Барои миллати шарафманди тоҷик боиси сарфарозӣ мебошад, ки Пешвои маъруфу этирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун сарвари сиёсии муваффақи ҷаҳонӣ шинохта шуда, мактаби давлатдориаш ҳамчун таҷрибаи нодир истифода мешавад. Ба назари мо чунин омилҳо боис шудааст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро маъруфу маҳбуб гардонидааст:
Садоқат ба миллат ва истиқлоли Ватан. Аз таҷрибаи таърихи давлатдории башарият бармеояд, ки на ҳама сарварони сиёсӣ хидматгори шоистаи халқи хеш буданд. Ҳамон сарвари сиёсие дар масири давлатдорӣ ва ҳукуматаш муваффақ шудааст, ки ирода ва манфиати мардумашро дар сиёсати хеш афзалу муҳим шуморидааст. На ҳама сарварони сиёсӣ мардумӣ ва иҷтимоӣ буданд. Омилҳои маҳбубияти Куруши Кабир, Яъқуб ибни Лайс ва Исмоили Сомонӣ маҳз дар мардумӣ будани онҳо зоҳир мешуд. Садоқатмандӣ ба халқи хеш умри давлат ва ҳукуматро меафзояд. Ҳамон сарваре метавонад муваффақ шавад, ки пеш аз ҳама ба истиқлоли давлатӣ арҷгузор бошаду ба мардумаш содиқ. Таҷрибаи 33 соли мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он далолат медиҳад, ки дар мадди аввал ӯ ҳомии истиқлол асту содиқ ба миллат.Аз рӯзҳои нахустини ба саҳнаи сиёсат ворид шудан дар меҳвари ҳадафҳои сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таҳкими истиқлоли давлатӣ қарор дошт. Сарвари давлат хуб дарк намуда буданд, ки бе нигаҳдошт ва устувории истиқлоли давлатӣ ба ҳадафҳои дигари миллӣ расидан ғайримкон аст.Истиқлоли миллӣ дар он ҳолат устувор мегардад, ки миллат ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардаду ҳуқуқу озодиҳои он дар назди мақомоти давлатӣ арзиши олӣ дошта ва кафолат дода шаванд. Пешвои миллат дар майдони сиёсат бо рӯҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро ба эътидол оварда, ризоияти миллиро дар ҷомеа таъмин намуданд, балки дар эъмори давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва амалӣ сохтани сиёсати дохилию хориҷии кишварамон дар миқёси ҷаҳонӣ саҳми шоиста гузоштанд. Ҳама талошу заҳмат ва ҷонисориҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо баҳри ҳифзу гиромидошти манфиатҳои миллӣ, ки асосашро истиқлоли давлатӣ ташкил медод, равона шуда буд. Сарвари давлат савганд ёд намуда, гуфт: «…кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…» Ин садоқату самимиятро дар раванди 33 соли мактаби давдатдориаш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан ба таври барҷаста собит намудаистодааст.
Ҷасорати миллӣ. Ҷасорат, мардонагӣ, гузашт, дурандешӣ, таҳаммулпазирӣ, такя ба халқ ва аз дарди халқ бохабар будан ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки истиқлоли воқеии давлатиро таъмин намояд. Аз байни халқ баромадан ва ҳамеша бо халқ будан Эмомалӣ Раҳмонро маҳбуб гардонид. Хидмати бузургу таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми шарафманди Тоҷикистон дар он аст, ки ин чеҳраи мондагор ва сиёсатмадори ҷасуру дурандеш дар шароити ҳассос ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, давлатдории тоҷикон ва бақои ин миллатро аз роҳи нестшавӣ ва парешонӣ ҳифз намуда, истиқлоли воқеии давлатиро таъмин намуд. Бо ин хидмати бузургу сабтшаванда дар яке аз саҳифаҳои тилоии таърихи миллат метавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли комил ва миллии Тоҷикистон номид. Пешвои миллат ба таври хеле хуб дарк карда буданд, ки дар он шароите, ки Тоҷикистон қарор гирифта буд, таърих ва сарнавишт барояш рисолати бузург, вале ниҳоят душвори бунёди давлати навини миллиро рӯёрӯ гузоштааст.
