маҳалгароӣ ва мазҳабӣ кишварро ба гирдоби ҷангу хунрезӣ кашида, Тоҷикистони соҳибистиқлоли тозатаъсисро ба чанд қисм ҷудо шудан наздик оварда буданд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфта, бо барномаҳои созанда ва демократии худ, ки сирф ба манфиати миллату давлат равона гардида буд, ба фаъолият шуруъ намуд.

Ҳизб ҳамчун ташкилоти сиёсӣ дар раванди таҳаввулоти зиёда аз 30-солаи кишвар иштироки фаъолона дошта, ҷиҳати барқарор кардани сулҳу субот дар мамлакат, таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он, таҳия ва қабули як қатор қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар Мақоми олии қонунгузори кишвар, инкишофи ҳаёти иқтисодӣ ва фарҳангӣ, тавсеа ва таҳкими равобити байналмилалии Тоҷикистон нақши бориз дорад. “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” собит намуд, ки миллати бо фарҳанг, ватандӯст, сулҳхоҳ ва сулҳпарвари тоҷик дар он давраи хеле мураккаб ва мудҳиш таҳти роҳбарии Пешвои муаззми миллат якпорча шуд, роҳи музокироти сулҳро пеш гирифт, аз ақлу фарҳанги азалии худ истифода кард, аз роҳи ба тариқи ғайриосоишта ҳал кардани мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ даст кашида, ба хотири таъмини сулҳи сартосарӣ самимона талош намуд. Бояд гуфт кард, ки дар ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хеле назаррас аст.

Аз рӯзҳои нахуст ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тариқи рақобати солим ва осоишта ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба ҳисоб мерафт. Фаъолияти ҳизб ба кулли соҳаҳои ҷомеа вобастагӣ дорад. Андеша, ҷаҳонбинӣ, анъана ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти маънавӣ сарчашмаҳоеянд, ки ҳизби мазкур дар фаъолияти худ истифода мебарад, ҳамчунин барномарезӣ ва нақшабандии ҷанбаҳои фаъолияти ҳизб ба ин омилҳо робитаи бевосита дорад. ҲХДТ дар масири баланд бардоштани шуури ҷамъиятӣ кӯшиш намудааст, ки электорати худро ҳам аз ҷиҳати миқдор ва ҳам аз ҷиҳати сифат беҳтар гардонад.

Бояд иброз намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешбаранда, нерӯи созандаву муттаҳидсоз ва муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангии Тоҷикистон дар 30-соли фаъолият саҳми худро дар ҳама гуна чорабиниҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ нишон дода миёни мардум маҳбубияти хосса пайдо кард. Маҳз талоши пайвастаи ҳизб буд, ки шумораи аъзоёнаш ба беш 600 ҳазор нафар расид ва ҳамеша дар сафи пеши муборизони таҳкими сулҳу субот ва тараққиёти кишвар қарор дорад. Маҳз ҳамин ғоя нуқтаи пайванд ва ҳалқаи ба ҳам оварандаи тамоми мардуми кишвар, сарфи назар аз миллату забон, дину мазҳаб ва ақидаву мавқеи сиёсӣ гардид. Имрӯз мо қишри зиёии ҷомеаро зарур аст, ки дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муттаҳид шуда, дар масири таҳкими ваҳдати миллӣ рислоти хешро, ки аз таълиму тарбияи насли шоистаи миллат иборат аст, пурсамар иҷро намеом.

Шарифзода Ҷамолиддин Сафол – н.и.т., дотсент, директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат