(Андешаҳо ва пажуҳиши илмӣ бахшида ба 80-умин солагарди Ғалабаи бузург дар ҶБВ, ки намунаи олии ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва далериву қаҳрамонист)
Дар ҷанги зиддифашистӣ, ки дар таърих бо номи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941 – 1945) маълум аст, тоҷикон ва тоҷикистониён низ ба таври фаъол ширкат варзида, аз худ намунаи олии қаҳрамонӣ, ҷонфидоӣ ва шуҷоатмандӣ нишон додаанд. Нақш, ҷойгоҳ ва иштироки зиёиёну мунавварфикрони тоҷик дар солҳои ҷанг ҳам дар рушди корҳои мафкурасозӣ, ҳам дар набардгоҳ, ҳам бо қалам, ҳам бо ҳунар (санъат), ва ҳам дар ақибгоҳ мондагор буда, масъалаи фавқулзикр то имрӯз баҳсбарангезу доманадор боқӣ монда, ба таври объективона мавриди пажуҳишоти васеъи илмӣ қарор нагирифта ҳаллу фасли худро наёфтааст.
Қобили қайд мебошад, ки таҳқиқу омӯзиши таърихи ҶБВ ва аҳаммияти он дар таърихи халқи тоҷик дар солҳои 80-уми асри гузашта нисбатан қувват гирифта, дар раванди он солҳо аз ҷониби олимону муҳаққиқони илмҳои ҷомеашиносӣ асару мақолаҳо, дастурҳо ва рисолаҳои зиёди илмиву адабӣ таълиф гардида, пешниҳоди ихлосмандону ҳаводорон гардонида шудаанд. Аз ин рӯ ба боварии комил метавон гуфт, ки солҳои 80-уми асри гузашта дар омӯзишу пажӯҳиши таърихи давраи ҷангии халқи тоҷик давраи пурбортарин маҳсуб меёбад. Дар омӯзиш ва таҳқиқи илмии масъалаи таърихи ҶБВ то имрӯз саҳми олимон ва муҳаққиқони шинохтаи тоҷик аз қабили Л П. Сечкина, Ҷ. Усмонов, С. Раҳимов, М. Бобохонов, А. Бобоҷонова, М. Шералиев, А. Я. Қобилов, А. Хоҷаев, А. Рустамов, Б. Искандаров, М. Зикриёева, Р.Набиева, Д. Саидҳасанов, Д. Алимов, М. Бозорбоева, М. Кенҷаева, А.Секретов, Н. Б. Ҳотамов, Н. Ҳакимов, О. Канавин, Ф. Қурбонов, Н. Маҳкамова, Г. Мухторова, М. Раҳимов, Р. Масов, Ф. Зикриёев, Ф. Қараев ва дигарон, басо арзанда мебошад. Муҳаққиқони фавқузикр аз рисолаҳои номзадию докторӣ то ба асарҳои комили таҳқиқотӣ, илмӣ-оммавӣ, мақолаҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ, нашр намудаанд.
Аммо, омӯзиши масъалаи сарнавишти зиёиёни тоҷик дар солҳои ҶБВ, саҳми зиёиёни тоҷик дар рушди мафкураи ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ, иштироки зиёиёни тоҷик дар ҷабҳаҳои ҶБВ, саҳми зиёиёни тоҷик дар ақибгоҳ, саҳми зиёиёни ҳизбию давлатии тоҷик дар ғалаба алайҳи фашизм, мазмун ва мундариҷаи осори таърихиву адабии давраи ҷанг ва ғ. ҳануз ҳам муҳаққиқони асил, касбӣ ва асосии худро интизор аст.
Дар солҳои ҶБВ аз як тараф дар назди зиёиён вазифаҳои нав мегузошт, аз ҷониби дигар онҳоро водор намуд, ки ҳалли бадеии вазифаҳои нав ҳарчи зудтар анҷом ёбанд, то адабиёт нақши сиёсии худро ба ҳангом ва объективона иҷро кунад.
