ҲАФИЗ_РАҲМОН: ҶОЙГОҲИ АХЛОҚ ВА ФАРҲАНГ ДАР ФАҲМИ ВАТАНУ ВАТАНДОРӢ

128

Гуфтори савум аз силсилагуфторҳои устод ҲАФИЗ РАҲМОН дар мавзуи умумии “Ватан – арзиши волои миллӣ”

Имрӯз, 2-юми майи соли 2023, дар толори фарҳанги ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода суҳбати савуми устоди адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон бо донишҷӯёни факултаҳои фалсафа, таърих ва донишкадаи муштараки ДМТ бо донишгоҳҳои Беларус баргузор шуд.

Суҳбат наздики як соат идома ёфт ва устод Ҳафиз Раҳмон аз масъалаҳои муҳимми марбут ба фаҳму дарки ватандорӣ, бавижа мақоми ахлоқу фарҳанг дар рушду камоли ҷавонон суханронӣ карданд.

Як хислати устод ҳамин аст, ки озод сухан мегӯянд ва аз ҷавонон даъват мекунанд, ки чизҳои номафҳумашонро бипурсанд. Мисолҳо ва далелҳои таърихӣ дар ин гуфтор зиёд буданд ва ҳар қисмати баён бо овардани далелҳо собит карда мешуд.

Дар ин суҳбати озод декани факултаи фалсафа Хуҷамурод Сафарализода, декани факултаи таърих Назирмад Муродов, декани факултаи муштараки ДМТ бо донишгоҳҳои Беларус Сафаргул Одиназода, раиси Шурои кураторони ДМТ Илҳом Ашӯров ширкат доштанд.