ФАРҲАНГИ СУЛҲОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

24

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар остонаи ҷашни бузург 28-солагии имзои Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қарор дорад. Ин санаи таърихӣ дар сарнавишти миллати тоҷик нақши азим бозидааст. Вақте муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб шуд, ки ватани мо дар оғӯши ҷанги барордаркуш қарор дошт. Оташи ҷанг ҳамаро ба коми худ фурӯ мебурд. Бародар бо бародар теғ мекашид, садҳо одамони бегуноҳ, пиру ҷавон, занону духтарон ваҳшиёна кушта шуда, садҳо кӯдакон ятиму бе парастор монданд, ҳазорҳо хонаву корхонаҳо харобу валангор шуданд. Ҳазорҳо нафар мардуми бегуноҳ хонабардӯш шуда, тарки Ватан менамуданд. Шумораи гурезагон ва фирориёни иҷборӣ рӯз ба рӯз афзуда, теъдоди онҳо дар соли 1992 ба 900 ҳазор расида буд.

Дар ҷумҳурӣ аксар сохторҳои давлатӣ фалаҷу корношоям гардида буданд. Амнияти нафақат шаҳрвандон, балки худи ҳукумат низ таъмин набуд, бедодгарӣ, анархия, хараҷу мараҷ ҳадду ҳудуд надошт. Раёсат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шахси ду роҳбари аввал ва аъзои Ҳукумат натавонистанд, ки вазъи фоҷеабори кишварро ба эътидол оваранд. Дар чунин шароите, ки ҳаёти мардум зери хатар қарор дошт ва давлат ба вартаи ҳалокат мерасид дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ даъват карда шуд. Масъалаи асосии Иҷлосия интихоби раҳбари нави давлат ва ҳайати Ҳукумат ба ҳисоб мерафт. Дар Иҷлосия вакили халқ, Раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ-Сарвари давлат интихоб шуданд. Дар нахустин суханронии худ Сарвари тозаинтихоби ҷумҳурӣ савганди садоқат ба халқу ватан хурда, ба парчами давлатӣ, арҷгузорӣ карда, изҳор намуданд, ки «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард, то як тоҷик дар ғурбат аст, ором нахоҳам шуд. Дар ин роҳ ман тайёрам ҷони худро нисор созам». Ин суханҳои самимии Сарвари давлат аз қалби пурмеҳр ва дардноки ӯ берун омад ва ба дидаи пурнам ва дили пурғами мардум нишаст. Дар ин рӯзҳо тамоми мардум ба умеди сулҳ ба Қасри Арбоби Хуҷандшаҳр дида медӯхтанд. Иштирокчии куҳансолтарини Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси номи Абдуғафур Самадов дасти Раиси навинтихоби Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро бо меҳри падарона фишурда, чунин гуфт: «Писарам, умеди тамоми Тоҷикистон ба шумост. Шумор мо дар давраи мушкилу сарнавиштсоз роҳбари мамлакат интихоб намудем. Дили ҳамаи мо гувоҳи медиҳад, ки пайи қадами Шумо файзбор меояд». Дар ҷавоб роҳбари ҷавони мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо одоби тоҷикона даст болои сина гузошта гуфтанд, ки «Падар, як роҳ моро ба мурод мерасонад, ин сулҳу салоҳ аст». Аз лаҳзаҳои аввалини фаъолияти худ Сарвари тозаинтихоби давлат ба эҳёи рукнҳои фарсудаи давлатдорӣ шурӯъ карда, пояҳо ва шохаҳои давлатиро аз нав барқарор месохтанд, Давлатсозӣ кори осон набуд. Бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ, чунин буд мароми Ҳукумати нав бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон.

Пайваста ба ин Сарвари давлат роҳи дарёфти сулҳ ва оштии миллиро меҷуст. Интихоби сарвари нав, суханҳо ва қадамҳои ӯро ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон бо қаноатманди истиқбол намуданд. Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Бутрос Бутрос Ғолӣ дар барқияи табрикии худ сарвари нави давлат Эмомалӣ Раҳмонро табрик ва ба кори иҷлосия муваффақият орзӯ намуд.

Барои расидан ба ҳадафҳои олии кишвар эҷоди сулҳ ва оштии миллӣ роҳбари нав пайваста талош меварзид, тадбирҳо меандешид, заминаи ҳуқуқии оштии миллиро ба миён меовард. Яке аз нахустиқдомҳо дар ин роҳ қабули қонун «Дар бораи авфи умумӣ» буд, ки мутобиқи он шахсоне, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ кашида шуда буданд ва дар даргириҳои мусаллаҳона ширкат намудаанд ва онҳое, ки яроқҳои худро месупоранд, авф карда мешуданд. Иқдоми дигар қонун «Дар бораи гурезаҳо» буд, ки дар иҷлосия қабул гардид ва барои бозгашти гурезагон мусоидат менамуд. Даъватҳои такрор ба такрори Сарвари давлат ҷиҳати баргардонидани гурезаҳо ба Ватан, силоҳафканӣ ва даъват ба ҳаёти осоишта, тадриҷан самараи нек ба бор меовард. Рӯз ба рӯз сафи бозгаштагон зиёд ва тухми кинаву адоват байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ барчида мешуд. Сарвари давлат субботу осоиши ҷомеа ва давлатсозиро на ба роҳи зӯроварӣ ва фишор, балки бо роҳи музокирот, гуфтушунид, диду боздидҳо, муроҷиатномаву суханрониҳо ба амал мебаровард. Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз аввалин изҳороти худ таъкид намуда буд, ки «идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ аст, мо ягон масъалаи принсипиалии ҷомеаамонро бо роҳи зӯрӣ ва аз тариқи набарди мусаллаҳона ҳал кардани нестем, муроду мақсадамон танҳо бунёдкорӣ асту бас».

Ҳануз дар ҷараёни иҷлосия Сарвари давлат ба СММ ва сарони Россия ва баъзе давлатҳои ИДМ муроҷиат кард, ки ба Тоҷикистон нерӯҳои сулҳҷӯ фиристода шаванд. Сарвари давлат 12 декабри соли 1992, 1 июни соли 1993, 26 июни соли 1993, 16 январи соли 1994 ба халқи Тоҷикистон муроҷиатнома ироа намуданд. Дар муроҷиатномаҳои худ ба халқи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мароми сулҳҷӯёнаи Ҳукумати Тоҷикистонро возеҳ баён намуда, мардумро ба сулҳу ваҳдат, ҳамдигарбахшиву ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамуданд.

Сарвари давлат тарҳи сулҳ ва ваҳдати миллиро миёни мардум дар мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолии манотиқи даргир, бо намояндагони кишварҳои Россия ва дигар кишварҳои дӯст, дар мулоқот бо намояндагони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ – ба монанди Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод ва толиби сулҳ будани Ҳукумати Тоҷикистонро қотеона ироа менамуданд. Вақте дар манотиқи гуногуни кишвар даргириҳо дар авҷ буданд, Сарвари давлат ду сафари хеле муҳим анҷом доданд. Аввалан, моҳи августи соли 1993 ба манотиқи будубоши гурезаҳо дар сарҳади Афғонистон, дуюм ба вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон. Дар ҳолате, ки амнияти касе таъмин набуд, лаҳзаҳои хатарнок ва фоҷианок ҳама ҷоро фарогир буд, ин сафарҳои Сарвари давлат иқдоми хеле бебокона ва аз ниятҳои поки сулҳофариниши Эмомалӣ Раҳмон башорат медод. Чунин сафарҳоро Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сулҳсозӣ ва оштии миллӣ минбаъд низ борҳо анҷом доданд.

Фаъолияти ҳамарӯза ва пайгиронаи Сарвари давлат дар роҳи дарёфти сулҳ ва оштии миллӣ дере нагузашта самараи нек ба бор овард. Иттиҳоди мухолифин низ даъвати Ҳукумати Тоҷикистонро пазируфта, барои оғози гуфтушунидҳо розигӣ дод. Пас аз вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои муқаддамотӣ байни намояндагони Ҳукумат ва мухолифин барои даъват намудани музокирот мувофиқа ба амал омад. Музокироти сулҳи тоҷикон 5 – уми апрели соли 1994 дар Москва оғоз ёфт. Музокироти сулҳи тоҷикон, пеш аз ҳама, бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон оғоз ёфт. Музокироти сулҳи тоҷикон, ки беш аз се сол ҷараён гирифт, аз 8 давра иборат аст. Дар ҳамаи ин давраҳо марҳила ба марҳила маҷмуи масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ мешуд. Аз ҷумла, масъалаи бозгашти гурезаҳо ва таъмини онҳо бо ҷойи кор ва манзил, масъалаи оташбас, масъалаи сохтори конститутсионӣ ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор мегирифт.

Дар раванди сулҳи тоҷикон мулоқоти сатҳи олӣ бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик баргузор мегардид. Ин сатҳи олии музокирот буда, умдатарин масъалаҳо мавриди гуфтушунид қарор мегирифтанд.

Дар ин марҳилаи тақдирсозу таърихсоз Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки бузургтарин дастоварди замони Истиқлолият, ҳамсангу ҳамвазни Истиқлолият ва қонуни мондагории миллату давлат ба шумор меравад. Ҳамин манзалату ҷойгоҳи Ваҳдати миллӣ аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Чунки яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд». Оре, нақши ваҳдати миллӣ дар таърихи навини тоҷикон воқеан бузургу сутуданӣ буда, бақову мондагории давлату миллат ба он пайванди ногусастанӣ дорад.

Пешвои миллат бо имзо намудани созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бори дигар ба ҷаҳониён эълом дошт, ки тоҷик фитратан сулҳхоҳу толиби зиндагии осоишта аст ва агар боре даст ба харобкорӣ ва ё озори дигарон дароз карда бошад бе шак он бархоста аз таҳрики дигарон ва фанду фиреби муғризонро хӯрдани ӯст.

Даст ёфтан ба ваҳдати миллӣ ва сарҷамъ гаштани миллати парешёфта, пеш аз ҳама, ба талошҳову азхудгаштагиҳои Пешвои миллат бастагӣ дорад. Пешвои миллат бо муқаддам доштани манфиати миллӣ – давлатӣ аз манфиати шахсиву гурӯҳи дигарбора ба миллатсозиву давлатсозӣ муваффақ шуданд, дар ҳоле, ки «роҳи сулҳ низ чандон ҳамвору бемонеа набуд. Дар он рӯзҳои ҳалкунандаи тақдири миллату давлат шахсон ва қувваҳое низ буданд, ки ба тақозои ғаразҳои сиёсии худ мегуфтанд: агар мо бо мухолифин сари музокирот нишинем, эътибори Ҳукумат ва роҳбарияти он паст мегардад. Лекин мо ҳама гуна эҳсосоти сиёсиву ғаразҳои гурӯҳиро як сӯ гузошта, танҳо бо дарназардошти манфиатҳои умумимиллӣ ба гуфтушуниди сулҳ оғоз кардем» (Аз Суханронии Пешвои миллат ба ифтихори 10 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ).

Ваҳдати миллии тоҷикон ҳамчун намунаи беназири сулҳофарӣ бори дигар исбот намуд, ки ҳар миллате танҳо бо бархӯрдорӣ аз иттиҳоду ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ метавонад дар ҳама самтҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ истиқлолияти комили давлатии худ даст ёбад. Надоштани ваҳдати миллӣ ба маънои қарор доштан дар вартаи нобудиву фано мебошад.

Имрӯз миллат аз ҳар вақти дигаре дида ба ваҳдати милливу нигаҳдориву посдории он ниёзи бештаре дорад. Бояд ҳар шаҳрванд дар ростои сулҳу ваҳдати миллӣ эҳсоси масъулият намояд ва нагузорад, ки бадхоҳону манфиатҷӯён ҷавшани сохта аз иттиҳоду ҳамдилии моро рахнапазир намоянд.

Тоҷов Н.Т. – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