Чист миллат? – Ваҳдати дунёи мост,
Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.
Ваҳдат ва манзалати он. Ваҳдат,ягонагӣ, сарҷамъӣ ва иттиҳод, натиҷаи майл ва ирода, сайъ ва талош, таҳаммулгароӣ ва хирад, ҳамбастагии миллати мутамаддин ва фарҳангсолори тоҷик, тафаккури халлоқ ва руҳияи шикастнопазири мардуми Тоҷикистон аст! Ваҳдат, қавитарин рукни давлатдорист, ки низоми густурдаи кишвар танҳо аз вуҷуди он тақвият меёбад! Ваҳдат, омили нахустину ивазнашаванда ва рушди як давлати устувор аст! Шарти муҳими ташаккул ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ, поянда нигоҳ доштани истиқлоли давлатӣ ва шаклгирии муносибатҳои миллист! Ваҳдат, муҳимтарин омили дастёбӣ ба сулҳ ва оромиш ва суботи сиёсист, зеро таърих собит намуд, ки ин ҷонмояи ҳастии инсон барои тоҷикон чун нерӯи бегазанди давлатдорӣ ва дар мавридҳои шадиду носозгор барои ин мардум василаи наҷоти миллат аз парокандагӣ ва меъёри дарки мақсадҳои олӣ эътироф гардидааст. Ваҳдат, барои мо танҳо як истилоҳ ё мафҳуми муҷаррад нест, балки арзиши бебаҳоест, ки бо баҳои ҷони ҳазорон фарзандони содиқи миллат ба даст омад. Ин арзиш бунёди давлати соҳибистиқлоли мо ва асоси пешрафту шукуфоии Тоҷикистони биҳиштосост. Мо тавонистем, ки сохтори давлатдории худро такмил диҳем ва пояҳои онро мустаҳкам гардонем. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Ваҳдат, бисту ҳашт қадами устувор дар роҳи эъмори ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёвӣ ва ягона мебошад!
Сулҳ ва ҳамоҳангӣ. Ва сулҳ,ҳолати оромӣ, беҷангу низоъ ва муколамаи созанда миёни мардум, давлатҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоист. Сулҳ, на танҳо набудани ҷанг аст, балки вуҷуди муҳити мусоид барои зиндагии осоишта, адолат ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсонист. Сулҳ ва Ваҳдат, ду арзиши аслии зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсист, ки барои пойдорӣ, рушд ва суботи ҷомеа нақши бориз доранд. Дар андеша ва тафаккури гузаштагони миллати мо фарҳанги сулҳу ваҳдат ҳамеша мақоми марказӣ доштааст. Фитратан сулҳпарвар будан, ба хоки бегона чашми ҳирс накушудан, чун бузургтарин мардумон неруи эҳёгарӣ доштан, арҷгузори нобиғагони миллати худ будан ва барои бақои хеш талош варзидан аз сифотест, ки тоҷикон дар имтидоди масири мавҷуди хеш онро дар ниҳодашон такмил бахшида, чун ваҷҳи аслии камолоти маънавӣ шинохтанд.
Озмоишҳои роҳи ваҳдат. Ваҳдати миллӣ роҳи осонро тай накардааст. Солҳои аввали истиқлолият мо бо озмоишҳои сахт ва имтиҳонҳои ҷиддӣ дучор шудем. Тайи солҳои 90-ум Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид. Муноқишаи шаҳрвандӣ, ки дар натиҷаи ҳадафҳои ғаразноки қувваҳои дохилию хориҷӣ ба миён омад, ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва пояҳои маънавии давлати мо осеби ҷиддӣ расонд. Дар натиҷа беш аз 100,000 нафар ҷон бохта, зиёда аз як миллион нафар ҳиҷрат намуданд. Аммо хиради азалии миллати тоҷик, ки дар тули ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтааст, имкон надод, ки миллати мо дар вартаи нобудӣ қарор гирад. Бо талошҳои пайвастаи фарзандони бонангу номуси миллат, роҳбарияти давлат ва иродаи қавии мардуми тоҷик раванди музокироти сулҳ оғоз гардид.
Раванди музокироту созиш. Пас аз имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ кишвар ба сӯйи ваҳдат ва бозсозӣ рӯ овард. Ин сулҳ намунаи нодири ҳалли муноқиша бо роҳи музокира ва созиш аст. 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 хотима бахшид. Раванди мураккаби музокироти байни тоҷикон бо миёнаравии СММ тавассути 8 давр гуфтушунидҳо аз соли 1994 то соли 1997 дар шаҳрҳои Москва, Теҳрон, Исломобод, Алмаато, Ашқобод ва дигар шаҳрҳо сурат гирифт. Дар натиҷа, ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик ба созиш расиданд. Имзои созишнома ба барқарории сулҳ, суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар замина гузошт.