Дурандешӣ. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне зимоми сиёсати давлатиро ба дӯш гирифт, ки давлат танҳо дар рӯи қоғаз вуҷуд дошту дар амал бошад ҳеҷ аркони собиту устувори давлатӣ вуҷуд надошт. Давлати соҳибистиқлол рукнҳои муҳимме, ба монандӣ Конститутсия, артиши миллӣ ва мақомоти мутамаркази ҳифзи ҳуқуқ надошт. Давлат аз лиҳози сиёсӣ пароканда буда, қувваҳои мухолиф дар минтақаҳои гуногуни кишвар роҳҳои марказгурезиро пеш гирифта, ҳатто баъзеашон ҳадафи тақсим намудани Тоҷикистонро пеш гирифта буданд. Хатари ба тамомияти арзии кишвар таҳдидкунандаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар гирифта, дар раванди иҷлосия қарорҳое қабул намуданд, ки дар ҳифзи якпорчагии Ватан ва истиқлоли комили давлатӣ аҳаммияти муҳим доштанд. Муҳимтарин хидмати Сарвари давлат, ки ифодагари дурандешӣ ва хирдамандии ӯст, ин роҳи дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтан буд. Маҳз ҳамин роҳ боис шуд, ки Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мутамаддин эътироф ва шинохта шуд.
Таҳкими робита бо халқ ва дарки ниёзу мушкилоти ӯ. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан Сарвари давлат ҳаққи табиии халқро эҳтиром гузошта таъкид намуданд, ки «Халқи Тоҷикистон худ роҳи фардои идораи давлатро муқаррар мекунад». Сарвари давлат ҳаққи худмуайянкунии халқро эҳтиром гузошта, ҷонибдорӣ аз санадҳои ҳуқуқии байналмилал карданд. Сониян ҳамчун роҳбари демократ иродаи шахсии худро ба иродаи мардум пайвастанд. Хишти аввали бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро бо пешниҳоди ҳаққи худмуайянкунӣ ва худфаъолшавӣ ба халқ тарҳрезӣ карданд. Халқи Тоҷикистон ба шоҳроҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ягона ва иҷтимоӣ думболи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ баромад. Расидан ба ин мақсадҳои олӣ вақтро тақозо менамояд, зеро ин раванд аст ва он пайваста дар идома мебошад. Муҳим он аст, ки раванд оғоз шудааст. Ҳамчунин, ташрифоти Сарвари давлат ба шаҳру навоҳии кишвар, ки ба ҳукми анъана даромадааст, нишоне аз мардумӣ будани ӯст.
Ворид будан ба сиёсати бузурги ҷаҳонӣ. Сиёсатмадори бузург будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир шуд, ки тавонистанд бо абарқӯдратҳо ва давлатҳои минтақа тавозуни манфиатҳоро барқарор намоянд ва сиёсати мустақилона ва мусбатро пеш баранд. Хусусан, дар давраи ҷаҳонисозӣ, ки ҳифзи асолати миллӣ дар ҷабҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кори осон нест. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардида, бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои ба роҳ мондааст. Ҳамчунин, дар тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо зиёда аз 70 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судманро роҳандозӣ намудааст. Имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ эътироф гардидааст. Ташаббусҳои ҷониби Тоҷикиктсон дар роҳи муборизаи самаранок бар зидди терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳалли масъалаҳои экологӣ ва махсусан, ба оби тоза таъмин намудани сокинони сайёра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш қабул гардид. Маҳз баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, махсусан СММ кишвари моро дар сатҳи ҷаҳонӣ чун субъекти мустақил ва ташаббускор муаррифӣ ва маъмул гардонид.
Ҳимояи мақом ва манфиатҳои давлатӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун сарвари сиёсии дар сатҳи ҷаҳон эътирофшуда мақом ва ҷойгоҳи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро тавассути ташаббусҳои башардӯстонааш устувор намуд. Дар меҳвари сиёсати хориҷии Сарвари давлат ҳимояи манфиатҳои миллӣ қарор дошта, ҷиҳати таҳкими мақоми кишвар корҳои мондагореро амалӣ намуданд. Таъмини истиқлоли комили давлатӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои самаранок бо созмону ташкилотҳои минтақавию ҷаҳонӣ, густариши равобити дипломатӣ бо кишварҳои хориҷӣ, мубориза ба муқоибили падидаҳои номатлуби замон, махсусан терроризму экстремизм ва амсоли ин аз ҷумлаи ташаббусҳои Пешвои миллат ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебошад.
