30-соли созандагию бунёдкорӣ. 30-қадами устувор дар масири амалишавии ормонҳои миллӣ. 30-соли талошу тадбирандешӣ барои саодати миллат. 30-соли муаррифии давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои фарогири манфиатҳои минтақавию байналмилалӣ.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҳизбу ҳаракатҳои зиёд бар асоси арзишҳои диннӣ, мазҳабӣ ва маҳаллӣ пайдо шуданд, ки қабл аз ҳама ба ваҳдати миллии тоҷикон зарбаи ҷонкоҳ заданд. Мухолифати нисбатан шадидтар дар заминаи ду идеология-коммунистӣ ва исломгароӣ сурат гирифт, ки ҳарду фирқа бо ҳам комилан оштинопазир буданд. Ҳизбҳои мазкур ва ҷонибдорони онҳо мехостанд, ки дар кишвар ҳокимияти мутлақи сиёсиро дар заминаи арзишҳои ба миллати мо бегона таҳмил кунанд. Дар чунин вазъият зарурати таъсиси ҳизби наве, ки бояд арзишҳои дунявӣ ва динию мазҳабиро бо ҳам оштӣ медоду ҷавҳараш аз арзишҳои миллӣ ва башарӣ сарчашма мегирифт, ба миён омад.
Пешвои миллат ин заруратро саривақт эҳсос намуданд ва барои бунёди як неруи тозаи сиёсии идеологӣ-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон замина гузоштанд. Ин ҳизб, ки воқеан ҳам ифодагари ормонҳои мардумӣ ва арзишҳои миллӣ буд, тавонист зина ба зина зимоми сиёсатро ба даст бигирад, таҳти роҳбарии асосгузори худ, Президенти маҳбуби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшад, муҳоҷирони иҷборӣ ва гурезагонро ба Ватан баргардонад. Ҳамон тавре, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб таъкид намудаанд: “Моро зарур буд, ки мардумро дар меҳвари як мафкураи созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷеабори сиёсӣ хотима бахшем”.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби табиатан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккуру эҷоди халқи фарҳангофар ва созандаи тоҷик аст. Халқи тоҷик аз рӯзҳои аввали таъсиси ҳизб бо бунёдгузори он буданд, бинобар ин ҳизб аз аввал халқӣ буд ва номаш ҳам халқӣ шуд. Мафҳуми “демократӣ”- ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъдтар пешниҳод намуданд. Аъзои ҳизб ин ғояро соли 1997 дар Анҷумани 111 ҳизб пазируфта, қонунӣ гардониданд. Ҳизб созандагиву бунёдкорӣ, сулҳу субот ва ваҳдати милливу ҳифзи истиқлоли давлатиро шиори хеш қарор додаву пайваста аз паи амалӣ кардани орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон аст. Ҳизб ҳизби садоқат ва соҳибиродаву пурмасъулият аст. Ҳизби халқист. Хислати демокартӣ ва иҷтимоӣ дорад. Ҳизби созандаи давлати миллӣ, соҳибтаҷриба, бунёдкору навовар ва ҳизби пазируфтаи халқи азизамон мебошад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бо тақозои замон дар шароити ниҳоят душвори таърихӣ таъсис дода шуда буд, як ҳизби барои Тоҷикистон ҷадид ва ҳамзамон миллӣ буда, тамоми марҳилаҳои ҳассос ва сарнавитсози таърихиро сарбаландона тай намуда, имрӯз ба як неруи тавонманду созанда ва муттаҳидсози ҷомеаи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Чунки худро ҳамчун ҳизби масъулияти таърихидошта ҳисобида, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандорӣ ва асолати миллӣ, таъмини ризоияти ҷомеа тавассути ҷалби шаҳрвандон ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани некуаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи ҳамагуна шакли моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ва муттаҳидии тамоми қувваҳои солими ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳад, бо мақсади рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсие, ки дар асоси Конститутсия ва дигар қонунгузории кишвар фаъолияташонро ба роҳ мондаанд, ҳамкорӣ менамояд. Имсол аз таъсисёбии Ҳизби армонҳои миллӣ – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 30-сол пур мешавад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, болоравии нуфузу эътибори ҷаҳонии Тоҷикистон ва зиндагии шоитаи мардум натиҷаи фаъолияти пурсамари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд.
Мудири кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ, н.и.т., дотсент Иззатова М.Қ..