ИҶЛОСИЯИ 16-УМ РОҲ БА СӮИ СУЛҲУ СУБОТ

28

Дар тақдири ҳар халқу миллат ҳодисае ё воқеае нақши муҳим мебозад ва барои ташаккули минбаъда ва пешравию тараққиёти он саҳмгузор мегардад. Дар ҳаёти кишвари мо дар тӯли истиқлолият бисёр ҳодисаю воқеаҳое рӯй додаанд, ки ҳар яки онҳо дар пешравии ватанамон мавқеи худро доранд. Аз он ҷумла, Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи басо мушкил ба амал омада буд, омили муҳимест, ки минбаъд роҳи расидан ба ормонҳои миллиро наздик намуд. Муҳимтарин нақши иҷлосия ин муттаҳид кардани халқи парешонгашта ва пойдории сулҳу ваҳдат маҳсуб мегардад, ки барои тараққиёти Тоҷикистон замина фароҳам овард.

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хӯҷанд баргузор шуд, ба ташкили давлату ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт. Бо пароканда шудани сохтори муқтадири собиқ ва заиф гаштани сутунҳои ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муддате вазъи носолим ва низоми дохилӣ ба миён омада, ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид сохт. Ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз манзили истиқоматӣ маҳрум гашта, қисмате қурбони ин фоҷиаи миллӣ гардиданд. Новобаста ба ин, халқи тоҷик ба субҳи умед эътимод дошта, сафедии шабро интизор шуд ва билохир бо афкори тоза дари саодатро бикшод:

Аз но умедиҳо басе умед аст,

Поёни шаби сиёҳ сафед аст.

Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшнашуданӣ ва ҳузнангез сабт шудааст, то ояндагонро сабақи зиндагӣ бошад. Бешубҳа Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рӯи кор овард.

Хушбахтона, мардуми тоҷик бо нерӯи хиради хеш ҳамаи мушкилотҳои пешомадаро бартараф намуда, бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдатро дар кишвари тозаистиқлоли тоҷикон барқарор намуда роҳи сулҳу оштиро пеш гирифт. Барои барқароршавии оромӣ, албатта, Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ, даъвати 12 – ум, ки дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, боис шуд. Аз ин рӯ, онро Иҷлосияи тақдирсоз низ ном мебаранд. Зеро маҳз бо баргузории Иҷлосияи мазкур гурӯҳҳои мухолиф бо ҳам созиш намуданд ва ҳамагон дар атрофии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, ғояҳои сулҳхоҳӣ, ватандўстӣ ва ягонагиро дастгирӣ намуданд.

Аз парешонӣ ба ваҳдат омадем,

Ваҳдати моро нигаҳ дорад Худо.

Президенти Ҷухурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Дар Иҷлосияи фавқ ба раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати сардори давлат дода шуд. Ба ӯҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.

Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, марудмро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Воқеан, донаи умед ба таровату файзи борони Оштии миллӣ дар дили ҳар як сокини кишвар сабзид.

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Давлати навтаъсисе, ки ба миён омад, фаъолияти худро аз Оштии миллӣ, халъи силоҳ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон ибтидо бахшид.

Ҳамасола истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ором, ба тантана ҷашн гирифта мешавад. Ҳама пешрафту нумӯи давлати феълии тоҷикон аз файзу баракати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Зеро маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат ғолиб омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Ва барои дигар сокинони манотиқи гуногуни кишварро ба дурандешиву бунёдкори ҳидоят намуд.

Имрӯзҳо Тоҷикистони азизи мо 32 – умин солгарди Иҷлосияи тақдирсозро ҷашн мегирад. Мардуми сарбаланду сулҳофарини тоҷик бо шукргузорӣ ва ифтихормандии афзун ин санаи фархундаро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирад. Зеро маҳз фазои мусоид ва сулҳпарвари тоҷикон имкон дод, ки дар фосилаи на чандон тӯлонӣ душвориҳои мавҷударо бартараф намуда, дар самти ободкориву созандагӣ ба дастовардҳои шоёни таҳсин ноил гардем. Бунёди роҳҳои бузурги мошингард, ки минтақаҳои мухталифи кишварро ба ҳам пайваста, муҳаббат ва ҳамгироии мардумро меафзояд, барои пешрафту тараққиёти соҳаҳои мухталифи ҳаёти халқ мусоидат намуд. Бунёди як қатор иншоотҳои бузургу замонавӣ, муассисаҳои таълимӣ, дармонгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир ва ғайраҳо нишони пуштибонӣ ва дастгирии ҳукумат аз соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳангу маданияти кишвар маҳсуб мегардад. Маҳз бо нерӯи халқ бунёд гаштани нерўгоҳи азими Роғун, ки минбаъд Тоҷикистонро нурофарину чароғон месозад, натиҷаи ваҳдату ягонагӣ ва иттиҳоди тоҷикон ба ҳисоб меравад. Воқеан, барои ояндаи дурахшон ва рӯзгори ободи хеш бояд ҳар яки мо ҳиссагузор бошем, то ки роҳи пешрафту тараққиёти кишварамро наздик созем. Шоир дар ин маврид хеле хуб гуфтааст:

Тараққиҳои ҳар миллат самар аз ҳиссашон бошад,

Талоше, ғайрате, ҳиссе, шумо ҳам миллатед охир.

Таваҷҷӯҳи рӯзафзуни сарвари давлат ба пешрафти соҳаи маориф ва дастгирии ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, забономӯзӣ, такмили донишу малакаи наврасону ҷавонон ҳар як фарзанди бонангу номуси миллатро вазифадор месозад, ки дар ҷодаи такмили донишу маърифати хеш кӯшиш намояд ва барои пешрафти ҳаёти кишвар саҳмгузор бошад. Муҳимтарин тӯҳфаи мо ҷавонон ба истиқболи 32 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониши баланду ахлоқи ҳамида доштан, эҳтиром намудани муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои ниёгон ва худшиносу ваҳдатгаро будан аст.

Дар олам бузургтар аз нерӯи озодӣ қуввае нест ва саодате баландтар аз саодати халқи озод нест. Бигзор арзишҳои олии халқи бузургворамон поянда ва саодати он ҷовидона бошад ва дар тайи ҷодаи пешрафту тараққиёт муваффақу комгор гардад. Истиқлолияти комил дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ҳамеша насиби ватани азизамон бошад.

Хуллас, ҳар рӯзе, ки сипарӣ мешавад, барои мо як навъ аз худкунии асосҳои давлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеи демокративу дунявиро талқин мекунад.

Вазифаҳои ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки баҳри оромии кулл ва ҳифзи сарватҳои Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорад. Шодию нишот, бахти баланди одамон ба воситаи дӯстиву рафоқат пайдо мегардад ва баръакс, душманӣ ба рӯзи сахту гарони мардум боис мегардад. Барҳақ, устод Мирзо Турсунзода фармудааст:

Одамон аз дӯсти ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

32 –юмин солгарди Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент барои ҳар яки мо муборак бод!

Абдулҳаев Ш.И. Устоди факултети таърихи ДМТ