Тарбияи ватандӯстӣ – нишон додани ҳамтақдирии ватану фард, бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ ва ба ин восита қувват додани садоқату вафодорӣ ба ватан, ба ҷунбиш овардани нафрат нисбат ба душман – барҷаста кушодани нақшаҳои манфури ғоратгарони олмонӣ ва тақвияти хислатҳои размҷӯию бешафқатиро дар назар дошт. Чунин ҳадафи нависандагон аз номи баъзе асарҳо низ маълум аст. Масалан дар силсилаи шеърҳои А. Сурков “Ман ба нафрат месароям – 1941”, Очерки М. Шолохов “Дарси кинаву адоват – 1942”, ва ғайра.
Чунон, ки аз гуфтаҳои боло пайдост, зиёиён халқро на фақат ба нафрату кинаҷӯӣ хонданд, балки пеш аз ҳама мундариҷаи ғоявии мафҳумҳои мазкурро дар ҳаёти муборизон кушодаанд. Адибони Шуравӣ мафҳумҳои размҷӯӣ, нафрат ва интиқомхоҳиро дар ҳастии маънавии қаҳрамон чун эҳсосоти поку бошараф маънидод кардаанд, зеро он ҷанг аз тарафи Иттиҳоди Шуравӣ ҷанги адолатхоҳона буд.
А. Толстой 27 июли соли 1941 дар мақолаи “Ман ба нафрат мехонам” чунин қайд карда буд: “Барои ин мақсади олӣ яъне ғалаба нафрат лозим аст. Дар ҷавоби ҳуҷуми Гитлер ба ватани мо – нафрат, дар ҷавоби бомбаборони Маскав – нафрат. Нафрати бузург, устувор, ҷасур… На нафрати сиёҳ, ки рӯҳу ҷонро мекоҳонад, балки нафрати сӯзон, пок, чунин нафрате, ки муттаҳиду рӯҳбаланд мекунад, ба тавлиди қаҳрамон дар сафи мо боис шуда, зӯри ранҷбарони ақибгоҳро се баробар меафзояд”.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар таърихи асри ХХ бузургтарин ҷанг маҳсуб ёфта, барои халқҳои собиқ Шуравӣ, алалхусус тоҷикон сабақи бузурги таърихӣ ва ватандӯстӣ гардида буд. Дар солҳои ҷанг тамоми зиёиёни Тоҷикистон алалхусус аҳли илму маориф, кормандони матбуоту китобхона, санъаткорону ҳунармандон, шоирону нависандагон, табибон, зиёиёни дастгоҳҳои марказию маҳаллӣ ва ҳизбию шуравӣ фаъолона ширкат намуда, меҳнату заҳамоти бесобиқаи хешро ба сафҳаи таърих ворид карданд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои халқҳои сермиллати Иттиҳоди шуравӣ озмоиши бузург ва дарси ҳаётӣ буд. Ҷанг алайҳи фашистони олмонӣ 1418 шабонарӯз идома ёфт, ки дар он қариб 30 миллион шаҳрвандони Давлати Шуравӣ қурбон шуданд. Мувофиқи ҳисоби муҳаққиқон ҳар дақиқае 10 нафар сарбозони сурхи шуравӣ оламро падрӯд мегуфтанд. Агар ба хотири ҳар яки он шаҳидон дақиқае сукут варзем 38 солу 6 моҳ хомӯш мебояд буд. Зеро ҳар яки онҳо дар роҳи озодии Ватану миллати хеш ҷоннисориро нисбат ба маҳбусию хабисӣ ва дурӯягӣ авлотар донистаанд.
Қобили қайди махсус мебошад, ки ҷанг алайҳи фашизм басо кори душвор буд. Дар ибтидо Гитлер ба ҷанги зидди Иттиҳоди Шуравӣ 190 дивизия ё 5,5 миллион сарбозону афсаронро сафарбар карда буд. Ба ҷабҳаи зидди шуравӣ 3712 танк, 4950 самолётҳои ҷангӣ, 47260 тӯп ва миномёт равона шуда буд. Фашистони Олмонӣ 1710 шаҳру посёлка,70 ҳазор деҳкада, 31850 корхонаҳои саноатӣ, 65 ҳазор километр хати роҳи оҳан, 4100 стансияи роҳи оҳан, даҳҳо ҳазор колхозу совхозҳо, 84 ҳазор мактаб, техникуму мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ , 40 ҳазор китобхонаро оташ зада ба хок яксон намуданд. Дар натиҷа Давлати абарқудрати Шуравӣ 30 % боигарии асосиашро аз даст дод, ки ин хеле талафоти калон маҳсуб меёфт.
