Дар ҷаҳони муосир масъалаҳои обу иқлим ва тағйирёбии муҳити зист аз муҳимтарин масъалаҳои глобалӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳистон ва сарбанди муҳимми захираҳои обии минтақа мебошад, дар ин самт нақши калидӣ ва масъулияти бузургро бар дӯш дорад. Таърих ва таҷрибаи дипломатияи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ва криосфера нишон медиҳад, ки кишвар на танҳо дар сатҳи минтақавӣ, балки дар арсаи ҷаҳонӣ низ метавонад ба ҳайси пешбаранда ва ташаббускор шинохта шавад.
Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори огоҳ ва ташаббускор дар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори кишвар аз солҳои қаблӣ диққати махсусро ба масъалаҳои обу иқлим ҷалб намуда, дипломатияи фаъоли Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар заминаи мушкилоти глобалӣ дар бахши обу иқлим барномаҳо ва ташаббусҳои муҳимми байналмилалӣ муаррифӣ шудаанд, ки роҳҳои ҳалли мушкилоти обу муҳити зистро таъкид мекунанд.
Тоҷикистон бо истифода аз мавқеи ҷуғрофии худ ва захираҳои бойи обии кӯҳӣ тавонист таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои калидии байналмилалиро ба масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим ҷалб намояд. Аз ҷумла, ташаббуси Тоҷикистон дар эълон намудани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ ва роҳандозии “Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосферӣ барои солҳои 2025-2034” нишонаи барҷастаи сиёсати ташаббускорона ва масъулияти байналмилалии кишвар мебошад.
Муҳимтарин омилҳои муваффақияти дипломатияи Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва криосфера ин фаъолияти пешсафонаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари таъсиргузор ва ташаббускор дар масъалаҳои глобалии обу иқлим дар платформаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Ин иқдом бо пешниҳоди ташаббусҳои мушаххас ва амалии таърихӣ, ки ба ҳифзи муҳити зист ва рушди илми яхшиносӣ равона шудааст, собит менамояд, ки Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ нақши муассир мебозад.
Инчунин, Тоҷикистон дар ҳамкориҳои минтақавӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва шарикон, бахусус дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ, нақши созанда дорад. Ин ҳамкорӣ на танҳо манфиатҳои миллиро ҳимоя мекунад, балки ба устувории минтақавӣ низ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ташкили лоиҳаҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ ва ҷалби мутахассисони байналмилалӣ дар самти яхшиносӣ ва обшиносӣ ба натиҷаҳои мушаххас ноил шудааст. Ин иқдом имконият медиҳад, ки Тоҷикистон дар таҳияи стратегияи муосири ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиии худ муваффақ шавад.
Воқеаи барҷастаи рушди дипломатияи ташаббускоронаи Тоҷикистон дар самти обу иқлим оғози “Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосферӣ барои солҳои 2025-2034” дар шаҳри Нитсаи Фаронса мебошад. Ин иқдоми сатҳи байналмилалӣ дар доираи СММ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон тавонист таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ва дастгирии созмонҳои калидиро барои ҳифзи пиряхҳо ва таҳқиқи муҳити зист ба даст орад.
Нитса ҳамчун макони баргузории чорабинии муҳими байналмилалӣ, ки бо иштироки кишварҳои зиёди ҷаҳон ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ доир шуд, нишон дод, ки дипломатияи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ қобилияти беназир дорад. Ин ташаббус бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ба таҳдидҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои криосферӣ ҳамчун омили муҳими устувории экологӣ ва обу иқлим эълон гардид. Тоҷикистон бо ирода ва сиёсати устувори Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳимро касб кардааст. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар СММ ва дигар платформаҳои байналмилалӣ дар самти обу иқлим боиси эътирофи байналмилалӣ гардиданд. Ин иқдомҳо маънои онро доранд, ки Тоҷикистон на танҳо барои ҳифзи манфиатҳои миллии худ, балки барои ҳифзи захираҳои муҳими глобалӣ ҳамчун як кишвари масъулиятшинос ва ташаббускор шинохта мешавад. Ҳамчунин, Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва шарикони байналмилалӣ барои идоракунии захираҳои обӣ ва коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим қадамҳои устувор ва муассир мегузорад. Ин равиш на танҳо ба ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологии минтақа, балки ба таҳкими эътимод ва ҳамкориҳои мутақобила дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ мусоидат менамояд. Натиҷаҳои дипломатияи ташаббускоронаи Тоҷикистон дар самти об ва криосфера барои оянда рӯшанӣ мебахшанд ва кишвар ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд. Зеро тағйирёбии иқлим ва коҳиши захираҳои обӣ боиси мушкилоти ҷиддӣ барои ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, мегарданд.
Тоҷикистон метавонад бо идомаи ташаббусҳо ва ҷалби нерӯҳои илмӣ, техникӣ ва молиявӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва таҳқиқоти яхшиносӣ нақши худро ҳамчун як пешсафи ҷаҳонӣ дар соҳаи обу иқлим нигоҳ дорад ва тавонад бо ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба ҳалли мушкилоти глобалӣ мусоидат кунад. Аз Душанбе то Нитса роҳҳои муваффақияти дипломатияи Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва криосфера нишон медиҳад, ки кишвари кӯҳистон ва дорои захираҳои бойи обӣ чӣ тавр метавонад дар арсаи байналмилалӣ нақши муассир ва пешбаранда дошта бошад. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳифзи муҳити зист ва рушди илмии яхшиносӣ намунаи барҷастаи дипломатияи ташаббускорона ва масъулиятшиносии байналмилалӣ мебошанд. Ин таҷриба барои дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон низ метавонад ҳамчун намуна хизмат намояд ва нишон диҳад, ки чӣ гуна тавассути ҳамкорӣ, дипломатияи фаъол ва тадбирҳои илмӣ метавон мушкилоти глобалиро ҳал кард. Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии ташаббускорона ва устувор таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон метавонад ба рушди устувори худ дар ҳифзи сайёраи Замин саҳми арзанда гузорад.
Мудири кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ, дотсент Иззатова М.Қ.