ТАШАББУСИ БЕНАЗИРУ ИНСОНМЕҲВАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

99

Таҷрибаи мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат аз он медиҳад, ки дар меҳвари сиёсати ин фарзанди фарзонаи миллати куҳанбунёди тоҷик гуманизм, яъне инсондӯстӣ қарор дорад. Сиёсати Пешвои миллат сирф сиёсати инсонмеҳварӣ буда, дар ҳама самтҳо қабл аз ҳама мақоми инсон дар мадди аввал гузошта мешавад. Бартараф намудани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки боиси хисороти зиёди ҷонию молӣ гардида буд, авфи шаҳрвандони гумонбари ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, ба ҳам овардани мардуми Тоҷикистон ва устувор намудани сулҳу суботи сартосарӣ, бунёд ва таҳкими давлати иҷтимоӣ ва дар замони истиқлол даҳҳо маротиба авф намудани шаҳрвандони маҳбус аз ҷумлаи ташаббусҳои беназири инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

То имрӯз таърихи башарият ёд надорад, ки сарваре баҳри баргардонидани гурезаи давлати худ талоше намуда бошад. Миллионҳо шаҳрвандони кишварҳои ҷангзада имрӯзҳо дар ҳоли бенавоӣ дур аз ватани худ қарор доранд. Ҳазорон шаҳрвандони кишварҳое чун Афғонистон, Ливия, Сурия, Ироқ, Лубнон, Миср ва ғайра дур аз ватан дар ҳоли мушкилтарини зиндагӣ қарор доранд, вале касе дар фикри онҳо нест. Ҳеҷ яке аз ин давлатҳо ҳатто боре ҳам барои баргардонидани як гурезаи хеш талоше ҳам накардаанд.

Дар робита ба таҷрибаи таърихи башарият метавон гуфт, ки ташаббуси Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ғамхорӣ зоҳир намудани гурезаҳои иҷборӣ ва баргардонидани онҳо ба Ватан беназир буда, ҳамто надорад. Бо омӯзишу таҳлили мактаби бузурги давлатдории ин чеҳраи мондагори миллат метавон гуфт, ки сиёсати ӯ сиёсати инсонмеҳвар аст.

Ташаббусҳои Сарвари давлат дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, махсусан мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, ҳифзи иқлим, таъмини аҳолии сайёра ба оби ошомиданӣ, ҳифзи пиряхҳо ва амсоли ин аз сиёсати инсонгароёнаи ин абармарди сиёсати ҷаҳонӣ хабар медиҳад.

Махсусан, 25-уми апрели соли ҷорӣ 47 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабаби гумроҳӣ ва ба бозичаи дасти гурӯҳҳои ифротӣ табдил ёфтан ба давлати ҷангзадаи Сурия рафта буданд, ба Ватан баргардонида шуданд, ки ин ташаббуси беназиру навбатии инсондӯстонаи Сарвари давлати мо мебошад. Инҳо ашхосе буданд, ки ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯи хусусияти экстремистидошта ворид шуда, аз оилаҳои худ канда шуда буданд. Мутаассифона, шаҳрвандони кишвари мо аз ҳисоби сатҳи пасти тафаккури миллӣ ва надоштани ҷаҳонбинии мукаммал тӯли солҳои охир ба доми чунин гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ меафтанд, ки оқибати бисёр нигаронкунанда дорад. Дар муддати 5 соли охир бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар якчанд марҳила чунин ашхоси фирефтаи гурӯҳҳои тундрав ба Ватан баргардонида шуданд. Маҳз ирода ва тафаккури Сарвари хирадманд ва ғамхори тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки имрӯз миллати тоҷик муҳтоҷи дигарон нагардад. Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат боис гардидааст, ки имрӯз тоҷикони дур аз Ватану бурунмарзӣ дар симои Тоҷикистон пушту паноҳи худро мебинанд. Мо ба ҳар куҷое наравем танҳо роҳи ояндаамон ба сӯи Ватан аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки тамоми талошу заҳмати мо чун шаҳрванди шоисати кишвар баҳри ободӣ ва осоиштагии хонаи умедамон – Тоҷикистон равона шавад. Ватанро на ба забон, балки бо қалб дӯст дорем.

Махсусан, зиёиёну омӯзгоронро имрӯз зарур аст, ки дар партави сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таълиму тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон тамоми неруи хешро истифода намоянд. Айни ҳол зарур аст, ки дар муқобили тамоми гурӯҳҳои ифротӣ мо шаҳрвандони хешро ҳамчун ашхоси шоиста барои миллату давлат ба камол расонем.

Айни замон дар рӯёрӯи тамоми падидаҳои номатлуб монанди экстремизму терроризм, ки оқибат ба бесуботӣ ва нооромӣ меорад, зарур аст нерӯи зеҳнии ҷомеаро пурқувват намоем. Танҳо неруи зеҳнӣ ва меҳнати фикрии софдилона дар ҷаҳони пуртаззод ҳамчун сипар моро ҳифз менамояд. Қишри зиёии ҷомеа, ки дар саргаҳи мафкурасозӣ қарор доранд, метавонанд дар шаклгирии тамоми падидаҳои ҷамъиятӣ нақшгузор бошанд. Танҳо мафкураи солиму дар асоси донишу ҷаҳонбинии мукаммали насли наврасу ҷавони меҳан кафили бақои босуботи миллату давлати мо шуда метавонад. Гирдобҳо ва бозиҳои шароити муосири ҷаҳонӣ ҳамаи моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Қудрати миллату давлат имрӯз дар зеҳну тафаккури мардумони он нуҳуфтааст.

Бояд гуфт, ки имрӯз тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ таҳти роҳбарии Пешвои хирадманду инсонмеҳвари худ тавонистанд бори дигар аз фазилату фарҳанги инсонмеҳаврии хеш дарак диҳанд. Ташаббуси навбатии Савари давлат бори дигар нишон дод, ки мавқеъ ва мақоми миллату давлати тоҷик дар дар арсаи ҷаҳонӣ мубориза бурдан ба муқобили тамоми падидаҳои номатлуб ва пойдории сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллатҳост.

Муродов Назримад Сафарович – н.и.т.,дотсент, декани факултети таърихи ДМТ