Ба адабиёту маорифи кишвар дар солҳои ҷанг чунин вазифа гузошта шуда буд, ки тамоми моҳияти «инсонбадбинӣ»-и фашизмро комилан ошкор намуда, раванди муборизаҳои ҷанговаронро дар ҷабҳа ва заҳамоти шабонарӯзии халқро дар ақибгоҳ бо қаламу сухан ба таври воқеӣ инъикос намоянд. Ин буд, ки шоирону нависандагони тоҷик дар солҳои ҷанг асарҳои мафкуравии зиддифашистӣ ва ватандӯстона эҷод мекарданд. Шоирону нависандагони маъруфи тоҷик Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Ӯлуғзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Василий Криллов, Ҳаким Карим, Ҳабиб Аҳрорӣ, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Лутфулло Бузургзода, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ ва ғ. силсилаи асарҳои таъсирбахш офарида, нақши худро дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ғалаба бар фашизм гузоштаанд. Аз ин миён Ҳ. Юсуфӣ, А. Пирмуҳаммадзода, Ҳ. Карим ва Л. Бузургзода дар майдони ҷанг ҳалок шуданд.
Нависандаи маҳбуби тоҷик устод С. Айнӣ дар солҳои ҷанг шеърҳои «Суруди зафар», «Қиссаи ҷанг ва зафар», мақолаҳои “Маънои калимаи тоҷик”, «Чингизи асри ХХ», «Деви ҳафтсар», «Шерзод», “Ҳар зараркунандаи ба одамро нест кардан даркор аст”, асарҳои таърихии «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», «Исёни Муқаннаъ» ва ғ. эҷод намуда, саҳми худро барои рушди ҳисси ватандӯстӣ ва мудофиавии наврасону ҷавонон ва бедор кардани ҳисси нафрату интиқомҷӯист офаридаст. Ҳамзамон, мундариҷаи ғоявии асарҳои устод Айнӣ – “Илҳомгоҳи фикрҳои олӣ ва бошишгоҳи озодидӯстон”, “Модар – Ватан”, ба афзоиши эҳсосоти ватандӯстӣ нигаронида шуда буданд. Устод Айнӣ дар мақолаҳои худ – “Талвосаи ҷонкании даррандаи захмдор” ва “Ҳар зарраррасонандаи ба одамро нест кардан даркор аст” бо гузоришоту ҳалли бадеиву публитсистӣ ҳиссиёти размоварию нафрати хонандаро бедор кардааст. Дар ҷои дигар устод Айнӣ нафрати худро нисбат ба саркардаи ҷанг чунин баён намудааст: “Аммо ин хунрези бетамиз, ин Чингизи хунрез – Гитлер ин ҳама корҳои золимонаи чингизонаи худро дар асри ХХ карда истодааст, ин нопоки беидрок надонистааст, ки дар асри ХХ дар дунё касе ёфт намешавад, ки ба назарияи (аслу насаб) гӯш диҳад, ин ғуломкунандаи халқҳо фаромуш кардааст, ки инсоният давраи ғуломдорӣ ва ғуломиро кайҳо бо масофаи чандинасра роҳ дар қафои худ гузошта пеш рафтааст, ин золими ваҳшитабиати хуктинат нафаҳмидааст, ки инсони асри ХХ аз ҳама чизҳо зиёдтар озодии худро дӯст медорад ва агар лозим ояд барои озодӣ ҷони худро фидо мекунад”.
Шоири маҳбуби тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ низ шеърҳои «Шамшери душман бишканем», «Ба шаҳри Ленин», «Ба халқи муборизи Украина», «Бародари рус», «Достони Таня» ва ғайраро эҷод намуда, дар диду дили хонанда нисбат ба душман нафрат пайдо карда, онҳоро барои ғалаба сафарбар намудааст.
Дар солҳои ҶБВ вазъи мактабу маориф мураккабу ногувор гардида буд. Биноҳои мактабҳо рӯз то рӯз кам мешуданд, синфхонанаҳо ба шифохонаҳои ҳарбӣ, муассисаҳои низомӣ ва дигар корхонаҳои аз Ғарб кӯчонда табдил меёфтанд. Дар соли хониши 1940-1941 сафи омӯзгорони тоҷик 12972 нафарро ташкил медод, ки беш аз 5 ҳазор нафарашон қаламро бо силоҳ иваз намуданд.
Сарчашмаҳои соҳавӣ иттилоъ медиҳанд, ки дар миқёси Иттиҳоди Шуравӣ шумораи мактабҳо то 600 ҳазор адад коҳиш ёфт. Дар ҳудуди ғасбшудаи ИҶШС фашистон беш аз 82 ҳазор мактабҳоро оташ заданд, ки қабл аз ҷанг онҷо 15 млн мактаббачагон таҳсил мекарданд.
Саросари мактабҳои иттифоқ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ китобҳои дарсӣ намерасид, зеро дар бадали се соли аввали ҷанг китоби дарсие нашр нагардид, фақат соли 1944 чанд номгӯй китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ ба дасти чоп расиду халос. Вале кормандони ҳизбию шуравӣ ва мақомоти маорифи халқи маҳалҳо дар ин боб чораҳои ҳалкунанда андешида наметавонистанд. Вазъи маорифи халқ аллалхусус, дар деҳоти дурдасти тоҷик ташвишовар буд, муваққатан баста шудани мактабҳои алоҳидаи деҳот низ мавҷуд буд, мактабҳое буданд, ки он ҷо хонандагон аз фанҳои физика, математика, химия, биология, забони хориҷӣ таълим намегирифтанд. Дар деҳоти тоҷик лоилоҷан ашхоси маълумоти кофии педагогӣ надошта ҷалб карда мешуданд. Бино ба маълумоти санадҳои бойгонӣ шумораи омӯзгорони тоҷик таи се соли ҷанг то 1360 нафар коҳиш ёфтааст.
Вазъи таълим дар шароити ҷанг номураттаб буд. Аз як тараф, сатҳи дониши на ҳама омӯзгорон қаноатбахш бошад, аз ҷониби дигар, мактаббачагону муаллимон баробари таълиму омӯзиш мебоист ба корҳои хоҷагӣ, ба ҷабҳа мадад мерасонданд. Вазъи замони ҷанг талаб мекард, ки ҳар соати таълим ҳисси ватанпарастии хонандагонро афзун гардонида, бо тақозои замон сари омӯзиши ҳар як мавзуъ аз боби ваҳшиёнати фашизм ва ҷоннисориҳои фарзандони ватан ҳикоят кунанд. Омӯзгорони маърифатноку моҳир муваффақ мешуданд, ки зимни баёни дарси нав алоқамандона бо мавзуъ аз боби ҳифзи Ватан, корнамоиҳои ҷанговарону фармондеҳони Артиши Сурх нақлҳо кунанд.
Обунашавӣ ба заёмҳои ҳарбӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг миёни аҳли маориф дар авҷ буд. Аз ин рӯ, онҳо ихтиёран ба обунашавӣ мешитобиданд. Инҷо он нуқта қобили қайд аст, ки солҳои ҷанг меҳнаткашон худ чандон рӯзи беҳ надоштанд, вале ба хотири озодию истиқлол аз бисоти ночизи хеш барои афсарон пулу мол равон мекарданд, то аҳли башарро аз ғасби фашизм бираҳонанд. Ин иқдом аз олиҳимматии одамони советӣ гувоҳӣ медод. Аз лаҳзаҳои аввал омӯзгорон изҳори ҳамовозӣ мекарданд, ибрати шахсӣ нишон медоданд.
