КОНСТИТУТСИЯ – ШАҲОДАТНОМАИ КАМОЛОТИ ОЗОДИВУ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТ

14

Конститутсия шиносномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва шаҳодатномаи камолоти озодиву соҳибистиқлолии давлат аст. Он санадест, ки сохти давлатиро танзим ва муайян мекунад ва аз ҳама муҳимаш, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар таърихи муосири мо марҳалаи нави таърихӣ оғоз шуда, тоҷикон соҳиби давлати мустақилу ҳуқуқбунёд гардиданд. Вале, мутаасифона, қадри ин неъмати бебаҳоро дуруст дарк накарда, кишвари азизамонро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ расонида, хатари нестшавии миллат ва давлати тозаистиқлолро ба миён оварданд. Дар ана ҳамин замони басо мушкили таърихӣ бо ташаббуси донишмандон ва вакилони хирадманди мардумӣ, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуда, гардиши муҳимме дар раванди расидан ба сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар мамлакат гузошта шуд.

Дар Иҷлосияи тақдирсоз аз ҷониби вакилон масоили гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор ёфта, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, даҳҳо санаду қонунҳо қабул гардиданд, ки барои ташкили давлати воқеанҳам ҳуқуқбунёд заминаи воқеӣ гузоштанд. Махсусан, дар ин иҷлосия бо дархосту пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи конститутсионӣ даъват шуда, барои таҳияву қабули Конститутсияи нав вазифадор гардида, дар ин самт корро ҷонок намуданд. Пешвои миллат хуб медонист ва дарк мекард, ки бидуни таҳия ва қабули Конститутсия бунёди давлати мутамаддин ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, тамоми қувваи хешро пайи иҷрои аҳдофи некбинонаи худ равона сохт. Ҳамин буд, ки дар муддати начандон тулонӣ лоиҳаи Конститутсия таҳия гардида, барои қабул гардидан пешниҳод карда шуд.

Дар он замони басо ҳасос, ки ҳамоно кишвар ноором буд ва хатари зиёд ба ҷони мардум таҳдид мекард, ҷомеаи тоҷикон аз худ масъулияти баланд нишон дода, 6 ноябри соли 1994 дар овоздиҳии умумихалқӣ барои қабули нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ширкат варзиданд ва барои навишти сарнавишти худ бо дасти хеш саҳми арзишманди худро гузоштанд. Воқеан, тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд мекунанд: “Аз ҷониби мардум дар вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсӣ якдилона қабул гардидани ин ҳуҷҷати тақдирсоз, пеш аз ҳама, гувоҳӣ аз ҷониби халқи тоҷикистон дастгирӣ ёфтани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат буда, ба ҷаҳониён ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва анъанаҳои созандаву бунёдкорона доштани мардуми кишварро собит сохт”.

Воқеан, қабули Конститутсия дар таърихи давлатдории тоҷикон яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихӣ ба шумор рафта, барои побарҷо гардидани сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар нақши бориз бозидааст ва он дар бунёди давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд ва демокративу дунявӣ ҳамчун санади олии ҳуқуқии кишвар мақоми вижаро доро мебошад, зеро ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон “дар Конститутсия манфиатҳои миллӣ, арзишу анъанаҳои таърихан ташаккулёфтаи фарҳанги халқи тоҷик, марому мақсади наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи халқ ифодаи озодии худро пайдо намуданд”.

Бо дар назардошти беҳтар таъмин намудани ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд ва мукаммал намудани сохтори идории кишвар тавассути райъпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, рукнҳои муҳимми давлатдории кишвар такмилу тақвият пайдо намуданд. Маҳз, тавассути ин тағйиротҳо бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми дупалатагӣ ташкил карда шуд, ки барои давлати ҳуқуқбунёду демократӣ хеле муҳим ва зарур ба шумор меравад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин конститутсияҳо дар миёни давлатҳои ҷаҳон ба шумор рафта, тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар худ ифода мекунад ва он сарчашмаи асосии ҳамаи қонунҳо дар кишвар ба ҳисоб меравад. Дар воқеъ, “Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Мову Шумо кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои миллати мутамаддини тоҷик эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рӯйи муқаррароти он амал намоем”.

Мавриди қайд аст, ки аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 31 сол пур мешавад ва хушбахтона, миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ба василаи ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат дар замони мурсир, низ ба комёбиҳои арзишманд ноил гардид. Тавассути Конститутсия, орзуву ормони халқи мо дар роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд амалӣ гашт ва ногуфта намонад, ки дар мабдаъи асосии ин ҳама дастоварду комёбиҳо нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қиёснопазир аст.

Ҳамин тариқ, Конститутсия бахтномаи миллат буда, дар роҳи таъмини волоияти қонун ва дигар арзишоти ҳуқуқӣ нақши калидӣ мебозад. Он унсурҳои давлатдориро тақвият бахшида, барои расидан ба давлати воқеан ҳам ҳуқуқбунёду демкорати заминаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамакнун, кулли ҷомеаи моро зарур аст, ки тамоми арзишоти онро эҳтиром гузошта, дар роҳи бунёди давлати мутамаддин нақши арзишманди хешро гузорем ва дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардида, дар ҳифзу ҳимоя ва пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем.

Саймуҳамади Бобоҷон,номзади илмҳои таърих, и.в. мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии ДМТ