АҲАММИЯТИ ТАФАККУРИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

174

(Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат аз 09.03.2024)

Таҳлили мактаби давлатдории зиёда аз 30 солаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ аст, ки дар меҳвари сиёсати ин нобиғаи миллати тоҷик ҳамеша ҳифзи манфиатҳои миллӣ қарор доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар тамоми суханронӣ ва баромадҳои Сарвари давлат давр вохӯрӣ бо қишрҳои мухталифи ҷомеа ҳамеша манфиатҳои миллӣ ва масъалаи ҳувияти миллӣ бартарӣ дорад. Дар робита ба ин зикр кардан ба маврид аст, ки баромади Пешвои миллат дар вохурӣ бо ходимони ҷамъиятӣ ва динӣ, ки санаи 9-уми марти соли ҷорӣ баргузор гардид, бори дигар ба таври равшану возеҳ ва мушаххас аз сиёсати дурандешона дар роҳи таҳкими тафаккури миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ хабар медиҳад.

Таъкиду пешниҳодҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди шароити бисёр ҳасоси ҷаҳонишавӣ ба маврид ва саривақтӣ арзёбӣ мегарданд. Воқеан, ин баромаде саршор аз миллатдӯстӣ давлатмеҳварии Пешвои муаззами миллат буд, ки дарку фаҳмиши он аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ бисёр муҳим ва зарур аст. Ин суханронӣ дар ҳоле рост омад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва манотиқи алоҳидаро падидаҳои номатлубе чун бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо таҳдид намуда истодаанд. Ин ҳама падидаҳои номатлуб дар мадди аввал ба арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ бештар таъсир мерасонанд. Аз таҷрибаи таърихӣ бармеояд, ки ягона роҳи ҳифзи манофеи миллӣ дар муқобили чунин таҳдиду хатарҳои рӯзафзун танҳои тафаккури солими миллӣ ва маърифтаи ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад.

Таҷрибаи кишварҳое, ки имрӯз дар зери таъсири бархӯрди манфиатҳои геосиёсии қудратҳои мушаххаси ҷаҳонӣ гирифтори моҷаро ва буҳронҳои сиёсӣ гардидаанд, шаҳодат аз он медиҳад, ки сабаби асосии ин ҳама дур шудан аз аслу насаби хеш ва арзишҳои миллӣ аст.

Равандҳои сиёсиву идеологии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки аз боиси сатҳи пасти маърифати ҷомеа аксар нафарон ба фирефта ва бозиҳои гурӯҳҳои динситезу манфиатбахши абарқудратҳо дода мешаванд. Маҳз чунин тафаккур ва маърифтаи хеле сатҳи пасти миллӣ боис шуд, ки дар аксар кишварҳои мусулмоннишин аз эҳсоси динию мазҳабӣ суситифода карда шавад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки миллати тоҷик ҳам дар дарозои таърих аз боиси эҳсоси баланди динӣ дар ҳолатҳои бисёр сарнавиштсоз манфиатҳои хешро аксаран ҳифз карда натавонист.

Шикасти нахустдавлати миллии тоҷикон – Сомониён аз боиси эҳсоси динӣ буд, ки бо фатвои руҳониёни хуруфотпарасту иртиҷоӣ мардум ба ҳифзи давлати миллии худ набаромаду қавмҳои кучманчӣ, ки минбаъд сабаби ташаккули тамоми навъҳои буҳрон гардиданд, ба ҳокимияти Бухоро соҳиб шуданд. Як фатвои руҳониёни мутаассиб мардуми ғафлатзадаро, ки дар онҳо на эҳсоси миллӣ, балки эҳсоси динӣ бартарӣ дошт, саба шуд, ки истиқлоли миллӣ ва давлатии мо, ки кафили амалишавии тамоми ормонҳост ба муддати “1000 сол” аз саҳифаи таърих нопадид шавад. Ин хиёнати мутаассибон ва сатҳи хеле пасти ҳувияти миллӣ боис шуд, ки миллати меросбари Куруш, Спитамен, Муқаннаъ ва Исмоили Сомонӣ 1000 сол дар зери истисмор ва таъсири сулолаҳои аз маърифату тамаддун фарсахҳо дури кучманчӣ қарор гиранд. Замоне фаро расид, ки ҳатто дар муддати даҳ аср захираи зеҳнии тамоми мардуми Осиёи Марказӣ ва Хуросон баробар ба нисфи захираи зеҳнии замони Сомониён (100 сол) набуд. Ин магар зарба ва шикаст нест? Сарчашмаи асосии ин шикаст маҳз ана ҳамин тафаккури бегонапарастӣ ва эҳсоси динӣ буд, ки минбаъд дар меҳвари афкори сулолаҳои динситезу аз маърифат дури кучӣ қарор дошт.

Аз асри Х то асри ХХ миллати тоҷик се марҳилаи бисёр ҳасосу дардонекеро сипарӣ намуд, ки ҳар се бо сабаби эҳсоси баланди динӣ ва аз асолати миллӣ дур рафтани аксар қишрҳои ҷомеа ба амал омад. Шикасти Сомониён, поймол намудани манфиатҳои тоҷикон дар раванди тақсимоти марзӣ-миллӣ ва ба амал омадани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ин саҳифаҳои сиёҳи таърих имрӯз тамоми афроди ҷомеаи кишварро водор месозад, ки худшинос ва худогоҳ бошанду дар навбати аввал аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ бештар ҳифозатгар.

Дар раванди тақсимоти марзӣ-миллӣ ҳатто баъзе аз шахсиятҳои миллат дар зери таъсири идеологияҳои бегона ва динӣ қарор гирифта, ба манфиати миллат фаъолият накарданд (Ф. Хоҷаев, А. Раҳимбоев, А. Фитрат ва боз даҳҳо нафар). Маҳз бегонапарастӣ ва дурравиҳо аз манофеи миллӣ буд, ки дар ин раванди тақдирсоз аксар манотиқи тоҷикнишин аз сарҳади давлатии мо берун монданду имрӯз мардумони он бо номи тоҷикони бурунмарзӣ ёд мешаванд.

Ҳамчунин, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки қариб буд миллату давлати тоҷикро ба пораҳо тақсим намояд, аз ҷумлаи чунин омилҳое буд, ки барои мо имрӯз бояд дарси ибрат бошад. Ибрози ин ҳама ба хотири бори дигар рашван намудани саҳифаҳои дардноки миллат нест, балки ба хотири бедорӣ ва ташаккулу рушди тафаккур ва эҳсоси миллии наслҳои ояндасози ин меҳан аст, ки ворисони миллат аз ин Ватан умеди бузург доранд.

Имрӯз зарур аст, ки корномаи нобиғаҳое чун Спитамен, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Эмомалӣ Раҳмон барои насли наврас ва ҷавон аз ҷониби падару модар, омӯзгорон ва масъулони динӣ, ки дар ҷомеа бо зеҳни худ таъсиррасонанд, ҳамчун нишони хештаншиносӣ ва қадршиноии миллату давлат шарҳу тавзеҳ дода шавад. Барои ояндаи дурахшони ин миллату давлат чунин чеҳраҳои мондагоре лозим аст, ки бақои онро бо ирода ва матонати худ таъмин намоянд.

Дар айни ҳол таҳдидҳои идеологӣ ва хуруфотӣ минтақа ва ҷаҳонро аз ҳарвақта дида бештар таҳдид намудаистоданд. Мутаассифона ҳатто доираҳои муайяни илмӣ ҳам дар хидмати чунин гурӯҳҳои тундрав қарор гирифтаанд, ки бо зеҳни худ ба шуури ҷомеа таъсир мерасонанд. Дар муқобили ин ҳама танҳо дониш, хирад ва дар маҷмуъ маърифат ҳамчун сипар истода метавонад.

Пешвои миллат ба маврид таъкид намуданд, ки танҳо маърифат садди роҳи ҷаҳолат шуда метавонад. Маърифат имкон медиҳад, ки тамоми арзишҳои ҷомеаи инсонӣ ҳифз шуда барои зиндагии босубот ва шоиста истифода шаванд. Миллати тоҷик новобаста аз он саҳифаҳои ёдоваршудаи сиёҳи таърих, ҳамчунин дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ бо фарзандони хирадмандаш аз Бузургмеҳр сар карда то Айнӣ исбот намудааст, ки миллати соҳибмаърифат буда, дар саргаҳи тамаддуни башарӣ қарор дорад.

Бо омӯзиш аз сабақҳои таърих имрӯз бояд шукрона кард, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардида, шаҳрвандон тамоми фаризаҳои динии хешро озодона анҷом медиҳанд.

Ин падидаи нодири таърихӣ ба мо дар роҳи эҳёи арзишҳои миллӣ ва динии худ имкон дод, ки муяссар шавем ва мардумамон бо мазҳаби аҷдодӣ, бо пирони хирад ва бузургони илму адаби гузашта ҳамаҷониба ошно гардиданд.

Ҳамчунин, шароит фароҳам оамад, ки миллати тамаддунсози тоҷик осори бузургони худро бознашр ва ба мардуми кишвар дастрас намояд. Пешвои миллат ба маврид таъкид намуданд, ки “дар ҳамин замина имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд”.

Дар ин радиф Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин хеле корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Ёдовар шудан меарзад, ки соли 2009 бо ширкати олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор кардани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид. Дар идомаи ин бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардану се маротиба нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардонидани он аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар ин самт ба анҷом расидаанд. Ин ҳама нуқтаҳои муҳимме буданд, ки дар баромади Сарвари давлат бо як ҳисси баланди миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ садо доданд.

Ҳамчунин, бо ташаббус ва дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз тафсирҳои муътабари Қуръони карим – «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Ҳидоя»-и Бурҳониддин Абӯҳасан ибни Абӯбакр, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муқаддима»-и ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуданд.

Дар ҷавоби ин ҳама имрӯз қишри зиёӣ ва уламои кишварро зарур аст, ки насли наврасу ҷавонро пеш аз ҳам дар руҳияи миллӣ ва омӯзишу аз худ намудани асосҳои илму маърифат тарбия намоянд, чун насли солим кафили солимии миллату давлат аст.

Шарифзода Ҷамолиддин Сафол – н.и.т., дотсент, директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат