ИНЪИКОСИ МУБОРИЗАҲОИ ИСТИҚЛОЛХОҲОНАИ НИЁГОНИ ТОҶИКОН БО САРВАРИИ СПИТАМЕН ДАР ОСОРИ МУҲАҚҚИҚОНИ ТОҶИК

78

Таърихи халқи тоҷик бо чандид падидаҳои худ боз ҳам фароху доманадор гардидааст. Яке аз ин падидаҳои инъикосшавандаи таърихи халқи тоҷик муборизаи қаҳрамононаи фарзандони фарзонаи ин миллат ба муқобили аҷнабиён баҳри озодӣ ва мустақилият мебошад. Таърихи аҳди бостонии халқи тоҷик низ аз ин масъалаҳо орӣ набуда, саҳифаҳои зиёди ҳаракатҳои озодихоҳонаи мардумиро зидди аҷнабиён сабт намудааст. Дар радифи масъалаҳои дигари таҳқиқшаванда, муҳаққиқони тоҷик дар осори таҳқиқии худ масъалаи мазкурро вобаста ба таърихи аҳди бостонӣ мавриди омӯзиш ва инъикос қарор додаанд, ки дар саргаҳи онҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, академик Б. Ғафуров, Н. Неъматов, Қ. Расулиён, М. Инъомов, Н. Ҳакимов қарор доранд.

Яке аз саҳифаҳои рӯшани муборизаҳои ниёгони тоҷикон баҳри озодӣ дар аҳди бостон бо сарварии Спитамен мебошад, ки дар ин хусус муҳаққиқони тоҷик дар такя ба сарчашмаҳои таърихӣ маълумот додаанд.

Таҳлили сарчашмаҳои таърихӣ тасдиқ менамояд, ки аввалин аҷнабие, ки дар аҳди бостон ба сарзаминҳои ниёгони тоҷик бо лашкари худ ворид шудааст, Искандари Мақдунӣ мебошад. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқон, ки аз ахбори муаррихони аҳди атиқа сарчашма мегирад, Искандар то соли 330 то милод лашкари Ҳахоманишиҳоро шикаст дода тамоми Эронро забт намуд [7, саҳ. 111].

Маълум буд, ки ҳадафи ояндаи забткориҳои Искандар забти сарзаминҳои Суғду Бохтар аст. Вале ин минтақаро забт намудан мушкил афтод, зеро Искандар ба муқовимати сахти мардуми маҳаллӣ рӯ ба рӯ шуд. Академик Б. Ғафуров масъалаи мазкурро пайгирӣ намуда, суол гузоштааст, ки халқҳои Осиёи Миёна бо кадомин қувваҳо бар зидди Искандари Мақдунӣ мубориза бурданд, ҳоло он, ки онҳо пароканда амал менамуданд? Муҳаққиқ ба ин суоли дар назди худ гузошта бо 4 нишондод ҷавоб додааст, ки таҳлилгарро қаноатманд менамояд: якум яроқу аслиҳаи ҷангии мардуми минтақа ҷавобгӯи замони худ расида буд ва ҳатто аз бисёр ҷиҳат аз қӯшунҳои юнону мақдунӣ бартарӣ дошт; дуюм аз ҷониби қӯшунҳои Осиёи Миёна усул ва тактикаҳои мухталифи ҷангӣ истифода шуд; сеюм тавассути иштирок дар ҷангҳои шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён ба муқобили Искандар сардорони қӯшунҳои Осиёи Миёна аллакай аз тактика ва стратегияи лашкари душман хуб огоҳ шуданд; чорум қувваи низомиёни мардуми Осиёи Миёна (Суғду Бохтар) дар арафаи ҳуҷуми Искандар хеле баланд буд, ки дар рафти муборизаи онҳо бар зидди душман омили асосӣ гардид [2, саҳ. 93]. Чунин омилҳои нишондодаи муаррих бевосита инъикосгари заминаи истодагарӣ намудани халқҳои минтақа ба муқобили душман буд, ки инро таҷрибаи минбаъда ва чораҳои андешидаи Искандар исбот менамуд.

Мувофиқи маълумоти муҳаққиқон, Искандар баъд аз шикасти Дорои 3 дар Шарқ ба муқобили Бесс, ки худро меросбари сулолаи Ҳахоманишиҳо эълон намуда буд, рӯ ба рӯ гардид. Н. Ҳакимов масъалаи мазкурро шарҳ дода, қайд кардааст, ки ба ҳокми Бохтар Бесс муяссар гардид, ки иттиҳоди сатрапияҳои шарқиро ба вуҷуд оварад, аммо ин иттиҳод он қадар боэътимод ва боварибахш набуд. Аллакай барои ташаккули сохтори давлатӣ Бесс дигар вақт надошт. Саркардаи дигари Бохтар Сатибарзан баъд аз шикаст дар Ҳирот аз дасти Искандар ба Бесс пайваст. Муҳаққиқ ба маълумоти муаррихони атиқа такя намуда, қайд намудааст, ки шумораи сипоҳиёни Бесс ба 7-8 ҳазор мерасид, ки дар Ориёно бо ҳамроҳи Сатибарзан ба муқобили Искандар исён бардоштанд ва он давраи аввали муборизаи халқҳои Осиёи Миёна бар зидди юнону – мақдуниҳо буд. Нахустин маротиба Искандар дар минтақа ба муқобилияти сахти мардум дучор гардид, ки он як моҳ тӯл кашид [7, саҳ. 112].

Аз маълумоти муаррихон бармеояд, ки муқобилияти мардуми Осиёи Миёна аз ибтидо бо шиддат буд, вале мушкилӣ дар он буд, ки онҳо мутамарказ набуданд. Искандар низ ин парокандагиро манфиатнок истифода намуд. Агар мақсади Бесс ва ҳамсафонашро таҳлил намуда бароем маълум мегардад, ки ҳадафи ягонаи ӯ барқарор намудани давлати суқуткардаи Ҳахоманишиҳо буд. Мардум низ то ҷое дар атрофи ӯ ба ҳам омад.

Академик Б. ­Ғафуров аз муаррихи юнонӣ Диодор дар ин хусус иқтибос овардааст, ки чунин мазмунро доро аст: “Бесс қавл дод, ки ба ҷанг роҳбарӣ менамояд ва мардум ба ӯ бовар намуда, ӯро подшоҳ хостанд”. Дар ин маъхаз инчунин таъкид шудааст, ки Бесс «аскар ҷамъ намуд ва силоҳи бисёр омода кард”. Яъне ба Бесс муяссар гардид, ки дар ин роҳ сатрапҳои ҳамсоя ва халқҳои кӯчиро дар атрофи худ муттаҳид кунад. Дар ин хусус ҳам Квинт Куртсий ва ҳам Арриан хабар додаанд. Омӯзиши осори онҳо нишон медиҳад, ки баъд аз пахши ҳаракатҳои озодихоҳонаи мардуми Ориё ба Искандар муяссар гардид, ки аксар вилоятҳои ҷанубии Афғонистони имрӯзаро тасхир намояд [2, саҳ. 94].

Бояд қайд намуд, ки дар адабиёти илмӣ дар хусуси моҳият ва хусусиятҳои муборизаҳои Бесс андешаҳои мухталиф иброз гардидааст. Ба ақидаи мо новобаста аз он, ки мақсади Бесс ҳокимият ва барқарор намудани давлат буд, ҳаракатҳои ӯ аҳаммияти объективро доро буд. Дар ҳар ду ҳолат мақсади Бесс нагузоштани душман ба сарзамини аҷдодии худ буд. Аз ин рӯ, Бессро метавон дар баробари дигар муборизони роҳи озодӣ, баҳри аз ҳуҷуми аҷнабиён нигоҳ доштани Бохтар, яке аз чеҳраҳои намоён номид. Хатогии ӯ дар он буд, ки шоҳи қонунии Ҳахоманишиҳо – Дорои 3 – ро ба қатл расонид, вале ин то ҷое асос дошт. Чун Дорои 3 натавонист лашкари бузурги шоҳаншоҳиро ба муқобили Искандар истифода намояду хатари барҳам хӯрдани давлати ориёиҳоро рафъ намояд. Ин чорае буд, ки чашми душманро дар роҳи хиёнат ба давлат боз намуда, огоҳ сохт, ки чунин хиёнатҳо нобахшиданист. Ҳамин буд, ки Искандар баъд аз забти минтақа ба мардум роҳи наздикшавиро пеш гирифт.

Ин муқобилият садди роҳи Искандарро ба сӯи Осиёи Миёна қариб як сол гирифта, дар тайёрии мардуми минтақа бар зидди мусоидат намуд. Бесс аз тарафи Искандар дастгир шуда, баъд аз шиканҷаҳои зиёд кушта шуд [3, саҳ. 60].

Муҳаққиқи тоҷик Н. Ҳакимов дар асоси таҳлили сарчашмаҳои марбут ба масъалаи мазкур гузаштани Искандарро аз дарёи Омӯ ба тирамоҳи соли 330 то милод мансуб дониста, муқобилияти минбаъдаи мардуми Мовароуннаҳрро бо сарварии Спитамен баррасӣ кардааст. Мувофиқи маълумоти ӯ, баробари ба Навтоқ ворид гардидани Искандар муборизаи мардуми Осиёи Миёна, махсусан суғдиҳо оғоз гардид [2, саҳ. 95].

Дар хусуси масъалаи мазкур диққати муҳаққиқони тоҷикро бештар силоҳу афзорҳои ҷангии суғдиён, бохтариён, марғиниён ва фарғониён ҷалб намудааст, ки аз ахбори муаррихони атиқа сарчашма мегирад. Ҳеродот ва Страбон хабар додаанд, ки массагетҳо дар сохтани аслиҳа ва истифодаи найза ҳамто надоштанд. Ҳамин буд, ки онҳоро “найзадорон” номидаанд.

Ҳамчунин муаррихи мазкур қайд намудааст, ки массагетҳо аспҳои худро ба воситаи баргустувон муҳофизат менамуданд. Квинт Куртсий навиштааст, ки мардуми кӯчии Осиёи Миёна аз варақаҳои оҳан барои худ ҷавшан месохтанд. Арриан бошад хабар додааст, ки сарбозони Осиёи Миёна дар рафти ҷанг худро тамоман бо зиреҳхои филизин мепӯшониданд. Б. Ғафуров дар асоси маълумотҳои мавҷуда ба хулосае омадааст, ки ин ихтирои муҳимми ҷангӣ, яъне баргустувон минбаъд ба сӯи ғарб, ба Эрони Ҳахоманишӣ, ба тарафи ҷануб ба Ҳиндустон, ба тарафи шарқ ба Хитой паҳн гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки ин санъати хоссаи истеҳсоли аслиҳаи ҷангӣ ва тактикаҳои муҳорибавӣ ба мардуми Осиёи Миёна имкон дод, ки қариб се сол ба муқобили Искандар ва лашкари барзиёди ӯ мубориза баранд. Ягона камбудии ин минтақа дар мавҷудияти парокандагии сиёсӣ зоҳир мешуд, ки яке аз саҳифаҳои асосии ҳаракатҳои озодихоҳонаи ниёгони тоҷик, ки мавриди инъикоси муҳаққиқони тоҷик қарор гирифтааст, қаҳрамониҳои Спитамен мебошад. М. Инъомов дар ин хусус қайд менамояд, ки Спитамен бо садҳо ҷавонмардони бохтариву суғдӣ парчами озодиву истиқлолхоҳиро афрошта, ба аҷнабиён муқобилияти сахт нишон дод [3, саҳ. 62].

Мувофиқи маълумоти аксар муҳаққиқони тоҷик, баробари аз дарёи Ому гузаштан Искандар, лашкарашро мардуми озодихоҳи Бохтару Суғд бо сарварии Спитамен бо ҳуҷумҳои худ пешвоз гирифтанд. Н. Ҳакимов ба монанди муҳаққиқони дигари тоҷик дар хусуси лашкаркашиҳои Искандар ба Суғд маълумот дода, қайд мекунад, ки Искандар баъд аз забти Навтоқ ба сӯи маркази Суғд – Мароқанд рафта, онро тасхир намуда, як гарнизони худро дар он ҷо гузошта, деҳаҳои ҳамҷаворро ғорат карда ба ҷониби Панҷакенту Курушкада ва Хуҷанд лашкарашро равона кард. Дар минтақаи мазкур 7 шаҳр ба муқобили ӯ шӯриш бардошт [7, саҳ. 113].

Таҳлилҳо возеҳгари он аст, ки Искандар ягон шаҳри Осиёи Миёнаро бе муқобилияти сохти мардуми маҳаллӣ тасхир накардааст. Махсусан, забти яке аз шаҳрҳои қадимаи ниёгони тоҷик, ки ба он Куруши Кабир асос гузошта буд – Курушкада (Истаравшани муосир) бисёр вазнин афтод. Ҳатто мувофиқи баъзе маълумотҳо, ки аз ахбороти муаррихони атиқа сарчашма мегирад, аввалин бор дар ин сарзамин Искандар дар ҳамин муҳориба захмӣ шудааст. Ин аз муқобилияти сахти қувваҳои маҳаллӣ, махсусан мардуми озодихоҳи минтақа хабар медиҳад. Ин муқобилияти ҷиддӣ Искандарро маҷбур намуд, ки чораҳои лозимаро андешад. Махсусан, дар натиҷаи нобаробарии қувваҳо ва шикасти шӯришгарон бо фармони Искандар 8-12 ҳазор аҳолии маҳаллӣ ба қатл расонида шуд. Ин як шакли ба ҳаросу тарс афкандани мардуми маҳаллӣ буд, вале воқеаҳои минбаъда нишон дод, ки чунин чораҳо садди роҳи ҳаракатҳои озодихоҳонаи ниёгони тоҷикро гирифта наметавонад.

Муаррихи юнонӣ Арриан тафсилоти воқеаро шарҳ дода, қайд намудааст, ки суғдиён то охирин қувваи худ ҷангида, аксари онҳо ба дасти душман афтидани худро нахоста, худро нобуд сохтанд. Ин шӯриши дуюмини мардуми Суғд дар Истаравшан буд, ки баъд аз пахши он 22 ҳазор нафар аҳолии маҳаллӣ кушта шудааст. Шарҳи ин ваҳшониятҳо дар сарзамини ниёгони тоҷикон нишон медиҳад, ки аксарияти кушташудагон мардҳо буданд, занону кӯдаконро бошанд ба ғуломӣ фурӯхтанд. Дар ин қайд кардан ба маврид аст, ки ниёгони тоҷикон дар таърих нахустин маротиба ба душмани аҷнабӣ рӯ ба рӯ гардиданд. То ин вақт ягон аҷнабие сарҳадди ин сарзаминро рахна накарда буд. Таҳлили осори муҳаққиқони тоҷик нишон медиҳад, ки баъд аз пахш намудани шӯриши мардуми Курушкада Искандар ба тарафи Сирдарё равона шуд. Ҷуғрофиёи таърихии минтақа нишон медиҳад, ки дар қисмати рости дарё қавмҳои сакоӣ ҷойгир буданд ва дар тарафи чапи он шаҳрҳои калону хурди суғдиён. Исканадар ба хотири мустаҳкам намудани иқтидори худ, дар ин ҷо пойгоҳи низомии худро бино кард, ки минбаъд бо номи Искандарияи Эсхата ё Ақсо маъруф гардид. Мувофиқи ахбори муаррихон дар ҳамин вақт дар Суғд бо сарварии Спитамен шӯриши мардумӣ ба амал омад [3, саҳ. 65].

Давраи аввали муборизаҳои Спитаменро муҳаққиқи тоҷик М. Инъомов таҳлил намуда, ба хулосае омадааст, ки хусусияти муборизаи дар кишвари суғдиён, Бохтар ва сарзамини сакоиҳо бо сардории Спитамен сарзада – равияи зидди мақдунии озодихоҳона дошт.

Бояд тазаккур дод, ки муборизаи Спитамен баҳри истиқлол ва озодӣ яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихии аҳди бостонии ниёгони тоҷикон маҳсуб меёбад. То ҷое, ки аз таърихи сиёсии аҳди бостонии халқи тоҷик бармеояд, талошҳои ҳақиқии истиқлолхоҳӣ ва ватансолории бошууронаи тоҷикон аз замони Искандари Мақдунӣ чун як марҳилаи муташаккили сиёсию иҷтимоӣ оғоз гардида, дар таърихномаҳои воқеанигорони даврони Искандар ва марҳилаҳои минбаъда ба таври хеле равшан сабт гардидааст. Дар такя ба иқтибосҳои овардаи муҳаққиқони тоҷик ҷиҳати равшан намудани ин саҳифаи муҳими таърихи аҳди бостонӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки даҳҳо муаррихони аҳди бостон – Ҳеродот, Квинт Куртсий Руф, Арриан, Диодор, Помпей Трог, Каллисфен ва дигарон Спитаменро ҳамчун рақиби тавонои Искандари Мақдунӣ ва лашкаркаши соҳибистеъдоду зирак инъикос намуда, сифатҳои волою наҷиби ватансолорӣ ва бартарияти ӯро аз шоҳони охирини Ҳахоманишӣ нишон додаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар баробари муҳаққиқони касбӣ масъалаи мазкурро дар осораш пайгирӣ намуда, дар қатори дигар чеҳраҳои мондагори халқи тоҷик нишон додани Искандар, раванди муборизаҳои ӯро ба тафсил инъикос намудааст. Мувофиқи натиҷагириҳои ӯ, дар ҳоле ки Искандар ба забти Истравшану Фарғона ва эъмори пойгоҳи низомии худ дар Хуҷанд (соҳили дарёи Сир) машғул буд, Спитамен мардуми маҳаллиро дар атрофи худ муттаҳид карда, ба дастаи размандагони Искандар, ки дар Мароқанд ҷойгир буданд, ҳуҷум карда, баъди торумор кардани онҳо, шаҳрро ба даст меорад [6, саҳ. 33].

Академик Б. Ғафуров оғози шӯриши Спитамен ва муносибати Искандарро дар осораш, дар асоси ахбори муаррихи юнонӣ Арриан шарҳ дода, қайд кардааст, ки вақте артиши юнону-мақдунӣ дар роҳи забти Истаравшан ва Фарғонаи ғарбӣ буданд, оташи шӯру исён Суғд ва шимоли Бохтарро фаро гирифт. Дар ибтидо Искандар таъсири шӯришро дарк накарда, ба ёрии сипоҳ дар Мароқанд гузоштаи худ, ки дар асорати Спитамен қарор гирифта буд, сипоҳи 2500-нафарии худро равона кард. Ҳангоми наздик шудани артиши Искандар, Спитамен шаҳрро аз муҳосира озод карда, ба қафо нишаст, ки боиси таъқиби онҳо аз ҷониби артиши Искандар шуд, вале Спитамен фурсати муносиб ёфта, ба сари онҳо тохт. Мувофиқи ахбори Арриан дар натиҷа юнониён рӯ ба гурез оварда дар яке аз ҷазирачаҳои байни дарё (Зарафшон) ҷой гирифтанд. Аммо дар ин мавзеъ скифҳо ва аскарони савораи Спитамен дар натиҷаи муҳосира тамоми онҳоро нест карданд [2, саҳ. 129].

Аз баррасии масъала рӯшан мегардад, ки ин аввалин шикасти сахти сипоҳи Искандар дар сарзамини Шарқ буд. Дар ин давра Искандар муддати 17–20 рӯз дар соҳили дарёи Сир қалъаи худро бино кард, ки он ҳамчун муҳофизатӣ аз қавму қабилаҳои шимолӣ, махсусан сакоиҳо маҳсуб меёфт [7, саҳ. 114].

Ба ақидаи мо, Искандар дар самти сиёсати шарқии худ ба Куруши Кабир то ҷое тақлид намуд, махсусан дар бобати сохтани қалъаҳо. Зеро аз ҳама муқобилияти ҷиддӣ дар шаҳри сохтаи Куруш – Курушкада ба амал омад. Ӯ низ мехост чунин як такягоҳоро дар минтақа бо сохтани Искандарияи Эсхата ба вуҷуд оварда, ҳадафҳои худро амалӣ созад, вале ҳамон гунае, ки ба Куруш имкон дод, ӯ муваффақ нашуд. Искандар фаромӯш карда буд, ки ин сарзамин ватани аҷдодии Куруш асту мардум ӯро ҳамчун шоҳаншоҳи худ бе мубориза ва ҷанг қабул намуда буданд. Чун ҳадафи асосии Куруш муттаҳид кардани тамоми сарзаминҳои ниёгони худ буд. Таърих ягон муборизаи мардуми маҳаллии Суғду Бохтарро ба муқобили Куруш ёд надорад. Ривояти сохтаи Ҳеродоти юнонӣ бобати куштани Куруш аз тарафи масагетҳо асоси илмӣ надошта, ғаразе буд баҳри паст намудани нуфузи чунин як шоҳаншоҳи бузурги ориёӣ.

Мувофиқи маълумоти муҳаққиқони тоҷик, барои қасд гирифтан аз сипоҳи лашкари Спитамен истилогарони юнону мақдунӣ ба қатлу ғорати аҳолӣ шурӯъ карда, пиронсолон ва кӯдаконро ба қатл расонида, деҳаҳоро оташ заданд то чашми мардуми истиқлолхоҳ ва озодидӯстро ба ҳарос оваранд. Вале таърихи минбаъда нишон медод, ки оташи шӯру ошӯбҳои мардумӣ дар роҳи истиқлолхоҳӣ бештар аланга зада, мардуми қаҳрамони Суғд ба талафоти бузург нигоҳ накарда, тебеъиятро ба аҷнабӣ қабул надошт. Спитамен аз ҳар ҷониб бо сипоҳиёни савораи худ ба артиши Искандари Мақдунӣ ҳуҷум намуда, зарбаҳои шадидро ба онҳо мерасонид.

Дар ин миён М. Инъомов дар такя ба сарчашмаҳои таърихӣ тазаккур додааст, ки боз як дастаи шӯришгароне, ки аз ҳазор нафар саворагони массагетӣ иборат буд, ишораҳо аст. Онҳо бо дастаи 600 – нафари массагетии Спитамен ҳамроҳ шуда, дар ин муҳорибаи шадид ба муқобили мақдуниҳо иштирок карданд [3, саҳ. 67].

Дар радифи маълумотҳои боло, ҳаминро илова намудан ба маврид аст, ки таҷрибаи таърихии ниёгони тоҷик нишон медиҳад, ки дар баробари чунин фарзандони истиқлолхоҳ баъзан хоинони ватанфурӯше буданд, ки бо сабаби аз даст надодани мавқеъ ва моликияти худ ба мардум хиёнат намудаанд. Чи дар давраи ҳуҷуми Искандар ва чи дар замони ҳуҷуми арабу муғул ин гуна хиёнатҳо мушоҳида мешуд, ки таърих гувоҳи он мебошад.

Қаҳрамони халқи тоҷик Спитемен низ дар канор наистода, ба Бохтар, ки ақибгоҳи артиши Искандар он ҷо буд ҳуҷум кард. Дар соли 328 то милод Спитамен бо се ҳазор сипоҳӣ аз нав ба Мароқанд баргашт. Искандари ночор беҳтарин сарлашкари худ – Кратерро ба муқобили Спитамен равона намуд. Спитамен бо се ҳазор ҷанговари худ мехост тамоми Суғдро аз душман озод намояд, бо ҳамин мақсад ҷангҳои шадид аз нав оғоз шуд.

Эмомалӣ Раҳмон раванди набардҳои Спитеменро инъикос намуда, қайд мекунад, ки дар яке аз набардҳо ӯ 800 нафар сарбози худро аз дода, ба қафонишинӣ маҷбур гардид. Махсусан, ин сабаб дар тарки ҷанговарони бохтарию суғдӣ, ки аз ҷангҳои пайдарпай ва таъқибҳои юнону мақдуниҳо хеле монда шуда буданд, зоҳир мегардид. Дар натиҷа Спитамен бо дастаҳои боқимондаи худ ба сӯи биёбон шитофт [6, саҳ. 34-35].

