ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ЭҲЁИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

178

Имрӯз таҳти ин унвон дар доираи нақша-чорабиниҳои Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат конференсияи илмӣ-назариявӣ барузор гардид.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С. оғоз ёфт.

Дар кори конфронс директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат Шарипов Ҷамолиддин, профессорони факултаи таърих Қаҳҳори Расулиён ва Шарифов Раҳмоналӣ маъруза намуданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити истиқлоли давлатӣ дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи таъриху тамаддуни тоҷикон корҳои муҳимму мондагор дар амал татбиқ карда шуд.

Дар радифи эҳёи ҷашну суннатҳои ниёгон, ҳамчунин, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат як қатор китобҳои мондагор рӯи нашр омад, ки масъалаҳои мубрами таърихи миллатро инъикос менамоянд.