КОНСТИТУТСИЯ –ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ

48

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд:- «Ҳадафи сиёсиси мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд. Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд».

Воқеан, сарзамини биҳиштосо, диёри зебоманзару нотакрор, Тоҷикистони соҳибихтиёри мо дар арафаи ҷашни саиду фархунда, ҷашни мубораку хуҷаста – 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, зарурати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ гардид ва дар муддати кӯтоҳтарин бо ташаббуси Сарвари хирадманд ва оқили мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи олимон ва ҳуқуқдонҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Вазифаи гурӯҳ таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

13-уми апрели соли 1993 лоиҳаи пурраи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардид ва бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд ва аз ҷониби шаҳрвандон санаи 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар он мардуми сарбаланди тоҷик бо мақсади муқаррар кардани ҳолати ҳуқуқии шахс дар дохил ва хориҷи кишвар, яъне ояндаи давлату миллати худ фаъолона иштирок карда, раъйи худро доданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз таҳия ва қабул гардид, имрӯз яке аз беҳтарин Конститутсияҳои дунё эътироф шудааст. Акнун дар Конститутсия низ чун тағйиротҳои ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Албатта, сабаби ба вуҷуд омадани ин рӯйдоди бузурги таърихӣ тақозои замон, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон гардид.

Мавриди зикр аст, ки бо назардошти равандҳои рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон се маротиба – солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷик буда, маҳз бо шарофати таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид.

Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳукуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи Сарқонун ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд, ба ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошад.

Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мегардад. Он барои ҳама баробар дониста мешавад.

Бо шарофати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

Чи тавре, ки маълум аст Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб на 100 модда иборат буда, ҳуҷҷати мӯътабару мӯътамади тақдирсози ҳар як миллат аст. Сарқонун тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Сарқонун барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил – расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарин давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.

Албатта, дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст. Инак Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-сола мегардад ва мардум бо камоли ифтихор 6 ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола қайд менамоянд. Ин шиносномаи миллат роҳи рушди минбаъдаи давлати Тоҷикистонро муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дод.

Бо шарофати Конститутсия шаҳрвандон тавонистанд якчанд маротиба дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар иштирок намоянд ва онҳоро интихоб намоянд. Маҳз дар конститутсия унсурҳои асосии давлатдории муосири Тоҷикистон, махсусан демократия, соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, ягонагӣ ва иҷтимоӣ муайян гардида, он ба рамзи ягонагии миллати тоҷик, баҳамоии қишрҳои гуногуни ҷомеа, марҳилаи нави бунёди давлати миллии тоҷикон бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу суббот, оромию осудагӣ ва саҳифаи нави таърих табдил ёфтааст.

Дар ҳақиқат, Конститутсия дар рушди давлатдории миллии тоҷикон нақши муассир дорад, бинобар ин эҳтироми Конститутсия ва арҷ гузоштан ба он бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Зеро, Конститутсия-таҷассумгари моҳияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии давлат аст. Ҳар фарди ҷомеаи имрӯза вазифадор аст, ки ҳар банди онро риоя кунад, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне бунёди давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта ва мардумони дорои зиндагии шоиста бирасем.

Хулоса, боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи кишвар дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид ва вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки Конститутсияро эҳтиром ва қадр намояд.

Абдулҳаев Шокир – устоди факултети таърихи ДМТ