Ба ақидаи мо, омили асосии тарки сарбозони Спитамен аз набардҳо, пеш аз ҳама, дар хиёнати синфи аъёну ашроф зоҳир мешуд, ки миёни мардум нуфузи зиёд доштанд, ба душман пайвастанд ва қувваи асосии иқтисодии ҷомеа низ ба онҳо тааллуқ дошт. Акнун Искандар дар симои ин синфи истисморгари ҷомеа ҳампаймонҳои худро дарёфт ва бо ваъдаи он, ки мақоми онҳоро даҳчанд менамояд, такягоҳи худро мустаҳкам намуд.

Шӯришгарон бошанд рӯз то рӯз дар ҳолати пасти иқтисодӣ қарор мегирифтанд ва аксарияти онҳоро табақаи поёнии ҷоме ташкил медоду аз ҷониби табақаҳои болоӣ дастгирӣ намешуданд. Ва ҳатто забон як кардани ин табақаи имтиёзноки ҷомеа бо душман рӯҳияи ҷангии онҳоро шикаст. Бузургии Спитамен дар он ифода меёфт, ки новобаста аз тадбирҳои андешидаи Искандар тавонист мардуми истиқлолхоҳи Суғду Бохтарро дар атрофи худ муттаҳид карда, муддати се сол бо душман дар мубориза қарор гирад. Ин буд, ки аз забти сарзаминҳои марказию ғарбии шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо дида ишғоли Осиёи Миёна барои Искандар душвор афтод. Танҳо дар охир Искандар дарк намуд, ки бо роҳи зӯрӣ ва муқобилият ишғол ва идора намудани минтақа ғайриимкон аст. Ҳамин буд, ки сиёасати мусолиҳатомезро бо табақаи ашрофи ҷомеа пеш гирифт.

Масаъалаи дигар, ки диққати муҳаққиқони тоҷикро ҷалб намудаасту вобаста ба он аз ҷониби муаррихони атиқа ахброи ягона дода нашудааст, марги Спитамен мебошад. Оид ба марги Спитамен ду ақида мавҷуд аст, ки аз ҷониби муаррихон Арриан ва Квинт Куртсий иброз шудааст. Ҳар ду ахборро академик Б. Ғафуров ва Д. Тсибукидис дар осори худ иқтибос овардаанд, ки тибқи он ба сардорони қабилаҳои сакоиёни кучӣ хабар омадааст, ки мувофиқи он Искандар бо қасди дастгир кардани Спитамен ба сарзамини онҳо ҳуҷум мекунад. Сарварони ин қавми бодиянишин барои ҷон ва мулки худро ҳифз намудан сари Спитаменро аз тан ҷудо намуда, ба Искандари Мақдунӣ фиристоданд [1, саҳ. 263].

Бояд қайд намуд, ки кӯшишҳои Спитамен баҳри истиқлолият ва ватансолорӣ яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи муборизаҳои озодихоҳонаву муташаккилонаи ниёгони тоҷикон – суғдиҳо ва бохтариҳо ба муқобили аҷнабиён маҳсуб меёфт. Муборизаҳои мазкур қариб чор сол идома карда, Искандарро маҷбур намуд, ки баъди қатли Спитамен баъзе чораҳоро, бо мақсади мустаҳкам намудани мавқеи худ, андешад.

Рӯйхати адабиёти истифодашуда

1. Гафуров Б., Цибукидис Д. Александр Македонский и Восток / Б. Гафуров. – М., 1980.

2. Ғафуров Б.Тоҷикон. таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва нав /Б. Ғафуров. – Душанбе: Дониш, 2008.

3. Инъомов М. Шуҷоати Спитамен /М. Инъомов. – Хуҷанд: Хуросон, 2005. – С. 107.

4. Негматов Н. Таджикский феномен: теория и история / Н. Негматов. – Душанбе, 1997

5. Расулиён Қ. Осори мунтахаб. Ду ҷилд / Қ. Расулиён. – Душанбе, 2014-2017.

6. Раҳмонов Э. Чеҳраҳои мондагор / Э. Раҳмонов. – Душанбе: Эр-граф, 2016.7. Ҳакимов Н. Таърихи халқи тоҷик / Н. Ҳакимов. – Душанбе: Ирфон, 2006.

Муродов Назримад Сафаровичн.и.т., муовини декан оид батаълими факултети таърих