Конститутсия санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд кардаанд: «Конститутсия ба сифати қонуни олӣ, заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои навгузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Ба даст омадани соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Точикистон талаб мекард, ки дар мамлакат, пеш аз ҳама, ислоҳоти сиёсӣ гузаронида шуда, ҷиҳатҳои ҳуқуқии он таъмин карда шаванд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бе ислоҳоти сиёсӣ давлати соҳибистиқлол пойдор шуда наметавонад ва чунин ҷумҳуриро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намекунад.
Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои аввали дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ислоҳоти сиёсӣ оғоз ёфт. Вале, мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ то як андоза ба раванди ислоҳоти сиёсӣ монеа гузошт.
Ба кишвари сулҳ табдил ёфтани Тоҷикистон заминаҳои хуби гузаронидани ислоҳот, аз ҷумла, ислоҳоти сиёсиро фароҳам овард. Пеш аз ҳама, он тағйироти куллии сиёсиеро, ки ҳанӯз дар рафти бозсозӣ ва дар раванди демократикунонии ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба амал омада буданд, қонунӣ гардонидан лозим буд. Аз тарафи дигар, таҷрибаи муфиди давлатҳои ҷаҳонро ба ҳисоб гирифта, ислоҳоти сиёсиро ба хусусиятҳои хоси тоҷикистониаш ба амал баровардан зарур буд.
Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас оид ба расмият даровардани санаду қонунҳои ҷадид андешида шуданд. Пас аз эълони истикдолияти давлатӣ қонунҳои зерин: «Дар бораи тағйир додани номи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон» (31-уми августи соли 1991), «Дар бораи интихоботи Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон» (10-уми сентябри соли 1991) ва ғайра қабул гардиданд.
Дар мамлакат зарурати қабули Конститусияи нав ба миён омад. Ин зарурат аз он бармеояд, ки шароити таърихӣ тағйир ёфта, ҷумҳурии соҳибистиқлол ташкил ёфта буд. Дар мазмун ва равандҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Сохтори сиёсӣ низ тақозо мекард, ки коргузорӣ дар асоси қонунҳои нав ба роҳ монда шавад.
Воқеан санаи 6-уми ноябри соли 1994-ум барои тамоми мардуми тоҷик, яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 30-умин солагарди онро ҷашн мегирем. Ин сана барои мардуми мо, як санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд.
Конситутсияи Ҷумурии Тоҷикистон дар сароғози худ халқ ва кишвари бостонии моро ҷузъи таркибӣ ва ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон эълон намудааст. Баъди садсолаҳо миллати тоҷик имкон пайдо кард, ки субъекти мустақил, фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи байналмилалӣ гардад.
Таърих гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз, 5-маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилали ҷавобгӯ мебошад. Ногуфта намонад, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатест, ки дар қиёс ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, тамоми дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар асоси он қабул карда мешаванд.
Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд».
Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз на танҳо барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт, балки омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа ва рушду инкишофи бемайлони Тоҷикистон гардид. Ба ибораи дигар, Конститутсия ҳуҷҷати воқеан сарнавиштсоз ва саодату созандагиест, ки тақдири миллат ва давлатро муайян намуда, роҳ ба сӯйи ояндаи онҳоро мунаввар месозад. Он пояҳои истиқлол ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро таҳким бахшид, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат ва идораи давлат таъмин намуд.
Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик баъд аз Истиқлолият ин қабули Конститутсия мебошад. Бо қабули он мардуми тоҷик тақдири ояндаи миллатро дар низоми ҳуқуқӣ ва давлатдорӣ мушаххас намуданд, ки ин раванд ба шаклгирии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ дар кишвар мусоидат намуд. Халқи Тоҷикистон бо қабули ин санади таърихии тақдирсоз соҳибихтиёрии миллиро таъмин намуда, ҷиҳати тақвият додани давлатдории миллӣ ва амали намудани ормонҳои мардуми тоҷик иқдом пеш гирифтанд.
Шарофуддинов Суҳроб Саломович, н.и.т., дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