Меҳнаткашони Тоҷикистон ба заёми ҳарбии соли 1942 то 20 апрели 1942 ба маблағи 143 миллиону 790000 сӯм обуна шуда буданд. Фаъолони обуна қабл аз ҳама аҳли маориф маҳсуб меёфтанд. Омӯзгороне буданд, ки ба маблағҳои калон обуна мешуданд, то рӯзи ғалабаро наздиктар намоянд. Масалан, директори яке аз мактабҳои ноҳияи Куктош Зеленская ба андозаи маоши семоҳааш- 3000 сӯм ба заёми ҳарбӣ обуна шуда буд. Котиби техникии мактаби рақами №6 шаҳри Сталинобод (Душанбе) Степанова, ки маоши якмоҳааш 210 сӯмро ташкил медод, ба андозаи 1200 сӯм ба заёми ҳарбӣ обуна шуд. Ин падида аз ҳисси баланди ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва масъулитнокии аҳли маорифи кишвар дар солҳои душвори ҷанг шаҳодат медиҳад, ки охирин пасандози худро баҳри дифоъ ва ғолибияти Ватан сарф мекарданд.
Зиёиёни театрҳои ҷумҳурӣ низ дар солҳои ҷанг намоишҳои мавзӯӣ ва дорои аҳаммияти ватандӯстӣ ва зиддифашистидоштаро ба тамошобинон пешниҳод намуда, ҳамзамон театри ҷабҳавии Тоҷикистон барои болидаруҳии ҷанговарон ва хизмат кардан ба онҳо ба фаъолият шуруъ намуд. Театр танҳо дар соли 1942 ба миқдори 760 консерт баргузор намуд, ки дар онҳо зиёда аз 110 ҳазор нафар ҷанговарон иштирок намуданд. Маҷмуан дар тули солҳои ҶБВ 3200 намоишҳои театрӣ ва консертҳо ба лашкари Шуравӣ ба намоиш пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон, ин театр, ҳангоми ду моҳи дар фронти ҷангӣ буданаш, ба ҷанговарон 250 консерт намоиш додааст. Дар соли 1942 дар ҷумҳурӣ 21 муассисаи театрӣ – намоишдиҳӣ амал мекард, ки дар байни онҳо 5 театри аз минтақаҳои ҷанг кӯчонидашуда (театри мусиқӣ-мазҳакавии Лениград, театри ш. Воронеж, копеллаи «Димка»-и Украина, оркестри симфонии Киев, театри лухтаки Днепропетровск) фаъолият доштанд. Дар созмонҳои ҷабҳавӣ ҳунармандон ва дастандаркорони боистеъдоду хушсалиқа, А.Азимова, Ш. Сиддиқова, Р. Ғолибова, И. Баракаева, Г. Степанова ва дигарон фаъолона иштирок намуданд.
Матбуоти даврӣ низ дар солҳои ҷанг вазифаи хешро ҳамчун мақомоти тарғиботиву ташвиқотӣ ба ҷо оварда, дар ҷумҳурӣ дар баробари рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ «Тоҷикистони сурх», «Коммунист Таджикистана» ва «Қизил Тоҷикистон», боз 66 номгӯи рӯзномаҳои вилоятиву ноҳиявӣ нашр гардида, нақши худро баҳри таъмин намудани иттилооти ҷадид ва ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон мерасониданд. Замони ҷанг боисрор корҳои тарғиботию ташвиқотиро тақозо дошт. Ҳанӯз дар сароғози ҷанг рӯзномаи «Правда» аз ин боб навишта буд: «Дар чунин рӯзҳои даҳшатовар ташвиқоти мо бояд ба омма гуфтаҳои пурҳарорати болшевикиро расонда, дар қалби миллионҳо одамон ҳисси адоватро нисбат ба фашистони разилу таҷовузкор барафрӯзад, одамони шуравиро ба муборизаи зидди душман, ба ёрӣ расондан ба ҷабҳа муттаҳид ва сафарбар намояд. Суханони пурҳарорати ташвиқотчиён дар рӯзҳои мо бояд ҳамчун даъват ба ҳимояи Ватан, ба маҳви душман баланд садо диҳад».
Илми ҷумҳурӣ ҳам дар ғалаба аз болои фашизми Олмон саҳми худро гузошта буд. Маркази илмии ҷумҳурӣ ин филиали Тоҷикистон АИ ИҶШС буд, ки аз ибтидои ҷанг самти асосии фаъолияти худро барои мустаҳкам гардонидани иқтидори ҳимоятгарии мамлакат ва ёрии ҳамаҷониба ба фронт равона карда буд. Дар амалии ин самт қарори ШКХ ҷумҳурӣ аз сентябри соли 1941 «Дар бораи бозсозии кори филиали Тоҷикистонии АИ ИҶШС» нақши калон бозид.
