
Имрӯз (10.10.2025) бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси садорати факултети таърих боздиди гурӯҳи донишҷӯёни хориҷӣ аз Осорхонаи Пешвои миллат ба роҳ монда шуд.
Бо мақсади шиносоии бештари донишҷӯёни хориҷӣ бо таъриху фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои Донишгоҳ як гурӯҳ аз донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид ба амал оварданд.
Осорхона, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии ДМТ ҷойгир аст, яке аз мавзеъҳои муҳимми таърихӣ маҳсуб ёфта, ба зиндагиномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва марҳилаҳои рушди Донишгоҳ бахшида шудааст.
Дар ҷараёни боздид, донишҷӯён бо роҳнамои масъулони осорхона бо намунаҳои нодири таърих, аксу санадҳо ва дигар ашёи арзишманд шинос гардида, дониши худро дар бораи марҳилаҳои муҳими таърихи навини Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлол ва ваҳдати миллӣ ғанӣ гардониданд.