ХИЗМАТИ ҲАРБӢ – ШАРАФУ НОМУСИ ВАТАНДОРӢ

233

Бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву ифтихори ватандории ҷавонон дар факултети таърихи ДМТ дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ таҳти унвони “Артиши миллӣ- сипари боэътимоди Ватан” ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории хамоиш декани факултети таърих дотсент, Муродов Н. суханронӣ намуда, афзуд, ки имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дарк намудаанд, ки нақши Артиши миллӣ дар пойдории сулҳу субот ва оромию тинҷии мамлакат арзанда аст. Зеро хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб шуда, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани онҳо муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.

Зимнан таъкид гардид, ки ҷавонони саодатманди миллати тоҷик имрӯзҳо дар партави сиёсати хирадмандонаву сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат баҳри дифои марзу бум ва осоиштагиву ҳамбастагӣ камари ҳиммат баста, дар оромии саросарии Тоҷикистон саҳми шоёну назарас мегузоранд.

Дар ҳамоиши илмӣ, ҳамзамон, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷонибек А., генерал майор, сардори раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Мирзоев Б., полковники Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Абдураззоқов Ф., полковники Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Бердиев Н. ва полковники Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Маҳмудова Г. иштирок ва суханронӣ намуда, зикр карданд, ки хизмати ҳарбӣ дар камолоти ҷавонон нақши муассир дорад. Аз давраҳои дури таърих то имрӯз ба пиндори халқу миллати мо, хизмати ҳарбӣ шарафу номуси ватандорӣ ва ё қарзу фарзи ҳар ҷавонмарди худшиносу бедордил аст.