Муаррихон дар мавзуъҳои ватанпарварию қаҳрамонӣ ва муборизаҳои озодихоҳонаи мардуми тоҷик бар зидди зулму истибдоди аҷнабиён асарҳо эҷод мекарданд. Б.Ғафуров ва Н.Прохоров асари мондагори хешро зери унвони «Халқи тоҷик дар мубориза баҳри озодӣ ва истиқлолияти ватани худ» (1944) ба нашр расониданд, ки намунаи барҷастаи ин гуфтаҳо мебошанд.
Зиёиёни ҳизбию сиёсии тоҷик низ, ба кори сафарбар кардани омма ба ҷабҳа камари ҳиммат баста, ҳамзамон дар ҷабҳаҳои ҶБВ қаҳрамонона меҷангиданд. Танҳо аз моҳи июни соли 1941 то июни 1943 беш аз 1070 коммунистони соҳибмансаб, ки дар номенкулатураи КМ ҲК(б) Тоҷикистон фаъолият доштанд, дар ҷабҳаи зидди фашизм меҷангиданд, ки намунаи барҷастаи фидокорӣ ва ватандӯстии онҳо буд. Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии (б) Тоҷикистон бо машварати Сарраёсати сиёсии Артиши Сурх барои дар амал тадбиқ намудани корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ миёни аскарон-ҷанговарони миллатҳои маҳаллӣ 322 нафар коркунони роҳбарикунанда, аъзоёни КМ ҲК (б) Тоҷикистон, аъзоёни Кумитаҳои шаҳрию ноҳиявӣ, вакилони шӯрои Олии ИҶШС ва ҷумҳуриро сафарбар намуд, ки дар миёни онҳо комиссарҳои (вазирони) хоҷагии об А. Муҳаммадов, комиссари маориф Т. Пӯлодов, ҷонишинони комиссари зироат С. Турдиев (Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ) ва Е.Е. Алексеевский, ҷонишини комиссари саноати маҳаллӣ Т.П. Шукин, мудири шуъбаи ҳарбии комитети ҳизбии шаҳри Сталинобод (ҳозира ш. Душанбе) Н. Алиев, корманди масъули дастгоҳи КМ Ҳизби Коммунист Р. Ҷалилов, аъзоёни комиҷроияи вилояти Сталинобод (Душанбе) П.И. Журавлев, Б Н. Калитин, В Колосмиес, А. А. Зубков, Г Д. Дзуев Г. П, Апифанов, П. Н. Ишмаев, аъзои Президиуми Шурои Олии Тоҷикистони шуравӣ Т. Т.Шапкин ва дигарон буданд.
Хулоса, барои зиёиёни тоҷик ҷанг озмоиши гароне буд, ки аз он бо сарбаландӣ, болидарӯҳӣ ва нерӯмандӣ гузаштанд. Аҳли зиёи кишвари азизамон дар солҳои мудҳиши ҷанг чи дар ақибгоҳ ва чи дар набардҳои хунин пешопеш қадам гузошта ҷони хешро сипар мекарданд. Дар ақибгоҳ низ онҳоро сари ҳар қадам миёни пахтазору ғаллазор дар сафи аввали ташаббусҳои ватандӯстона мушоҳида кардан мумкин буд. Дар ҷабҳа бошад, зиёиёни тоҷик қаблан чун роҳбарони сиёсӣ, командирону афсарони қатории ҷасуру нотарс адои хизмат мекарданд. Машъалафрӯзони точикро тарсу ҳарос набуд, ватан-модар-гуён ба истиқболи марг мешитофтанд, дигаронро далерию ҷоннисорӣ мебахшиданд. Зиёиёни тоҷик ба касби қабл аз ҷангиашон содиқ монданд, қисмати дигар бошанд роҳи илму фарҳанг корҳои ҳизбию давлатиро ҳадафи ояндаи хеш қарор дода, арбобони шоистаи замон гаштанд.
Неъмонов Беҳрӯзҷон Зариёевич –номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