Аҳаммияти таърихии созишнома. Ин рӯйдод ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли муноқиша тавассути муколама эътироф шудааст. Аҳаммияти таърихии созишномаи мазкур бисёр муҳим аст. Он на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки барои эҳёи давлат, барқарории сохторҳои конститутсионӣ ва оғози марҳилаи нави рушди Тоҷикистон заминаи муҳкам гузошт. Тоҷикистон дар ҳама самту соҳаҳо, сиёсат, иқтисодиёт иҷтимоиёт, энергерика, нақлиёт ва коммуникатсия пешрафт кард. Ҳамаи ин дастовардҳо маҳз дар шароити сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ имконпазир гардиданд.Самараи ваҳдат. Ва дар умум аҳаммияти сулҳ ва ваҳдат пешгирӣ аз ҷанг ва хунрезӣ, рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, тақвияти ҳамбастагии миллӣ, фароҳамсозии фазои амн барои таҳсил, илм, фарҳанг ва мусоидат ба ҳалли низоъҳо бо роҳи гуфтугӯст. Имрӯз мардуми кишвар дарк карданд, ки зиндагии мусолиматомези ҳар хонавода, таҳаққуқи ниёт ва рӯёҳои ҳар шаҳрванд саодати меҳан ва пешрафти кишвар танҳо дар сурате имконпазир аст, ки сулҳу суботи пойдор вуҷуд дошта бошад. Пос доштани Ваҳдати миллӣ ва таҳкими он ягона роҳест, ки мардуми кишварро ҷониби созандагӣ ва ояндаи дурахшон мебарад. Ваҳдати миллии тоҷикон аз шарофати сиёсати қавианосири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 28 сол гувоҳӣ медиҳад. Тавре ки худи ӯ зикр мекунад: «Мардуми мо, хусусан навҷавонон ва ҷавонон бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки ваҳдати миллии Тоҷикистон саҳлу осон ба даст наёмадааст. Сулҳ ва оромиш, суботи сиёсӣ ва ваҳдат ва тафоҳум барои мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи сайъу талошҳои шабонарӯзии фарзандони огоҳ ва бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ муяссар гардидааст.»
Рисолати имрӯзу фардо. Пас месазад имрӯз дар ҳамовозӣ бо Паёмҳои ваҳдатбахши Пешвои миллат рисолати худро ҷойгиртару муассиртар анҷом бахшида, Тоҷикистонро аз ин ҳам беш ба авҷи рушду пешрафт расонем. Мабдаъ ва маоди сулҳи асливу азалиро дар зеҳни насли имрӯзу фардо бедор кардан, рисолати имонӣ ва қарзи виҷдонии мост. Моро мебояд, ки ба ормонҳои баланди милливу меҳанӣ содиқ бошем, миллатро бо нерӯву қудрати ақлонӣ, иттиҳод, ваҳдат, сулҳ, садоқат ба Ватан мусаллаҳ намоем ва ҳамеша ба арзишҳои он арҷ гузорем, зеро бидуни ваҳдат, миллат пароканда мешавад. Бидуни сулҳ, давлат рушд намекунад. Ҳар шаҳрванд бояд дар нигоҳ доштани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳм гузорад. Сулҳ ва ваҳдат рамзи ҳастии миллатанд!
Бо дарки аҳаммияти бузурги таърихии имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми июн – Рӯзи Ваҳдати Миллӣ эълон гардид. Ваҳдати миллӣ ганҷинаи бебаҳои миллати мост. Ин ганҷина бо маърифати баланди сиёсӣ, фарҳанги қадимаи давлатдорӣ ва хиради азалии миллати тоҷик ба даст омадааст.
Таҳният. Имрӯз, ки дар ҳулули таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорем набояд онро як ҷашни оддӣ донем, балки як ҷашни таърихӣ ва фаъолияти шоиста пиндорем, ки тавассути талоши ибратомӯзи худ манфиатҳои миллат ва давлатро дар арсаи байналхалқӣ ва муборизаҳои иттилоотӣ ҳимоя карда тавонем. Ин ҷашн барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ваҳдатгароӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муҳим дорад. Насли ҷавони мо бояд донад, ки сулҳ ва ваҳдати миллӣ бо чӣ баҳои гарон ба даст омада ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Баротзода Нигина Барот, номзади илмҳои таърих, дотсент, докторанти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ
Умаров Абдуллохоҷа Қурбонхоҷаевич, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