Ифтихори миллӣ. Бидуни муболиға, барои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Сарвари давлат, балки ҳамчун шахсияти арҷгузор ба таъриху фарҳанги миллӣ, гиромидошти шахсиятҳои номвари миллат ва эҳёи суннатҳои мардумию фарҳанги миллӣ, ҳам дар сатҳи дохилӣ ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ, корҳои бениҳоят зиёдеро ба сомон расонида истодаанд. Таҷлили бузургдошти воқеаҳои муҳимми таърихӣ-фарҳангӣ, аз қабили 1100-солагии давлати Сомониён (1999), 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1995 ва 2015), 675 ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ (1996 ва 2020), 2700-солагии китоби «Авасто» (2001), 90-солагии Мирзо Турсунзода (2001), 2500-солагии шаҳри Истаравшан (2002), 1000-солагии Носири Хусрав (2004), 1125-солагии Абуалӣ ибни Сино (2005), Соли тамаддуни ориёӣ (2006), 2700-солагии Кӯлоб (2006), 800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 3000-солагии Ҳисор (2009), 100-солагии Бобоҷон Ғафуров (2009), 1310-солагии Имоми Аъзам (2009), 110-солагии Сайидалӣ Вализода (2010), 130-солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ (2012), 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ (2014), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туғрал (2015), 1150-солагии Закариёи Розӣ (2016), 100-солагии Ғаффор Валаматзода (2016), 100-солагии Муҳаммад Осимӣ (2020), 5500-солагии Саразм (2020) ва ғайра дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ далели равшани гуфтаҳои болост, ки ҳамагӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳомати бағоят бузург баргузор гардиданд.Яке аз нишондиҳандаҳои асосии сиёсати хирадмандонаву фарҳангдӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ҷашн гирифтани «Соли тамаддуни ориёӣ» ва аз тарафи ЮНЕСКО ҷашн гирифтани 2700-солагии китоби муқаддаси ниёконамон «Авасто» мебошад. Таҷлили бошукӯҳи солгарди тамаддуни ориёӣ дар соли 2006 ва китоби «Авасто» ва дар ин замина таҳқиқ шудани он аз тарафи олимону донишмандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чун мероси хаттии умумибашарӣ шаҳодати тамаддуни бостониасоси тоҷикон мебошад.
Тарбияи насли наврас ва ҷавон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки миллати тоҷик ҳамеша соҳиби китоб будааст ва фарҳанги он аз давраҳои қадим ба хат ва китоб пайванди ногусастанӣ доштааст. Яке аз сабабҳои асосии боқӣ мондани миллати тоҷик ҳамин забон будааст, ки дар қаламрави бузурге доман паҳн карда буд. Бесабаб нест, ки яке аз ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президент дар солҳои охир дар бораи баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки он маҳз ба бедор кардани шавқи кӯдакон ва ҷавонон ба мутолиаи осори беҳтарини адабии халқи тоҷик ва адабиёти ҷаҳонӣ равона гардидааст ва мақсади он босаводии саросарӣ, касби донишҳои нав аз роҳи мутолиаи осори назмию насрӣ ва шифоҳии мардум мебошад. Озмунҳои дигар, аз ҷумла «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон Ватани азизи ман», «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва ғайра барои боло бурдани сатҳи худогоҳии миллии насли наврас ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, донишандӯзӣ, меҳру муҳаббат ба илму маърифат ва ҳифзи анъанаҳои асили аҷдодӣ равона шудаанд.
Маҳз сиёсати дурандешона ва хирдамандони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки миллати тоҷик дар масири бунёди давлати мутамаддин муваффақ шаваду истиқлоли комилашро ҳифз намояд. Бо дарназардошти таҳлилу баррасии таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз ба боварии хосса метавон гуфт, ки асосгузори истиқлоли воқеии Тоҷикистон маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҷамолиддин Шарифзода – н.и.т., дотсент, директориМаркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои мииллат