КОРРУПСИЯ – БАРҲАМЗАНАНАДАИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

15

Коррупсия падидаи мураккаби ҷамъият буда, дар замонҳои қадим пайдо шуда, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои дунё вуҷуд дорад. Ба андешаи олимон, аввалин иттилоъ дар бораи коррупсияи амалдоронро дар бойгониҳои Бобулистони қадим, дертар дар қонунҳои машҳури Хаммурапи дучор омадан мумкин аст. Калимаи «коррупсия» аз калимаи лотинӣ corrumpere — «фасод кардан, вайрон кардан» гирифта шудааст. Дар замонҳои қадим фасод, вайронкунанда қонунҳо, фурӯхтани мансаб ҳамчун кори зишт фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати муносибатҳои иқтисодӣ, масъалаи мубориза бо коррупсия ба яке аз мавзуъҳои марказии сиёсати давлатӣ ва амнияти миллӣ табдил ёфтааст. Ҳеч як давлат, новобаста аз андоза, сатҳи иқтисод ва иқтидораш, аз хатари паҳншавии коррупсия эмин нест. Ин падида дар тамоми қитъаҳо дида мешавад ва мутаассифона, ба рушди устувор, адолати иҷтимоӣ ва сохтори давлатӣ таъсири бевосита мерасонад.

Коррупсия на танҳо як рафтори мансабдорон аст, балки падидае мебошад, ки тамоми ҷараёни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро вайрон мекунад. Оқибатҳои он дар чанд ҷанбаи асосӣ дида мешаванд:

Таъсир ба иқтисод

а) Коҳиши сармоягузорӣ: сармоягузорон дар кишварҳои фасодзада эҳтимоли хатар ва талафоти молиро бештар эҳсос мекунанд ва бинобар ин, камтар сармоягузорӣ мекунанд.

б) Нобудшавии рақобат: ширкатҳо барои бархӯрди одилона рақобат намекунанд, балки кӯшиш мекунанд ба роҳҳои коррупсионӣ роҳ ёбанд.

в) Муқаррар нашудани нархҳо ва сифати хизматрасонӣ: вақте амалиётҳо ба манфиати шахсӣ назорат мешаванд, сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ паст мешавад.

2. Таъсир ба ҷомеа

а) Кам шудани эътимод ба давлат ва идораҳо: мардум мебинанд, ки қонун барои ҳама яксон амалӣ намешавад ва ин боиси ноумедӣ ва бетафовутӣ мегардад.

б) Нобаробарӣ ва ноадолатӣ: роҳҳои коррупсионӣ имкон медиҳад, ки шахсони бо мавқеи беҳтар ё шинос ба тамоми манфиатҳо дастрасӣ пайдо кунанд, дар ҳоле ки дигарон имконият надоранд.

в) Фақр ва муҳоҷират: бо сабаби фасод ва паст шудани имкониятҳо, ҷавонон ва соҳибкорон кишварро тарк мекунанд.

3. Таъсир ба сиёсати давлат

а) Заъфи сохторҳои давлатӣ: фасод таҳти суистифодаи ваколат ва манфиатҳои гурӯҳӣ ба сохторҳои давлатӣ заъфу нотавонӣ меорад.

б) Набудани адолат ва шаффофият: қарорҳои муҳимми сиёсӣ ва иқтисодӣ метавонанд ба манфиати гурӯҳҳои маҳдуд қабул шаванд.

в) Хатар ба амнияти миллӣ: фасод метавонад дар ҷараёнҳои стратегӣ ва молиявии давлат таъсири манфӣ гузорад ва хатар ба амнияти иқтисодӣ ва сиёсиро зиёд созад.

Дар ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандон низ ин пайомадҳо намоёнанд: хизматрасонии пастсифат, мушкилӣ дар дастрасӣ ба хадамоти иҷтимоӣ, тарзи корҳое, ки барои соҳибкорон ва ҷавонон имкониятҳоро маҳдуд мекунад. Ҳатто «ришваи хурд» низ таъсири худро дорад, чунки системаро таълим медиҳад, ки қонун ва қоидаҳоро бояд бо пул ё шинос риоя кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри аз байн бурдани ин раванди мураккаб ва амалҳои ношоистаи коррупсионӣ чораҳои саривақтиву лозимиро роҳандозӣ карда, барои пешгирии он як қатор қонуну санадҳои танзимкунандаро қабул кардааст. Аз ҷумла, оид ба масъалаи мубориза ва муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25-уми июли соли 2005, № 100 қабул шуд.

Бо таъсисёбии Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20-уми марти соли 2008, № 374 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» аз 7-уми августи соли 2020, № 1714 заминаҳо барои коҳиш додани кирдорҳои коррупсионӣ мустаҳкам карда шуд.

Қабул гардидани санадҳои дигари умумидавлатӣ, аз ҷумла: «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз 26 январи соли 2008, № 34; «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30-уми августи соли 2013, № 1504 ва «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3-уми августи соли 2021, № 222 барои муборизаи оштинопазир бо он ва коҳиш додани сатҳи амалҳои номатлуби коррупсионӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

Коррупсия ба пешрафти ҷомеа ва рушду нумӯи он зарба зада, эътиқод ва боварии мардумро ба сохторҳои давлатӣ, волоияти қонун сахт коста мегардонад, ба иқтисодиёти ҳар як хонавода ва давлат зарари вазнин расонида, адолати иҷтимоиро аз байн мебарад.

Агар ҳар як фарди Тоҷикистон ва субъектҳои мубориза бо коррупсия дар ҳамдастӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, хавфҳои ришваситонӣ дар ҷомеа кам хоҳад шуд.

Мубориза бо коррупсия, пеш аз ҳама, мубориза барои баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ, худогоҳии ҳуқуқӣ, фарҳанги масъулият ва шаффофияти муносибатҳои давлатӣ мебошад.

Ҷомеае, ки коррупсияро таҳаммул намекунад ва онро мазаммат мекунад, ҳамеша роҳи рушду пешрафтро меёбад. Аз ин рӯ, ҳар сокини кишвар, аз корманди давлатӣ то донишҷӯ, бояд дар баробари ин падида нақши худро адо кунад. Танҳо дар ин ҳолат мо метавонем ҷомеаи солим, демократӣ ва пешрафта созем.

Хулоса, коррупсия танҳо мушкилоти ҳуқуқӣ нест, балки падидаи комплексист, ки решаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дорад. Мубориза бо он бояд ба таври ҳаматарафа — ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ пеш бурда шавад. Фақат дар ин ҳолат рушди устувор, адолат ва шаффофият дар ҷомеа таъмин мегардад.

Равшанзод Маликфаридун н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон